УХАН - ОХИРИН ИСТГОҲИ САФАР8-06-2018, 09:20
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
Тавре хабар додем, ҳайати Ҳизби Халқ ии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён бо даъвати Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати ширкат дар Форуми Ҳизбҳои сиёсии кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай аз 23 май то 3 июни соли равон ба ин кишвар сафар доштанд. Ба ҳайат раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғ ду Хатлон, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва мудирони шуъбаҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ шомил буданд. Дар ҷараёни сафар ҳайати Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳайатҳои дигар кишварҳои даъватшуда ба саёҳати шаҳрҳои Шинҷон, Гуанжоу, Ухан, Хуанши, Хуаган ва музофоти Хубэй баромада, бо дастовардҳои 40 соли охири ин кишвар аз наздик шинос шуданд. Форуми ҳизбҳои сиёсии кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай 26 май дар шаҳри Шинҷон баргузор гардид. Дар ҳамоиш қ атори дигар маърўзачиён муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён зимни маърўзааш зикр намуд, ки ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешоҳанг дар пешбурди ҷомеаи навини Тоҷикистон нақ ши муассир дорад. Ў ҳамоиши аввалини ҳизбҳои сиёсии кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхайро дар фаъолияти ин созмон муҳим арзёбӣ кард ва таъкид намуд, ки чунин ҳамкориҳо барои таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи амният дар минтақ а ва қ аламрави кишварҳои узви созмон мусоидат мекунад. Пешниҳоди Раъно Бобоҷониён дар бораи он ки ҳамоиши бонувони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои СҲШ баргузор гардад, аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ бо камоли майл пазируфта шуд. Дар Форум зиёда аз 200 нафар намояндагони беш аз 30 ҳизби сиёсӣ аз 18 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои узви СҲШ ва кишварҳои нозири он ҳузур доштанд. Дар доираи Форуми ҳизбҳои сиёсии кишварҳои СҲШ дар шаҳри Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳайати Ҳизби Халқ ии Демократии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён муовини Вазири шуъбаи байналмилалии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин Гуэ Джо ба ҳузур пазируфт. Гуэ Джо ба ҳайси мизбон ҳайати меҳмононро хайрамақ дам гуфта, зикр намуд, ки чунин ҳамоишҳо аҳзоби сиёсиро ба ҳам наздик месозанд: «Хеле шодем, ки даъвати моро роҳбарияти ҲХДТ пазируфт ва намояндагонашро ҷиҳати ширкат дар ин ҳамоиш фиристод. Агар лозим донед, таҷрибаи моро бо мақ сади ободию пешрафти ватанатон истифода баред»,- гуфт ў. Раъно Бобоҷониён дар навбати худ чунин изҳор дошт: «Барои мо омўзиши таҷрибаи ҳизбҳои тавоно дар мисоли Ҳизби коммунистии Чин бисёр муҳим аст. Чанд лаҳза пеш мо Намоишгоҳи дастовардҳои технологияи инноватсионии музофоти Гуандунро тамошо кардем. Ба ин ҳақ иқ ат бовар кардем, ки дар зарфи 40 сол Шинҷон аз як шаҳри кўчак, ки 30 ҳазор аҳолӣ дошт, ба шаҳри бузурги ҷамъияти 20 миллион нафара табдил ёфтааст. Имрўз технологияи инноватсиониаш на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар саросари ҷаҳон машҳур аст». Муовини Раиси ҲХДТ аз ҳамкориҳои ин ду кишвар ёдовар шуд, ки дар садри он сарварони ин давлатҳо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои чинаш Си Тсинпин меистанд. Гуэ Джо гуфт, ки Чин ва Тоҷикистон дар рўҳияи неки ҳамсоягӣ қ арор доранд: «Мо намегўем роҳи моро интихоб кунед, балки нишон медиҳем, ки мо бо ин роҳ ба чунин дастовардҳо расидем». Дар доираи Форум меҳмонон аз тамошои Намоиши дастовардҳо ва технологияи инноватсионӣ, ки ба муносибати 40-солагии сиёсати ислоҳоти озод дар музофоти Гуандун бахшида шуда буд, тассуроти нек бардоштанд. Ҳамзамон расми муаррифии «Таърихи Ҳизби коммунистии Чин: таҷрибаи идеяи Си Сизинпин дар бораи сотсиализми махсусияти Чин дар давраи нав дар музофоти Гуандун» баргузор гардид, ки меҳмонон бо дастовардҳои ин ҳизб тайи 40 соли охир шинос шуданд. Гуандун дар қ исмати ҷанубии кишвар, дар соҳили Баҳри ҷанубии Чин воқ еъ гардидааст. Музофот бо минтақ аҳои махсуси маъмурӣ Гонконг ва Макао ҳамсарҳад буда, ҳудуди он 180 ҳазор километри мураббаъро фаро мегирад. Он ҷазираҳои зиёдеро дар бар гирифта, дарозии умумии хати соҳилиаш 4114 километрро ташкил медиҳад, ки аз ин ҷиҳат дар Чин мақ оми аввалро соҳиб аст. Дарёи Чутсян дарозтарин дарёи ин музофот ба ҳисоб рафта, аз ҷиҳати дарозӣ сеюмин дарёи кишвар аст. Дар ин музофот зиёда 106 миллион нафар зиндагӣ мекунанд, дар ин хусус Гуандун дар Чин музофоти сераҳолитарин аст. Гуандун музофоти таҷрибавии сиёсати ислоҳоти озод буда, дар натиҷаи он рушди иҷтимоӣ ва иқ тисодии он афзуд. Маҷмўи маҳсулоти дохилии (ММД) он дар соли 2017 8,99 трлн. юанро ташкил дода, дар муқ оиса ба ҳамин давраи соли 2016 7,5 фоиз зиёд шудааст. ММД ба ҳар як сари аҳолӣ 81,089 юан рост омада, ҳаҷми умумии воридот ва содирот 6,82 трлн. юанро ташкил медиҳад, ки дар муқ оиса бо ҳамин давраи соли 2016 8 фоиз афзудааст. Шинҷон яке аз шаҳрҳои калонтарини ин музофот буда, дар ҳавзаи дарёи Чутсян воқ еъ гардидааст ва шаҳри наздибаҳрӣ дар ҷануби кишвар, ҳамчунин минтақ аи таҷрибавии амалишавии сиёсати ислоҳоти озод ва навовариҳои технологӣ ба ҳисоб меравад. Соли 1980 дар Шинҷон аввалин минтақ аи озоди иқ тисодӣ бунёд гардид. Ҳамчун яке аз минтақ аҳои муҳими Чин Шинҷон аз лиҳози иқ тисодӣ яке аз шаҳрҳои рушдёфтаи ҷаҳон, пойгоҳи муҳими пажуҳиш ва истеҳсоли технологияҳои муосир дар ҷануби Чин аст. Шинҷон аввалин шаҳре гардид, ки сиёсати «Рушди шаҳр аз ҳисоби фарҳанг»-ро ҷорӣ намуд ва нақ шаи «Рушди фарҳанги инноватсионӣ- 2020»-ро амалӣ мекунад. Дар ин шаҳр чандин корхонаҳои муосири истеҳсоли технологияи пешрафта фаъолият мекунанд, ки яке аз онҳо бренди дар ҷаҳон машҳур «Huawei» мебошад. Ширкат хусусӣ буда, он соли 1987 бунёд шудааст. Имрўз 180 ҳазор нафар кормандони ширкат дар зиёда аз 170 кишвари дунё фаъолият доранд. «Huawei» таъминкунандаи пешсафи технологияҳои муосир дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Ёдовар мешавем, лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар пойтахти Тоҷикистон маҳз бо дастгирии ҳамин ширкат амалӣ шуд. Дигар ширкати маъруфи ҷаҳонӣ «Mindray» мебошад, ки яке аз таъминкунандаҳои пешсафи таҷҳизоти тиббӣ дар ҷаҳон аст. Филиалҳои он дар зиёда аз 30 музофот ва ноҳияҳои автономии Чин амал мекунанд. Дар хориҷи кишвар ҳамчунин 40 филиали ширкат фаъолият намуда, шумораи кормандонаш ба зиёда аз 1 миллион нафар мерасад. Даромади ширкат дар соли 2017 ба 1,12 млрд. юан баробар буд. Америкаи Шимолӣ ва кишварҳои Аврупо бозори асосии ширкат дар хориҷи мамлакат ба ҳисоб мераванд. Ширкати мазкур бо кишварҳои пасошўравӣ низ ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла таҷҳизоти тиббии беморхонаи «Истиқ лол»-ро дар пойтахти Тоҷикистон ҳамин ширкат таъмин мекунад. 28-29 май барои меҳмонон дар шаҳри Гуанчжоу тамошои Музей-маъбади оилаи Чэн, шиносоӣ бо фаъолияти ширкатҳои «Guanggi Honda» (корхонаи муштараки Honda Motor ва Guangzhou Automobile дар Чин), «Leafun» хотирмон буд. Ширкати «Guanggi Honda» аз ҷумлаи 100 нафар корхонаи истеҳсоли мошин дар Чин ба ҳисоб рафта, дар ин ҷо барои васли пурраи як мошин ду соат вақ т сарф мешавад ва дар зарфи 50 сония аз конвейер як мошин мебарояд. Сипас 30 май ҳайати меҳмонон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақ ил бо шумули намояндагони ҳизбҳои сиёсии Русия, Қ азоқ истон, Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қ ирғ изистон, Белорусия, Озарбойҷон ва Арманистон тавассути поезди тезҳаракати G1006, ки истеҳсоли худи Чин аст, аз истгоҳи қ атораҳои Гуанчжоу ба самти шаҳри Ухан роҳ пеш гирифтанд. Саёҳат бо киштӣ дар дарёи Янтсзи дар ин шаҳр ба кас рўҳу илҳоми тоза мебахшад. Янтсзи аз рўи дарозӣ (6300 км) ва чуқ урӣ дар қ итъаи Авруосиё дар ҷойи аввал ва дар ҷаҳон аз рўи ин нишондодҳо дар ҷойи сеюм қ арор дорад. Дар асри 19 сарчашмаҳои аврупоӣ онро «Дарёи кабуд» дар муқ оиса бо «Дарёи зард»-и Хуанхэ номидаанд. Ин дарё аз қ аторкўҳҳои Тибет сарчашма гирифта, аз сатҳи баҳр дар баландии 5600 метр ҷорӣ мешавад. Дар ин дарё неругоҳи калонтарини барқ и обии «Сантся» («Се дара») бунёд шудааст. Чиниҳо дар болои ин руд пулҳои зиёд ва дар дохили он нақ бҳо сохтаанд, ки бо дидани онҳо кас ба ҳайрат меояд. Дарозтарин пули ҷаҳон дар болои ҳамин дарё сохта шудааст, ки он Сутун ном дошта, 8 километр дарозӣ дорад. Дар идомаи сафар 31 май меҳмонон дар шаҳри Хуанши аснои саёҳат дар Парки миллии маъдан бо сохтори ислоҳоти соҳа шинос шуда, ҳамон рўз дар шаҳри Хуаган таҳти роҳнамоии роҳбарияти шаҳр дар рустои Литсзявани ноҳияи Хуанчжоу фаъолияти як хоҷагии коллективонаро аз наздик диданд. Рўзи 1 июн дар музофоти Хубэй минтақ аи технологияи баланди Дунхунро тамошо карда, бо фаъолияти истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии ноқ илҳои оптикии «Чанфей», ки ба таъсисёбиаш 30 сол пур мешавад, шинос шуданд. Бояд гуфт, ки даромади солонаи муассисаи мазкур 2 миллиард юанро ташкил медиҳад ва дар қ аламрави кишвар дар истеҳсоли ин навъи ноқ илҳо пешсаф аст. Ба маҳсулоти корхона на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар саросари ҷаҳон таваҷҷуҳ доранд. Дар идомаи сафар саёҳат дар соҳили сабзи кўли Дунху ба кас ҳаловат мебахшид. Дунху калонтарин кўл дар Чин ба ҳисоб рафта, масоҳати рўйиобии он 33 км ва майдони манзараҳои атрофи он 82 км мураббаъро ташкил медиҳад. Чуқ урии кўл 4,66 метр аст. Дунху 25 фоизи қ аламрави шаҳро фаро мегирад ва ба минтақ аи сайёҳии мамлакат дохил шудааст. Дигар аз мавзеи тамошобоби ин шаҳр манораи «Турнаи зард» ба ҳисоб меравад, ки таърихи 1800 сола дошта, бо санъати қ адимаи меъмории миллӣ бунёд шудааст. Ҳамарўза ба тамошои он ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ меоянд. Бо ҳамин сафари ҳайати ҲХДТ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба анҷом расид. 3 июн ҳайат бо таассуроти нек аз фурудгоҳи Урумчи ба шаҳри Душанбе баргашт. Алӣ ҶЎРА, Тоҷикистон-Чин-Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.