Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи Толори қабули меҳмонони расмӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

Ифтитоҳи Толори қабули меҳмонони расмӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

27-09-2018, 11:17
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи Толори қабули меҳмонони расмӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Толори қабули меҳмонони расмии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо ифтитоҳ карданд.

Толори қабули меҳмонони расмӣ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дар сатҳи баланд ва тибқи анъанаҳои накуи меҳмоннавозии миллати тоҷик пазироӣ кардани намояндагони расмии кишварҳои хориҷ, аз ҳисоби маблағҳои даромади Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бунёд шудааст.

Корҳои сохтмонӣ моҳи марти соли 2017 оғоз гардида, иншоот моҳи сентябри соли 2018 бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморию сохтмонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар рафти сохтмон наздики 600 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Толори қабули меҳмонони расмӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар бинои мазкур барои қабулу меҳмоннавозии мусофирон даҳҳо адад ҳуҷраҳои хуштарҳ ва барҳаво, аз ҷумла бахши қабули аъзоёни ҳукуматҳои кишварҳои хориҷ, ҳуҷраҳои консулгарӣ, маъмурият, хонаҳои кории кормандони сарҳад ва гумрук, ҷойи коркарди бору бағоҷ, 8 адад ҳуҷра барои баргузории мулоқотҳои дуҷониба, 4 адад тарабхонаи замонавӣ, мағозаи фурӯши молу маҳсулот, туҳфаҳо, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва гумрукӣ бунёд шудааст.

Барои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ кардани хизматрасонии толори фурудгоҳ 2 адад лифт, 47 камераи мушоҳидавӣ, 1 адад таҷҳизоти муоинаи рентгении бору бағоҷ, системаи ҳозиразамони аз сӯхтор огоҳкунанда ва дастгоҳҳои тозакунии ҳаво насб гардидааст.

Дар ҳудуди ҳавлии иншоот таваққуфгоҳ барои 400 адад мошини сабукрав сохта шуда, таваққуфгоҳи тайёраҳо ва роҳравҳои майдони фурудгоҳ дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ азнавсозӣ гардидааст. Дар саҳни ҳавлӣ инчунин як айвони бо нақшу нигори миллӣ кандакоришуда бо 10 ҷойи нишаст барои истироҳати меҳмонони олиқадр сохта шудааст. Ҳудуди Толори қабули меҳмонони расмӣ бо 45 адад сутунпоя ва чароғҳо равшан мегардад. Роҳраву гулгашти атрофи иншооти қабули меҳмонон бо гулу буттаҳои ороишии гуногун оро ёфтааст.

Роҳҳои мошингарди даромади фурудгоҳ аз буриши кӯчаи Мастонгулов то бинои асосӣ пурра азнавсозӣ гардид.

Фурудгоҳ даромадгоҳи ҳар як давлат ба ҳисоб меравад ва таҷассумкунандаи фарҳангу маданияти пазироии меҳмонон аз тарафи кишвари мизбон аст.

Бо бунёди Толори қабули меҳмонони расмӣ, оро додани он бо нақшу нигори миллӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва овезон кардани мусаввараҳои манзараҳои дилфиреби кишвари биҳиштосои Тоҷикистон имкон фароҳам омад, ки ба ҷаҳониён маданияти баланди меҳмоннавозии давлату миллати тоҷик муаррифӣ гардад.

Толори қабули меҳмонони расмӣ бо тарҳи хеле зебо сохта шуда, намои берунии он аз сангҳои ватанӣ оро дода шудааст.

Баъди шиносоии пурра бо шароиту имкониятҳои қабули меҳмонони олиқадр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба роҳбарият ва кормандони Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” барои иқдоми шоиста изҳори сипос намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: