Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » МОДАРЕ, КИ ПРЕЗИДЕНТ СУРОҒАШ КАРД, КИСТ?

МОДАРЕ, КИ ПРЕЗИДЕНТ СУРОҒАШ КАРД, КИСТ?

10-09-2017, 11:35
Хабарро хонданд: 243 нафар
Назарҳо: 0
 МОДАРЕ, КИ ПРЕЗИДЕНТ СУРОҒАШ КАРД, КИСТ?

Кӣ мегӯяд, ки Истиқлолияти давлатии мо осон ба даст омада? Кӣ мегӯяд, ки сулҳи тоҷикон бе мушкилӣ насибамон гашта? Кӣ мегӯяд, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ набояд ёд кард? Кӣ мегӯяд, ки аз ҷангу ҷидол аз нооромиву бесарусомонӣ набояд тарсид? Кӣ мегӯяд, ки агар нооромие сар занад, оқибате надорад? Кадом беақл метавонад аз ин амнияту амонии имрӯзӣ аз ин зиндагии бидуни ҷангу хунрезӣ норизо бошад? Кӣ фаромӯш кардааст, он солҳои қаҳтии баъди ҷангиро? Кӣ аз ёд баровардааст фарёди дили модарони ҷигарбандгумкардаро?
Кӣ намешиносад шаҳидони бегунаҳ қатлгаштаи замони ҷанги таҳмилиро? Кӣ метавонад иддао дошта бошад, ки аз сари мардуми кишвар сангиние нагузаштаву хиёнатҳое ба ҷону молу онҳо сар назада буд? Кӣ посух ба суоли он модароне дорад, ки бе кадомин як ҷурм фарзандони ба сад ормон калонкардаи онҳоро, ки тири душмани номаълум куштааст? Кӣ фаромӯш кардааст, он ҳама даҳшатҳоро?
Пас, сарнавишти як модаре пораҳое аз он ҳама ваҳшонияту ҳисси инсониро гум кардани мансабталошони давр ёдрасатон мекунад. Пас, ҳақиқатеро дарёбед аз сарнавишти як зане, ки дар 9 моҳ 3 гулписарашро аз даст додаву то ба ҳол доғи ҷанг дар ҷигар дорад. Ҷанг ҳеҷ гоҳе сабаб, мақсад, ҳақиқат ва исботи бегуноҳӣ надорад. Ҷанг ин бадбахтиест, ки аз ношукрии ба оромиву осудагӣ доштаи мо сар мезанад. Сарнавишти ин модар бояд панде бошад ба онҳое, ки гоҳе ба сар шӯри нооромиҳо пайдо кардаву ба дил то ҳанӯз кинадӯзанд.
Як модар бо се захми носуре ба ҷигар дар синни 83-солагӣ боз қодир аст, ки шукри тинҷиву амонӣ бигӯяд. Шукри онро кунад, ки шогирдонаш ӯро модарвор нигаҳбонӣ мекунанд. Шукри истиқлолият карда метавонад, шукри як рӯзи бе садои тирро мекунад. Шукр мегӯяд, ки дили модарони имрӯз осуда асту ҳаёти фарзандони онҳо амон аст. Як модаре, ки аз касе чизе тамаъ надорад, ба ҷуз хостори осоиши олам будан. Як модаре…
Нигина Орипова соли 1934 дар деҳаи Педеи ноҳияи Айнӣ ба дунё омадаву бо итмоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо гумном гаштани падараш дар ҷанг ба ҳайси як ятим ба хона-интернати ноҳияи Шаҳринав оварда мешавад. Ҳолу рӯзгори ятимони солҳои баъдиҷангиро онҳое медонанд, ки он замон зистаанд ё ақаллан дар ин бора китобе хондаанд.
Дар замоне, ки мардумони кулли кишварҳои иттиҳоди шӯравии собиқ, аз ҷумла тоҷикистониён дар хонаҳои хеш нони хӯрдан надоштанд, чи рӯзҳоеро аз сар гузаронидани ятимонро ҳоҷат ба шарҳ нест.
Нигинаро баъди чанд сол аз ятимхонаи Шаҳринав ба мактаб-интернате, ки солҳои панҷоҳуми асри гузашта дар маҳаллаи маъруф бо унвони «8-март» буд, оварданд. Мактаби миёнаро ӯ ҳамин ҷо хатм карду соли 1953 ба ягона Университети кишвар, ки ба номи В. И. Ленин буд, ҳуҷҷат супорид. Он замон маълумоти олӣ гирифтани занон на ба ҳар кас насиб мегашт. Аммо аксар кӯдакони интернатҳо аз хурдӣ хешро ба зиндагие омода мекарданд, ки баъдан худ бори онро мекашанд, зеро такягоҳе ҷуз хештан надоштанд.
Нигина низ хуб медонист, ки наҷоти ӯ дар таҳсилоти олӣ аст. Хим-биолог шуд ва ва соли дуввуми таҳсил хонадор гашт.
Духтараш Матлуба Мирзоева, ки ҳоло доктори илмҳои филологист, мутаваллиди ҳамон замони пурҷӯшу хурӯши ҳаёти модар аст. Баъдан Нигина Орипова соҳиби се писар мешавад, вале худ бехабар аст, ки тақдири ин фарзандон чӣ талху сангин ва пурфоҷиа хоҳад буд.
Баъд аз чанд соли омӯзгорӣ ин бонуи серҳаракату фаъол ва ростқавлу поквиҷдонро директори мактаби рақами 73-и ноҳияи ҳамонвақтаи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) таъин мекунанд.
Солҳои 80-уми асри гузашта деҳоти Қазоқони ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳр шомил мегардаду ӯро, ки дар мактаби рақами 73 ба ҳайси директор фаъолият дошт, чун яке аз кадрҳои беҳтарин аз ноҳия ба шаҳр доданӣ намешаванд. Баъдан сарварии мактаби ҳаштсолаи деҳаи Ғиждулободро ба ӯ месупоранд.
Чанде баъдтар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Нигина Орипова ба ҳайси омӯзгор фаъолияташро идома медиҳад. Акнун фарзандонаш калон шудаву ҳар кадоме зиндагии мустақилона доштанд.
Ин як оилаи мадание, ки ҳамагӣ соҳибмаълумот будаву ҳар кадоме ба касбу коре машғулият дошт, зиндагии хушу гувороеро пушти сар мегузоштанд.
Писарони муаллима Нигина Орипова ҳар кадоме паҳлавонони тануманде будаву дар мақомоти ҳамондавраинаи ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва амнияти кишвар ифои вазифа мекарданд.
Самеъҷон Орипов ки акнун ба синни 31 солагӣ расидаву соҳиби ду фарзанд гашта буд, корманди Кумитаи давлатии амният буд. Соли 1992 ӯ бо ду нафар ҳамкоронаш Сергей ва Анатолий Каримовҳо бо супорише ба тарафи вилояти ҳамонвақтаи Ленинобод тариқи ағбаи Шаҳристон сафар мекарданд. Аммо худи ҳамон рӯз, 7 октябри соли 1992 онҳоро ҷангиёни оппозитсия дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб дастгир кардаву ба самти ҳазрати Мавлоно мебаранд. Он замонро касе ба хотир дошта бошад, анъанае роиҷ буд, ки размандагони оппозитсия агар касеро асир мегирифтанд, ӯро маҷбур мекарданд, ки зидди давлат дар телевизион баромад кунад. Мусаллам аст, ки ба дасти онҳо афтодагони кормандони КГБ-и ҳамонвақта барои ҷангиёни хунхоргашта «бозёфт»-и бузурге буд. Вале чун мебинанд, ки аз ин се нафар ягон сирри давлатиро гирифта наметавонанд, онҳоро сахт шиканҷа мекунанд. Рӯзи 8- ноябр ҳар сеяшонро дар лаби обанбори Бойғозӣ баъди азобҳои сахти ҷисмонӣ мепаронанд. Самеъҷон чун як корманди ҳирфаии амниятӣ ҳуҷҷатҳои худро даруни кроссовкиҳояш пинҳон карда буд, ки ба онҳо ба дасти он ваҳшиҳо наафтиданду чанде баъд замоне, ки мурдаҳоро ба Душанбе оварда гӯрониданд, аз даруни попӯшҳояш онҳо пайдо гаштанд.
Ҷасадҳои ин се нафари дастгиршудаву ба қатл расида 8 рӯз даруни об мемонанд. Сипас, муаллимони деҳаи Ғофилобод аз нақли шогирдонашон, ки дар наздики ин обанбор мол мечарониданд, бохабар мешаванд, ки 3- мурда чандин рӯз боз болои об истодааст. Онҳоро аз об бароварда дар лаби обанбори Бойғозӣ чуқурӣ канда бо ҳамон либосҳояшон муваққатан мегӯронанд. Модар дар он замони бесоҳибии ҳукумат ва ниҳодҳои он худро ба сад дар мезаду писар меҷуст, аммо қариб 10 – рӯз хабаре ба гӯшаш нарасид. Дар Кумитаи амнияти давлатӣ низ зимни суроғи модар, ҳамсуҳбатон чашмонашонро мегурезониданд, зеро медонистанд, ки Самеъҷон дигар зинда нест.
Модар бо Мамлакат ном муаллимаи ҳамкораш, ки миёни оппозитсия шиносҳо дошт, ба назди роҳбарияти онҳо ҳам меравад. Аммо Мамлакат аз назди онҳо бо авзои вайрон берун гашта ба модар посух мегӯяд, ки инҳо чизе намедонанд.
Баъд аз баргузории иҷлосияи тақдирсози моҳи ноябри соли 1992 роҳбарияти Ҳукумати конститутсионӣ аз Хуҷанд ба Душанбе бармегардаду модар ба он ҷо муроҷиат мекунад. Ӯ ба назди Абдулмаҷид Достиев роҳ меёбаду мавсуф аз аскарони дивизияи 201 ва кормандони амният барояш ҳамроҳ ҷудо мекунанд, то пайи ёфтани ҷасади қатлгаштагон якҷоя бираванд.
Нигина Орипова бо чашмони сар мебинад, ки Акбар ном ҳамкори писараш чандин метр клиёнка, якчанд простин (ҷойпӯш) ва се замбарро бо худ мегирад, ки ин маънои овардани мурдаҳоро дошт. Вале акнун аз миён се моҳ гузашта буду ӯ дигар илоҷе надошт, ба ҷуз пазируфтани хабари даҳшатноки марги писар.
Посбони обанбори Бойғозӣ бо дидани акси Самеъҷон даррав гувоҳӣ дод, ки аз он се мурдаи даруни об як ҳафта мондагӣ якеаш ҳамин аст.
Модар мардонавор маросими аз хок берун кардани ҷасадҳоро бо чашми сар диду таҳаммул кард. Замон – замони ҷанг буду чунин рӯзҳоро садҳо модарони дигар чун ӯ аз сар мегузарониданд. Дар ин дам аз дили модар чӣ мегузашт, худ қазоват кунед. Фишораш баланд гаштаву гаҳе дар таб месӯхту гаҳе аз ғазаб, вале дигар ӯ барои шаҳписари шаҳидаш модарона ҳам коре карда наметавонист. Таскини дилаш як андеша буд: «Ӯ қурбонии кори давлат гаштааст. Барои Ватан ҷон бохтааст». Зеро муаллима писаронашро ба танҳоӣ калон кардаву ба ҳар кадоме ойини мардонагӣ омӯхта буд. Аз рӯзе, ки писараш ба ин ниҳоди ҳарбӣ ба кор рафт, дигар ӯ медонист, ки акнун вай писари давлат аст, аскари давлат аст. Аммо магар модаре метавонад онро таҳаммул кунад, ки фарзандаш бо чӣ азобу шиканҷа ва чи даҳшатҳое кушта шудаву даруни ҳавзи об 8 – рӯз бе соҳиб бимонад? Магар қалби модар тавони онро дошт, ки шаҳписарашро дар гӯр не, дар чуқурии танге ба хоку хун ҷӯлида бубинад? Вале фишори ғами қалби ин модару бардошти ин ҳама даҳшатро ба сараш сарнавишти замони ҷанг оварда буд. Ӯ ин лаҳзаҳо падари дар ҷанг бе ному нишонашро ба хотир меовард, ки ақаллан гӯру кафане ҳам шояд надорад.
21 январи соли 1993 ҳамон рӯзе, ки акнун модар дигар ба зинда набудани фарзандаш шак надошт, шаҳидонро ба Душанбе овардаву 20 январ онҳоро ба хок супурданд.
Юсуфҷони 34- сола писари калонии модар, ки ҳамон сол дар Москва буд, бо шунидани хабари гум шудани додараш Самеъҷон ба Душанбе баргашта буд. Онҳо дукаса ҳамроҳи модар тамоми сардхонаҳои (морг) шаҳрро борҳо тагу рӯ карданд, ҳар ҷое овозаи як ҷасадеро мешуниданд, ба суроғи додар мерафтанд, вале бе натиҷа. Аммо модар ҳанӯз аз талхиҳои баъдии сарнавишт бехабар, аз куҷо медонист, ки баъди ҳамагӣ 7- рӯзи ба хок супурдани Самеъҷон чӣ рӯзи сиёҳе боз ӯро интизор аст.
2- феврал Юсуфҷони ба ҷустуҷӯйи бародар омадаи модарро дар пеши хонаашон шахси номаълуме мепаронад. Ҳанӯз хунобаи чашми модар аз ҷавонмаргии як фарзандаш нахушкида, ки боз тири дигаре ба ҷигар мехурад. Боз як шаҳчинори модар чаппагардону боз мотамсарои нишемани ӯ ғарқаи хуни шаҳиди дигаре мешавад.
Модарро ин зарбаи дуввум аз по меафтонд. Хуб медонад, ки қавонини нонавиштаи замони ҷанг ҳадду сарҳадеро намедонад. Ҷанг пурсишу чуну чаро надорад. Ҳар рӯзе садҳо қурбониёне вопас мегузорад, ки сабаби маргашон то абад номаълум боқӣ мемонад. Хоса ҷанги бародаркуш, ки на душман дораду на чорагар, на ғолиб дораду на мағлуб. Хоса замоне, ки дар як хонадон, дар як кӯча, дар як деҳаву як шаҳр кӣ дӯсту душман ва кӣ ҳақу ноҳақ буданро муқаррар кардан номумкин буд.
Модар фарзанди дуюми худро ҳам бо ҷигари садпора паҳлӯи додараш ба хок месупорад. Гӯиё тақдир ӯро аз раҳи дур барои оромӣ ёфтан аз марги фарзанди падар ба ин ҷо хонда буд.
Инак фарзандони модар паҳлӯи ҳам хобидаанду модар бо писари охиринаш Хуршеди 28-сола, ки дар Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳайси посбон фаъолият дошт, танҳо мемонанд. Модар бо шукри будани ин нишонаи охирини писаронаш ба талхии ғаму андуҳи он дуи дигар пушт гардониданӣ мешуд. Зеро касеро ғаму ашк аз он дунё бознаовардааст, вале кӣ мегӯяд, ки дили модар сабри марги ду шоҳписарро бо ин ҷавониву таҳамтанӣ таҳаммул дорад?
«Писарони мани резапайкар чун шаҳчиноре буданд, вале тақдири талхи ман бо ғам сиришта будаасту ман бехабар, - бо оҳи сӯзон мегӯяд модар. Онҳо вақте ки аз дар медаромаданд, сарҳошон ба болодарӣ мерасид. Чӣ паҳлавонҳоеро калон карда будам, - оби чашм мерезад, модар.
Аҷал, ки он замон гӯё даври сари ҳар нафаре гирдгирдон буду касе аз фардои қисматаш умеде надошт, хонадони ин зани муштипарро тарк карданӣ набуд. Гӯё ӯ ба рӯҳи шикастнопазири зане таҷанг гашта буду ӯро шикастан мехост. Марги беамон бо бурдани ду фарзанди нозанинаш ҳанӯз домони модарро сар надода буду ӯ худ бехабар буд.
Шоми 20- июли соли 1993 хабари кушта шудани Хуршеди 28-солаи модар ин хонадони мотамбасарро боз нишемани навҳаю фарёд кард.
Касеро бахт баргардад,
Шикаст андар шикаст ояд, – мегӯянд. Модар маҷбур буд, ки шаҳиди сеюми худро низ дар мазори Сари Осиё ба паҳлуи бародарон бибарад ва худ бо як духтараш, ки аллакай ба хонаву дари хеш буд, дар ин дунёи пуродам танҳо бимонад. Бе писар монад, бе се шаҳбачаи ғарқи хунаш бе се шаҳиди ба дасти ашхоси номаълум куштааш. Бе се такягоҳи ба сад умеду орзу калонкардааш, бе се тобутбардораш, ки худ мардона пушти тобуташон мерафт. Бе ёду бе ҳуш мерафт, мардқаторӣ мерафт.
Нигина Ориповаи соҳибмаълумоту пастиву баландиҳои ҳаётдида акнун пеши марги беамону гулчин бечора буд. Замини сахту осмони баланд нолаҳои зори ӯро чун гӯши кари фалак дар худ пинҳон медоштанд. Тақдир ӯро зинда мондаву се пораи ҷонашро бераҳмона аз танаш кашида гирифта буд. Ӯ бояд чунин мезист ва зист. Ба рағми ҳама бераҳмиҳои тақдир зист. Фарзандони мардумро таълим дод. Ва рӯзе шуд, ки дигар ин модари ғамзада ба аъсоби харобу чеҳраи заъфаронӣ ба мактаб даромадан нахост. Ӯ наметавонист дигар бо он чашмони ғамолудаву сари сахташ ба шогирдон дарс додаву панди ҷасуриву таҳамтанӣ бидиҳад. Зеро дар ҳар андешаву ҳарфаш симои ғарқи хуни се писари ҷавонмаргаш падидор мегаштанду модар лол мемонд.
Ин ҳолати рӯҳии муаллимаро дӯсти писараш, ҳампартаву шарикдарси Самеъҷони азизаш Зубайдулло Абдураҳимов фарзандвор эҳсос кард. Зубайдулло ба муаллимааш Нигина Орипова ба модари рафиқаш, ба зани фарзандгумкардаи беписар бо чашми фарзандӣ нигарист ва гуфт: «Модар то оне ки ман зиндаам, ту хор намешавӣ. Маро ба ҷойи он се писарат ба фарзандӣ бипазир ва то охири умрам фарзандқаторӣ пайи хидматат хоҳам буд».
Модар боз соҳиби писар шуд. Тарки омӯзгорӣ карду ба коргоҳи ин тозаписараш рафт, то ки ғам дар танҳоӣ накушадаш, то ба зарбаҳои зиндагӣ бо пуштибонии ин шогирди дилогоҳаш истодагарӣ кунад ва инак 24- соли баъдӣ ҳамчунин мезияд.
…Рӯзи 26- июни соли 1997 буд – ба хотир меорад Нигина Ориповаи инак 83- сола. Ба хонаи чун як модари танҳову фарзандгумкарда ман раиси ҳамонвақтаи ноҳияамон Ҳамид Абдуллоев, ки пайваста аз ҳолу рӯзгорам бохабарӣ дошт, омад ва гуфт: «Модар оё метавонӣ дар митинги модарон ба хотири сулҳ, ки фардо дар назди Филармонияи давлатӣ доир мегардад, ширкат дошта бошӣ?
-Бале, метавонам, посух додам ман. Фардои он рӯз ба ин макон омадаму модарони зиёдеро дидам, ки аз сулҳ ҳарф мезаданду барои осоиш раъй медоданд. Ба ман ҳам навбат расид. Чун як модари фарзандкуштаи ҷанг ҳар чӣ дар дил доштам дар он ҷо фурӯ рехтам. Ҳамагон ашк мерехтанду ҳамдарди ман буданд.
Фардои ҳамон рӯз, яъне 27 июн Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Москва имзо мешуду сарвари мо Эмомалӣ Раҳмон бояд аз он ҷо ба Ватан бармегаштанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки дар ҳамин ҳамоиши модарон ширкат дошт, баъди шунидани қиссаи шоҳписарони шаҳидам маро ба пешвозгирии Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ба фурудгоҳ даъват намуд.
Субҳи рӯзи дигар соати панҷи саҳар Ҳамид Абдуллоев маро аз хона бо мошини хидматиаш ба утоқи кории М. Убайдуллоев бурданд. Аз он ҷо мо ба фурудгоҳ рафтем.
Дар он ҷо сар аз Лоиқ, ки дӯсти наздики писари ман буд, то тамоми олимону шоирон ва ашхоси маъруфи саршиноси кишвар ба пешвози оне рафта буданд, ки акнун Сулҳ меовард. Сулҳе, ки аз ҳама бештар модарон интизорашро доштанд.
Чун Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз пиллаҳои самолёт пойин мешуд, дар чеҳраи зебои ӯ як нуреро дидам, ки рӯҳи тозае дар вуҷуди ман пайдо кард ва худро модари ин марди худодод тасаввур кардам. Фикр кардам, ки қаду басти се гулписари ман аз нав эҳё мегардад. Андешидам, ки ман боз як писаре ёфтам.
Гулчанбареро аз шаддаҳои гулу меҳри модарӣ ба гардани ӯ меовехтаму ашки шӯри ғаму шодӣ ва ҳаяҷону сарафрохтагӣ дар чашмонам ғалаён дошт. Аммо ман ашк нарехтам тамоми эҳсосоти нохушамро саркӯб кардаму ба Сарвари сулҳоварам муборакбодии модаронро чун паёми онҳо расондам. Шукри расидан ба сулҳро аз забони онҳо ироа кардам. Зеро дар чеҳраи шоду масрури ӯ аз ин дастоварди таърихӣ эътимодеро хондам, ки дигар дари ҷанг баста асту фарзандони модарони тоҷикистонӣ ба амонӣ хоҳанд расид.
Дар он шаддагулҳои гардани Сарвари давлатамон тамоми эҳсоси модаронаи ман чун рамзи пирӯзии сулҳ ба ҷанг ҳамел гашта буду инъомаш ба Сарварамон насиби ман гашта.
Баъд аз соате мо меҳмони роҳбари давлатамон фарзанди бузурги ҳамаи модарони чашмбароҳи сулҳу оштӣ ва амну осоиштагӣ будем. Ӯ бароямон аз душвориҳое, ки то ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷой дошт, қиссаҳо карданд.
Барои ман ва чандин волидони шаҳидони ҷанги бародаркуш он рӯз туҳфаҳо низ таҳия карда буданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ ва фарзанди калонии ман он рӯз маро модар гуфта муроҷиат карданду меҳрашонро то абад дилам ҷо кардам.
То имрӯз ман ҳамон телевизори он рӯз ба ман тақдимкардаашонро тамошо мекунаму чеҳраи нурборашро аз он мебинам ва шукри амонии ҷони писарҳои Ватанамро мекунам.
Худро бо он таскин медиҳам, ки ба ҷойи се писари шаҳидам Худованд ба ман писарҳои дигареро ато кардааст.
…Ҳамин сол дар рӯзи 8- март Президенти азизамон бо ба ёд овардани нақши модарон дар ба даст овардани сулҳ аз ман ёдовар гаштаанду гуфтанд, ки модареро, ки се писарашро дар ҷанги шаҳрвандӣ кушта буданд, яке аз он занҳоест, ки тарғибгари сулҳу амонӣ дар ҳамон солҳо буд.
Ашхоси зиёде аз шумули дӯстонам ба ман занг задаву ин хабарро расониданд, аммо чашми ман мунтазири намоянда аз Дастгоҳи Президенти азизамон аз коргоҳи писари калонии ман буд, вале…
Мани се шоҳписаргумкарда то имрӯз ба чизе ниёзманд нагаштаам. Ду соли охир бо супориши раиси Кумитаи амнияти миллӣ Саидмӯъмин Ятимов соле як бор дар рӯзи чекистҳо аз ҳоли ман хабар мегиранд. Шогирдонам Рустам Султонов ва Шамсулло Ҳакимов низ дар қатори Зубайдулло ҳамеша дар паҳлуям ҳастанд, дасти кӯмакашон мерасад. То ҳол дар синни 83- солагиам кор мекунам, то заҳри танҳоӣ начашам. То ҳол як дуо дорам: «Илоҳо номи ҷанг аз ҷаҳон гум шаваду халқи олам ва модаре чун ман доғи фарзанд набинад. Аз моҳи март то ҳанӯз чашм ба роҳам, ки касе ба суроғам меояд. «Танҳо интизор доштам, ки касе мепурсад, ки ҳамин модар куҷост?»
Ӯро ҳама дар тарабхонаи «Паровоз» ки он ҷо фаъолияти меҳнатӣ дорад, чун модар эҳтиром мегузоранд. Вале чашмони ӯ миёни ҷамъи меҳрубониҳо интизории дигаре рад… Интизории як дидори модарона…
Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: