Мурғҳои афсонавӣ14-03-2016, 13:55
Хабарро хонданд: 444 нафар
Назарҳо: 0
Дар осори гузаштагони мо, хусусан дар достону қиссаҳои тамсилӣ образи парандаҳо аз ҷумла, булбул, кабк, тутӣ, ҳудҳуд, уқоб, боз, шоҳин, гунҷишк, саъба, зоғ ва ғайра хеле зиёд ба чашм мехӯрад. Дар баробари ҷонваракони зикргардида инчунин чанд мурғ ва ё парандаи афсонавие низ барҷаста тасвир ёфтаву дар зеҳни мо тавассути хаёлпардозиҳои бузургони адабамону адибони ҷаҳон нақш бастаанд. Чун ин парандаҳоро мардум ва ҳар яки мо низ дар зиндагӣ надидаем ҳар ки вобаста ба тахайюлоташ тасаввурашон мекунем. Дар ин нигошта бобати чаҳор мурғи машҳури афсонавиӣ - Симурғ, Анқо, Самандар ва Ҳумо маълумотномае гирдоварӣ шудааст.
Симурғ. Симурғ (сиранг) ҳамон «Сенмуру» -и паҳлавист, ки «мурғи син» маънӣ медиҳад. «Син» бо номи ҳаким, табиби маъруф Саина, ки фравваҳри ӯ дар банди 97-и фарвардин- яшт ситуда шуда, иртиботи лафзию маънавӣ дорад… ва онро дар «Худойнома» ва «Шоҳнома» номи Симурғ доданд. Аксари мову шумо бо ин мурғи афсонавӣ тавассути «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ошно гардидаем. Чунон ки аз «Шоҳнома» бармеояд, Симурғ-мурғест эзадӣ бар кӯҳи Албурз ошён дорад ва Золро бо бачагонаш мепарварад. Ҳангоме ҳам, ки Зол ба оғуши хонавода бармегардад, паре аз Симурғ бо худ меоварад, то ҳангоми дармондагӣ вайро ба ёрӣ талабад. Ду бори дигар дар «Шоҳнома» Симурғ ҳозир мешавад ва ҳар бор гиреҳе аз кори фурубастаи Зол мекушояд: як бор ҳангоми зодани Рустам аз модар ва бори дигар дар набарди Рустам бо Исфандиёр, ҳангоме ки Рустам ва Рахш захмҳои вазнин бардошта буданд ва Зол бо чораҷӯии Симурғ ба дарахти газ даст ёфт ва Рустам бо пайкони бо заҳр обдода кори Исфандиёрро яксара кард… Муҳаққиқон калимаи «Сина»-ро дар «Авасто» ба шоҳин ва уқоб тарҷума карданд ва бо Вориған-и (мурғе бо номи Вориған) Авастоӣ яке донистанд. Тавзеҳ, бешак, байни ду мафҳум Саина-и авастоӣ ва Симурғи форсӣ, яъне итлоқи ӯ бар мурғи машҳур ва номи ҳакими доно робита мавҷуд аст. Агар ба сарчашмаҳо муроҷиат кунем, маҳз чунин мурғе бо чунин сифот дар «Авасто», вале бо номи Вориған зикр мешавад. «Касе, ки устухон ва ё паре аз ин мурғи далер (вориған) бо худ дошта бошад, ҳеҷ марди далере ӯро наметавонад барандозад ва на аз ҷой биронад. Он пар ӯро ҳамвора гиромӣ ва бузург дорад ва ӯро аз фар бархурдор созад. (Баҳром-яшт банди 36-37) Образи Симурғ дар адабиёти мо хеле фаровон истифода шудааст: Туро Симурғу тири газ набояд, На Рахши ҷодуву Золи фусунгар. (Дақиқӣ) Фалакпарвоз созад оҳро дарди гарони мо, Пари Симурғ бахшад тирро рӯзе камони мо. (Соиб) Бас ки бар Симурғу Рустам базла гуфтӣ, Гар бидидӣ бар масоф Исфандиёрат. (Анварӣ) Аттори Нишобурӣ дар асари ҷовидонаи худ «Мантиқ-ут-тайр» аз Симурғ зоти Боритаъоло ирода карда ва ин ки саранҷом «Си мурғ» ба «Симурғ» мерасанд, ваҳдат дар касрат ва касрат дар ваҳдатро нишон додааст. Тасвире, ки Шаҳобуддини Суҳравардӣ аз Симурғ ба даст дода; «Парвоз кунад бе ҷунбиш ва бипарад бе пар ва наздик шавад бе қатъи амокин ва ҳамаи нақшҳо аз ӯст ва ӯ худ бе ранг, ҳама бад-у машғуланд ва ӯ аз ҳама фориғ…» мубайни ин аст, ки Симурғ чизе дар ҳадди «ҷилваи Ҳақ» донистааст. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ ӯро намояндаи «олами боло» ва «мурғи Худо» ва мазҳари олитарин парвози рӯҳ ва «инсони комил» шинохтааст. Дар баъзе сарчашмаҳо инчунин ривоятҳои исломӣ гоҳе Симурғро Анқо низ гӯянд. Баъзе ҳам модаи ӯро Анқо номиданд. Вале бештар муҳаққиқон Анқоро мурғи дигар медонанд. Анқо (ар.-дарозгардан), мурғи афсонавӣ, ки ҷойгоҳаш дар куҳи Қоф будааст. Азбаски ин мурғ аз мардум дур буд ва диданаш ба ҳама муяссар намегардид, ба маънои маҷозии чизи ноёфт, чизе, ки номаш ҳасту худаш нест, ба кор рафтааст. Дар адабиёти форс-тоҷик чун образи шеърӣ (дар ирфон) ба маънои гӯшанишинӣ, канораҷӯӣ омадааст: Бибур аз халқу аз анқо қиёси кор бигир, Ки сити гӯшанишигон зи қоф то қоф аст. (Ҳофиз) Дар қиссаҳои марбут ба ҳазрати Сулаймон (а) низ аз Анқо дар паси кӯҳи Қоф маскан доштанаш сухан меравад. Рўзе Анқо ҳеҷ мурғ наёфт шикор кунад ва кӯдакеро рабуд. Мардум ба паямбар шикоят бурданд, паямбар дуо кард: Худоё, насли ӯро мунқатеъ гардон! Соиқае омад ва ӯро бисӯхт ва ӯро насл намонд. Пас, араб масал заданд ва чизҳои ноёфтаро «Анқои муғриб» гуфтанд. Ба Анқо, Анқои муғриб (миғраб) аксаран шоирону адибони мутасаввиф муроҷиат кардаанд. Кас наёбад ба ишқ-бар пирӯз, Ишқ Анқои муғриб аст имрӯз. (Саноӣ) Дар ошёни ақл чу Анқои муғрибам, Бар осмони фазл чу хуршеди азҳарам. (Анварӣ) Наққоши чирадаст аз он нохудои тарс, Анқо надида сурати Анқо кунад ҳаме. (Масъуди Саъд) Самандар. Самандар (самандвар, самандал) аз калимаи юнонӣ ва лотинии «саламандра» буда ҷонварест, ки ба эътиқоди қудамо дар оташ падид меояд ва чун аз оташ бармеояд, мемирад. Самандар пӯсти тираранг бо лаккаҳои зарду тунд дорад ва дар маконҳои намноку торик ва дохили ғорҳо зиндагӣ мекунад. Гоҳе, ки аз оташ бармеояд, онро мегиранд ва аз пӯсташ кулоҳу дастмолу дастор дуруст мекунанд. Онро ҳайвоне беозор медонистанд, ки моддае лазиҷу сӯзанда аз пӯсти ӯ метаровад. Ин ҳайвон тақрибан бо ҳамин сифат, яъне зиндагӣ дар оташ дар адабиёти ғарбӣ шинохта шуда ва дар осори Александр Пуп ва Шекспир бо ҳамин сифот номбардор аст. Китоби ҷонваршиносӣ ва фарҳанги арабӣ ва форсӣ ӯро ҷонваре медонанд, ки аз оташ осеб намебинад ва таваллуду зиндагии ӯ оташ аст. Гоҳе ӯро мурғе донистаанд, ки доим дар оташ аст ва намесӯзад. Ва навиштаанд, ки муши бузургест, ки чун аз оташ бармеояд, мемирад. Самандарро Қақнус низ мегӯянд, ки ҳамон Кукнус (Феникс)-и Юнонист. Дар «Фарҳанги Муъин» мурғи мазкур чунин тасвир ёфтааст. Мурғест бағоят хушрангу хушовоз. Гӯянд минқори ӯ 34 сӯрох дорад ва дар кӯҳи баланде муқобили бод нишинад ва садоҳои аҷибу ғариб аз минқори ӯ барояд ва ба ин сабаб мурғони бисёре ҷамъ оянд. Аз онҳо чандеро гирифта туъмаи худ созад. Гӯянд 1000 сол бигзарад ва умраш ба охир ояд ҳезуми бисёре ҷамъ созад ва ба болои он нишинад ва сурудан оғоз кунад ва маст гардад ва бол ба ҳам занад чунон ки оташе аз боли ӯ биҷаҳад ва ҳезум бисӯзад ва аз хокистараш байзае падид ояд ва ӯро ҷуфт набошад ва гуянд мусиқиро башар аз овози ӯ дарёфта… Иртиботи ин ҷонвар бо оташ ва зиндагӣ дар он дар адаби форсӣ: Ба оташ-андарун мисли самандар, Ба об-андарун мисли наҳангам. (Рӯдакӣ) Самандар наӣ, гирди оташ магард, Ки мардонагӣ бояд, он гаҳ набард. (Саъдӣ) Ҳар куҷо нур аст, чун парвона худро бохтан, Ҳар куҷо нор аст, худро чун Самандар доштан. (Парвин) Ҳумо. Мурғи афсонаӣ, ки фархундафол ва пайки саодат пиндошта мешуда ва ба ҳамин далел ба «мурғи саодат» маъруф аст. Қудамо муътақид буданд, ки мурғест устухонхор, ки ҷонваре наёзорад ва ҳар гоҳ бар сари касе бинишинад, ӯро подшоҳ кунад…Ба назар мерасад, ки луғати «ҳумоюн» дар форсӣ ба номи ин паранда иртибот дошта бошад. Ҳамчунин ба назари бархе номи ин паранда ёдовари гиёҳи маъруфи «ҳум» ё «ҳумо» аст, бавижа, ки дар «ригведо» гиёҳи сум (ҳум) ғолибан ба парандае ташбеҳ мешавад ва ё ба номи парандае мавсум аст. Дар достони «Мантиқ-ут-тайр» ҳумо намунаи мардони ҷоҳталабест, ки барои ҷалби ҳукоми дунявӣ ва зуҳду ибодат дам мезананд, то назари арбоби мулку сиёсатро ба худ ҷалб намоянд. Дар адабиёти форсӣ ба таври ом ҳуморо мазҳари фарру шукӯҳу саодат медонанд ва ба фоли нек мегиранд: Ту фарри ҳумоию зебоӣ гоҳ, Ту тоҷи Каёнию пушти сипоҳ. (Фирдавсӣ) Зоғи ҳирсу ҳумои ҳимматро Резаву устухон намеёбам. (Ҳоқонӣ) Ҳумой устухон хурду ҳаргиз ки дид, Ки фарри ҳумо ояд аз устухон? (Масъуди Саъд) Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.