Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Некном

19-10-2017, 11:21
Хабарро хонданд: 888 нафар
Назарҳо: 0
  Некном
Дӯст, рафиқ, бародар... Бо ном бурдани ин сифатҳо симои касе пеши назар меояд, ки имрӯз ҳафт даҳаи умри бобаракати худро пушти сар гузошта, бо ангеза ва дилгармӣ ба сӯйи қуллаҳои тозаи умр қадам мебардорад. Оре, Темуршоҳ Акбаров - инсони наҷиб ва шахсияти камназир акнун ба синни мубораки ҳафтод қадам ниҳод. Нигоҳе ба зиндагӣ ва роҳи паймудаи вай бори дигар ҳаққонияти ҳарфи Мавлоноро тасдиқ мекунад, ки “Ҳар касеро баҳри коре сохтанд”.
Т.Акбаров дар соли 1947 дар деҳаи дурдасти Курговади ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба факултети энергетикии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, таҳсилро дар соли 1970 бомуваффақият ба поён расонд. Ду соли афсарӣ дар артиши Шӯравӣ, ки дар Ҷумҳурии Туркманистон гузашт, мактабимуҳими зиндагиаш буду ӯро барои пазириши масъулиятҳои ҷиддитаре омода кард. Ин буд, ки пас аз чанд соли фаъолият дар вазифаи муҳандиси барқ дар ноҳияи Орҷоникидзеобод, соли 1975 ба вазифаи сардори шабакаи барқи ноҳияи Ёвон таъйин шуд. Дар ин ноҳия маҳорату кордонии Т.Акбаров бештар шукуфоӣ ёфт ва ба зудӣ ба вазифаи муовини аввали раиси кумитаи иҷроияи ноҳия сазовор дониста шуд. Тайи солҳое, ки дар ин мансаб кор кард, барои ободии ноҳияи Ёвон хидматҳои шоистае анҷом дод, ки мардуми бузургсоли ин ноҳия ба некӣ аз он ёд мекунанд.
Солҳои баъд (1980-1987) масъулияти раёсати хидматрасонии маишии вилояти Қӯрғонтеппа ва сипас мақоми муовини аввали раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Қӯрғонтеппаро (1987-1992) бар уҳда дошт, ки дар ин марҳила низ дар пешрафти соҳаи хидматрасонӣ ва махсусан ободониву сарсабзии маркази вилоят нақши басазое гузошт.
Дар замони иқоматаш дар Қирғизистони ҳамсоя (1994-2008) низ вазифаҳои пурмасъулияте бар души вай вогузор шуд, ки ба унвони намуна аз мансаби сардори раёсати корҳои Агентии давлатии алоқаҳои хориҷии назди ҳукумати Қирғизистон, муовини аввали ширкати бонуфузисаҳомии “Қирғизкурулуш”(тавлидкунанда ва таъминкунандаи масолеҳи сохтмонии ин кишвар), ҷонишини намояндаи бозаргонии Қирғизистон дар Афғонистон ва намояндаи Вазорати иқтисоди Қирғизистон дар Тоҷикистон метавон ёд кард.
Ҳамдами паноҳандагон
Иқомати Т.Акбаров дар Қирғизистон дар даҳаи 1990 ба замоне рост омад, ки ҳазорон нафар шаҳрванди тоҷик ба ин кишвар паноҳанда шуда буданд. Осори нигаронӣ аз сарнавишти фардои худу кишвар дар чеҳраи ҳар яки онҳо ба таври возеҳ дида мешуд. Мардум ниёзманди як сухани нек, як паёми умедворкунанда буданд. Он замон ҳанӯз Тоҷикистон сафорат ва ё намояндагии дигаре дар Қирғизистон надошт. Дар чунин шароити сангини рӯҳиву равонӣ афроде ба дарди мардум мехурданд, ки эътимод доштанд. Бешубҳа, Т.Акбаров яке аз чунин шахсон буд. Вай бо мулоқотҳое, ки ҳамарӯза бо паноҳандагон анҷом медод, боиси дилгармии онҳо мешуд. Саъй мекард, ки ҳеҷ гоҳ умеди бозгашт ба Ватан, ба хонаву кошонаашонро аз даст надиҳанд.
Ба сифати муовини раиси Анҷумани тоҷикони Қирғизистон кӯшиш мекард, то ба мушкилоти паноҳандагон сари вақт расидагӣ шавад. Дар натиҷаи талошҳои якҷояи ӯ, боакадемик Абдуҳалим Раҳимҷонов, раиси Анҷумани тоҷикон ва шуморе аз шахсиятҳои тоҷик буд, ки ҳузури паноҳандагони тоҷик дар Қирғизистон ҷанбаи қонунӣ пайдо кард. Албатта набояд ҳусни назари раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон Аскар Акаевро нисбат ба тоҷикон нодида гирифт. Чун бо таъриху фарҳанги мардуми тоҷик ошно буд, ӯ таҳмилӣ будани ҷангро хуб медонист ва хостори бозгашти ҳарчӣ зудтари оромиш ба Тоҷикистон буд. Ба ин далел, на танҳо дар раванди сулҳ саҳм гирифт, балки нахустин раиси ҷумҳури кишвари хориҷӣ буд, ки дар ҳамон солҳои вазнин ба Душанбе сафари расмӣ анҷом дод. Зимни ин сафар раҳбарияти Тоҷикистон низ аз ғамхориҳое, ки Қирғизистон дар ҳаққи паноҳандагони тоҷик карда буд, қадрдонӣкарданд.
Вақте раванди сулҳ хислати бебозгашт ба худ гирифт, Т.Акбаров бо ангезаи бештар ба фаъолияти ҷамъиятии худ идома дод. Вай аз ҷумлаи афроде буд, ки мардумро ба бозгашт ба Тоҷикистон, ба хонаву кошонаи худ ташвиқ мекард. Ин буд, ки тайи ним сол тақрибан ҳама паноҳандагон ба Ватан баргаштанд.
Вориси мадори бобоӣ
Ҳар инсоне ба ин дунё барои анҷоми вазифа ва маъмурияте меояд, ки дер ё зуд бояд анҷом диҳад. Вале масъалаи мушкил шинохти вазифаву масъулиятҳое аст, ки бар дӯши инсонҳо гузошта шудааст. Касоне, ки онро ба хубӣдарк мекунанд, натанҳо боиси шукуфоии зиндагии худ, балки дигарон низ шудаанд. Т.Акбаров аз ҷумлаи касонест, ки вазифаву масъулиятҳояш дар зиндагӣ равшан аст. Онро метавон дар ду калом ифода кард: додани умеду шодӣ ба атрофиён, ба мардум.
Хубӣ кардан, дасти ниёзмандеро гирифтан ва дар маҷмӯъ мардумдор будан аз вижагиҳои шахсияти ӯст. Касоне, ки Т.Акбаровро аз наздик мешиносанд, ба ин нукта ишора мекунанд, ки вай аз хислатҳои бобоҳои худ ирс бурдааст.
Бобояш Мурувват ном доштаву фарзанди калонии хонавода будааст. Дар охирҳои қарни 19 дар Кӯлоб улуми диниро фаро гирифта, ба диёраш баргаштааст. Ба сабаби нуфузу эътиборе, ки дар навоҳии Дарвозу Ванҷ дошт, дар ҳаллу фасли баҳсу даъвоҳои мардум миёнравӣ мекард. Аҳли сайру сафар ҳам будаву ҳамзамон ба таъмини мардум бо маводи мавриди ниёз аз берун ҳам машғул буд. Ванҷӣ бародари хурдтари Мурувват будааст, ки ба паҳлавонӣ ва хидматгузории беминнат ба мардум шуҳрат дошт. Махсусан вақте дар ин минтақаи кӯҳистон ба бардоштану интиқоли бору ашёи сангине зарурат пеш меомад, ҳатман Ванҷӣ ба додашон мерасид. Бародари севумашонроҚаноат ном буд, ки кишоварзиву боғдорӣ карда, масъулияти таъмини хонадон бо маводи ғизоиро бар уҳда дошт.
Мегӯянд, ки дар ҳар навасае аз ин хонадон аз хислатҳои ёдшудаи бобоҳояшон чизе метавон пайдо кард, вале фақат Темуршоҳ аст, ки ба таври ҷомеъ аз ҳар се бобои худ мерос бурдааст. Ҳанӯз аз айёми ҷавонӣҳам хислати миёнравӣ дар муноқишоту даъвоҳо, ҳам қобилияти пуштибонии модии хонавода ва ҳам қудрати хоси ҷисмонӣ дар ӯ мушоҳида мешуд.
Вақте соли 1966 устод Мӯъмин Қаноат ба хонаи нав мекӯчад, чанд нафар бо сабаби тангии роҳрав наметавонанд пианиноро ба ошёнаи чорум бароранд. Дар рагҳои Темуршоҳи донишҷӯ хуни бобояш Ванҷӣҷӯш мезанад ва тани танҳо ин асбоби калонҳаҷми мусиқиро пуштора карда то боло мебарорад.
Ёвари муҳоҷирони корӣ
Т.Акбаров тайи фаъолияти кории худ ба дарёфти ҷоизаву мукофотҳои зиёде ноил шудааст. Аммо бузургтарин мукофоти худро ризоият ва эътимоди мардум медонад. Аз ин ҷост, ки имрӯз низ дар вилояти Новосибирски Русия ба сифати раиси Шӯрои солхӯрдагон ва мушовири раиси Созмони минтақавии тоҷикистониҳо - “Дружба” талош мекунад, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик саҳм гузорад.
Баръакси баъзе аз ҷавонон, ки мунтазири ба сари бозуяшон нишастани мурғи бахтанд, Т.Акбаров на танҳо зиндагии худу хонаводаашро пеш мебарад, балки дасти ниёзмандонро низ мегирад. Аз ҷумла, ахиран аз ҳисоби сарфаи нафақаи як соли худ ба мактаб-интернати кӯдакони бемориҳои рӯҳии ноҳияи Ҳисор,мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш ва як хонаводаи камбизоати шаҳри Душанбе кумакҳои моливу моддӣрасонд.
Ин хислати мавсуф ҳам ногуфта намонад, ки дӯстон акаи Темуршоҳро як марди зиндадил, хушсуҳбат ва давраоро ҳам мешиносанд. Ҳар нафаре, ки дар маҳфиле бо иштироки ӯ нишаста бошад, аз зарофат ва хушгӯиҳояш нафақат лаззат мебарад, балки нерӯ мегирад ва орзу мекунад, ки мисли ӯ ба бузургсолӣ расаду боз ҳам часпу талоши ҷавонӣ ба худ дошта бошад.
Бо ҳама дӯст, бо ҳама хеш
Акаи Темуршоҳ ҳунару одоби дигари ҳасана ҳам дорад. Дар ҳар даврае бо ҳар нафаре, сарфи назар аз кадом минтақа ва кадом миллат будани ҳамсуҳбатон нишинад, кофта – кофта, бо чанде дӯсту ошно мебарояд, ё ҳадди акал нафареро аз он минтақа мешиносад, ки бо он ҳамсуҳбаташ хешу таборанд. Агар ҳамсуҳбаташ аз ҳар ноҳияи Тоҷикистон бошад, ҷуста–ҷуста решаҳои табориашонро пайдо мекунад. Ин боис мешавад, ки дар ҳар шароите ва бо ҳар нафаре зуд унс гирад ва имкон фароҳам меорад, ки ҳамсуҳбаташ ба вай эътимод пайдо кунад.
Замоне ин матлабро омода мекардем, як акси ин марди зарифу доно лозим шуд. Аммо аксе, ки акаи Темуршоҳ махсус барои худро нишон додану барои ёдоварӣ гирифта бошад, на аз бародарону аҳли хонавода ва фарзандон, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунанд, на аз амакбачаю хешони дигараш, ки солҳост дар Бишкек умр ба сар мебаранд, пайдо нашуд ва ин моро ба ҳайрат овард. Ин ба маъное буд, ки мавсуф зоҳирпарастӣ ва худнамоиро намеписандад. Ончӣ бо дархости мо ёфта пешниҳод карданд, ҳамин ду акси ҳуҷҷатӣ аст, ки яке шояд ба солҳои даврони донишҷӯиаш (охири солҳои 1960) марбут аст.
Худи он кас ҳоло дар сафар буда, ҳаваси акс гирифтану фиристоданро надорад. Дар боло ишора кардем, ки дар ҳама ҷо дӯстони худро пайдо мекунад. Сафару иқоматаш дар Русия ҳам ба ҳамин хислати созандааш рабт мегирад. Дар мусофират ба ин минтақаи Русия генералеро вохӯрдааст, ки дар Туркманистон ҳамхидматаш будааст. Ҳамхидамат ба он маъно, ки ин низомӣ пас аз даҳ сол дар ҳамон қисми ҳарбие, ки ӯ хидмат мекард, афсар будааст ва акаи Темуршоҳ “пас аз таҳқиқ” маълум карда, ки ҳар ду дар як қисм афсар будаанд, агарчӣ байни муҳлати хидматашон даҳ сол фарқ аст... Ҳоло онҳо бо ҳам ёру бародар шудаанд ва он низомии рус даҳҳо гектар заминро дар ихтиёраш гузошта, хостааст, ки Темуршоҳ ҳамшаҳриёнашро оварда онҷо боғу роғ бунёд кунанд. Барои Темуршоҳ бошад, тамоми аҳли Тоҷикистон ҳамшаҳрӣ ҳастанд.
Зиндагии Т.Акбаров бори дигар ин ҳақиқатро тасдиқ мекунад, ки номи неки ҳар инсон дар дасти худи ӯст. Вай ҳафт даҳаи ҳаёти худро бо номи нек ва хидматгузорӣ ба мардум пушти сар гузошта, бо нишоту зиндагии ба худ хос ба ҷониби оянда равон аст. Роҳат сафед ва сафарат пурбор бод!
Қосими Бекмуҳаммад,
Солеҳ Юсуф
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: