РИСОЛАТИ ИНСОНГАРОӢ15-01-2019, 09:15
Хабарро хонданд: 602 нафар
Назарҳо: 0
Тадқиқотҳои иҷтимоӣ собит менамоянд, ки низоми пешрафти соҳаҳои ҷомеа, бунёдкориву созандагӣ, арзишҳои маънавӣ ва фарҳанги гуманистӣ ба шахсияти ҷомеавӣ будани инсон алоқаманд аст. Мегӯянд, ҳар инсоне рисолати азалии махсусеро дорост, ки он баҳри амалӣ намудани корҳое бар дӯшаш бор гаштааст. Дар ҳақикат татбиқи рисолати инсонгароӣ низ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккулул ёфтааст, ки ба мусоидат намудани ҳимояи иҷтимоии маъюбон, барҷомондагон, ятимон ва қишри осебпазири ҷомеа равона шудааст. Аз ин рӯ нафаре, ки мехоҳам чанд сухане дар борааш ин ҷо нигошта кунам, инсоне, ки бо ғановатмандии сиришти ботинӣ ва таҷаллии симои ибратомӯз тавассути илму дониш ва ақлу хирад, дорои малакаи роҳбарикунанда зебу зиннат ёфта, ба ин васила нишоти зиндагӣ ва саодати рӯзгорро комёб шуда ҳамчун ҷавонмарди асил, инсони бошараф, мутахассиси баландпоя ва соҳибмартаба, ки дасти ёриаш ба садҳо инсонҳои ниёзманду барҷомонда ва камбизоату бепарастор расида ва дар партави сиёсати хирадмандона Пешвои миллат бо дасту дили пок софдилона барои миллату давлат кору фаъолият дорад ин Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Абдулҳаким Қувват мебошад. Агар бигӯем, ки аз зумраи инсонҳои хеле хайрхост, ҳеҷ саҳв нахоҳад буд. Ӯ дар рузгори хонаводаи шарафатманд ва зиёӣ дар муҳити муҳаббати беандоза ба миллату давлат доштаи падари қаламкашу модари мушфиқ, ба воя расидааст. Бо таълиму тарбияе, ки дар хонавода гирифтааст шабонарӯзӣ ва пайваста заҳмат мекашад ва мекӯшад, ки ифтихори ватану давлат ва наздиконаш бошад ва дар Тоҷикистони азиз як фарди нафърасон ва обрӯманде гардад. Бароям ифтихори бузург аст, ки бо чунин инсони шариф шинос шудаму маро на ба як шахси маъюби нотавон, балки ба як маъюби тавонманди қобилиятдошта шинохт. Ман маъюби гурӯҳи 2 ва дорандаи ду маълумоти олӣ ҳастаму муддати 8 моҳ дар ба дари корхонаву вазоратҳо кор меҷустам, чунки маъюбиамро ба назар нагирифта аз ҷойи кории пештараам маро ихтисор карданд. Ҳамин тариқ кор меҷустаму рӯзе барои корҷӯӣ ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадам. Ҳангоме ки арзи маро бишнид, пурсид, ки кор карда метавонӣ? Гуфтам, ки бале. Вақте кору фаъолияти маро бо барномаҳои компютерӣ дида таҳсин гуфт. Пас аз гузаронидани санҷиш мавсуф дар доираи имкониятҳои хеш барои ёфтани кор мусоидат намуд, ки масъулини яке аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ маро ба ҳайси муҳосиб ба кор қабул карданд. Яъне шахсиятҳое ҳастанд, ки бо рисолати инсонгароияшон метавонанд ҷомеасоз бошанд. Абдулазиз Ашӯров, маъюби гуруҳи 2-юм |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.