Муовини якуми Раиси Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон,
доктори илми фалсафа
Бо тақозои тақдир ва лутфу эҳсони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароям муяссар гаштааст, ки бо ин марди шариф ва фарзонасират якҷоя кору фаъолият намоям. Ҳар як сухан, дастуру супориш ва кору фаъолияташро бароям мактаби бузурги ибрат, сабақомӯзӣ ва эҷод медонам. Дар тӯли зиёда аз бисту панҷ соли кор Ҷаноби Олӣ марди қавлу амал ва ҷавонмардию фидокориҳояшро ба манфиати халқу Ватан ва ободии кишвар нишон додааст.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шуданаш дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд барпо гардид, бо вуҷуди нооромиҳо ва ҷангҳои ҳамватанӣ қотеона иброз доштанд, ки “тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷони худро нисор мекунам”. Ва мо дидему шоҳид гаштем, ки Пешвои миллат ҷони худро дар хатар гузошта, ба ин аҳди худ устуворона гом бардоштанд. Мардумро ба сулҳу ваҳдат оварданд, гурезаҳоро баргардонданд, иқтисодро аз буҳрон наҷот доданд ва имрӯз кишварро ободу сатҳи зиндагиро беҳбуд бахшидаанд.
Аз ҷумла бо ёдоварӣ аз нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии 7 соли охир гуфтан мумкин аст, ки маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, сарфи назар аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, аз 9,3 миллиарди соли 2006 дар соли 2016 ба 44 миллиард сомонӣ расид ва суръати миёнаи афзоиши солонаи он қариб 6 фоизро ташкил дод. Дар ин давра даромадҳои пулии аҳолӣ 4,2 баробар, ҳаҷми пасандозҳои бонкӣ 4,5 ва маоши миёнаи воқеӣ 5,5 баробар зиёд шуд.
Дар робита ба сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон, ки бо ҳидоятҳои Сарвари давлат ташаккул ёфтааст, тазаккур додан лозим аст, ки сиёсати хориҷии мо ҳамчун сиёсати маъруфи “дарҳои кушода” ба татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон равона шудааст, ки он барои касб намудани ҷойгоҳи муносиби кишвар дар арсаи ҷаҳон беш аз пеш мусоидат менамояд.
Ҳамчунин Президенти муҳтарами кишвар таъкид намудаанд, ки: “Мо бо тамоми кишварҳои ба мо хайрхоҳ робитаҳои дӯстона ва ҳамкориро идома дода, дар навбати аввал муносибатҳоямонро бо ҳамсояҳои наздики худ дар асоси усулҳои эътирофгардида ва пазируфташудаи эҳтироми мутақобил ва ҳусни ҳамсоягӣ тавсиа ва тақвият мебахшем”.
Истиқлолияти давлати мустақили тоҷикон, ки бо номи мубораки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии зич дорад, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории халқи сарбаланду мутамаддини мо мебошад, ки бисту панҷ сол инҷониб номаи тақдирашро бо дастони худ эҷод карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хоссаи худро пайдо намудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳини ба мансаби Президенти Тоҷикистон интихоб шуданашон “ба номи поки Худованди мутаол, ба номи неку муқаддаси Тоҷикистон, ба кӯҳҳои пурганҷ ва осмонбӯси он, ба водиҳои зарнисору боғу бӯстонҳои хуррами он, ба хотири эҳтироми падарону модарон, наврасону ҷавонон, тифлакони гаҳвора ва умуман ба ҷони беш аз 8 миллион шаҳрванди кишвар” савганд ёд карда, таъкид доштанд, ки: “Тамоми ҳаётамро, орзую андешаҳоямро ва фикру зикрамро фидои имрӯзу фардои неки халқи азизам ва Тоҷикистони маҳбубам месозам”.
Ҳамин аст, ки бо ҳидояту роҳнамоии Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифу қаҳрамони тоҷик аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, дар тӯли чаҳоряк асри соҳибистиқлолӣ ба хотири ободии Ватан раванди созандагӣ, яъне бунёди нерӯгоҳу нақбҳо, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро пеш гирифт.
Дар баробари ин, Роҳбари давлат таъкид менамоянд, ки муҳаббат ба Ватани аҷдодӣ, таърихи пурифтихори миллат ва ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунпарварамон моро барои ҳарчи бештар аз худ кардани дастовардҳои ҷаҳони муосир, пешрафти илму техника ва тараққиёти рӯзафзуни давлатҳои мутамаддини олам, яъне баробар бо ҷомеаи пешрафта қадам бардоштан ҳидоят ва водор менамояд.
Яъне мо ҳар қадар Ватанамонро дӯст дорем, бояд ҳамон андоза кӯшиш намоем, ки аз ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ пешраванда қафо намонем, ҳамкориҳои худро бо кишварҳои тараққикардаи олам густариш диҳем, арзишҳои илму фарҳанги умумибашарӣ, дастовардҳои техникаву технологияи муосир ва кашфиёту бозёфтҳои навтаринро омӯзем ва кӯшиш кунем, ки мисли ниёгони некноми худ ба тамаддуни башарӣ ҳиссаи арзишманди худро гузорем.
Ба таъкиди Ҷаноби Олӣ нақшаҳои азими созандагиву бунёдкорие, ки мо барои даҳ – понздаҳ соли оянда пешбинӣ кардаем, маҳз ба хотири рушди бонизоми иқтисодиёти мамлакат, густариши фаъолияти соҳибкорӣ, ҳарчи бештар муҳайё намудани ҷойҳои кории нав, афзун гардонидани даромади аҳолӣ, ободии Ватан ва беҳтар намудани некӯаҳволии мардуми кишварамон равона шудаанд.
Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба гӯшаву канори Тоҷикистони азиз сафар менамояд ва ҳамеша ба мулоқоти мардум мешитобанд, то бо розу ниёзашон аз наздик ошно гардад, садои дилашонро бишнавад. Ӯ дар аснои роҳ ба қуллаҳои кӯҳсорони Бадахшону Зарафшон, Ҳисору Рашту Хатлон, ки аз партави хуршеди саҳаргоҳон арғувонӣ мегарданд, дида медӯзад, андешаҳояш ба умқи таърих фурӯ мераванд ва ҳодисоти замона ба ҳам омехта гардида, пеши чашмонаш ҷилвагар мешаванд. Чунин мепиндорад, ки қуллаҳо аз афкори оливу бегазанд, аз ҷавҳари андешаҳои лоязолии фарзандони бузурги миллат, аз хуни поку муқаддаси қаҳрамонон, ки ҳаёти худро нисори озодиву истиқлоли Ватан намудаанд, медурахшанд ва ҷило медиҳанд.
Сарвари давлат дар хусуси он меандешад, ки тоҷикон дар сайри таърихӣ, дар гирудор ва фоҷеаҳои хунини рӯзгор такя ба забону фарҳанги нотакрор ва такя ба ҷавҳари маънавиёти воло намуда, умри ҷовидон ёфтаанд.
Сарвари давлат пирамардеро пеши назар меоварад, ки сар то по ғарқи нур буда, хомаашро дар анвори дурахшони офтоб тар намуда, дар қуллаҳои осмонбӯс се ҷавҳари поки рӯзгори башар – кирдори нек, гуфтори нек, пиндори некро сабт менамояд, то ки онҳо ба назари ҷаҳониён ҳамеша тобон бошанд ва роҳнамои рӯзгори онон гарданд.