Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » 6-ноябр. Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон БАХТНОМА ВА РАҲНАМОИ МИЛЛАТ

6-ноябр. Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон БАХТНОМА ВА РАҲНАМОИ МИЛЛАТ

31-10-2018, 08:58
Хабарро хонданд: 408 нафар
Назарҳо: 0
 6-ноябр. Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон        БАХТНОМА ВА РАҲНАМОИ МИЛЛАТ
6-ноябр. Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

БАХТНОМА ВА РАҲНАМОИ МИЛЛАТ

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид шуд, ки: «Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Принсипи мазкур тақозо менамояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд».
Ҳамчунин Пешвои миллат зимни яке аз суханрониҳояшон иброз намуданд, ки «Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Ин таъкиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Конститутсия дар ҳама кишварҳо қонуни олӣ маҳсуб мешавад ва барои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун асос хизмат мекунад.
Таърихшиносону муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки ниёгони барӯманди мо ҳеҷ гоҳ нисбати тақдиру сарнавишти худ, ҳуқуқу озодиҳои инсон бетараф набуданд. Аввалин Конститутсия ё худ Эъломияро, ки муаллифи аввалини он оид ба ҳуқуқҳои башар намояндаи сулолаи Ҳахоманишиён Куруши Кабир буд, ба арсаи тамаддуни ҷаҳон ворид намудаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ роҳи пуршараферо тай намуда, дар худ беҳтарин принсипҳои ҷомеаи демократӣ, ягона, ҳуқуқбунёд ва дунявиро таҷассум кардааст. Ҳамчун муқаддасоти миллӣ дар радифи Суруди миллӣ ва Парчаму Нишони давлатӣ кишвари соҳибистиқлоламонро дар арсаи олам муаррифӣ менамояд.
Аҳли ҷомеа худ шоҳиданд, ки новобаста ба нооромиҳои солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ 6-уми ноябри соли 1994 барои кулли тоҷикистониён санаи таърихиву тақдирсоз буд. Дар ҳамин рӯзи саиду фархунда, аввалин бор дар давраи соҳибистиқлолӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Халқи сарбаланди диёр соли равон 24-солагии қабули онро ҷашн мегиранд. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки санаи мазкур сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд.
То соли 1994 дар мамлакат конститутсияе амал мекард, ки соли 1978 қабул гардида буд. Он айём Ватани мо яке аз ҷумҳуриҳои бародарии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт ва принсипҳои сохти сотсиалистиву ғояҳои ҷомеаи коммунистиро инъикос мекард.
Таърих гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз 5 маротиба, яъне солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта кулан фарқ дорад. Меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд ва ба стандартҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ комилан ҷавобгӯ мебошанд. Ёдовар мешавем, ки Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи панҷ конститутсияи демократитарини кишварҳои ҷаҳон эътироф шуда, ба он се маротиба (солҳои 1999, 2003 ва 2016) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.
Тағйиру иловаҳои якум ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкили Парлумони доимоамалкунандаи касбӣ - Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъсис додани Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доштанд.
Тибқи тағйиру иловаҳои дуюм ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф гардида, муҳлати ваколатҳои Президенти мамлакат аз 5 ба 7 сол дароз карда шуд. Дар ин радиф муҳлати ваколати судяҳо низ аз 5 сол ба 10 сол расид. Албатта, дар рафти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба масъалаи равону суфтатар намудани баёни фикр, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва қоидаҳои имло ҳам эътибори махсус дода шуд.
Масъалаҳои забони давлатӣ зимни маротибаи сеюм ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ворид гардида дар мадди аввал қарор дошт. Бо калимаю ибораҳои суфтатару равонтари тоҷикӣ иваз гардидани калимаю ибораҳои қаблӣ ва илова шудани ҷумлаҳои нав далели ин гуфтаҳо мебошанд.
Дар умум ин навбат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 тағйироту илова ворид карда шуд. Дар асоси онҳо аз ном ва матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи Сарқонун хориҷ карда, шакли идораи Ватанамон Президентӣ қабул гардида, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон шуданд.
Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми шашум бо мазмуни зайл илова гардид, ки тақозои замони ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳо мебошад: «Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динӣ дошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст».
Мутобиқи таҳрири нав қисми якум дар моддаи 7-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди ҷумҳурии мо шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад.
Падидаи ҷолиб он аст, ки тибқи таҳрири қисми дуюми моддаи 34 падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул гардиданд.
Таҳрири дигар ба интихоб ва таъин шудани вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста буда, ин гуна шаҳрвандон бояд танҳо соҳиби шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд, таҳсилоташон олӣ ва синнашон аз 30 кам набошад. Дар ин радиф вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ вазифадор гардиданд, ки баъди интихобу таъин шуданашон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кунанд. Савганд ёд намудан ҳамзамон ба аъзои Ҳукумат ва судяҳо низ баъди аз ҷониби Президенти кишвар ба вазифа таъин шуданашон дар дигар моддаҳои Конститутсия пешбинӣ гардид.
Мувофиқи таҳрири қисми дуюми моддаи 65 «Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад».
Вобаста ба ҳамин таҳрир ба ин модда қисми панҷум бо мазмуни зайл илова гардид: «Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинӣ гардида нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад».
Баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо дар Конститутсия калимаҳои «ҳокимияти маҳаллӣ» бо калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз шуда, қисми якуми моддаи 78 дар таҳрири зерин ифода карда шуд: «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия роҳбарӣ менамояд».
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо синну сол, дараҷаи таҳсилот, собиқаи меҳнатӣ, ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар ҷиҳатҳои шахсияти шаҳрвандони ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе, ҳамзамон судяи судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ интихобу таъиншаванда ба таври мушаххас нишон дода шудааст.
Вобаста ба ҳамин масъала дар моддаи 89 оид ба интихоби судяи Суди конститутсионӣ ҳам қисми дуюм илова гардид.
Тавре қаблан иттилоъ додем, зимни омода намудани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба масъалаи равону суфтатар намудани тарзи баён ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ эътибори махсус дода шуд. Масалан, калимаҳои «марзиву маъмурӣ» бо «маъмурию ҳудудӣ»,«эълоншуда» бо «муқарраргардида», «ҳаққи зиндагӣ» бо «ҳуқуқ ба ҳаёт», «шахс» бо «шаҳрванд», «пулӣ» бо «пардохтшаванда», «туризм» бо «сайёҳӣ», «додан» бо «супоридан», «вазифаи ҳар кас мебошад» бо «ҳатмист», «қарордод» бо «шартнома», «ба тасдиқи» бо «барои тасдиқ», «қаламрав» бо «ҳудуд» иваз карда шуданд. Ин тағйиротҳо бори дигар шаҳодат аз он медиҳанд, ки забони модарии мо дар паноҳи давлат қарор дорад.
Аз таърих маълум аст, ки 10 декабри соли 1948 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттахид, “Эъломияи ҳуқуқи башар”-ро қабул намуд, ки иҷрои он барои ҳамаи давлатҳои аъзои созмони мазкур ҳатмӣ мебошад. Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меъёрҳои “Эъломияи ҳуқуқи башар” сарчашма гирифта, кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои мардуми Тоҷикистон аст.
Зарурати қабули конститутсияи нав баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатии кишвар ба миён омад. Дар баробари ин дигаргуниҳои хеле ҷиддии олами муосир тақозо мекард, ки санади тозае барои давлати соҳибистиқлол таҳия ва қабул гардад. Табиист, ки дар ҳар давру замон бо зуҳури давлату давлатдорӣ зарурати муаяйн сохтани сохтор, ба низом овардани муносибатҳои мухталифи табақаҳои иҷтимоии ҷомеа, ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд, тарғиби идеология ва пойдории давлату ҷамъият ба миён меомад ва санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад. Ин санад дар таърих ба унвони конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон то расидан ба истиқлолияти давлатӣ ҳам чунин санад дошт, аммо он пурра ба ҳадафҳои давлату миллат ҷавобгӯ набуд ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати мухтори тоҷиконро ба миён овард.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро огоҳ менамояд, ки риояи ҳама талаботи ин санад ҳатмӣ аст, яъне онҳо дар ҳама ҳолат бояд талаботи конститутсияро риоя кунанд. Дар вақти риоя накардани талаботи конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад. Бо ибораи дигар ҳар шахс вазифадор аст, ки конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Бори аввал ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парламенти дупалатагӣ иборат аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфт ва дар конститутсияи кишвар боби алоҳида оид ба мақому салоҳияти онҳо мавҷуд аст. Имрӯз мутобиқи талаботи конститутсия парламенти кишвар фаъолият намуда, низоми ягонаи ҳуқуқиро таъмин мекунад ва таҳияи санадҳои танзимкунандаи фаъолияти самтҳои асосии ҷомеаи моро зери назорат гирифтааст.
Президенти мамлакатро ин санади асосӣ ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арз, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон муаррифӣ мекунад. Ҳамагон шоҳидем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рисолати худро сарбаландона ба ҷо меоранд ва пешравию дастовардҳои наздик ба сисолаи аҳли диёр ба ному фаъолияти ин шахсияти ҷаҳонӣ вобаста мебошад.
Дар боби 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан дар бораи судҳо меравад ва қайд кардан зарураст, ки мутобиқи моддаи 84 Конститутсия, ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст. Судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Ӯро бе ризоияти мақомоте, ки интихоб ё таъин кардааст, ҳабс кардан ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан мумкин нест. Судяро дастгир кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани ӯ ҳангоми содир намудани ҷиноят. Ин муқаррарот ҳам бори дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ватани маҳбуби мо арзиши олӣ ба ҳисоб мераванд ва касе онҳоро маҳдуд карда наметавонад.
Таҳия ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъдан се маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он зарурати таърихӣ буда, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати тозабунёди тоҷикон рӯйдоди муҳим ва мондагор буд, ҳаст ва хоҳад монд. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсонро чун сарчашмаи асосии пешрафти ҷомеа, поягузори суботи кишвар, ваҳдату ягонагии давлату миллат бозгӯ намуд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлолият арзёбӣ шудааст. Таъмини низоми одилона ва устуворро дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади асосӣ, бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худ қарор додааст.

Мансурӣ Дилрабо, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: