Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дӯстӣ

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дӯстӣ

17-08-2017, 13:22
Хабарро хонданд: 227 нафар
Назарҳо: 0
17.08.2017 12:20, ноҳияи Дӯстӣ
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Нахуст ба ҳамаи шумо, сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Дӯстӣ барои истиқболи самимии Роҳбари давлат ташаккур мегӯям.

Мехоҳам як нуктаро барои шумо хотирнишон намоям, ки вақте зарурати иваз кардани номи ноҳияи Ҷиликӯл ба миён омад, ба фикри мо, пеш аз ҳама, калимаи зебову қадимаи тоҷикӣ “дӯстӣ” расид.

Ва мо ба поси дӯстиву ҳамкорӣ ва иттиҳоду ҳамдигарфаҳмие, ки дар байни мардуми ноҳия воқеан ҳукмфармост, ин номро ба ноҳия бисёр муносибу арзанда шуморидем. Фикр мекунам, ки шумо низ аз чунин иқдом қаноатманд ҳастед.

Вилояти Хатлон минтақаи калонтарини зироаткории мамлакат маҳсуб ёфта, мо дар ҷараёни сафар ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни ин вилояти зархез, аз ҷумла ноҳияи Дӯстӣ бо натиҷаҳои заҳмату фаъолияти кишоварзон шинос шудем ва бори дигар итминон ҳосил кардем, ки агар ҳар як деҳқони асил аз заминҳои ҳосилхез ва обу ҳавои мусоиди кишварамон оқилонаву самаранок истифода намояд, бешубҳа, дар фаровонии бозори истеъмолии мамлакат ва таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб гузошта, ҳамзамон бо ин, сатҳи зиндагии худ ва оилаашро боз ҳам шоиста мегардонад.

Имрӯз мо мушоҳида кардем, ки сокинони ин гӯшаи зебоманзари ватанамон бо вуҷуди баъзе мушкилот дар роҳи таъмин намудани рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва ободии диёри худ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд.

Ҳоло Ҳукумати мамлакат барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияро барои солҳои 2017-2020 мавриди татбиқ қарор додааст, ки ба ободиву пешрафти минбаъдаи ноҳия нигаронида шуда, чор соли оянда дар доираи он 216 лоиҳа ба маблағи 262 миллион сомонӣ амалӣ карда мешавад.

Бо мақсади тараққиёти ноҳия ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ дар зарфи даҳ соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷетӣ 422 миллион сомонӣ хароҷот гардида, илова бар ин, дар ноҳия барои беҳтар намудани шароити инфрасохтори соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иншооти коммуналӣ ва дастгирии бахши кишоварзӣ 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 134 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки то имрӯз 18 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.

Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент соли 2015 таъмиру чароғонкунии роҳҳои дохилии ноҳияро ба маблағи 4 миллион сомонӣ ба анҷом расонида, ҳоло бунёди ду иншооти дигар - варзишгоҳ ва маркази ҷавононро, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 25 миллион сомонӣ мебошад, идома дода истодааст.

Бар замми ин, дар се соли оянда аз ҳисоби буҷети давлат барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда, аз ҷумла бунёди иншооти иҷтимоӣ ва беҳсозии шароити зиндагии аҳолии ноҳия 400 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Инчунин, бо мақсади паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ, таъминот бо об, беҳтар кардани ҳолати мелиоративӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои партову бекорхобида дар ноҳия аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ беш аз 92 миллион сомонӣ хароҷот гардидааст.

Ҳангоми сафари қаблӣ моҳи октябри соли 2014 ба роҳбарону масъулони ноҳия супориш дода будам, ки ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифодаи самараноку оқилонаи имкониятҳои васеи ноҳия, аз ҷумла обу замин ва бо ҳамин роҳ рушди бомароми соҳаи кишоварзиро таъмин намоянд.

Ҳарчанд ки соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 522 миллион сомонӣ ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 150 миллион сомонӣ расонида шудааст, ин нишондиҳанда нисбат ба имконияту захираҳои мавҷуда хеле каманд.

Яъне аз ҷониби роҳбарону мутахассисон ва хоҷагиҳои кишоварзӣ то ҳанӯз на ҳамаи захираҳо ба таври зарурӣ сафарбар гардидаанд.

Тибқи маълумот, соли гузашта бо сабаби норасоии об дар масоҳати 510 гектар замини корами обӣ кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида нашуда, ин раванд соли ҷорӣ низ идома пайдо кардааст ва 950 гектар заминҳои ҳудуди деҳоти “20 - солагии истиқлолият” аз кишт берун мондаанд.

Ҳол он ки се сол қабл ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани қариб 2000 гектар заминҳои обӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 1000 гектар замин супориш дода будем.

Дар шароите, ки талабот ба маводи озуқаворӣ торафт афзуда истодааст, имсол бо сабаби истифода нашудани имкониятҳои беҳтарини дар ноҳия мавҷуда кишти картошка нисбат ба соли гузашта 21 фоиз кам шудааст.

Ин дар ҳоле ки иқлими мусоиди ноҳия имконият медиҳад, ки дар баробари васеъ кардани майдони кишти зироатҳо, аз ҷумла пахта, сабзавот, инчунин, боғу токпарварӣ низ инкишоф дода шавад.

Дар ноҳияи Дӯстӣ, махсусан, барои парвариши анор ва меваҳои ситрусӣ ҳамаи шароит мавҷуд аст.

Бо вуҷуди он, ки барои паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ ва ба гардиш ворид намудани заминҳои партову бекорхобида беш аз 92 миллион сомонӣ сарф шудааст, тибқи маълумот то ба ҳол зиёда аз якуним ҳазор гектар заминҳои корами обӣ ҳамчун заминҳои партов боқӣ монда, бо сабаби сари вақт нагузаронидани корҳои мелиоративӣ ва тоза накардани заҳбуру заҳкашҳо 780 гектар заминҳои кишоварзӣ дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор доранд ва дар баробари ин, соли ҷорӣ 950 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст.

Яъне дар ноҳия масоҳати заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда 3300 гектарро ташкил медиҳад ва агар ин қадар замин ба мақсадҳои кишоварзӣ, аз ҷумла барои кишти картошка ва дигар намудҳои сабзавот истифода мешуд, тақрибан 70 ҳазор тонна маҳсулот рӯёнида, барои 10 ҳазор нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардид.

Бинобар ин, роҳбарону мутахассисон ва хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияро зарур аст, ки ба масъалаи бартарафсозии камбудиҳои зикршуда муносибати ҷиддӣ намоянд, то ки бозори истеъмолӣ фаровону арзон ва рӯзгори сокинон орому осуда бошад.

Таъкид месозам, ки тавассути ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ҳар сол то 10 фоиз таъмин намудани суръати рушди соҳаи кишоварзӣ имкон дорад.

Айни замон дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 10 ҳазор гектар заминҳои зериобмонда мавҷуданд, ки барои парвариши моҳӣ хеле мусоид мебошанд.

Тибқи таҳлилҳо дар ноҳия тайи даҳ соли охир майдони кишти пахта 3240 гектар ва ҳаҷми истеҳсоли он қариб 2200 тонна кам гардида, ҳосилнокии пахта аз 30 сентнери солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то 16 сентнер дар соли 2016 ё 46 фоиз коҳиш ёфтааст.

Ҳамзамон ба ин, дар қаламрави ноҳия 1200 гектар боғҳои субтропикӣ мавҷуданд, лекин ҳосилнокии онҳо аз ҳар гектар 116 сентнерро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда бо дарназардошти иқлими мусоид ва имкониятҳои васеи ноҳия нокифоя мебошад.

Дар ин ҷода, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор масъалаи мазкурро мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, барои баланд бардоштани ҳосилнокии пахта ва меваҳои субтропикӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Мехоҳам боз як масъалаи муҳимро хотирнишон созам.

Ҳарчанд ки мавҷуд будани ашёи хоми фаровон, қувваи кории арзон ва инфрасохтори нақлиётиву энергетикӣ барои пешрафти соҳаи саноати ноҳия имконият медиҳад, вале тибқи таҳлилҳо солҳои охир ба таври зарурӣ рушд накардани соҳа ба мушоҳида мерасад.

Масалан, соли гузашта суръати рушди соҳаи саноати ноҳия 20 фоиз паст шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ҳамагӣ 81 миллион сомониро ташкил додааст ва дар нимсолаи аввали соли равон ин нишондиҳанда боз ҳашт фоиз коҳиш ёфтааст.

Пурра фаъолият накардани корхонаҳои саноатии ноҳия ва пастравии суръати рушди соҳа аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ин самт ҳамоҳангсозӣ ва назорат суст ба роҳ монда шудааст.

Барои ислоҳи чунин вазъ, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи рушди маҳал, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия таъкид месозам, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарону мутахассисони коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ҷиҳати ба кор даровардани иқтидорҳои мавҷуда ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ чораҳои ҷиддӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз дар натиҷаи амалисозии ислоҳоти соҳаи маориф шароити кории устодону омӯзгорон ва вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ хеле беҳтар гардида, дар зарфи солҳои истиқлолият 13 муассисаи таълимӣ ва 71 синфхонаи иловагӣ барои зиёда аз 4000 нафар хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳоло бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохтмони бинои нави муассисаи таълимии рақами 16 бо тамоми шароити муосир барои 1120 ҷойи нишаст идома дорад, ки то охири соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.

Илова бар ин, тибқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021, яъне дар панҷ соли оянда дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 23 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои қариб 9000 нафар хонанда, инчунин, сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маориф, маркази таҳсилоти иловагӣ ва рушди истеъдодҳо ба маблағи умумии 39 миллион сомонӣ ба анҷом расонида мешавад.

Бояд таъкид намуд, ки бо вуҷуди дастгириҳои доимии давлат сатҳи таълиму тарбия ва донишомӯзии хонандагон, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо ашёву лавозимоти хониш ва кадрҳои ихтисосманди омӯзгорӣ ҳанӯз боиси ташвишу нигаронӣ мебошад.

Дар ин самт, Вазорати маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои саривақтӣ андешида, ҳангоми таҳияи нақшаи омодасозии кадрҳо якҷо бо дигар вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, эҳтиёҷоти воқеии соҳаҳои афзалиятноки ноҳияро ба инобат гиранд.

Ғайр аз ин, роҳбарони ноҳия бояд ба масъалаи татбиқи самараноки имтиёзҳое, ки барои мутахассисони ҷавон муқаррар гардидаанд, муносибати ҷиддӣ намуда, ҷиҳати ҳавасмандгардонии кадрҳои ҷавон тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Масъалаи ташкили марказҳои таълими калонсолон, курсҳои дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои занону духтарон низ дар маркази диққати роҳбарону мутахассисон ва соҳибкорон қарор дода шавад.

Яке аз мушкилоти асосии ноҳия масъалаи таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ мебошад.

Зеро то имрӯз ҳамагӣ 10 фоизи сокинон бо оби ошомиданӣ таъмин мебошанд.

Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки барои ҳалли ин масъала ва таъмиру азнавсозии шабакаҳои обу корези ноҳия чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки шароити бозорҳои ноҳия ба талаботи меъёрҳои муосир мутобиқ гардонида шавад.

Масъалаи дигаре, ки мехоҳам махсус таъкид намоям, содир намудани ҷиноят, махсусан, ҷиноятҳои вазнин ва коррупсионӣ мебошад, ки солҳои охир дар ноҳия афзоиш пайдо кардааст.

Дар шаш соли охир аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 109 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, инчунин, ҷиноятҳои вобаста ба андоз ошкор карда шудаанд, ки 19 ҳолати онҳо ҷиноятҳои вазнин мебошанд.

Дар ноҳия вазъи татбиқи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” низ хеле ташвишовар мебошад.

Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, роҳбарони ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадоранд, ки корҳои пешгирикунанда ва тарғиботиву фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ пурзӯр намуда, риояи ҳатмии Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, дигар қонунҳо ва умуман, волоияти қонунро таъмин намоянд.

Вазифаи роҳбарону фаъолони ноҳия, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, кормандони соҳаи маориф, аҳли зиё, падару модарон ва шахсони таҷрибадор аз он иборат аст, ки минбаъд низ мардум, хусусан, наврасону ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, корҳои созандагиву ободкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намуда, ба вусъати амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва тарбияи дурусти фарзандон эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Тавре ки шумо, ҳозирини гиромӣ, мушоҳида мекунед, ба шарофати сулҳу оромӣ ва суботи комили диёрамон зиндагии мардуми кишварамон мунтазам беҳтар шуда истодааст.

Фаромӯш набояд кард, ки сулҳу суботи кишварамон ва ваҳдати миллие, ки имрӯз дар сарзамини мо торафт таҳкиму тақвият пайдо мекунад, ба осонӣ муяссар нашудааст. Баҳои сулҳу оромиро, махсусан, сокинони ноҳияи Дӯстӣ хуб медонанд.

Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки минбаъд низ бо эҳсоси баланди ватандориву ватансозӣ ва ваҳдату ҳамбастагӣ ба хотири пешрафти Ватанамон саъю кӯшиш кунем ва бовар дошта бошем, ки бо заҳмати созандаву содиқона ба рӯзҳои аз ин ҳам беҳтару осуда хоҳем расид.

Итминони комил дорам, ки мардуми ҳимматбаланд ва бонангу номуси ноҳияи Дӯстӣ дар оянда низ бо заҳмати созандаи хеш барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Ба ҳамаи шумо хушбахтиву хушрӯзӣ, хонаи обод, рӯзгори пурфайз ва барори кор мехоҳам.

Доим саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: