Маҳсулоти деҳқон қиммат пайдо кард, вале…….18-11-2017, 09:57
Хабарро хонданд: 165 нафар
Назарҳо: 0
Имсол нисбати чанд соли охир соли деҳқонӣ шуд. Соле, ки маҳсулоти деҳқон қиммат пайдо кард. аҳли меҳнат бо ҳидояти Сарвари давлат саҳми замин гирифта дилпур гардид, ки ба муҳоҷират нарафта рӯзгор обод кардан имкон доштааст. Зеро маҳсулоти истеҳсолнамудааш харидор ёфт. Даромади ба даст омада алҳол он қадар зиёд набошад ҳам харҷу хароҷоташро андак мепӯшонад. Аммо, қиммат пайдо кардани сабзавот, меваю донаи рӯёндаи деҳқонро мо қимматӣ меҳисобем. Дар нишастҳои матбуотӣ, мулоқоту сӯҳбатҳо, бо намояндагони ҳукумат, вакилони мардумӣ ҳатман суол мегузорем. Барои чӣ картошкаю сабзӣ, пиёзу помидор ва дигар маҳсулоти зарурии ҳаррӯза қиммат? {атто шикоят дорем, ки нархи бозор беназорат мондааст. Зеро таи даҳсолаҳои айёми шӯравӣ бо арзону қариб муфт муҳайё будани неъматҳои озуқавӣ одат кардем. Дастурхонамон аз маҳсулоти хоҷагии қишлоқ пуру фаровон буда, ба воситаи ҷамъияти матлубот, идораи маҳсулоттайёркунӣ, дӯконҳои хоҷагиҳо дастраси истеъмолкнандагон мегардид. Ба коркунии саҳро низ ба ивази меҳнат аз ҳисоби колхозу совхозҳо музд дода мешуд. Аз ҷумла, падари ман, ки то охири умри 90-солаи худ каланд аз китф нагузошта буд. Бо соддагӣ мегуфт, ки асли мева аз биҳишт асту нарх гузошта фӯрухтан дуруст нест, ҳамон музди аз меҳнати саҳро ё бар ивази он ѓаллаю меваи гирифтааш ба зиндагии оилаамон кифоя буд. Бо ёфти деҳқонии падар ман таҳсил намуда соҳиби маълумот гаштам. Дар хонаи сохтаи падар оиладор шудам. Рӯзгори ҳамаи аҳли деҳа ба ҳамин тарз якхела буд. Нисбати имрӯз сатҳи зиндагӣ хеле паст бошад ҳам, неъматҳои деҳқонӣ баҳо надошт. Туфайли фаровонии дастурхон ѓами фардоро надоштем. Дар халқ мақоле ҳаст, ки бо бебаркаш гирифтану истифода намудан санги кӯҳ намерасидааст. Худи ҳаёт моро водор намуд, ки аз коммунизм ба иқтисоди бозорӣ гузарем. Яъне маҳсули ҳар кадом шуѓл нарх дошта даромад оварад. Аз ҷумла, кишоварзӣ ҳам кушоду равшан гӯем, дигар деҳқон моро ройгону арзон намехӯронад. Чунки замин ҳам худ аз худ ҳосил намедиҳад. Рӯёнидани ин ё он неъмат коркуни саҳро бар замми ранҷи дасту бозу боз харҷи маблаѓи зиёд талаб мекунад. Ҳаққи истифодаи техника сол ба сол, нархи нуриҳои минералӣ, заҳр доруҳои аз хориҷ воридшаванда торафт гарон мешавад. Баъзан ҳангоми хушксолию офатҳои гуногуни табиат нокому бечора мемонад. Дарёфти ӯ бояд ҳамаи хароҷотро пӯшида ҳамчун фоида ҳам боқӣ монад. Охир мардуми деҳ ҳам зиндагӣ доранд. Барои беҳбуди зиндагии аҳли касбу кори гуногун давлат музди аз буҷет пардохтшавандаро ҳар навбат мувофиқи имкон боло мебардорад. Музди меҳнати деҳқон чӣ? Мувофиқи ҳисоботи оморӣ музди камтарини меҳнат ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд. Зиёд шудани музди соҳаи буҷавӣ ба як ҳисоб баланд бардоштани музди заҳмати деҳқон ҳам аст. Муаллиму шифокор ва дигар аҳли маоши давлатӣ қобилияти бештари харидорӣ пайдо намуда моли деҳқон ҳам ба қавле дар бозор мегузарад. Аммо мо мехоҳем, ки нархи маҳсулоти деҳқон ҳамоно кам аз арзишаш 50 ё як сомонӣ истад, дар ҳолати 200 сомонӣ будани ҳадди ақали музду 400 сомонӣ гузаштани он ҳам. Ба туфайли амну осоиштагӣ, меҳнати бунёдкорона, ки сиёсати давлату Сарвари он таъмин намудаанд, зиндагии мову шумо зина ба зина боло меравад. Дар ҳамин қатор бо дарёфти муносиб беҳ гузоштани зисти истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ падидаест хуб, на қимматӣ. Охир деҳқон сер асту ҳамаи мо сер. Т. Элмуродов рӯзноманигор аз н. Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.