Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳар бадхоҳ дар марзи Тоҷикистон саркӯб мешавад

Ҳар бадхоҳ дар марзи Тоҷикистон саркӯб мешавад

31-07-2018, 08:51
Хабарро хонданд: 362 нафар
Назарҳо: 0
Ҳар бадхоҳ дар марзи Тоҷикистон саркӯб мешавад
Афғонистон дар дарозои таърих «мазор»-и империяҳо, аз кишварҳои пурасрору пурҷозибаи ҷаҳон буда, боре ҳам пеши таҷовузгарон сар хам накардааст. Бо вуҷуди ин, то ба имрӯз ба танҳоӣ қодир ба ҳалли мушкилоташ набуду натавонист суботу оромиашро худ таъмин кунад. Шояд ба ин далел буда, ки ин кишварро наметавон ба осонӣ дарк кард ва ба содагӣ шинохт. Иттиҳоди Шӯравӣ дар гузашта саъй кард сотсиализмро ба афғонҳо таҳмил кунад ва ҳоло америкоиҳо мехоҳанд демократияро сарашон бор кунанд. Аммо Шӯравӣ ба мақсад нарасид ва инҳо ҳам афти кор ба чизе ноил намешаванд.. Афғонҳо чун дар гузашта олами аҷиби асримиёнагӣ бо ҷойгоҳи маҳдуди занҳоро беҳтар медонанд. Хабарнигори яке аз сайтҳои электронии Русия Игор Ротар дар гузорише ҳикоят мекунад, ки чӣ тавр ба Афғонистон сафарҳо кардааст ва чи гуна борҳо ҳаёташ сари мӯе дар хатар қарор гирифта ва ҳар боре боз ҳам мекӯшад, табиати ин мардумро дарк намояд.

Оғоз
«Бародар, барои ту ройгон медиҳам!» - ҳар бор ин сухани тоҷири афғон маро ба хиҷолат мегузошт ва хаёл мекардам ба гадое баробар медонад, аммо дар асл чунин муошират як нишонаи меҳр буд. Ман аз миёнаҳои солҳои 1990 мунтазам ба Афғонистон сафар мекунам. Дар яке аз сафарҳоям нафаре ҳатто таҳдид кард, ки мехоҳад монанди пиёз сарамро гирад ва пӯстамро аз бадан биканад, чунки ман як «шӯравӣ»- и малъун ҳастам. Ҳар бор тааҷҷуб мекунам, ки дар ин кишвар он чӣ ғайри қобили инкору тағйирнаёбанда менамояд, якбора ва ба таври комил дигар мешавад ва чун як ҳодисаи даргузар барои солҳо дар хотир мемонад.

Нахустин сафар
Бори аввал ба Афғонистон соли 1994 сафар доштам. Ман аз тариқи «Пули Дӯстӣ», ки замоне нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон берун рафта буданд, аз рӯди Амударё гузашта, ба хоки ин кишвар пой ниҳодам. Пас аз якуним соат аз маҳали Шерхон Бандар ба шаҳри Мазори Шариф – маркази ӯзбекҳои афғон расидам
Онҷо мехостам бошишгоҳи гурезаҳои тоҷикро бубинам, ки аз оташи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон фирор намуда, дар мавзее берун аз ин шаҳр паноҳ бурда буданд.
Он замон мо, журналистони рус пули зиёде надоштем. Бинобар ин ману хабарнигорони суратгири ҳамсафарам қарор додем, ки то шаҳри Тошқӯрғон, ки гурезаҳо дар наздикии он буданд, бо нақлиёти ҷамъиятӣ биравем.
Моро дар автобус зуд шинохтанд ва мо ҳам гуфтем, ки хабарнигор ҳастем, вале аз коммунистон не. Маълум шуд, ки нафаре аз аҳли нишаста ин сухани моро тарҷума ва ба тамоми автобус эълон кардааст, ки «ин неокоммунистҳои рус ба Тошқӯрғон мераванд!»
Баробари ба шаҳр расидан мо ба тамошои ҷойҳои ҷолиби шаҳр ва ҷамъоварии маводи бароямон лозим сар кардем, аммо ин кор дер давом накард. Хеле зуд ду ришдори силоҳбадаст омада бо оромӣ дастгоҳи суратгирии яке аз ҳамроҳонамро гирифтанд.
Ҳодисаҳои баъдӣ мисли навори филм хеле зуд иваз шудан гирифтанд. Дар яке аз паскӯчаҳо тӯдае бо нигоҳҳои бадбинона моро гирд карданд. Ба «Ассалому алайкум» - гуфтани мо бо русӣ дашноми қабеҳ доданд. Ба бахти мо, ин лаҳза яке аз гурезаҳои тоҷик пайдо шуда, аз мо хост, ки тезтар ба бошишгоҳашон равем. Раҳораҳ фаҳмонд, ки инҷо будани мо хатар дорад ва агар ба баҳс дароем, мардум ба хашм омада мумкин аст пора – пораамон кунанд. Мо зери нидоҳои норозиёнаи тӯдаи ҷамъшуда аз он ҷо фирор кардем.Ҷамъе аз гурезаҳоро дар бинои як мактаб ҷой карда буданд ва мо ба он ворид шудем. Он рӯз ба мо ҳатто ба саҳни бино баромаданро манъ карданд. Пас аз офтобшин ҳама ҷо ором шуд ва мо хоб рафтем. Нисфи шаб дар толори хобамон садоҳои ҳархела ва ғалоғула шуд: як гурӯҳ аз афроди мусаллаҳи ба қаҳромада бо фонус мақсади пайдо кардани касонеро доштанд. Мо фаҳмидем, ки пинҳон шудан дигар беҳуда аст ва тасмим гирифтем, ки худро ошкор намуда бо онҳо гуфтугӯ кунем.
Дар миёни афроди мусаллаҳ як марди паканаи кӯзапушт ҳам буд. Тавре ба мо гурезаҳо фаҳмонданд, ӯ аз ҷумлаи фармондеҳони саҳроии афғон буда, ки бо таҷрибаи чордаҳсолаи ҷанг бо мо, ба шӯравиҳои мутаҷовиз нафрати зиёд дошт. Ӯ вақти рӯбарӯ шудан бо мо беибо ҳатто гуфт, ки «Худро шукр гӯед, ки чун пиёз саратонро намегирам». Музокироту пурсупоси шаб, ки қариб ду соат давом кард, чандон сабук набуд, зеро афроди мусаллаҳ моро аз пайравони «сурхҳо» медонистанд. Аммо чун дарк карданд, ки мо худ ақидаҳои зиддикоммунистӣ дорем ва ин идеология бароямон бегона аст, ба мо бовар карданд ва вақти хайрухуш ваъда доданд, ки барои пайдо кардани дастгоҳи суратгириамон ёрӣ медиҳанд.

Бахтамон омад кард
Рӯзи дигар бо дархостамон моро сардори полиси шаҳри Тошқурғон Некмамад Назармад қабул кард, ӯ ҳам дар гузашта аз фармондеҳони ҷабҳаи зидди шӯравиҳо будааст. Ӯ вақти вохӯрӣ бо мо хеле дар ҳайрат омад ва иқрор шуд, ки «Шумо аввалин русҳое ҳастед, ки ман қасди куштанатонро надорам». Ба гуфтаи вай, аз ҳар оилаи афғон дар солҳои ҷанг аз дасти низомиёни Шӯравӣ ҳадди ақал як нафар мард кушта шудааст. Ба бахти мо, ӯ аз фармондеҳони босавод буд, зеро дар донишгоҳи Кобул хондааст. Иқрор кард, ки журналистони рус гунаҳкор нестанд ва ҳар чи буд кори дасти ҳукумати Шӯравӣ буд, аммо ҷомеаи афғон, ки аксар бесаводанд, инро дарк намекунанд ва ҳар нафари аз Шӯравӣ омадаро душман ва куштанашро воҷиб медонад.
Назармад дар он дидор моро меҳмони худ хонд ва гуфт, ки дигар бо автобус не, балки бо мошине таҳти ҳимояти чанд нафар полиси мусаллаҳ дар шаҳр хоҳем гашт.
Мо рӯзҳои дигари ин сафарро ба хушӣ гузарондем, аммо ҳодисаҳои марбут ба ин сафар пас аз бозгаштамон ҳам давом кард. Дар Москва хабарнигоре барои бахши тоҷикии яке аз радиоҳо бо ман мусоҳиба анҷом дод. (Барномаҳои ин бахшро дар шимоли Афғонистон ва аз ҷумла дар Мазори Шариф гӯш мекардаанд). Дар омади гап аз гурезаҳои тоҷик ва қумондон Назармад ҳам барои муносибати хайрхоҳонаашон зимни ин сафар тавсиф ва изҳори сипос намудам.
Суҳбати самимонаи маро шунида, пас аз як ҳафта ба назди бинои консулгарии Русия дар Мазори Шариф афроди силоҳдоре савори як БТР омада хостори дидор бо намояндаи Русия шудаанд. Дипломатҳои рус гумон кардаанд, ки ин боз ягон иғвост ва афроди мусаллаҳ касди ҷонашонро доранд. Аммо вақти суҳбат маълум шудааст, ки онҳо ҳамон дастгоҳи суратгирии моро оварда, хоҳиш намудаанд, ки онро ба журналистоне, ки вақти сафари як ҳафта пеш онро дар Тошқурғон фаромӯш карда рафтанд, бирасонанд.

Ҳамсоягӣ поянда бод!
Дар сафарҳои дигари худ дар Афғонистон ман ҳамеша боэҳтиёт рафтор мекардам. Аммо пас аз ворид шудани нерӯҳои НАТО (декабри соли 2001) ба Афғонистон муносибати мардум нисбат ба намояндагони ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ тағйир ёфтан гирифт. Чанд бор тоҷирони афғон дар фурӯшгоҳҳои худ вақти харидани чизе чун мефаҳмиданд, ки аз собиқ Шӯравӣ ҳастам, пул намегирифтанд, ё чизе бар иловаи моли харидаам мебахшиданд.
Дар сафарҳои охир ба ин кишвар борҳо шунидам, ки афғонҳо бо ҳасрат мегуфтанд: «Шӯравӣ» мактабҳо сохт, донишгоҳҳо таъсис дод, бемористонҳо бунёд кард, аммо америкоиҳо дар солҳои ҳузури худ кумаке ба мо накарданд.
Афғонҳо воқеиятро мегӯянд ва натиҷаи ҳузури Шӯравиро ҳоло ҳам дар ҳар гӯшаи Афғонистон бо гузашти беш аз сӣ сол як – як бо ангушт мешумориданд. Аммо нерӯҳои НАТО амалан коре барои ободонӣ накардаанд. Танҳо чизе, ки сохтанд, ҳамон тарҳҳои низомие ҳаст, ки ба худи нерӯҳои НАТО хидмат мекунанд. Таваҷҷуҳ нисбат ба шӯравӣ ва аз ҷумла русҳо асосан дар миёни ӯзбекҳо ва тоҷикҳои Афғонистон аст. Дар як сафарам аз сокинони як деҳаи паштутабор дар мавриди фарқияти таҷовузи шӯравӣ аз америкоиҳо пурсидам. Нафаре бо сардӣ посух дод, ки «лаънат ба ҳар ду».

Мушкил дар сар аст
Вақте ман вориди мактаби духтаронаи шаҳри Қундуз шудам, хонандагон ва муаллимаҳо рӯяшонро пӯшида ба ҳар сӯ пароканда гардиданд. «Шогирдони ман метарсанд, ки акси рӯи кушодаи онҳо дар нашрияҳо чоп мешавад ва онҳоро инҷо ба беҳаёӣ муттаҳам мекунанд. Бадбахтона мо ҳамин гуна одатҳои маҳдуди аз гузаштаҳо ба меросмонда дорем!» - шикоят мекард мудири мактаб Мафтун Некзод, ки худ муаллимаи риёзӣ аст.
Бону Некзод аз тоҷикони Қундуз аст ва ба назари ман як зани ҷасуру чолок менамуд. Рафтору гуфтори ӯ барои сокини як шаҳри музофотии Афғонистон ғайриодӣ буд. Ӯ ба ёди ман садҳо муаллимаҳои мактабҳои Тоҷикистони даврони шӯравиро меовард. Ӯ бо шавқ бо ман суҳбат мекард, чунин ба назар мерасид, ки бо як нафар хориҷӣ мехоҳад бештар суҳбат ва дарди дил кунад. Зеро бо тафовут аз мардони маҳаллӣ ба назари ман ин зан «як инсони навъи дуюм» набуд. Ӯ мегуфт: «Омадани ҳар духтар ба мактаб дар шароити Афғонистон худ як қаҳрамонӣ аст». Аммо ба назари Некзод мушкил танҳо дар толибон нест, балки дар мағзу фаҳми худи афғонҳост. Ӯ фаранҷиро қабул надошт, вале аз маҷбурӣ замони ба кӯча баромадан ба сар мегирад. Аз тарси он ки мабодо атрофиён шавҳарашро, ки як марди таҳсилкарда ва замонавӣ аст, маврди таҳқир қарор надиҳанд ва масхарааш накунанд, ба ҳадде, ки аз муошират бо ӯ дар ҷомеа нафрат намоянд.
Ба гуфтаи Некзод, дар толорҳои умумии ошхонаю қаҳвахонаҳои Афғнистон ҳеҷ гоҳ барои занон ҷой нест, балки барояшон ҷои алоҳида ҷудо шудааст. Сабаб он аст, ки ба зан бо нигоҳи бад менигаранд. Аммо вазъият дар Қундуз, ки сокинонаш асосан тоҷикон ҳастанд, фарқ мекунад. «Мо барои худ бо пайравӣ ба зиндагии ҷомеаи занони ҳамсоя кишварҳоямон як шароити пешрафтаю мутамадин сохтаем. Дар навоҳии паштунишин вазъият нисбати шаҳр бадтар аст»,-хулоса кард ӯ.
Суханони ин зан баёнгари воқеият аст. Ман дар гузашта борҳо зимни суҳбат бо фармондеҳони сатҳи гуногуни Эътилофи Шимол дар шаҳраки Имом Соҳиб ин андешаро эҳсос мекардам. Онҳо муътақиданд, дар Афғонистон танҳо шариати исломӣ ҷорӣ ва вазифаи зан зоидану тарбияи фарзанд ва пухтупаз бояд бошад.
Некзод аз сӯи дигар ба талоши ғарбиҳо барои эҷоди ҷомеаи демократӣ дар Афғонистон бо заҳрханда мегуфт: «Ин кор монанд ба он аст, ки ба як фарди аз ҳисоби одӣ бехабар, дарси математикаи олӣ таълим диҳанд».

Аз ҳаёти қочоқчиён
Тоҷикистонро аз Афғонистон фақат рӯди Панҷ ҷудо кардааст, ки аз қаторкӯҳҳои Помир сарчашма мегирад. Сабаб ин аст, ки солҳост қочоқи маводи мухаддир яке аз хатарҳои асосӣ ба амнияту суботи ин кишвар ба ҳисоб меравад.
Боре ман бо ёрии қочоқчиён ва бо қаиқи аз резини чархи автомобил, ки барои гузаштан аз оби рӯд тайёр карда буданд, аз рӯд шино намуда гузаштем. Сатҳи зисти одитарин ва фақиртарин сокинони деҳоти Помир хеле болотар аз зиндагии рустоҳои афғонӣ ба назар мерасид. Бисёре аз қишлоқҳои Афғонистон он солҳо барқ надоштанд ва барои гарм кардани хона ва пухту паз аз сӯзишворӣ истифода мебурданд.
Дар манзили яке аз сокинон нишаста суҳбат мекардем, ки ногаҳон бачае давида омад ва бо ҳарос хабар дод, ки ба деҳа як дастаи муҷоҳидин даромаданд.
Барои ман рӯ ба рӯ шудан бо ин афроди мусаллаҳ мазмуни рӯёрӯӣ бо маргро дошт. Бинобар ин маслиҳат шуд, ки зуд ба соҳил баргардам. Аммо дар роҳ ба сӯи қаиқе, ки ман омада будам, чанде аз афроди мусаллаҳ интизорам буданд. Маро ба назди фармондеҳашон бурданӣ шуданд. Fайричашмдошт дар роҳ яке аз онҳо ба сӯям лабханд зад ва ишора кард, ки биравам. Ман як умр ин одам ва лабханди ӯро дар ёд дорам. Вай мисли сайёде буд, ки хирсбачаи ба дом афтодаро бошафқат раҳо карда, хушҳол мешавад.

Марз бо Тоҷикистон ором аст, аммо…
Бо торумор шудани гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия эҳтимол дорад, таъсири бади фирору пароканда шудани онҳо то ба марзи кишварҳои ҳамсоя бо Афғонистон бирасад. Чунки тибқи хабарҳо, шуморе аз аъзои гурӯҳҳои ҷанганда дар Сурия акнун дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон паноҳ бурдаанд.Теъдоде аз ихтиёриёни ҷанг дар Сурия аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (баъзе аз манбаъҳо аз 8 ҳазор нафар суҳбат мекунанд), дар фикри бозгашт ба кишварҳояшон ҳастанд. Шимоли Афғонистон аз минтақаҳои муносиб барои гузаштан ба хоки Осиёи Марказӣ аст. Аммо мақомоти марзбони тоҷик, ки ман бо онҳо суҳбат доштам, бо боварӣ гуфтанд, ки гарчанде ин ҷангиён барои рахна кардани марз худро омода мекунанд, вале дар ниҳоят ба мақсад нахоҳанд расид.
Аз сӯи дигар, эҳтимоли пайвастани баъзе аз тарафдорони ҲНИ, ки давлати Тоҷикистон бинобар ҳадафҳои экстремистӣ доштанаш фаъолияташро соли 2015 манъ кард, инчунин нерӯҳои радикал аз Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, ки низ фаъолияташ дар Осиёи Марказӣ мамнӯъ аст, пайт ҷуста дар андешаи рахна кардани марз ҳастанд. Дар ҲИӮ натанҳо зодагони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, балки баъзе аз ифротиён аз Синҷон – минтақаи худмухтори Уйғуристони Хитой ҳам шомил мебошанд. Ҳоло ин гурӯҳҳо гӯё дар як саф бо толибон зидди нерӯҳои эътилофи НАТО ва нерӯҳои ҳукумати Афғонистон меҷанганд. Ин гурӯҳаку созмонҳоро сокинони қариб тамоми маҳалҳои Афғонистон медонанд.
Матин Сарфо, як журналисти афғон, ки дар яке аз сафарҳо маро ҳамроҳӣ мекард, гуфт: «Ман бо ҷангиёни гурӯҳи Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон борҳо вохӯрдаам. Ӯзбекҳо монанди ҷангиёни касбӣ бо силоҳҳои нав ва дастгоҳҳои мухобиротии муосир таъмин шудаанд. Дар муқоиса бо онҳо нерӯҳои толибон монанди ҷангиёни пойлуч метобанд». Ба гуфтаи вай, синнусоли миёнаи ҷангиёни ҲИӮ қариб 30 сол аст. Бештари онҳо фарзандони оилаҳое ҳастанд, ки зиёда аз 20 сол пеш аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба Афғонистон гуреза шуда омадаанд. Ҳоло ҷангиёни ин гурӯҳ, ки аз сӯи созмонҳои истихборотии ғарб сарпарастӣ мешаванд, камбуди аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ надоранд.Корманди як созмони байналмилалӣ, ки дар Қундуз фаъолият мекунад низ гуфт, ки «ин ҷангиёни чечен ва ӯзбек, ки дар Афғонистон меҷанганд, монанд ба онҳое ҳастанд, ки муқобили нерӯҳои рус дар хоки Чеченистон ва дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар гузашта зидди давлат меҷангиданд. Дар миёни фармондеҳони ҲИӮ ва аъзои ин гурӯҳҳо кам нестанд фарзандони хонаводаҳое, ки солҳои 90 – и асри гузашта аз Осиёи Марказӣ ба Афғонистон гуреза шуда буданд. Ин насли нав чандин карат бадкин ва радикалитар аз падаронашон аст. Русияро чашми дидан надоранд, ҳукуматҳои қонунии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро эътироф намекунанд».
Аммо Ҷердҷ Блай, профессори сиёсатшиносии донишкадаи таҳқиқотии Виланова дар аёлати Пенсилванияи Америка бар ин назар аст, ки коршиносон ҳарчанд дар мавриди таҳдиди толибон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ изҳори назар мекунанд, аммо дар воқеият боре ҳам вазъият дар ин минтақа зери таъсири ин нерӯҳо бад нашудааст. Аз даврони арзи фаъолият кардани толибон боре ҳам онҳо даъвои арзӣ накардаанд ва кӯшиши ҳамла ба қаламрави ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳам аз сӯи онҳо ба мушоҳида нарасидааст. Танҳо солҳои 1998 ва 1999 нерӯҳои ҲИӮ дар бархе аз ҷумҳуриҳои ин минтақа амалкардҳое анҷом доданду ноком шуданд».
Бо вуҷуди хушбиниҳо, ин донишманд эътироф мекунад, ки вазъият ҳоло тағйир ёфтааст. Акнун баъзе аз гурӯҳҳои толибон бо нерӯҳои Давлати Исломӣ (ДИИШ) пайвастаанд. Таври маълум, ин гурӯҳ хоҳони озод кардани тамоми мусалмонони ҷаҳон аз дасти режимҳои ғайриисломӣ ва дунявӣ аст. Шикасти Давлати Исломӣ дар Сурияву Ироқ баҳонаи муносибе барои тамаркузи бештари онҳо дар Осиёи Марказӣ аст. Онҳо акнун ба ҳар васила убур ба хоки ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор додаанд. Вале ба пиндори ман, - натиҷа мегирад гузоришгар, - сарфи назар аз ҳар гуна омодагӣ барои амалкардҳои хасмона, ба ин нерӯҳо дар ҳамин марзи Тоҷикистон ҷавоби дандоншикан медиҳанд. Зеро артиши Тоҷикистон имрӯз дигар он нерӯҳои заифи солҳои 90 –уми асри гузашта нест. Он даҳҳо бор омӯзишдида ва муҷаҳҳазтар аз гузашта буда, таҷрибаи ҷанги панҷсоларо ҳам дорад. Барои намуна ҳамин артиш буд, ки чандин ошӯбҳои тарҳрезишударо тайи чанд соли охир шикаст дод.
Дар ин амалиёт тоҷикҳо кадом ёрие аз берун дархост накарданд. Аммо дар зарурат, Душанбе аз кишварҳои дигари аъзои СААД, аз ҷумла Русия метавонад ёрӣ бихад.

Тарҷумаи Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: