Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

16-11-2017, 09:42
Хабарро хонданд: 151 нафар
Назарҳо: 0
  НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

Мардуми сулҳпарвару адолатхоҳи кишвар хизматҳои бузургу шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Асосгузори Тоҷикистони мустақил, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамарӯзу ҳамасоат мебинад, мушоҳида мекунад ва ба номи шарифу аъмоли мондагораш арҷ мегузорад.
Таърих ёд дорад, 25 сол муқаддам, 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти барои халқу ватани мо ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз доир гардида, дар он марди ҷасуру диловар Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва ба мардуми чашмнигарон муроҷиат намуданд: «Ман ба шумо сулҳ меоварам!»
Дар кӯтоҳтарин фурсат ин нияти мубораки миллатсоз бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат пиёда гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро ҳамчун узви ҷудонопазири хеш шинохт. Дар баробари ин, таҷрибаи сулҳофариние, ки дар низоми таълимоти сиёсии Сарвари давлат ҷойгоҳи махсус касб кард, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ беназир эътироф шуда, ҳамчун намод ё модели оштии зидҳо дар давлатҳои рӯ ба ташаннуҷи сиёсӣ ба кор гирифта шуд. Аксарияти сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ, чун Кофе Анан, Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев ба ин таълимоти сиёсии сулҳофаринии Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, татбиқи онро дар воқеияти бархурдҳои сиёсии ҷаҳони муосир таъсиргузор ва муфид арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон, нақши Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар таҳкими сулҳи тоҷикон, балки пойдории сулҳ дар минтақа, хусусан кишвари ҳамҷавори Афғонистон низ бузургу носутуданист, ки иқдомоти наҷиби дар ин арса анҷомдодаи Сарвари давлати мо аз ҷониби аксари коршиносони масоили байналмилалӣ, сиёсатшиносону донишварон ва давлатмардону ходимони ҷамъиятии ватаниву хориҷӣ эътироф гардидааст.
Аз рӯзҳои нахустин Роҳбари мамлакат барномаҳои мукаммали давлатиро тарҳрезӣ намуданд, ки асоси онҳоро рушд ва эъмори давлатӣ, таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ чун стратегия ва дурнамои тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ташкил намуданд. Дар бахши таҳкими истиқлолияти энергетикӣ дар кӯтоҳтарин фурсат тибқи шартномаи сармоягузории шарикони боэътимоди стратегӣ ду нерӯгоҳи бузурги барқи обӣ «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Қабули «Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давоми солҳои 2009-2020», оғоз бахшидан ба сохтмони сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва иваз намудани маҷрои дарёи Вахш, ки бузургтарин нерӯгоҳи минтақа маҳсуб меёбад, раванди ислоҳоти энергетикиро дар мамлакат майлони тозае бахшида, Тоҷикистонро ба кишвари манбаи нур ва равшанӣ табдил хоҳад дод.
Дар бахши раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ низ бузургтарин саодат барои сокинони вилояти овозадори Суғд насиб гардид, ки дар зимни амалкарди ин барномаи муҳим дар кутоҳтарин фурсат шоҳроҳи бузурги Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бо шумули нақби Шаҳристон ҳамчун бахши муҳими Шоҳроҳи таърихии Абрешим эҳё гардида, муҳимтарин василаи пайванди вилояти Суғд бо тамоми манотиқи Ҷанубу Шарқӣ ва маркази мамлакат – шаҳри Душанбе дар тамоми сол гардид.
Дар бахши амнияти озуқаворӣ муҳимтарин корҳо ба анҷом расиданд. Ислоҳоти замин дар аввалин мавқеъи давлатдории Сардори давлат қарор дорад. Ба қавли худи Пешвои миллат, замин ба дасти соҳибаш расид. Деҳқон бо дастгирӣ ва пуштибонии Пешвои миллат соле як не, ду-се кишт мегузаронад ва ҳосили дилхоҳ мебардорад. Бо ин васила, деҳқони соҳибкор бозори кишварро бо маҳсулоти деҳқонӣ фаровон намуда, имрӯз ба хориҷи кишвар низ содирот карда истодааст.
Зина ба зина, сол ба сол ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли худро ёфта истодаанд. Яке аз муҳимтарин ва муқаддамтарин ҳадафҳои ҳукумати Ҷумҳурӣ такмил ва рушд ёфтани соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Баҳри амалӣ гаштани ин ҳадаф Қонунҳои силсилапайванди миллӣ ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва баъди райъи мардум ба тасвиб расидаанд, ки дар пиёда намудани ин қонунҳо аҳли ҷомеа дастаҷамъона камари ҳиммат бастааст.
Баҳри худшиносии миллӣ ва огаҳ будан аз меросдории ниёгон Пешвои миллат 1100- солагии давлатдории Исмоили Сомонӣ, 675-солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, зодсоли Мир Саидалии Ҳамадонӣ, 3000-солагии Ҳисори шодмон, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, «Соли тамаддуни ориёӣ», «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ», «Соли Имоми Аъзам» ва амсоли онро дар қаламрави кишвар эълом доштанд. Бо ташаббус ва пофишориҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи аҷам аз ҷониби ташкилоти ЮНЕСКО ҳамчун Наврӯзи байналмилалӣ эътироф гардид.
Бо ибтикор ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаммои об дар сатҳи байналмилал аз соли 2003-юм мавриди омӯзиш ва баррасии коршиносон қарор дорад ва барномаи навтарини «Об –барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» низ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи гарм ёфт.
Баҳри ба ҳам наздик кардани халқи тоҷик ва расидан ба ваҳдати воқеии миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бозсозии роҳҳои мошингарди минтақаҳои кишвар шуруъ намуд ва нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон ва роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ мисоли рӯшани ин иқдомоти Сардори давлат аст. Тавассути ин роҳҳо роҳи сокинони кишвар дар дохили ҷумҳурӣ наздик гардида, ба кишварҳои Афғонистону Покистон, Ҳинду Хитой, Қазоқистону Қирғизистон низ равуо мустақиман фароҳам омад. Ҳоло ҳам бунёди роҳҳо, ки кишвари моро бо ҷаҳон мепайвандад, идома дорад. Дар яке аз сафарҳояшон Пешвои миллат изҳор доштанд, ки «Дар шаҳри Хуҷанд ягон кӯча ва паскӯча бе таъмир ва таҷдид намонад, ҳамаи роҳҳо бояд асфалтпӯш гарданд».
Ин аст, ки барномаи амалисозии бунёд ва таъмири роҳҳо дар шаҳри Хуҷанд марҳила ба марҳила босуръат идома дорад.
Сокинони Хуҷандшаҳри бостонӣ аз ташаббус ва ибтикороти Пешвои сулҳовари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бунёди як қатор иншооти ҳаётан муҳим - Маҷмааи муҳташами Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи варзишии «20- солагии Истиқлолият», Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол», биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, Кохи матбуот, биноҳои нави Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва ДДҲБСТ, Кӯдакистони Президентӣ, меҳмонхонаҳо, Мактаби хонандагони болаёқат, корхонаҳои истеҳсолии навбунёд бархурдоранд ва шукронаи онро мекунанд, ки Хуҷанди қадим, вале ҳамешаҷавон дар қатори дигар шаҳру навоҳии мамлакат бо суръати кайҳонӣ рушду нумуъ мекунад.
Мардуми Хуҷандшаҳр аз ҳар мулоқоту сафари дохиливу хориҷии Пешвои миллат хуб бохабар аст ва ба заҳматҳои хастанашавандаи эшон эҳтиром мегузорад. Ҳар нуктаи суҳбат, ҳар мавзуи мулоқоти Пешвои миллат ба ҳар сокини шаҳри Хуҷанд ва фикр мекунам, ба мардуми кишвар як нерӯи тоза, илҳоми саршори фаъолияти пурсамар медиҳад, зеро эшон бо як самимият, бо бовар ба мардум ва орзуи дурахшонтари фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарф мезананд. Мардуми шаҳри Хуҷанд Пешвои миллатро ҳамчун Президенти мардумӣ эътироф кардааст ва аз ташаббусу ибтикороти нав ба нави Сарвари давлат шод мегардад, зеро ин ҳама баҳри шукуфоии Тоҷикистон, баҳри зиндагии шоистаи мардум, барои ояндаи аз ин ҳам хубтари кишвар нигаронида шудааст.
Беҳуда нест, ки 15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад. Интихоби санаи 16 ноябр тасодуфӣ нест: маҳз ҳамин рӯзи соли 1994 нахустин маросими савгандёдгунии Президенти нави Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудааст.
Ҳамзамон, дар асоси қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз 26 октябри соли 2016 дар Қонун «Дар барои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» тағйиру илова ворид гардид ва тибқи он ба Асосгузори сулҳу ва ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми «Асосгузори Тоҷикистони соҳибистиқлол» дода шуд.
Ин ҳама арҷгузорӣ ба заҳматҳои арзанда ва шаборӯзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилал нигаронида шудааст.
Мардуми шарафманди Хуҷандшаҳр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки воқеан бори дуввум дар Тоҷикистони навину соҳибистиқлол таҷлил мегардад, бо ифтихор аз Пешвои хеш, бо шукрона аз фазои солиму созанда, бо қадршиносии талошу меҳнатҳои эшон, бо омӯзиши таҷрибаи нодири роҳбариашон ва орзуи саодатмандиву дарозумрии Президенти баргузидаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил менамояд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!


МАЪРУФ МУҲАММАДЗОДА,
РАИСИ ШАҲРИ ХУҶАНД
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: