Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Истиқлолхоҳии курдҳо то куҷо воқеист?

Истиқлолхоҳии курдҳо то куҷо воқеист?

15-10-2017, 13:40
Хабарро хонданд: 148 нафар
Назарҳо: 0
Истиқлолхоҳии курдҳо то куҷо воқеист?
Курдҳои Ироқ ба тарафдорӣ аз тарҳи истиқлоли Курдистон раъй доданд. Аммо рӯйдодҳои пас аз он ин воқеиятро нишон медиҳад, ки то расидан ба ин армон ҳанӯз вақти зиёде золим аст.
Агарчӣ беш аз 95 дарсади иштирокчиёни ҳамапурсӣ аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ намуданд, вале ояндаи ин хоҳиши курдҳо боз ҳам норавшан боқӣ мемонад.
Курдҳо мехоҳанд, ҳамсояҳо не
Курдҳои Ироқ мехоҳанд, як кишвари озод ва мустақил дошта бошанд. Ин хостаю армони чандасраи ин миллати пароканда аст. Курдҳо пас аз фурӯпошии империяи Туркияи усмонӣ дар асри 19 ва аввали асри 20 натавонистанд соҳиби давлат шаванд ва ин мушкил ҳоло дар ибтидои қарни 21 ҳам домангири ин қавм аст.
Курдҳо, ки шумораашон қариб 40 миллион нафар тахмин мешавад, асосан дар чаҳор кишвар: Туркия, Эрон, Ироқ ва Сурия пароканда зиндагӣ мекунанд. Дар Ироқ курдҳо дар як минтақа ба таври сарҷамъона умр ба сар мебаранд ва ба ин далел дар талоши истиқлолхоҳӣ ҳастанд.
Референдуми курдҳо, ки 25 сентябр дар Курдистони Ироқ, ки як вилояти мухтор дар шимоли ин кишвар аст, баргузор шуд ва ба зоҳир гӯё роҳи наверо барои пешрафти ин мардум боз кард, аммо дар амал бо гузашти қариб 20 рӯз аз ин иқдом ба ҷуз шодии курдҳо дар дохилу хориҷи ин кишвар чизи дигаре ба бор наёвард. Зеро на фақат давлати Ироқ, балки ҳар се кишвари дигари ҳамсояи он, ки шумораи бештари ин қавмро дар қаламрави худ доранд, бо мухолифат ба ин назарпурсӣ нагузоштанд, ки иқдомҳои баъдӣ дар мавриди иҷрои ин тасмим ба иҷро расад.
«Асос» - и чунин назархоҳиро курдҳо ҳанӯз дар соли 2003 гузошта буданд.Он вақт пас аз он ки нерӯҳои америкоӣ президенти қонунии Ироқ Саддом Хусейнро барканор карданд ва дар пайи он курдҳо каме мухторият дарёфт намуданд.
Дар солҳои баъдӣ бо истифода аз даромадҳое, ки аз боло рафтани нархи нафт ба даст оварданд, давлати худро сохтанд ва пояҳои худидораи ҳукуматро фароҳам намуданд.
То соли 2014 байни мақомоти Эрбил (маркази Курдистон) ва Бағдод барои ҳамзистии сулҳомез як навъ ҳамдигарфаҳмӣ буд, аммо пас аз он ихтилофҳое миёни онҳо пеш омад. Зеро курдҳо нафти дар минтақа астихроҷшударо бе пардохти андоз ба ҳукумати Ироқ мефурӯхтанд ва савдои онҳо сол ба сол зиёд мешуд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳукумати марказӣ ҳам пардохти субсидия ба ин вилояти мухторро бас кард. То он замон Курдистон ба таври собит 17 дарсади буҷаи давлатро мегирифт. Иқдоми давлати Ироқ ба он рост омад, ки дар бозори ҷаҳонӣ нархи нафт ба шиддат поин рафт ва ин ду омили бад шудани вазъи иқтисодӣ дар Курдистон гардид.
Авҷи ҷанги ДИИШ ҳам дар ҳамин солҳо буд ва ҷангиёни он бахши зиёди Ироқро соҳибӣ карданд, ки боиси суст гардидани ҳукумати марказии Ироқ шуд ва теъдоди зиёде аз курдҳо аз минтақаҳои дигари кишвар ва инчунин аз Сурия ба Курдистон муҳоҷират карданд. Дар ин шароит Президенти Курдистони Ироқ Масъуд Боризонӣ эълон кард, ки курдҳо ба сӯи истиқлоли сиёсии худ бояд талоши бештар кунанд.
Ба ин далел буд, ки референдум баргузор шуд, агарчӣ то ба охир мақоми он маълум набуд ва иҷрои натиҷаи он низ ҳатмӣ дониста намешуд, зеро тарзу воситаҳои иҷрои ин тасмими мардум низ пешопеш то ба охир таъин нагардидааст.
Дар натиҷаи ҳамлаи ҷангиёни диишӣ ба Киркук ва фирори нерӯҳои давлатии Ироқ аз ин вилоят, ки як минтақаи ғанӣ аз захираи нафт мебошад, назорати ин минтақаро нерӯҳои мусаллаҳи курдҳо - сипоҳи пешмарга гирифт. Онҳо ҷангиёни ДИИШ – ро ронда худ чоҳҳои нафтро соҳиб шуданд ва ҳоло дар ихтиёр доранд.
Ҳукумати Ироқ натиҷаи референдуми курдҳоро ба расмият нашинохт ва эълон кард, ки баргузории он як иқдоми ғайриконститутсионӣ буд.
Сарвазири Ироқ Ҳайдар ал – Абадӣ гуфт, ки «дар сурати зарурат, барои як порчагии кишвараш истифодаи нерӯро истисно намекунад».
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ҳам аз ин иқдоми курдҳо ибрози таассуф кард ва гуфт, ки он бе ризогии Бағдод баргузор шуда, эҳтимол дорад, суботи нисбӣ дар ин кишварро дар оянда вайрон мекунад.
Мақомоти Туркия ҳам натиҷаи райпурсиро қабул надоранд ва таҳдид намуданд, ки дар сурати сарпечии мақомоти курд аз тобеият ба Бағдод ҳамлу нақли нафти истихроҷшуда дар минтақаи Курдистонро аз тариқи кишвари худ қать мекунанд.
Эътирози Анкара ба райъпурсӣ дар Курдистони Ироқ дар ҳоле аст, ки дар хоки Туркия наздик ба 20 миллион курд зиндагӣ мекунанд. Мақомоти ин кишвар ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна нооромӣ чанд сол пеш Ҳизби коргарии Курдистонро, ки дар хоки ин кишвар фаъолият мекард, як гурӯҳи террористӣ эълон намуда буд.
Бо вуҷуди ин дар Туркия аз мавҷи нави ҷудоихоҳӣ зери таъсири таҳаввулот дар Курдистон дар ташвишанд.
Раъйпурсӣ дар Курдистон ба мақомоти Эрон ҳам хуш наомад. Теҳрон эълон кард, ки ин иқдом танҳо боиси бесуботӣ дар минтақа мешавад ва мушкили нав дар роҳи таъмини амният хоҳад шуд. Ба ин далел буд, ки Теҳрон ҳарими ҳавоии худро барои ҳавопаймоҳое, ки аз Курдистони Ироқ парвоз мекунанд, тамоман баст.
ИМА, ки аз рӯи одат ҳар амали курдҳоро дар мубориза бо диишиҳо тарафдорӣ мекард, ин бор ба таври шадид раъйпурсии онҳоро мавриди интиқод қарор дод. Ба андешаи америкоиҳо ин иқдом раванди мубориза бо нерӯҳои Давлати исломӣ ва ҳифзи тамомияти арзии Ироқро заиф мекунад. Ба раванди музокироти байни Бағдод ва Эрбил ҳам халал ворид менамояд.
Ин раъйпурсӣ ба рӯйдодҳои минтақа ҳам бетаъсир намонд. Дар вокуниш ба он пас аз чанд рӯзи ҳамапурсӣ Бағдод ва Анкара машқҳои муштараки низомӣ дар минтақаи марзӣ бо Курдистонро баргузор карданд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки дар сурати пофишорӣ ва якравии курдҳо барои иҷрои натиҷаи райъпурсӣ он субот ва амнияти чор кишвар: Ироқ, Сурия, Эрон ва Туркия таҳдид ва хатар хоҳад дошт.
Раъйи курдҳо ва табли шодии мухолифини тоҷик дар хориҷ
Мухолифони ба ном давлати Тоҷикистон ҳам, ки даҳсолаҳо боз дар хориҷ аз хоки ин кишвар зиндагӣ мекунанд ва умед ба чизҳое доранд, аз баргузории ҳамапурсӣ дар Курдистони Ироқ табли шодӣ заданд. Агарчӣ ин рӯйдод гумон аст, ки ба нақшу ҷойгоҳи Тоҷикистон, мардуми он таъсире расонда тавонад. Аммо дар сурати иҷро шудани нақшаи ҷудоихоҳии курдҳои Ироқ ва таъсири манфӣ гузоштани он ба се кишвари ҳамсояи он мавҷи истиқлолхоҳӣ дар ояндаҳо ба вазъияти амниятии вилояту ҷумҳуриҳои мухтори Осиёи Марказӣ бетаъсири манфӣ нест. Дар ояндаҳо таъсири бади ин раванд аз эҳтимол дур нест, ки ба Русия ҳам мерасад.
Аммо хаёлпардозиҳои гурӯҳакҳое дар ҷаҳон корро ҳал намекунад, пушти ин бозиҳо давлатҳое қарор доранд, ки ба ҳар васила манфиатҳои худро дар муқобили кишварҳои абарқудрат ҳимоя мекунанд. Беҳуда набуд, ки пас аз раъйпурсии курдҳои Ироқ сардори Ситоди кулли Эрон бори аввал дар 38 соли пас аз Инқилоби исломӣ ба Анкара сафар кард. Дар пайи гуфтушунид бо ӯ вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушоғлу ба таври ногаҳонӣ ба Бағдод рафт. Дар ҳамин рӯзҳо буд, ки сардори Ситоди кулли Ироқ Усмон ал -Ғанимӣ ба Анкара ташриф овард.
25 сентябр, яъне ҳамзамон бо эълони баргузории раъйпурсӣ дар Курдистони Ироқ президентҳои Русия ва Туркия Владимир Путин ва Раҷаб Эрдоган телефонӣ суҳбат намуданд. Пас аз чанд рӯз Путин ба Анкара сафар кард ва рӯ ба рӯ бо ҳамтои турки худ гуфтушунид намуд.
Сардори ситоди кулли Туркия Хулуси Акар ба Эрон сафар кард. Баъд аз ӯ Президенти Туркия 4 октябр ба Теҳрон рафт ва мулоқоту музокирот бо мақомоти сатҳи олии Эрон анҷом дод. Аммо дар равобити дуҷонибаи онҳо дидору гуфтугӯҳои сардорҳои ситодҳои кулли артиши ду кишвар дар ҷои аввал қарор гирифтааст.
Сурия ҳам дар ин радиф танҳо ва сокит нест, балки тадбирҳоеро дар ҳамкорӣ бо Туркия ба нақша гирифт.Ҳам Сурияву Ироқ ва ҳам Туркияву Эрон медонанд, ки мақсад аз ҳимояти раванди ҷудоихоҳии курдҳо таъмини истиқлолу озодиҳои ин қавм нест, балки бо ин баҳона эҷоди нооромиҳо дар минтақа, вайрон кардани тамомияти арзии кишварҳо ва роҳ ёфтан ба манбаъ ва захираҳои фаровони нафти он аст.
Киркук, аз шаҳрҳои миллион нафар аҳолӣ доштаи Ироқ дар 236 километрии шимоли Бағдод ва 83 километрии ҷануби Эрбил – маркази Курдистон воқеъ аст. Курдистон дар айни ҳол нерӯе иборат аз 100 ҳазор низомӣ (пешмарга) дорад. Курдистон то райъйпурсӣ ҳукумати мустақил дошт ва аз ҳуқуқи имзои қарордод бо ширкатҳои хориҷӣ бархурдор буд.
Аз 4,5 миллион бушка нафте, ки дар Ироқ истихроҷ мешавад, 500 -600 ҳазор бушкаи он дар Киркук истихроҷ шуда, дар ихтиёри Курдистон аст. Курдҳо ҳамаи ин нафти дар ихтиёрдоштаашонро мефурӯшанд. Маълум мешавад, ки ин ҳама барояшон кам будааст, ки бо баҳонаи истиқлолхоҳӣ боз талаби ҳаққи бештаре мекунанд.
Дар Киркук арабҳо ва туркманҳо ҳам ба таври сарҷамъ зиндагӣ мекунанд. Агар арабҳо тарафдори истиқлоли курдҳо бошанд, туркманҳо зидди ин нақша мебошанд.Зеро дарк мекунанд, ки муноқишаи қавмӣ дар Ироқ боиси тамоман аз байн рафтани кишвар мешавад.
Ана ба чӣ далеое ояндаи раъйпурсии курдҳо норавшан боқӣ мемонад. Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: