Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ТАҚДИРҲОИ ШИКАСТА Ё ВАҲШОНИЯТИ ТАҶОВУЗКОР АЗ ЧИСТ?

ТАҚДИРҲОИ ШИКАСТА Ё ВАҲШОНИЯТИ ТАҶОВУЗКОР АЗ ЧИСТ?

8-12-2016, 15:23
Хабарро хонданд: 352 нафар
Назарҳо: 0
ТАҚДИРҲОИ ШИКАСТА Ё ВАҲШОНИЯТИ ТАҶОВУЗКОР АЗ ЧИСТ?

ОғОЗ
Ба ӯ ҳукми абад доданд, аммо ман бори аввал аст, аз қатъи ҷазои қатл норозиям. Ӯро то охири умр зиндонӣ карданд, бори нахуст мехоҳам умри ин ҷинояткор дар зиндон ҳарчи дуру дароз бошад. Вайро дар доираҳои қонунҳои амалкунанда суд карданд, аммо бори аввал мехоҳам, ки суд ноодил бошад. Ҳатто орзу мекунам, ки қонун шиканҷаро иҷозат бидиҳад, то ӯро бо мудҳиштарин азоби дуру дароз, ранҷҳои бешумор ва бо дардноктарин шиканҷа бикушанд. Оре, бикушанд, то зиндон ҳам олудаи ҳаромиҳои ӯ нагардад. Вале ӯро ба зиндон барои абад, яъне то мурдан ҷо карданд. Шояд он ҷо чун зиндонии муртаде, чун мурдоре ҳаром бимирад? Зеро вай тақдири тифлеро барои абад зиндонӣ кард. Зеро ҳаёти ширини кӯдакеро аз ӯ рабуд! Зеро тифлеро барои абад бадбахт кард, ки ба одам, имону инсофи ӯ ва эҳсосу идроки инсонияш дигар бовар насозад. Духтарчаи панҷсолаи дунёбехабаре бо азоби алиму дарди ҷонкоҳ барои абад бакорат, покӣ, иффат, номус, қадр ва тифлии беғашашро бо дасти палиде, ки ӯро аз ҷинси зан буданаш пушаймон кард, барои абад дар миёни хоку хуну ахлот ва дур аз модару манзил аз даст дод. Бо чӣ даҳшате…
ПУШАЙМОНӢ
Сармуҳаррир ба дастам парвандаеро дода гуфт: «Фикр мекунам дар навиштани ин мақола касби ҳуқуқшиносӣ тавъам бо журналистика кӯмакатон мекунад, ки онро ба хонанда дуруст бирасонед». Чун ба утоқи корӣ баргашта онро хондам, аз ҳарду ихтисосам ҳам пушаймон шудам. Нафратам ба тинати он ҳайвони инсонбашара ончунон зиёд шуд, ки дигар ҳама касу ҳама чиз ба назарам олудаву нопок менамуд. Ду ҳафта бемор шудаму бо ёрии доруҳои оромбахш даҳшати дар он пораҳои коғази парвандаи ҷиноятӣ сабтшударо каме аз ёд бурдам. Вале боз дирӯз роҳбарамон аз тақдири он мақола пурсон шуданду ман бори дуввум бо аз даст додани саломатӣ ба мутолиаи он парвандаи ҷиноятӣ пардохтам. Андешае таркам намекард, чӣ тавр кормандони милиса, суд, прокуратура ва мақомоти дигари ба чунин амалҳо сарукордошта, бо донистани тафсилоти ин қадар «ҷиноятҳо зиндагӣ мекунанд?» Сад офарини асабу дилҳояшон гуфтам.
Парвандаи ин ҷиноят аз дигар парвандаҳо фарқ намекунад. Дар он ҳодиса бо хурдтарин ҷузъиёташ тасвир мегардад ва гаштаву баргашта навишта мешавад, ки ҷиноят чӣ тавр рух дода буд.
Қалам болои варақро сиёҳ мекунаду пардаи об, чашмонамро кӯр мекунанд, вале бояд бинависам…Дар бораи хушунати ҷинсие, ки бо ҷинояти сангин нисбати тифлаки бахтбаргаштае амалӣ кардаву рӯҳи ӯро то абад дар қабзаи тарс ҷо кардааст.
Чӣ Намозалиро ҷинояткор карду кӣ Гулбаҳорро бадбахт?
Мегӯянд, ки дар ташаккули шахсияти инсон муҳимтарин нақшро нахуст ирсият мебозад, баъд волидон, яъне оила, сипас мактаб, баъд ҷомеа. Рӯҳшиносон, вақте ки инсоне ба разолату қабоҳат даст мезанад, ин ҳамаро пажӯҳиш мекунанд. Аммо дар ин парвандаи ҷиноятӣ чун дигар парвандаҳо пажуҳиши психологӣ нест. Андешаҳои зидду нақиз водорам мекунанд, ки худам хулосаҳо барорам.
Ҷинояткор Сатторов Намозалӣ Қурбоналиевич соли 1989 дар ноҳияи Восеъ, дар оилаи Қурбоналӣ Сатторов ва Фирӯза Одинаева, ки ду сол қабл аз таваллуди кӯдакашон хонадор шуда буданд, ба дунё омадааст. Ӯ ҳанӯз яксола нашуда, волидон бо сабаби муноқишаҳои оилавӣ аз ҳамдигар ҷудо мешаванд. Намозалии хурдсолро модараш бо худ ба шаҳри Кӯлоб мебарад. То синфи 7 вай дар мактаб хонда, баъдан онро тарк карда, дар бозорҳои шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Душанбе оворагардӣ ва дуздӣ карда мегардад. Ду бор ҳанӯз замони ноболиғӣ ҷиноят содир карда, бо ҳукми судҳои ноҳияҳои Мӯъминобод ва Фирдавсӣ ҷазояш таъин мекунанд, бори нахуст бинобар ноболиғ будан авф мегардад. Бори дуввум ду сол маҳбасӣ мешавад.
Падараш дар ин муддат гӯё боре аз худ намепурсад, ки тақдираи фарзандаш чӣ шуд? Вақте аз ҳолаш хабар меёбад, ки соли 2013 ҷинояти дуздӣ содир карда буд.
Тавре аз парвандаи охирини Намозалӣ мехонем, гӯё падар 26 сентябри соли 2014 писарашро дар бозори «Саховат», ки ин мард он ҷо устои барқ аст, дида насиҳат мекунад, ки «ба роҳи рост равад». Ин дар ҳолест, ки писараш 25-сола асту аллакай 3 маротиба ҷиноят содир кардааст. Магар падар танҳо бо сабаби аз модари фарзандаш ҷудо шудан, ҳақ дорад, ки дигар боре аз ҳолу аҳвол, тарбияву таъмини фарзанд хабаре надошта бошад? Намозалӣ чӣ тавр ва дар кадом муҳит ба воя расидааст, маълум аст. Нафаре, ки то 25- солагӣ 4 ҷиноят мекунаду охиринаш бо ваҳшонияти гӯшношунид, магар дар муҳити солим тарбия гирифтааст? Ҳаргиз.
Ҷабрдида З. Т. ҳамагӣ панҷунимсола аст. Модари ин тифлаки маъсум Гулбаҳор Зокирова дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Вахш дидаву дониста, ки Толиб Пиров ном мард зану фарзанд дорад, ба никоҳи ӯ даромада, ба қавле «зани дуюм» мешавад. Онҳо аз ин ҳамзистӣ ду фарзанд таваллуд мекунанд. Соли 2010 Толиб Пиров мефавтаду зани дуввум - Гулбаҳор бо ду фарзанди хурдсол «танҳо» мемонад. Хонадони аслии шавҳараш мусаллам аст, ки ӯро қабул намекунанд, дар хонаи волидонаш ҳам дигар барои ӯ ва кӯдаконаш ҷой нест. Янгааш ӯро ба хона роҳ намедиҳад. Аҷаб инсонҳое, на янга ва на бародари хунияш андеша намекунанд, ки тақдири баъдинаи ин зани ҷавон ва ду тифлакаш чӣ мешавад? Аслан чаро духтар ба хонаи падарӣ гӯё ҳақ надорад? Ин ҳам як навъи хушунати ҷинсӣ аст, мутаассифона дар мо чун анъана қабулгаштааст. Зани ҷавон бо ду кӯдаки ноболиғ ба Қӯрғонтеппа меояд, то коре пайдо карда, рӯзи фарзандонашро гузаронад.
Чун ӯ дар хобгоҳе ҳуҷраи зист мекобад, раҳбари он Манучеҳр Содиқов ба хотири ду тифлаш мардеро, ки охирин ҳуҷраро ба иҷора гирифта буд, аз он берун кардаву ин занро ҷо карданӣ мешавад. Вале ин як кори хайр оқибат боиси ҳодисаи мудҳише мегардад, ки бо шунидани он дунё дар назари кас торик мешавад.

Намоз + Мулло =палид?
Шояд касе аз инҳо чӣ сардори хобгоҳ ва чӣ ин зани танҳомонда намедонистанд, ки ин «иҷорашин» ҷинояткорест, ки аз маҳбас гурехта, мардикори бозор гаштааст. Ӯ худро ба атрофиён «Муллоқул» муаррифӣ мекунад. «Мулло», ки акнун дар сар нақшаи ҷинояти навбатиро мекашид, ин зани ҷавони бесоҳибу гумроҳро фирефтаи доми худ карда, ваъда медиҳад, ки ӯро ба никоҳаш дароварда, ба занӣ мегирад.
Аҷоибанд баъзе занҳои мо, онҳо барои шавҳар кардан, аниқтараш "«сарпараст» ёфтан чизеро таҳқиқ накарда, ба никоҳ зуд розӣ мешаванд. Гулбаҳор Зокирова низ бори дуюм беандеша гӯё «шавҳар» мекунад. Вале чӣ шавҳаре! Ҷинояткори фирорие, ки 3 бор ҷиноят кардаву умрашро бо дуздиву оворагардӣ сарф кардааст. Аммо дар назари ин зани хом «мулло».
«Мулло» (дар асл Намозалӣ) ҳар бегоҳ барои Гулбаҳору кӯдаконаш, ки писарчааш чорсола ва духтарчааш панҷунимсола буданд, хӯрока меоварду онҳо ӯро «ака» мегуфтанд ва аз омаданаш шодӣ мекарданд. Аммо дар хонаи иҷорае, ки акнун онро дар шаҳри Қӯрғонтеппа «Мулло» ёфта буд, гӯё бо сабаби ҳанӯз никоҳ надоштанаш бо Гулбаҳор ҳамхонагӣ намекардааст. Вале сабаби аслӣ дар дигар ҷост, ки онро ин зани содда ё бепарво вақте мефаҳмад, ки дигар «кор аз кор» гузашта буд. Бо гузашти чанд моҳе аз ин «меҳрубони»-ҳои «Мулло» зан пурра ба ӯ бовар мекунад.
«Мулло», ки дар сар нақшаи дигар дошт, пагоҳии рӯзи 24.09.2014 ба модари кӯдакон Гулбаҳор Зокирова мегӯяд, ки писару духтарашро ба сартарошхона бурданист. Модар дасту рӯи тифлаконашро шуста, либосҳои тоза пӯшонида онҳоро ба дасти ин марде, ки гӯё шавҳараш маҳсуб мешуд, вале дар асл тамоман бегона буд, бепарвоёна медиҳад. «Мулло» бачаи Гулбаҳорро дар сартарошхона монда, бо баҳонаи ба бозор бурдани духтарча, ӯро бо худ гирифта аз сартарошхона берун мешавад. Дар сари ин марди палид нақшае давр мезад, ки инсони оддӣ наметавонад ба гӯшаи хотираш ҳам онро роҳ диҳад.
«Мулло», яъне Намозалӣ Сатторови ҷинояткор ба бозор рафта, дар яке аз ошхонаҳои он 150 грамм арақ ва як «бокал» пиворо нӯшида, духтарчаро бо таксӣ шинонида, ба шаҳри Душанбе мебарад.
Аз бозори «Саховат»-и шаҳри Душанбе низ чанд дона «кардон» (коғази ғафс) дастрас карда, як шиша арақ, компот, як скотч ва нону ҳасиб харида, то торик шудан интизор мешавад. Баъдан бо маршрутка кӯдакро гирифта, ба роҳи ноҳияи Ҳисор дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ мебарад ва дар наздикии майдони ҷуворимакказори хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Юсуф»-и ноҳияи Рӯдакӣ пиёда шуда, ба даруни замин медарояд. Тифлаки панҷунимсола, ки аз ин «сафар»-и дуру дароз бо «акааш» чизеро намефаҳмид ва рӯзи дароз хаста шуда буд, барои қазои ҳоҷат меравад.
Намозалӣ Сатторов, ки ҳар як қадамашро пештар ба нақша гирифта буд, кардонҳои овардаашро рӯйи замин паҳн мекунад. Аз арақи ҳамроҳ овардааш боз нӯшида, аз компот ба духтарча медиҳад. Бо фаро расидани торикии пурра бо скотчи овардааш даҳони тифлаки панҷунимсола ва дастони ӯро баста ӯро таҷовуз мекунад. Духтарча аз сахтии дард беҳуш мешавад. Ин ҳайвони одамсурат бо ин амали сангинаш қаноат накарда, баъди тақрибан 40 дақиқаи беҳушӣ, кӯдакро ба ҳуш меорад. Тифлак гирякунон тавалло мекунад, ки: «Акаҷон маро ба пеши очаам бубар». Аммо «Мулло»-и палид, ки акнун ба даррандае шабоҳат дошту дигар аз ҳисси инсонӣ чизе дар вуҷудаш намонда буд, боз нақшаи амали аз пештара ҳам сангинтарро аз дил мегузаронд. Ӯ ба кӯдак ваъда медиҳад, ки «ҳозир ӯро ба назди очааш мебарад». Вале худ бо гузаштани танҳо як соате аз он даҳшати ба сари ин тифлаки бегуноҳ омада, бори дуввум ӯро аз маъқад таҷовуз мекунад. Тифл аз зӯрии дард, қазои ҳоҷат карда, боз аз ҳуш меравад. Аммо ин палидтарин ҳайвон бо номи Намозалӣ ва лақаби «Мулло» кайфият бардошта, паҳлӯи ин ҷисмаки оғӯштаи хуну ахлот, ки беҳушу беёд буд, ӯро оғӯш карда, ба хоб меравад.
Субҳ, вақте ин фосиқи ҷинояткор аз хоб бедор мешавад, ки офтоб аллакай баромада буду кӯдак нолиши баланд дошт ва ҳанӯз чашмонаш пӯшида бехуду беёд, дар таб месӯхт. «Мулло» ӯро дар ҳамин аҳволи оҷизона партофта, фирор мекунад. Дигар кай ин кӯдаки даҳшатзадаву озордидаи маъюбгашта ба худ меояд ва бо чӣ азобе худро аз замини макказор берун мекунад ва чӣ ҳоле дошт, ӯ медонисту Худо. Дар ин замини дур аз хонаву модар ва сару рӯйи хунолуд либосҳои пурахлоту хун танҳои танҳо буду тамоми аъзои баданаш дардманд.
Духтарча намефаҳмид, ки «акааш» ӯро ба куҷо овардааст. Чаро ӯ ин қадар дард кашиду мекашад ва барои чӣ миёни ин замину осмон ӯ танҳост. Тифлак бо он ақли ҳанӯз шаклнагирифтааш дарк намекард, ки ин озорро вай барои чӣ бояд бикашад? Танҳо як чиро ин тани хуншору ахлотолудааш эҳсос мекард, ки дар таб месӯхту об мехост. «Оча», мегуфту «об». Дигар ҳеҷ. Худро аз замини ба назараш беҳудуд ба сари роҳ кашид, ҷӯйи равонеро дид, вале аз он об нӯшида натавонист. Охир ӯ ҳамагӣ панҷ сол дошту ин наҳр ба назараш дарёе буд. Қад-қади ҷӯ роҳ мекофт то ба ҷое расид, ки одамеро дид.
Тармимгари баллонҳои мошин Маҳмадулло Зубайдуллоев, ки дар роҳи марказии Душанбе –Қӯрғонтеппа дӯкон дорад, рӯзи 25.09.2014 ин духтарчаи ҷӯлидаро дида, ба ӯ об медиҳад ва аз либосҳои хунолудааш рамуз гирифта, ба назди кормандони БДА, ки дар қариби дӯконаш дар роҳ буданд, рафта ҳолро баён мекунад. Аммо то соати 16-и рӯз мунтазир мешаваду ин кормандони мақомот ба ин иттилоъ беэътиноӣ карда намеоянд, чорае намебинанд. Ба М. Зубайдуллоев, ки дубора ба наздашон меравад, мегӯянд, ки «ба ШКД ноҳияи Рӯдакӣ занг бизанад». (Ана инҳоро «намояндагони ҳифзи тартибот» мегӯянд! -муаллиф).
Соатҳои 17 (як рӯзи дароз ҳолати тифлаки таҷовузшударо тасаввур кунед). М. Зубайдуллоев аз муаллима С. Давлатова хоҳиш мекунад, ки сару рӯи кӯдакро тоза карда, либосҳои набераашро ба ӯ пӯшонад ва тифлакро ба шуъбачаи ШВКД-и ноҳияи Рӯдакӣ бурда месупоранд.
Муаллима С. Давлатова ба радиои Душанбе низ занг зада, дар бораи ин кӯдаки гумшуда хабар медиҳад. Дар интернет ҳам хабари ёфт шудани духтарчаро донишҷӯе пахш месозад. Шаби дуюм модари духтарча, ки то ин дам аз гум шудани фарзандаш бо «Мулло» аллакай бо тавсияи ҳамсоягонаш ба милиса хабар дода буд, огоҳӣ меёбаду бо кормандони милисаи Қӯрғонтеппа якҷоя омада,ӯро мебаранд.
Намозалӣ - «Мулло» он ҷинояткори палиду беимон баъди ин ҷиноят боз ду ҳафтаи дигар дар озодӣ мегардад. Баъд аз он ба дасти милиса бо ёрии як аробакаши бозор, ки аксашро дар интернет дида буд, супорида мешавад.
Марди 25-солае дар қолаби инсонӣ ва ботини ҳайвонӣ ҷиноятеро содир кард, ки бо қисми 3 банди «б» моддаи 130 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон одамрабоӣ бо мақсади шаҳвонӣ, истисмор кардан ва дуздидани ноболиғро пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин кирдори ин палид бо қисми 3 банди «а» моддаи 138 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои таҷовуз ба номус бо истифодаи зӯроварии махсусан сангдилона, бо истифода аз ҳолати оҷизонаи духтарчаи баръало ба синни чордаҳ нарасида, мувофиқат мекунад. Ин ҷинояткор ҳамчунин бо қисми 4 банди «а»-и Кодекси ҷиноятӣ ҷавобгариро барои зӯроварии шаҳвонии такроран аз ҷониби шахси қаблан таҷовуз содиркарда, бо бераҳмии махсус содир кардааст.

Хотима
Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ ба Намозалӣ Сатторов бо қисми 1 моддаи 365 қисми 3 банди «б», моддаи 130 қисми 3 банди «а», моддаи 138 қисми 4 банди «а» ва моддаи 139-и Кодекси ҷиноятӣ ба ҳукми абад ҷазо таъин шуд. Вале ҳанӯз суоле боқист, ки ҷиноятҳои содиркардаи ин ҷавонмарди оилаву фарзанддор, ки бо сангиниву бераҳмиҳояш касро ба даҳшат меафканад, аз чӣ сарчашма мегирад?


Аз оне ки ӯ дар тифлӣ бепадар мондаву худро шахси бенасибмонда аз меҳри волидон меҳисобид? Ё дар ирсияти ӯ ин эҳсоси ҳайвонӣ, ин бераҳмии махсус ва ин рафторҳои ғайриинсонӣ реша доштаанд? Ё ӯ қасди тифлии бадбахтонаашро аз тифлаки маъсум, дидаву дониста гирифт? Ё ӯ аз зоти инсон нест?
Ҳарчанд ҳукми абад барои ин палид дараҷаи олии ҷазост, аммо ҳар гоҳе, ки варақ-варақ тафсилоти лаҳзаҳои таҷовузи он духтарчаи ноболиғ аз навори ёди ман мегузарад, як доруи дигари оромкунандаи асабро фурӯ мебараму меандешам: «ҳукми қатл» ҳам барои чунин нафарон он қадар ҷазои сахт набудааст. Гоҳе ҷиноятҳоеро мешунавӣ, ки андешае тафаккуратро банд месозад: «Кошкӣ, дар баровардани ҳукми чунинҳо адолати судӣ намебуд».
Ман ин лаҳзаҳо чанде аз худ розиям, ки пайи ихтисоси ҳуқуқшиносиям нарафтам, ҳарчанд метавонам дар ин ҳолат норозӣ бошам, ки чаро журналист шудаам, то қаламам дар навиштани чун ин разолат олуда нагардад.
…Тақдири шикастаи тифлаки панҷолаву маъсум ба солҳо андешаи маро тарк нахоҳад кард. Духтарчае, ки ҳанӯз дар тифлӣ аз ҷинси зан буданаш таҳқир шудааст, Илло ӯ дигар гуноҳе надорад…

Тақдирҳои шикаста. Оилаи ваӣрони волидони Намозалӣ. Оилаи ғайриқонунии Гулбаҳор ва сари чорроҳаи тақдир бесаробону сарпаноҳ мондани ӯ. Ҷинояткор шудани ноболиғ бе дасти тараҳҳум ва тарбияи падар мондани писарбачае бо сабаби вайроншавии хонадоне. Сабукфикрии зани бехонаву дар, ки танҳо барои рӯзгузаронӣ розист, ки ба ҳар касе набошад, шавҳар кунад.
....Ва тақдири шикастани тифлаки маъсуме, ки натиҷаи он тақдирҳои бади дар боло ишорашуда буда, касофаташ ба ин духтараки бе ин ҳам бадбахти бепадар расида ва то абад дар ҳаёти ӯ нақш нда…..
Хуриннисо А
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: