Бӯса чист?22-02-2017, 15:55
Хабарро хонданд: 204 нафар
Назарҳо: 0
Бӯса гуфта ҷараён ва амали ногаҳониеро меноманд, ки он дар ҳолати ҳаяҷону ҳисиёт ва зуҳури эҳсосотӣ гуногун нисбати ашхосе равона карда мешавад. Бӯса, аслан ба нафарони наздик модар, падар, фарзанд, ҳамсар, рафиқ дугона ва ёру дӯстоне, ки бо ҳам аз ҳар ҷиҳат қаробату наздики доранд эҳдо карда мешавад. Дар зиндагӣ, дар раванди фаъолияти кориву коллективӣ, дар ҳамагуна муносибатҳои муштаракона ва ошиқона ба нафари наздик ва хос бахшида мешавад. Вале бӯса байни ин ҳама нафарон тафовут ва хоси чигунагии худро дорад. Дар оила ба волийдайн ва наздикон бӯсаи хоси самимии меҳрубонона, дар фаъолияти корӣ бӯсаи хоси дӯстона ва дар ишқу ошиқи бӯсаи хоси ошиқона, ки аз дигар бӯсаҳо ба кулли фарқ дошта ҳиссиёти аҷиб ва фараҳмандеро доро мебошад. Коршиносон мегӯянд, ки бе эътирофи расмӣ ҳам бӯса, хоса бӯсаи ошиқона кайҳост, ки объекти омӯзиши ҷиддии антропологҳо (симошиносон), руҳшиносон ва табибони равияҳои гуногун аз қабили: ҷимоъшиносон (сексологҳо), даҳонпизишкон (стоматологҳо), ифрозшиносон (эндокринологҳо) гардида буд. Ҳамагонро сари ин мавзӯъ се суоли асосӣ муттаҳид мекунад. «Кай одамон бӯсаро кашф карданд?», «Барои чӣ ин корро мекунанд?» «Оё аз он фоидае ҳаст?» Мо дар зер як чанд матлабро оид ба ин суолҳо хоҳем овард, вале мебояд ки ҳар нафар ин суолҳоро дар зеҳни худ бар кашад, то ки тафаккури он то чӣ ҳад метавонад оиди ин суолҳо хулоса гӯйи кунад. Симошинос, Во Брайант аз Донишгоҳи аграрӣ ва механикии Техасс тасдиқ мекунад, ки аввалин ёдовариҳои хаттӣ аз бӯса дар матнҳои санскритии соли ҳазору панҷсади то милод дучор меоянд. «Дар ин матнҳо дар бораи ошиқоне, ки «лабҳои худро бо ҳам расонидаанд», гуфта мешавад», мегӯяд, Во Брайант. Одамизод кай ошиқ шуд ва кай маҳбубаи худро ба канор гирифтаааст то ҳол касе муаян накардааст ва намедонад. Маҳз ба монанди ҳамин, ки ошиқон кай лабҳояшонро бо ҳам пайвастаанд, саволи беҷавоб аст. Баъзе тадқиқотчиён бӯсаро хусусияти модарзодии одам меҳисобанд. Барои мисол, Зигмунд Фрейд боварӣ дошт, ки «бӯса –майли табиии (инстинкт) одам аст, ки оғози худро аз майли тифл ба сӯи синаи модар мегирад». Соли 1960 зоологи бритонӣ Десмонд Моррис фарзияе пешниҳод намуд, ки бӯса аз одати хоидани ғизо барои бачаи худ ва сипас аз даҳони худ ба даҳони ӯ гузоштан ба вуҷуд омадааст. «Вақте модар ғизо намеёфт, барои ором кардани тифл чунин рафтор мекард», қайд мекунад, Д.Моррис. Ба монанди дигар доруву даромон ва ҳаргуна гиёҳоҳи шифобахш бӯса ҳам хосяти шифодиҳандагӣ ҳам дорад. Як бӯсаи гарми ошиқона метавонад шахсро аз бистари беморӣ ва ҳатто аз марг наҷот бахшад. Натанҳо бӯсаи ошиқона балки дигар намуди он ҳам метавонад муждаи зиндагии нафаре ва ё сароғози зиндагии касе бошад. Олимон бар он ақидаанд, ки бӯсаро метавон як намуди хоси табобат ҳам номид натанҳо аз ҷиҳати ошиқонаву меҳрубонона ва ғамхоронаву дилсӯзона балки аз ҷиҳати биолигӣ ки дар оби даҳони инсон намуди гуногуни бактерияҳо мавҷуданд, ки дар вақти бо ҳам расидан реаксия дода метавонад, беморро энергия бахшад. Олими австриягӣ, доктор Улф Беминг бӯсаро як роҳи наҷот аз бемориҳо медонад. Ӯ мегӯяд, ки: «бӯса – ин як намуди усули ваксинатсия аст». Вай барои асоснок кардани фикраш мисоле пеш меорад: «дар оби даҳон бактерияҳои гуногун зиёданд, ки 80 фоизи онҳо дар одамон якхела ва 20 фоизашон фардӣ ҳисобида мешаванд. Ҳангоми бӯса маҳз ҳамин бактерияҳо аз одам ба одам мегузарад ва системаи сироятнопазириву муҳофизатиро дар организм пурқувват месозанд. Аслан чигунагӣ ва намуди бӯса дар минтақаи мо як тарзу низоми волои инсонии худро дорад. Аз баски мо мусулмонзодаем ва дар дини ислом ҳастем моро аз ҳаргуна ҳолату амалҳо дар зери чаҳорчубаи худ нигоҳ медорад. Ахлоқи шарқиёнаи мо намегузорад бо аз доираи категорияи инсонӣ қадам берун гузорем. Ҳамин аст, ки бӯса дар мо категории ва вақту мавқеи худро дорад на ба мисли одати ғарбиёна дар ҷомеаву дар миёни нафарон бӯсобӯсиву ишқварзӣ намудан мамнуъ аст. Ҳар мафҳуме, ки мо дар зиндагӣ истифода мебарем ва дар худ тадбиқ менамоем мавқеъ ва хоси чигунагии худро доштааст, ки баъзан мо аз он огоҳӣ надорем ва онҳо бошанд мавриди баҳсу пайгирии олимону коршиносон қарор доранд Фирдавси Абдураҳмон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.