Тавба7-12-2018, 08:50
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Ҳафтаномаи «Минбари халқ» андешаҳои журналист ва сиёсатмадори тоҷик Додоҷон Атовуллоевро, ки дар саҳифаи фейсбукиаш нашр шудааст, бидуни таҳрир ба табъ мерасонад. Ин навишта дар расонаҳои мухталиф ва сомонаҳо мавриди бархўрди зиддунақз қарор гирифтааст. Ба ин хотир назари таҳлилгари тоҷик Нодири Қодирро низ дар ҳошияи матлаби мазкур манзури хонандагон мегардонем. Т А В Б А ё розрез ба хотири 150 000 нафар қурбониёни ҷанги бародаркуш ИБТИДОИ соли 1993 маро ба Теҳрон даъват карданд. Дар яке аз бўстонсароҳои ҳукуматӣ бо намояндагони оппозитсия ҷамъ омадем. Дар як ҷаласа баъди баҳсу мунозираҳо вазифаҳо ва самти фаъолият муъайян гардид. Ба ман пешниҳод шуд, азбаски ман дар Маскав таҳсил кардаам ва дўстони зиёде дар байни журналистон ва сиёсатмадорони Россия дорам (он замон чанде аз ҳамсабақонам аз МГУ дар дастгоҳи раиси ҷумҳури Россия фаъолият доштанд), дар Маскав фаъолият бинамоям. ТАҚРИБАН моҳи августи 1992, баъди шинохтани чеҳраҳо ва нақшаҳои ҳаммайдонон, ман аз оппозитсияи ҳамон давра ҷудо шуда будам. Ҳатто огоҳӣ доштам, ки бо ҳамроҳии Ҳоҷӣ Акбар Тўраҷонзода дар "рўихати сиёҳашон" афтодаем ва агар онҳо пирўз мегаштанд, моро ба қатл мерасониданд. Киллерҳо низ омодаи "фас" буданд... БОЗМЕГАРДЕМ ба маҷлиси Теҳрон. Вақте навбати сухан ба ман расид, гуфтам: -Ман ҳама гуноҳҳоятонро як ба як мегўям, агар ба гардан гиред ва тавба кунед, ман бо шумоям. Аз Шодмон Юсуфу Тоҳири Абдуҷаббор сар кардам. Ором гўш андохтанд ва ҳар гоҳе, "рост, рост" мегуфтанд. Тўраҷонзода низ, гарчанде эҳсос мекардам, ки аз эродҳоям хушаш намеомад, (агар қаҳри Ҳазрат биёяд, чеҳрааш сурх мегардад) вокуниши ҷиддие накард. Навбат ба Муҳаммадшариф Ҳимматзода расид. Чун хатоҳояшро баршумурдам, таркид: - Додоҷон, ман туро хуб мешиносам. Газетаи ту - "Чароғи рўз", газетаи яҳудиҳо ҳаст. Ту ба яҳудиҳо хизмат мекунӣ! - Сатҳи шумо ҳамин аст. Барои ҳамин оппозитсия шикаст хўрд. Онҳое, ки аз нодидагӣ карамелро ба чой андохта мехўрданд, ҳукуматро гирифтанд ва ҳамаро расво карданд!-посух додам ман. Кашокаш тўл кашид. Дигарон ба мобайн даромаданд ва вазъро ором карданд. Маҷлис бо тавба тамом шуд. Ҳама ба он расидем, ки ба гузашта салавот мегўем ва аз сифр корро сар мекунем. Бо дили соф, бо самимият, бо ҳам... ОМАДАМ ба Маскав. То Созишномаи сулҳ на шаб мегуфтам, на рўз мегуфтам. Ҳар рўзи ман бо мулоқот бо журналистон, коршиносон, сиёсатмадорон, намояндагони сафоратҳо ва муҳофизони ҳуқуқи башар мегузашт. Бо кўмаки собиқ шаҳрдори Душанбе - Мақсуд Икромов (яке аз дўстонаш вазир дар ҳукумати Россия буд) ва Алексей Симонов - президенти Фонди дифоъ аз ошкорбаёнӣ нашри "Чароғи рўз" ба роҳ андохта шуд, ки ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ба табъ мерасид. Маблағгузори нахустини рўзнома дар табъид NED - фонди амрикоӣ буд, ки намояндагонаш худашон маро пайдо карданд. ҲАЗОРОН мусоҳибаю шарҳҳо дар рўзномаҳо, радиоҳо ва телевизионҳо, сухангўиҳо дар симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ - аз Конгресси Амрико то САҲА, аз вазоратхонаҳои Аврупо то кишварҳои Араб... Дар барномаҳои "Вести", "Время" дар соатҳои прайм-тайм (барои ман ҳоло аз тасаввур берун аст) аз чопи шумораҳои тозаи "Чароғи рўз" хабар медоданд. Чандин хабарнигорони мо ҷоизаи амрикоии Ҳеллманн-Ҳамметро гирифтанд. Барои худситоӣ не, аммо ҳақиқат бояд гуфта шавад: на танҳо роҳбарони оппозитсия, балки ҳукумат низ эътироф мекард, ки мухолифин дар набарди иттилоъотӣ пирўз гашта буд, ки ҳамин Д.А. сардафтараш буд. Борҳо аз забони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ин сухан дар ҷаласаҳо садо додааст: "Додо муҷоҳиди рақами 1 аст!". Дар ин чоряк аср ошкоро мегўям, хоса баъди таъсиси "Ватандор" аз дасти ман миллионҳо (!!!) доллар гузаштааст. Аммо ман ягон бор барои худам мошин ё манзил нахаридаам. Дар ягон гўшаи дунё. Борҳо дар фурудгоҳҳо боздоштам кардаанд, сўиқасдҳо ташкил кардаанд, зиндон шудам, садҳо маротиба ҷои истиқоматамро дигар кардаам. Аз хонаҳои иҷораи бегонагон, аз вокзалу аэропортҳо дилгазон гаштаам. Имрўз чанд махлуқ, чанд наҷис, чанд малъун таъна мезананд, ки ман фурўхта шудам, ҳисобот мехоҳанд, ки ман чӣ кор кардаам? НАХУСТИН бор дар Душанбе тамоми дороиҳоямро бо мошини КамАЗ ошкоро рабуданд. Дар хона ва ҳавлие, ки доштам, дигарон ҳоло мезиҳанд. Бори дигар дар Маскав, вақте барои шаш моҳ ба Фаронса омадам ва баргаштам, дуздон хонаи иҷораамро "задаанд". На як сурат, на як китоб, на архиви "Чароғи рўз", на як диску кассетаҳое, ки ТАЪРИХӢ буданд, намонда, ҳамаро рабуда буданд. Ин бароям зарбаи ҷонкоҳтарин буд. ИМРЎЗ ин расмро дидаму дилам таҳ кашид. Бисёре аз ин размандагон дўстонам ё мухлисонам буданд. Касе кушта шуд. Кӣ ба сари қабри онҳо гул мекорад? Касе дар паси панҷараҳои зиндон бо орзуи озодӣ зинда аст. Тифлакони онҳо дар куҷо сарсону саргардонанд? Шояд бисёриҳо ҳатто номашонро ё фаромўш кардаанд ё аслан намедонанд! Кӣ аз онхо ёд мекунад? ИМРЎЗ майдон пур аз ҳашарот гаштааст. Онҳо мехоҳанд таърихро мардум фаромўш кунад. Ин бе таҳорату бе намозҳо, ин бе гузаштаву бе хотираҳо, ин ғуломони галстукбагардан, ки ДИРЎЗАШОН танҳо хўрдану бод шикастан буд, куҷо қадри Ватан, қадри Озодӣ ва Қадри Муборизаро медонанд? Ба ин расм, ба ин чеҳраҳо бингаред. Онҳоро ба заводу магазин, мансабу курсӣ, бозору ширкат фурўхтанд. ИМРЎЗ боз ҷавонони соддадили навро ба майдон мехонанд. Ба Аврупо даъват мекунанд, ки ину он медиҳем. Мо ҳукуматро гирем, вазиру сафир мешавед. Мо "проектҳои калон" дорем. Биёед, ба мо пайвандед, бароятон паноҳандагӣ мегирем. БОВАР накунед. Ба хиёнаткор як бор бовар кардан шояд камоли бузургворист.Аммо ду бор бовар кардан камоли аблаҳист. Бовар накунед, агар сад бор тавба кунанд. Бовар накунед, агар сад бор савганд ёд кунанд. Бовар накунед, агар ҳазор бор баёния пахш кунанд. Бовар накунед, агар сад бор паймон бубанданд! ҲАМА ҳарфашон дурўғ аст. Ҳама ҳарфашон такрор аст. Такрори ман. Такрори дигарон. Онҳо кўзаи холиянд. Ҳарчӣ дигарон резанд, ҳамон метаровад. Намози онҳо дурўғ аст. Мусалмонии онҳо дурўғ аст. Одамияти онҳо дурўғ аст. БИСТУПАНҶСОЛ ҳукумат аз ман гуфту навишт. Аммо ман дашномеро, ҳақоратеро, ки аз забони мухолифони ҳозира шунидам, ягон ҳукуматӣ ба худ раво надидааст. Ба чеҳраи ин наврустагон нигаред, суханронии онҳоро гўш андозед. Тарҷумаи ҳолашонро варақ занед. Муш аз инҳо болотар аст. Гурба аз инҳо поктар аст. Рўбаҳ аз инҳо боинсофтар аст. Мокиён аз инҳо бошарафтар аст. НАҲЗАТ моли Нурӣ буд. Паймон зодаи Кабирист. Наҳзат, баъди бар сараш об рехтани Кабирӣ ҳам, ҳанўз намакшиносу одамшинос дорад. Бозёфтҳои Кабирӣ чӣ? Инҳо кафши кўҳнаи Нурӣ намешаванд. Дар чашми ягон нафари ин насносҳо нур нест. Ба як нафарашон ҳатто ҳамнишинӣ хушоянд нест. Чӣ расад бо онҳо дар як саф будан? Дар сари як дастархон нишастан? Паймони Кабирӣ як лохотрон аст. Аз чап-лох, аз рост-лох, дар мобайн-лох, дар моваро-лох. Лохов Лох Лохевич. Лох Лохзода. Лох ибни Лох! КАДОМЕ аз инҳоро ягон вазире, сафире, президенти кишваре мешиносад? Кадоме аз инҳо ҳасби ҳоле дорад, ки боиси пайравӣ бошад? Кадоме аз инҳоро ба ғайр аз гову гўсолаи оғилашон ва чанд бахтбаргашта боз кӣ медонад? Як ҷумла, як сатр, як калима, як амал аз онҳо кӣ метавонад иқтибос биоварад?! НАСИҲАТГАРОН аз чор канор машварат медиҳанд. Эътилоф кунед. Бо ҳам биёед. Ба хари кўр ҳам маълум аст, ки эътилоф хуб аст. Аммо бо кӣ? Бо нафаре, ки муқаддасот надорад? Бо нафаре, ки худро ҷонишини Худо мешуморад? Бо нафаре, ки дар хунаш қатрае мардӣ ва ҷасорат нест? Бо як артисте, ки шунавандааш ду- се роҳмонда ва вомонда аст? Чаро ҳама маро мебинед? Хуб, бошад, ман ганда. Чаро як кас як бор намегўяд, ки "Гурўҳи 24" низ эълон кард, ки ҳеҷ гоҳ бар киштии шикастаи Кабирӣ нахоҳад нишаст? Аз барои Худо, эътироф кунед, медонед, вале гўшатонро ба карӣ задаед, ки садои Раҳматулло Зоировро оиди хиёнатҳои Кабирӣ намешунавед?! Муҳаммадрузӣ Искандаров аз дохили зиндон садо кард, ки ҳеҷ гоҳ ҳизби Кабириро қабул надорад. Коммунистон низ аз талъати ин МИРИ ЛОХОН безоранд. РАМЗҲОЕ, ки маро ҳамеша ҳушдор медиҳанд. Дар Маскав касе меҳмони ман буд, дар девори ман як пора нони хушкидаро овезон дидааст. Ман агар як мавиз меёфтам, бо чил кас не, бо чорсад кас тақсим мекардам. Дар Берлин ин аксро хоҳам гузошт, ки ба оромӣ хў нагирам, шикаста нашавам, аз роҳам бознагардам. Мурдаҳо ва зиндаҳое, ки ҳамеша ёдашон бо ман аст. Фариштаҳое, ки дар хонаи ман пар мезананд... ИСТИҒФОР. Мо насли гунаҳгорем. Дар ин сангар будем ё дар он сангар. Ва ё бетарафона сукут варзида будем, ки барфи бадбахтӣ ба боми мо намеборад. Ягона роҳ тавбаю надомат кардан, аз ХУДО ва ХАЛҚ омурзиш хостан аст. Тавбаи насўҳ (тавбаи насўҳ киноя аз тавбаи қатъй ва ҳақиқй, тавбаи ношикастанй, тавбаи самимй. «МХ».). Ва талош бояд варзид, ки то дар сарзамини захмини мо дигар хун нарезад. Сиёсатнома, барнома ва насиҳатномаи ман ҳамин аст. Ҳам барои ҳукумат ва ҳам барои мухолифат. ХУДОВАНДО! Аллоҳ, ҷалла ҷалолуҳу! Маро дар сафи тавбакунандагон, парастандагон, ситояндагон манзил бидеҳ! Ёди онҳоеро, ки барои озодиву адолат ҷон бохтанд, лаҳзае аз ман дур мадор! Нагузор, ки умеди онҳоро барбод бидиҳам. Гирифтори худу рўзгори худ гардам. Маро дар роҳам устуворӣ бубахш. Бигзор ҳеҷ коре аз дастам наояд, аммо нагўянд, ки аз роҳаш бозгашт. НАХОСТАН ҳазор бор зиштар аст аз НАТАВОНИСТАН... Додоҷон Атовуллоев. 29 ноябри с.20018 (бознашр аз саҳифаи фейсбукии муаллиф) Опозитсияи созанда ва ё дур будан аз бадон кори савоб аст Яке аз рўзноманигорони маъруфи ибтидои солҳои 90-уми садаи ХХ ва аввалин муассиси рўзномаи мустақил дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Додоҷон Атовуллоев, ки солҳои дароз дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ ва фаъолият дорад, аз бисёр ҳаводису воқеаҳои муосири ҷумҳурӣ хеле хуб огаҳӣ дорад. Ў аз ҳама пинҳонкорӣ, хиёнаткорӣ, найрангбозӣ, ҳиллагарӣ ва душмантарошиҳои роҳбарону намояндагони ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ба пуррагӣ хабар дорад. Бинобар ин, доир ба масоили мазкур дар чандин рўзномаю сомонаҳои интернетӣ фикру андешаҳои хешро иброз намудааст. Вай ин навбат, таҳти унвони «Тавба ё розрез ба хотири 150 000 нафар қурбониёни ҷанги бародаркуш» матлаберо пешкаши хонандагон гардонида, дар он тамоми асрори пинҳонкориҳои ТТЭ ҲНИ-ро ифшо сохт. Ана оппозитсияи созанда ва ободкор. Ҳам роҳ нишон медиҳад ва ҳам суханонаш ноб ҳастанд. Атовуллоев Д. дар матлаби худ аз даъват шуданашон ба шаҳри Теҳрон дар соли 1993 ёдовар шуда, менависад, ки «дар яке аз бўстонсароҳои ҳукуматӣ бо намояндагони оппозитсия ҷамъ омадем…». Аз навиштаи мазкур бармало маълум мегардад, ки мухолифини наҳзатӣ, яъне душманони миллату меҳан бевосита ба бўстонсарои ҳукуматии Ҷумҳурии исломии Эрон даъват шуда, маҳз дар ин ҷо поягузори ТТЭ ҲНИ, роҳбарони ҳизб ба фурўхтани вазифаҳову муайян кардани самти ояндаи фаъолияти террористонаи ниҳоди террористӣ-экстремистии мазкур оғоз менамоянд. Аз ҷумла, бинобар сабаби дар шаҳри Маскав таҳсил кардану дар байни журналистону сиёсатмадорони Русия доштани дўстони зиёд ба Д. Атовуллоев пешниҳод мешавад, ки оянда дар ин кишвар фаъолият намояд. Бо вуҷуди баъд аз шинохтани чеҳраҳову нақшаҳои ҳаммайдонҳо Атовуллоев аз мухолифин ҷудо гардида, ба гуфтаи худаш дар «рўйхати сиёҳ» афтод ва дар ҳолати пирўз шудани ин душманону хоинони миллату меҳан ў ба қатл расонида мешуд. Зеро ў дар маҷлиси шаҳри Теҳрон ба ҳама гуноҳҳои худ иқрор гардида, суханрониҳои Д. Атовуллоевро гоҳ-гоҳе Шодмон Юсуф ва Тоҳири Абдуҷаббор бо нидои «рост, рост» тасдиқ мекардаанд. Аз ин тарзи муносибат ба якдигар ва дар куҷою бо кадом усул гузаронидани маҷлис бармало маълум аст, ки мақсади тамоми намояндагони ТТЭ ҲНИ танҳо ва танҳо ба даст овардани молу мулк ва мансабу вазифа мебошад. Ҳарчанд, борҳо аз забони худи Нурӣ суханоне садо доданд, ки: «мухолифин дар набарди иттилоъотӣ пирўз гашта буд, ки ҳамин Д.А. сардафтараш буд», Атовуллоев Д. бо ҳақгўйиҳояш ба душмани ашадии ТТЭ ҲНИ табдил ёфт. Зеро ин ҳақгўйӣ, ошкорбаёнӣ ва ифшо кардани пинҳонкорию фош намудани асрори хиёнаткорию душмантарошиҳои ў зарбаи шадиду ҷонкоҳе гардид барои намояндагони ТТЭ ҲНИ. Чунки ҳақ ба ҷониби Д. Атовуллоев аст ва воқеан ҳам роҳбарону аъзои ТТЭ ҲНИ бисёре аз ҷавонону наврасони кишварро бо роҳи найрангу ҳилла ба гумроҳа кашида, ҳамаи ононро қурбони бозиҳои ҳароми хеш намуданд. Ҳамин ҳаромкориҳои худро имрўз ҳам идома дода, ҷавонони соддадили навро ба майдон баровардан мехоҳанд. Боз ҳамон ҳиллаю найрангҳои солҳои 90-умро идома дода, даъвои давлату ҳукумат ва мансабҳои вазиру сафир карда, ҷавонону наврасони меҳанро боз ба доми худ кашидан мехоҳанд. Воқеан ҳам ҳақ ба ҷониби Д.Атовуллоев ҳаст, ки менависад: «Бовар накунед. Ба хиёнаткор як бор бовар кардан шояд камоли бузургворӣ аст. Аммо ду бор бовар кардан камоли аблаҳист…». Ин ҳамаро Атовуллоев Д. аз таҷриба ва зиндагии шахсии худ мегўяд, зеро ў хуб медонад, ки собиқ роҳбарони ТТЭ ҲНИ ўро ба ним нон фурўхтанд. Воқеан ҳам дуруст менависад, ки агар террористону экстремистони наҳзатӣ сад бор тавба кунанд, сад бор савганд ёд кунанд ва ҳазор бор баёния пахш намоянд, ҳам бовар накунед, зеро онҳо ҳамагӣ хиёнаткор ва душманони ашадии миллату меҳан ҳастанд. Ин ҳама ҳарфҳо ва суханони террористону экстремистони наҳзатӣ сар то по дурўғ буда, ҳамагӣ такрори ҳамдигар ва идомаи мантиқии амалҳои пасту зишти роҳбарони ТТЭ ҲНИ мебошад. Онҳо аслан кўзаи холӣ буда, ҳарчӣ дигарон мерезанд, ҳамон метаровад. Воқеан ҳам инҳо ҳамагӣ инсонсуратони ваҳшисират буда, пасттарин махлуқ ё ҳайвон аз онҳо болотар аст. Бо вуҷуди ин ҳама, боз чашмгуруснагону тангназарони наҳзатӣ даъвои давлату ҳукумат ва мансабу вазифа карда, бад-ин васила халқро ба гумроҳа мебаранд ва кирдорҳои ношоистаи худро идома доданӣ ҳастанд. Дар ҳақиқат, чи тавре ки Додоҷон Атовуллоев менависад, ТТЭ ҲНИ аслан моли Нурӣ буд. Аммо баъди роҳбари ин ташкилот шудани Кабирӣ ТТЭ ҲНИ ба ҷиноятҳои боз ҳам сангинтар даст зад ва комилан террористию экстремистӣ гардид. Маҳз баъди роҳбари ТТЭ ҲНИ шудани Кабирӣ хатари он барои Тоҷикистон афзоиш ёфт, ки мисоли он табаддулоти нокоми моҳи сентябри соли 2015 мебошад. Нодири ҚОДИР, Таҳлилгар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.