Домҳои тазвир22-12-2017, 10:10
Хабарро хонданд: 172 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз яке аз мушкилоти азиме, ки фарогири мамлакатҳои Аврупо гаштааст, муҳоҷирони иҷборӣ мебошанд, ки аз давлатҳои ҷангзадаи Осиё, Африқо ва Шарқи Наздик ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо омадаанд. Бунёди Сорос пешгӯӣ мекунад, ки то соли 2050 шумораи паноҳҷӯён дар Аврупо ба 65 нафар миллион мерасад. Мувофиқи нишондоди агентии Frontex танҳо соли 2016 ум ба Аврупо аз мамлакатҳои Шарқи Наздик, Осиё ва Африқо 382 ҳазор муҳоҷирони ғайриқонунӣ омадаанд. Маркази тадқиқотии Амрико Pew Research Center нисбат ба мавзӯи дар боло зикр гардида ба хулосае омадааст, ки агар ҷараёни муҳоҷират чунин рафтан гирад, он гоҳ шумораи паноҳҷӯён аз 65 миллион ҳам зиёд мешавад. Паноҳҷӯёне, ки аз мамлакатҳои ҷангзада ба давлатҳои Иттиҳоди Аврупо меоянд, асосан мусулмонон мебошанд ва торафт сафи онҳо зиёд шуда истодааст. Ҳамаи ин ба вазъи демографии дохилии мамлакатҳои дар боло номбаршуда таъсир мерасонад ва ин дар ҳолест, ки шумораи муҳоҷирони ин минтақа сол то сол афзоиш меёбад ва миқдори сокинони таҳҷоӣ кам мешаванд. Бино ба гузоришҳои омории тадқиқотии пажӯҳишгоҳи Centro Machiavelli, имрӯз аз 28 мамлакати Иттиҳоди Аврупо, дар 13 кишвари он сатҳи марг аз таваллуд болотар аст. Айни ҳол 5 фоизи аҳолии Аврупоро мусулмонон ташкил медиҳанд ва дар солҳои начандон дур он метавонад дар Шветсия -30 фоиз, Австрия — 19,9 фоиз, Германия — 19,7 фоиз, Фаронса — 18 фоиз ва Англия — 17,2 фоизро ташкил диҳад. Сабаби зиёд шудани аҳолии мусулмонтабор пеш аз ҳама зиёд будани таваллуд дар байни оилаҳои муҳоҷирон мебошад. Яке аз миллиардерҳои амрикоӣ Ҷорҷ Сорос интиқоли муҳоҷиронро ба Аврупо маблағгузорӣ карда, ҳимоятгари ҳуқуқҳои онҳо мебошад. Мувофиқи нишондоди ташкилоти Open Society Foundation, соли 2015 Ҷорҷ Сорос ба маблағи 8,7 миллион доллар барои паноҳҷӯён масраф кардааст. Мутаассифона, маълумоти муфассал дар бораи нақшаҳои молиявии ташкилоти Open Society Foundation барои солҳои 2016-2017 то ҳанӯз дастрас нест. Мавриди зикр аст, ки барои зиндагии фирориёни иҷборӣ кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо маблағи ниҳоят калон масраф мекунанд. Мувофиқи нишондоди нашрияи британии The Guardian Германия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ соли гузашта қариб 20 миллиард евро масраф кардааст, аммо яке роҳбарони парлумони ин давлат Йоханнес Сингхаммер ба нашрияи Die Welt иброз доштааст, ки маблағи масрафшуда аз 23 миллиард ҳам зиёд аст. Муҳоҷирон ба иқтисодиёти давлати Олмон айни ҳол масрафи зиёдатӣ оварда истодаанд. Ин дар чӣ дида мешавад? Пеш аз ҳама, дар бекории паноҳҷӯён. Ин мазмунро чӣ гуна метавон шарҳ дод? Мувофиқи нишондоди ташкилоти World Education Services, муҳоҷироне, ки то соли 2016 ба Олмон омаданд, танҳо 9 фоизи онҳо кор мекунанд, қисме ҷамъиятҳои бастаи махфии худро таъсис дода, бештар ба исломгароӣ дода шудаанд. Агар инро ба таври дигар иброз намоем, онҳо мехоҳанд дар Аврупо манзалати исломро баланд бардоранд. Ба назар чунин мерасад, ки мазҳабиён дар Аврупо мехоҳанд ҳамвора бо сохтори ҷамъиятии онҳо ҷомеаи нави исломиро барпо кунанд ва инро исломгароён пинҳон намедоранд. Фаъолони ҷамъияти Islamic map , ки ташкилотҳои исломиро дар Аврупо раҳнамоӣ мекунанд, ошкоро иброз доштаанд, ки ба онҳо хазинаи Сорос дасти мадад дароз мекунад. Агар чунин бошад, пас дар таги коса нимкосае ҳаст ва дасти барои мадад дароз шуда бетамаъ нест. Мувофиқи нишондоди онҳо, махзани Open Society Foundation ба як қатор ташкилотҳои исломӣ, минҷумла гурӯҳи «Бародарҳои мусулмон» кӯмаки молиявӣ мерасонад. Ҷамъияти зиддиисломгароӣ дар Фаронса» (CCIF) соли 2014 аз махзани Open Society Foundation 49 ҳазор евро кӯмак гирифт ва дар солҳои минбаъда ба ин ҷамъият аз ҷониби Open Society Foundation 134 ҳазор евро кӯмаки молиявӣ расонда шуд. Баъдтар муайян гардид, ки ҳамин ҷамъияти зиддиисломгароии Фаронса (CCIF) бо ҳукуматдорон барои бо ҳиҷоб гаштани занҳои мусулмон дар Фаронса мубориза мебарад. Олимони фаронсавӣ - профессор Гиле Кепеля, коршинос оид ба ислом Бернарда Годард баён доштаанд, ки CCIF ҳамкории зич бо ҷамъияти «Бародарҳои мусулмон» ва бо «Иттиҳоди ташкилотҳои исломии Фаронса» дорад. Ташкилоти исломии «Инсон» нисбат ба мубориза алайҳи исломгароӣ аз Open Society Foundation чанде пеш ба маблағи 100 ҳазор евро гирифт, ҳол он ки ин ташкилот алоқамандии зич бо ҷамъияти «Бародарҳои мусулмон» дорад ва бо ташкилоти дигари исломии «Ҷавонони мусулмони Олмон» махфиёна ҳамкорӣ мекунад, гарчанде ташкилоти номбурда дар таҳти назорати полиси Олмон аст. Дигар омили норавое, ки дар Аврупо ба назар мерасад, ба ин кишварҳо қисме аз мардуме ворид мешаванд, ки онҳо дар мамлакатҳои орому осоишта зиндагӣ карда, эҳтиёҷоти муҳоҷирати иҷбориро надоранд. Аммо худро «бадарғашуда» эълон дошта, паноҳгоҳи сиёсӣ мехоҳанд ва ба буҷаи мамлакати воридшудаашон зарари сиёсиву иқтисодӣ меоранд. Аз ҳимояи ҳуқуқҳои инсонии ин мамлакатҳо истифода бурда, нисбат ба ватану миллаташон хиёнат мекунанд. Шореҳи Bloomberg Н. Фельдман менависад, ки озодие, ки нисбат ба эҳтироми инсон Аврупо додааст, дар мамлакатҳои Шарқи Наздик, Африқо ва мамлакатҳои ҷангзадаи Осиё дида намешавад ва қисме аз мусулмонони бо ном «паноҳҷӯ» ин озодиро дар Аврупо мувофиқ ба табъи худ истифода мебаранд. Иддае аз муҳоҷирон норозияти худро дар мамлакатҳои Аврупо аз будаш зиёдтар, баъзан бо куштору хунрезӣ нишон медиҳанд. Ба монанди ҳодисаҳои номатлубе, ки дар Фаронса, Туркия ва Шветсия чанд вақт пештар рӯй доданд. Дар охир мавриди андеша ҳаст, ки дар маҷмуъ кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо аз воридшавии зиёди муҳоҷирон дар таҳлука афтодаанд ва агар ин ҷараён 15 соли дигар идома ёбад, таҳлилгарон ақида доранд, ки шумораи муҳоҷирон ба 60 миллион нафар мерасад ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо қудрати нигоҳ доштани онҳоро надоранд. Нахуствазири Нидерланд Марк Рютте чанд рӯз пештар ҳушдор дод, ки «Иттиҳоди Аврупо набояд ба “дӯконе” табдил шавад, ки ҳар кас бар андозаи ниёзаш аз он харид кунад». Танҳо ва танҳо ақли солим метавонад ҷараёни муҳоҷиратро кам намояд ва ба назари мо чунин мерасад, ки барои ғалабаи ақли солим дар қисме аз давлатҳои ҷангзада боз даҳсолаҳои дигар лозим аст… Тағоймурод Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.