Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Чин хабари боздошти 1 млн мусулмонро рад кард

Чин хабари боздошти 1 млн мусулмонро рад кард

16-08-2018, 14:19
Хабарро хонданд: 132 нафар
Назарҳо: 0
Чин хабари боздошти 1 млн мусулмонро рад кард

Ҳукумати Чин мегӯяд, хабарҳо дар бораи боздошти 1 миллион уйғури мусулмон дар вилояти Синтсзяни ин кишвар "комилан беасосанд". Дар ин бора Би-би-сӣ иттилоъ медиҳад.

"Уйғурҳо шаҳрванди комилҳуқуқи Чин ҳастанд. Вале ба онҳое, ки фиреби тундгароёни диниро хурдаанд, бо роҳи кӯчонидан ва бозомӯзӣ кумак расонида мешавад", - омадааст дар иттилоияи расмии ҳукумати Чин, ки дар ҷаласаи СММ дар шаҳри Женева ироа шуд.

Пештар созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз боздошти дастаҷамъии уйғурҳои мусулмон дар вилояти Синтсзян хабар доданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дар урдугоҳҳо мусулмононро маҷбур мекунанд, ки ба президенти Чин Сӣ Ҷинпин савганди садоқат ёд кунанд.

Анҷумани ҷаҳонии уйғурҳо мегӯяд, мақомоти Чин мусулмононро дар урдугоҳҳо бемуҳлат нигаҳ медоранд ва ба сар додани шиорҳои Ҳизби коммунист маҷбур мекунанд.

Ҳарчанд ҳукумати Чин уйғурҳоро дар доираи маъракаи муборизаи худ бо тундгароии динӣ боздошт кардааст, зидди бештари онҳо расман айб эълом нашудааст.

Хабарҳо дар бораи боздошти дастаҷамъии мусулмонон дар шимолу ғарби Чин баъд аз ташаннуҷи авзоъ дар ин минтақа нашр шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: