Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нидои хирад: Ваҳдат ва хотираи таърихӣ

Нидои хирад: Ваҳдат ва хотираи таърихӣ

27-06-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 459 нафар
Назарҳо: 0
Нидои хирад: Ваҳдат ва хотираи таърихӣМардуми шарифи Тоҷикистон дар роҳи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар фарқият аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ давраҳои хеле мушкилу пуртазодеро пушти сар намуд. Дар сароғози таъсиси давлати навини миллӣ, ки як замони хеле ҳассоси таърихро дар бар мегирифт, бархурди манфиату ҷаҳонбиниҳо, фарҳангҳо, маҳалҳо, идеологияҳо ва афкори шахшудаву радикалӣ бо нофаҳмиву мавқеъгириҳои беасосу бебунёд, зӯровариву таҷовуз, қатлу куштору ғорат ва дар маҷмӯъ ба ҷанги шаҳрвандии миллате бурд, ки ба шарафу номус, фарҳангу солор, давлатдориву сомон ва шаҳомати он ҳеҷ созгор набуд ва ҳамчун доғи абадӣ дар пероҳани сафеду ҳарири вай барои ҳазорсолаҳо боқӣ хоҳад монд. Ҷанге, ки бо таҳрики абарқудратону баъзе кишварҳои минтақа ва «лӯъбатакон»-и ҷоҳилу камхирад ва манфиатхоҳу давлатталаб сар зад, зиндагиву рӯзгори халқро хароб ва кишварро ба ҷуғзхона ва майдони набарди манғитсириштони ғоратгар, ки гоҳе ҳам аз дастархони падар нон нахӯрда буданд, табдил дод.

Озодие, ки миллат дар орзуву ормони вай ҳазорсолаҳо талош мекард, ҳамчун меҳмони нохонда бесадову беғурур ва гунаҳкорона вориди хонадони тоҷик гашт, аммо чӣ шӯре буд, ки халқи ба таҳаммулгароӣ ва инсондӯстиву беозорӣ ном бароварда онро бо ҷанг пешвоз гирифт. Шояд бовар надошт ва шак мебурд, ки ӯ озод аст?! Ё шояд ба қадри озодӣ нарасида, ҷангро аз сулҳу оромиш авлотар донист?! На ва ҳаргиз на, зеро халқи ҷовидонхиради тоҷик аз таҷрибаи талхи таърихӣ огоҳ буд ва хуб медонист, ки ҷанг чист, озодӣ чист, зиндагии ором чист. Ӯ барои дифоъ аз хонадон ва давлату ҳаёти бошарафонаи худ бархоста буд. Аз давлате, ки дар доираи қонунҳо барои вай саодат, адолат ва шарафу номусро ато карда, роҳ ба сӯи сулҳи саросарӣ ва хушбахтии инсониятро пеша карда буд. Бовар дошт, ки он таҳаввулоти беасосу бебунёде, ки аз ҷониби гурӯҳҳои чанде ба хотири тадбиқи кадом як устураҳои бофтаву сохта пуштибонӣ мегарданд, бо пофишориву ҷабҳанишинии онҳо ба итмом мерасад ва метавонанд ба давлати дар ҳолати сакарот қарордошта, умри тоза бахшанд ва онро эҳё намоянд.

Дар он рӯзҳо ин андешаҳо ба ормоне монанд шуда буданд, ки дастёб гаштан бар онҳо ғайриимкон ба назар мерасид, зеро таърих аллакай дар масири навини хеш интихоби худро карда буд. Манфиатхоҳон бо истифода аз ин гумроҳии халқ ва дур будани он аз мақсади аслии тарроҳони бозиҳои сиёсӣ кишварро ба хоку хун кашиданд, зеро қудратхоҳӣ ва ҷоҳталабӣ дидаҳои онҳоро кур карда буд ва онҳо ба ҷуз аз манфиат дигар чизеро дида наметавонистанд.

Дигар барои онҳо на «панди бузургон» буду на «ҳикмати ниёгон» ва на таърихи андарзи гузаштагон. Сарфи назар аз он ки аз умқи таърих хвайдакномаҳову шоҳномаҳо, рӯдакиҳову саъдиҳо, байҳақиҳову ғафуровҳо гӯшрас месохтанд, ки «зи таҷрибаи рӯзгор баҳра гиранд»-у аз таърих омӯзанд, вале инҳо ба ҷуз пандномаи хушку беасос, дигар барои онҳо чизе набуд.

Гурӯҳҳои ба исёномада ва ташнаи қудрату савлат бо як маҳорати бузург тамоми нерӯҳои дӯзахро, ки дар талоши куштори инсонҳо буданд, бо ҳам ҷамъ оварда, мехостанд зӯрӣ ва зулматро намунаи барҷастаи давлатдорӣ ҷилвагар кунанд. Ин нерӯҳои муташаккили ҷаҳаннам ва ё лашкари зулматсиришт бесабаб зуҳур накарда буданд, чунки адами сабру таҳаммул, мурувату мадоро ва некиву фазилатпарастӣ, ки ба ташаннуҷи эҳсосот ва бехирадиву ҷабҳанишинӣ бурда буд, бо исимайдонбозиҳои ин нерӯҳо гардид.

Ақлу хирад ва ҳикмату адаб пойбанди эҳсосот гашта, лаҷоми худро ба дасти ҳайвонсириштон дода буданд. Дигар ба ҷуз аз бархурди манфиатҳо ва интихоби ҷанг чизе боқӣ намонда буд. Ҷанг ногузир вориди кишвар ва ҳар як хонадон гашта, садҳо ҳазор куштагон, харобиву ақибмондагӣ ва сиёҳиву торикиро ба ёдгор гузошт. Таърих мартабаи чандум ба тоҷикон гӯшрас кард, ки ҷанг чист, нобоварӣ чист ва парокандагиву адами ваҳдат миллатро ба куҷо хоҳад бурд. Ин нидои хирад буд!

Ваҳдати деринтизор
Пушаймонӣ суд надошт, вале шарафу номус аз гиребони тоҷики гумроҳгашта ва бозичаи дасти дигарон шуда гирифт ва ӯро маҷбур сохт андеша кунад ва Ватанро аз вартаи ҳалокат раҳо бахшад. Ҳамин буд, ки дар замоне, ки ҳаёту мамот ва тақдиру сарнавишти Ватани азизамон ҳал мегашт, гурӯҳҳои даргир бо ҳам оғӯш кушоданд ва «расми хуби тоҷикон»-ро эҳё бахшиданд. Сулҳ ва Ваҳдат ба макони худ баргаштанд. Аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ Ҳукумати навтаъсиси Оштии миллӣ бо кӯмаку дастгирии тамоми қишрҳои ҷомеа, созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дӯст тавонист халқи ҷудогаштаро бо ҳам муттаҳид созад. Миллати ба номусомада тамоми нерӯи худро сарф намуд то ин порча хоки меҳан, ки аз гузаштагон ба дасти ӯ ҳамчун амонат вогузор шуда буд, ба мисли гавҳараки чашм нигаҳ дорад ва сулҳу оромиш, таҳаммулу мадороро пешаи худ қарор диҳад.

Ба хотири бузургдошт аз Ваҳдати саросарии кишвар Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон хосатан таъкид сохтанд, ки «ҷомеа ё миллате, ки ғояи ваҳдати миллӣ надорад, ҳамеша эҳтимолияти ба бӯҳрони сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гирифтор шуданаш мавҷуд аст. Зуҳури падидаи Ваҳдати миллӣ аслан марбут ба ташаккули давлати миллист, зеро маҳз дар доираи давлати миллӣ зарурате ба даст овардани эҳсоси умумияти ягонаи сиёсии мардум, ки дар як воҳиди маъмурӣ зиндагӣ мекунанд, боло меравад». Ин таъкиди Президенти кишвар дар хусуси Ваҳдати миллӣ ва эҳсоси умумияти ягонаи сиёсии мардум бе сабаб набуд, зеро расидан ба чунин хулоса дар як рӯзу як соат ба даст намеояд. Қобил ба зикр аст, ки таҷрибаи талхи ҷанги таҳмиливу шаҳрвандӣ дар кишвар ва суботи ҷомеа баъд аз имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба сароҳат нишон дод, ки дар сурати бо ҳам сарҷамъ гаштани миллат тоҷикистониён ба чи нерӯе соҳиб хоҳанд шуд. Ба хусус таҳаммулпешагӣ ва инсондӯстӣ, ки аз ҷавҳару асилияти мардуми мо сарчашма мегирад, қодир ба он аст, ки тамоми қишрҳои ҷомеаро як тану як рӯҳ сохта, ҳамчун нардбон барои дирӯзу имрӯзу фардо хидмат намоянд. Ин худ обишхуре ҳаст, ки появу бунёди Ваҳдати миллиро гузошта, боиси рушду такомул ва пешрафти давлату ҷомеа гашта, тавассути он ҳар фарди кишвар ҳисси ҷавобгар будани худро дар назди Офаридгор, миллат, давлат, ҷомеа ва инсон дарк намояд. Дар партави он миллати дорои гузашта ва имрӯзаи бою ғанӣ, ки бо сабабҳои парокандагиҳои сиёсӣ аз иттиҳоди худ дур гашта буд, барои барпо сохтани сарзамини ягонаву муттаҳид фаъолият намояд. Ҳамзамон тамоми нерӯ ва эҳсосоти аҳолии ҷумҳурӣ ба хотири дифо аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, озодӣ, япорчагӣ, садоқат ба Модар-Ватан ва рӯҳи бузурги гузаштагон равона созад.

Баъд аз сипарӣ гаштани беш аз ду даҳсола имрӯз низ бо тамоми масъулият бояд дарк кард, ки муттаҳидии миллат, дурӣ аз ҳар гуна таассубот маҳалбозиву маҳалгароӣ ва қавмпарастӣ, муттаҳидӣ ба хотири таъмини сулҳу субот ва осоиштагии миллӣ ин кори як рӯзу ду рӯз набуда, роҳбарии ҳакимонаву дурбинонаро тақозо дорад. Бо сухан ва дар рӯъёву хаёл «эъмор кардани ҷомеа»-и ормонӣ фаъолияти бузургеро талаб надорад, вале дар амал сохтани давлати миллӣ дар доираи арзишҳои демократӣ ва дунявӣ кори саҳлу осон нест, ки ҳар шахси ҳардамхаёл аз уҳдаи он барояд. Ҷомеаи муосири тоҷикон дар сароғоз ва дар марҳилаи аввали даврони истиқлолият, миқдори зиёди «меъморони ҷомеаи навин»-ро дид ва имтиҳон кард, ки ба ҷуз аз эҳсосоти ифоданашаванда, манфиатхоҳиҳои гурӯҳӣ дигар на миллату на арзишҳои фарҳангии он, на равандҳои воқеии сиёсии ҷаҳони муосиру на ҳамгироии минтақавӣ ва на хатарҳои бузурги глобаливу амнияти минтақа ва кишвар ба назар гирифта намешуд.

Ҷои шакку шубҳа нест, ки дар раванди давлатсозии навини миллӣ дар низоми иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар мушкилиҳои зиёде вуҷуд доранд, ки онҳо монеаи асосии пешравии Тоҷикистон гашта, нодида гирифтани онҳо ин худ нобиноии сиёсӣ мебошад. Вале саволе ба миён меояд, ки оё давлате ҳаст, ки дар он ҳеҷ мушкилоте мавҷуд набошад? Ба хусус агар ба таърихи давлатҳои Европа назар афканем, аз асрҳои ХУ-ХУ1 ин ҷониб онҳо бо чи қадар маҳдудият ва маҳрумиятҳо рӯ ба рӯ гаштанд, то бунёди давлати миллӣ ва ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёдро гузошта, рифову пешравии миллиро таъмин созанд. Ҳатто аз минтақаи Уқёнуси Ором, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, Малайзия ва кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик, Туркия ба хотири шикасти психологияи анъанавии миллӣ ва мутобиқ сохтани он ба арзишҳои умумибашарӣ солҳои тӯлоние ҳаст, ки фаъолияти пайгир мебаранд, лекин то ҳол ба натиҷаҳои зарурӣ ва дилхоҳ нарасидаанд. Тарҳу низоми модели демократияи онҳо аз Европа ва Америка фарқиятҳои зиёде доранд.

Дар робита ба гуфтаҳои боло ва вазъияти айнии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, инчунин фазои воқеии равандҳои бошиддати ҷаҳонишавӣ зарурати он расидааст ба баъзе масъалаҳое, ки ҳоло дар атрофи «Ваҳдати миллӣ» зуҳур кардаанд ва ақли пурсишгари мардум дар интизори шарҳи онҳо мебошад, ҷавобе гуфт.

Худро бишнос
Агар ба таърихи ҷомеаи башарият назари гузарое афканем, дарёфт хоҳем намуд, ки дар охир ва ё аввали ҳар як қарн воқеаҳои бунёдие ба вуҷуд меоянд, ки онҳо як марҳила ва ё давраи муйянро дар бар мегиранд. Дар чунин давраҳои хос ҳамон давлат ва миллате пирӯз хоҳад шуд, ки ба худсозӣ ва такомули давлатдорӣ машғул бошад. Имрӯзҳо низ равандҳои айнии ҷаҳони муосир ва ҷаҳонишавӣ аз он тақозо доранд, ки мардумони саросари Сайёра на ба ҷангу ҷидол, балки ба худсозӣ машғул бошанд, то онҳо ба даргоҳи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳ ёбанд, зеро дар акси ҳол дар оянда ба чунин кишварҳо хориву зорӣ, ғуломиву бардагӣ ва тафаккури ғуломӣ интизор хоҳад буд.

Чуноне ки зикр сохтем, таҳлил ва баррасии таърихи кишварҳои мутараққӣ, ҳатто омӯзиши таърихи начандон дури кишварҳои минтақаи Уқёнуси Ором аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо дар раванди пуртазоди ҷустуҷӯи моҳият ва асилияту ягонагии миллии худ ба бисёр мушкилиҳои ғоявӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гашта, азхудгузариҳои бемисле нишон доданд, то ин ки на танҳо ҳамчун давлату миллат боқӣ монанд ва дар васати беш аз 120 кишвари ҷаҳон ба муваффақиятҳои бемисл расанд. Аввалин саволе, ки онҳо дар назди давлатмардон ва миллатҳои худ гузоштанд, ин саволе буд, ки «мо имрӯз кӣ ҳастем ва дар оянда чӣ гуна мехоҳем бошем?» Дар ҷустуҷӯи посух ба ин савол онҳо аз нимаи дуввуми қарни ХХ ба марҳилаи тозаи миллатсозии хеш ворид гашта, тавонистанд дар кутоҳтарин вақт аз кишварҳои ақибмондаи аграрӣ ба пешрафтатарин мамлакатҳои минтақаи мазкур табдил ёбанд ва ба содироти техникаву технологияи навин дар сатҳи ҷаҳонӣ дастёб шаванд.

Ин қабл аз ҳама аз файзу баракати ваҳдату ягонагии миллӣ, якдигарфаҳмӣ, як тану як рӯҳ будан ва азхудгузариҳои бемисл барои ояндаи неку пешрафта ба онҳо муяссар гашт. Миллати тоҷик ва дигар қавму халқиятҳои муқими Тоҷикистон баъд аз бастани «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдат» дар кишвар дар талоши посухи мантиқиву илмие ба саволи он ки «мо имрӯз кӣ ҳастем ва фардо чи гуна мехоҳем бошем?» қарор дорад. Ба ин савол мо дар сурате посухи илмиву мантиқӣ дода метавонем, ки ба мисли миллату қавмҳои минтақаи Уқёнуси Ором муттаҳид бошем ва барои фардои обод танҳову ба танҳо ба кору фаъолият ва созандагӣ машғул гардем. Дар ғайри он ба рушду шукуфоии маънавию моддӣ расиданамон ғайримуҳол хоҳад буд. Ҳақ бар ҷониби нависанда ва шарқшиноси фаронасавӣ Эрнест Ренан (1823-1892) мебошад, ки дар мақолаи худ «Миллат чист?» овардааст: «Миллат таҷассумгари як рӯҳ, яъне як асли зеҳнӣ ва ахлоқӣ мебошад. Ин ду падида дар воқеъ пушту рӯи як танга буда, рӯҳ ва асли зеҳниву ахлоқиро ба вуҷуд меоранд. Дорои рӯҳияи миллӣ будан, маънои соҳиби мероси ғанӣ буданро дорад, ки зеҳну ахлоқ сабаби мавҷудияти он мебошанд». Лекин дар раванди фарҳангсозӣ барои табдил ёфтани миллат ба унсури тавлидсоз дар дараҷаи аввал бояд нисбат ба ин мероси маънавии миллӣ огоҳӣ пайдо кард. Ин тарзи муносибат дар мадди аввал боиси такони ҳувияти миллӣ ҳоҳад гашт, зеро ҳувият худ чорчӯбае мебошад, ки миллат огоҳии бештареро нисбат ба худ, ҷомеа, фарҳанг, таърих ва оянда ато мебахшад. Ҳеҷ иқдоме бидуни пуштувонаи гузашта, наметавонад решаи амиқи таърихӣ ва ҳимояти фарҳанги миллиро устувор гардонад. Ба ҳамин далел аст, ки мегӯянд: «Гузашта чароғи роҳи оянда аст». Дар «Таърихи Байҳақӣ» омадааст, ки «таърихҳо хазонаи асрори корҳо мебошанд. Аз ин гуфтаҳо возеҳтар мушоҳидаи амиқи Ситсерон (106-43 то м.) файласуфу сиёсатмадори румӣ мебошад, ки воқиф шудан ба таърихи гузаштаи худро барои ҳар як миллат шарти зарурӣ ва ба балоғат расидани он медонад. Ба қавли ӯ «ҷаҳлу нодонӣ ба он чизҳое, ки қабл аз таваллуди мо рух додаанд, ба манзалаи ҳамеша кӯдак мондан мебошад, зеро арзиши ҳаёти инсонӣ ҷуз аз роҳи пайвасти он ба зиндагии аҷдодӣ, ки дар таърих сабт шудааст, ҳосил нахоҳад шуд.

Зарурати худшиносӣ ва дарки ҳувияти миллӣ, дар он аст, ки миллат таърифҳоеро ба худ дорад, ки он нахустин қадаме на танҳо дар роҳи иҷрои нақшҳо ва пайомадҳо, балки муқаддамоти инсон будан аст. Аз ибтидои зуҳури худ, инсон ба саволи «кӣ ҳастӣ ва аз куҷоӣ» посух ҷустааст. Таҷрибаи гузаштаи башарият ва мутолиаи фарҳанги ҷомеа далолат аз он медиҳад, ки инсон бар як асли куллӣ зарурат дорад. Агар моҳияту маънои ҳувият дар миёни як гурӯҳ ва ё афроди миллат маълум бошад, дар хусуси ҳадду ҳудуди он дар ҷамъият низ назари куллӣ ҳосил хоҳад шуд. Ҳувият маҳсули худшиносии фардӣ ва гурӯҳӣ буда, ҳар як миллати қадршинос ба он бояд рӯй оварад. Ҳамин далел, ки ба сиратбинони таърих ҳамеша тавсия мекарданд, ки «худро бишнос».

Глобализатсия ва глобализм
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити комилан пуртазоди таърихӣ ба қарни нав ворид гашт ва ин гузариш ба марҳилаи ҷадиди такомулу дигаргуниҳои бузурги бунёдии илмиву фарҳангӣ ниёз ба тарҳи наву тозае дорад. Дар оғози ин аср мо ҳамагон шоҳиди натиҷаҳои ниҳоии он таҳаввулоте шудем, ки аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ва раванди мантиқию ҷавҳарии худ бар асоси нақшаҳои муайян ва арзишҳои мушаххас тарроҳӣ гардидаанд. Ин арзишҳо модернизм, гуногунандешӣ ва фардгароиро дар бар гирифтаанд, ки дар маҷмӯъ якрангу якнаво набуда, бар пояи ҷаҳонбиниҳо ва арзишҳои мухталиф бунёд шудаанд. Падидаҳои мазкур агар аз як тараф боиси пешрафту инкишоф гардида бошанд, аз тарафи дигар рӯйдоду зуҳури шуму ифротгароёнаи глобализмро, ки аз глобализатсия ва ё ҷаҳонишавӣ тафовути зиёд дорад, ба арсаи оламу таърих оварданд.

Бидуни шакку тардид глобализм ба сарнавишти таърихии инсоният ва ҷавҳари дурнамои он таъсири рӯзафзун ва пайваста мегузорад. Кишварҳои абарқудрат ва сохторҳои низомии онҳо, ки қотеъона аз глобализм дифоъ мекунанд бо мақсади дастёбӣ ба манбаҳои стратегии табиӣ ва иқтисодии дигар кишварҳо саъю талоши зиёде доранд. Барои расидан ба ин ҳадафҳои худ аз дастовардҳои илму технология истифода бурда, онҳоро хеле моҳирона ва зиракона бо қудрати сиёсӣ, демократия ва истиқлолияту озодӣ пайваст дода, фишангҳои нави таъсири хешро ба тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ва бахусус, кишварҳои тозаистиқлол ба маротиб зиёд сохтанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки глобализм бо самтҳои идеологиву падидаҳои зӯровариаш ҳамон империализми классикӣ мебошад, ки дар либоси нав ва зери номи дигаре зуҳур кардааст. Вай зоҳиран ва моҳиятан аз глобализатсия ва ё ҷаҳонишавӣ тафовути зиёд дорад, зеро раванди ҷаҳонишавӣ бо майлони созандаи худ сабаби тағйироти бунёдие дар бахшҳои мухталифи ҳаёти иқтисодӣ, ҷомеашиносӣ, воситаҳои алоқа, техникаву технология ва ҳатто роҳбарии давлатӣ гаштааст. Воқеан ҳам ҳамин ҷаҳонишавӣ буд, ки некӯаҳволии мардум, техникаву технологияи ҷадид, истеҳсолот ва истеъмолот, ошкорбаёниву гуногунандешии демократиро амалан татбиқ сохт ва боиси наздикшавии аҳолии Сайёра ва рушду нумӯи кишварҳо ва халқҳо гардид. Лекин глобализм бо ҳадафҳои шуму худкомаш сабаби паҳншавӣ ва тавсеъаи терроризму экстремизм, амалҳои зуроварии кишварҳо ба сари якдигар, харобу валангор сохтани шаҳрҳои обод, қатлу куштори миллионҳо одамони бегуноҳ, буҳрони марговари иқтисодиву иҷтимоӣ, коҳиши захираҳои табиӣ, гармшавии иқлими замин, аз байн рафтани арзишҳо ва инфиродияти миллӣ гардид. Мисоли равшани ин ҷанги беш аз сисола дар Афғонистон, даргириҳо дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна ва ғайра шуда метавонад.

Болотар аз ин, глобализм сабаби зуҳури назарияҳои нави низоъҳои байни фарҳангу тамаддунҳо шуда, андешаи инсониятро дар маҷмӯъ ба буҳрони бузург ва доманадоре рӯ ба рӯ сохт, ки натиҷаи ногувори он пеш аз ҳама таъсири амиқи манфӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ маҳсуб мегардад. Ин ҷо сухан аз буҳрони бунёдии ҳастии башарият меравад, ки вуҷуди маънавӣ ва ахлоқии онро ба гирдоби нестӣ бурдааст. Ин ҳамон модели «ҷаҳони якқутба» мебошад, ки аз моҳияту вуҷуди глобализм сарчашма гирифта, инсониятро аз асли офаринишаш дур карда, фарҳангу тамаддунҳо ва одамонро дар муқобили якдигар қарор додааст. Ба ибораи дигар, имрӯз масъалаи мавҷудияти сайёра ва ҳамзамон ҳаёту мамоти миллату қавмҳо ва аз он ҷумла халқи қадимаи мо низ ҳал мешавад, ки бетарафӣ ва беэътиноӣ нисбат ба он, даст кашидан аз ҳувият ва муқаддасоти миллӣ, таъриху фарҳанг ва арзишҳои он, бемасъулиятӣ ба Модар – Ватан ва сарзамини азизи аҷдодӣ хоҳад буд.

Олимону муҳаққиқони бузурги ҷаҳон ба хулосае омадаанд, ки ҳоло дигар равиши зиндагии мардум ва ҷаҳонбинии онро наметавон аз як марказ тарҳрезӣ ва муайян кард. Имрӯз зарурати он расидааст, ки олимону сиёсатмадорон ва давлатмардон дар муносиботи кишварҳо аз муждаи оғози тарҳу тартиб ва модели нави ҷаҳонӣ дарак диҳанд ва бо тафаккури ҷадиди сиёсӣ ормону устураи дигаре сохта, аз диди тоза ояндаро дарс гӯянд. Зеро дар шароити имрӯза модернизм ва арзишҳои он дигар ҷавобгӯи талабот набуда, боиси ташаннуҷи байни фарҳангу кишварҳо ва дар маҷмӯъ тамаддуни башарият хоҳад гашт. Асосгузорони тафаккури модернизми Ғарб, ки он ба глобализми бе рӯҳу ҷон оварда расонид, Нитсше, Фрейд, Макс Вебер ва дигарон буданд, ки якҷонибаву яксамта танҳо дар такя бар ҷаҳонбинии илмӣ дигар шаклҳои ҷаҳонбинӣ, ба хусус арзишҳои милливу суннатиро чун сарчашмаи бегонашавии инсони нав ва ақибмондагии таърихи башарият қаламдод кардаанд. Бо ин роҳ онҳо инсоне сохтанд, ки худкому худхоҳ ва гӯё худои худоён дар рӯи замин буда, ба ҷуз аз худ дигар касеро намедонад ва намехоҳад шиносад. Оё чунин инсонҳо имконият ва ҳуқуқи ахлоқӣ доранд, ки ҷомеаи ҷаҳониро аз гирдоби нестшавӣ ва ҳалокат раҳо бахшанд?!

Чуноне ки аз расонаҳои ахбори умум иттилоъ дорем, имрӯзҳо дар саросари сайёра адами ризоияти умумӣ дар муқобили раванди модернизм ва глобализм ба вуҷуд омадааст. Ин ҷангу муноқишот ва куштору мухолифатҳо, инчунин тазоҳуроту гирдиҳамоиҳои оммавӣ набояд танҳо ҳамчун норизогии мардум бар зидди ин ё он падидаҳои ифротгаро қаламдод сохт, зеро ин зуҳурот дар маҷмӯъ як ҷунбиши сайёравӣ ва байналмилалие мебошанд, ки ҷанбаҳои идеологии модернизм ва глобализмро маҳкум намуда, онҳоро хатари ҷиддие дар баробари истиқлолияти фарҳангӣ, хусусиёти конфессионалӣ, миллӣ, таърихӣ, ҷуғрофӣ ва иҷтимоии кишварҳо ва қабл аз ҳама давлатҳои рӯ ба инкишоф нишон додаанд. Ин вазъият мутаассифона, боиси низоъҳои нав хоҳад гашт, зеро дар се даҳсолаи ахир дар муносибати байни кишварҳо масъалаи «бархӯрди тамаддунҳо» масъалаи бунёдӣ шудааст. Асосу пояи идеологӣ ва сиёсии он ҳазорҳо сиёсатмадорону олимон ва муҳаққиқонро дар хусуси ояндаи башарият ба ташвиш овардааст.

Ҳатто бисёре аз муҳаққиқон, ба хусус олими амрикоӣ Ҳантингтон солҳост, ки доир ба ногузирии бархӯрди тамаддунҳо мардуми ҷаҳонро гӯшрас мекунад. Умуман ҷои шакку тардиде нест, ки имрӯз ҷаҳон беш аз ҳарвақта ба хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст ва чуноне ки зикр сохтем, он зарурат ба модели нави инкишоф дорад. Шояд мо, тоҷикон ин хатарро нисбат ба дигарон беҳтару хубтар дарк намоем, зеро ҳамон дасти низоъталабон ва натиҷаи сиёсати бархӯрди тамаддунҳо буд, ки дар аввали солҳои 90-уми қарни гузашта бар сари миллати тоҷик ҷанги шаҳрвандӣ таҳмил гардид ва он дар доираи нақшаҳои глобализм ҳамчун давоми мантиқии низои Афғонистони ранҷдида бояд аз тариқи кишвари мо аз як тараф ба Чину Ҳинду Покистон ва аз тарафи дигар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Россия доман меафканд ва сироят мекард.

Дар робита ба ин саволи мантиқие ба вуҷуд меояд, ки оё инсоният дар марҳилаи кунунии такомули худ метавонад ба мафҳумҳои «замони муосир» ва «ҷаҳонишавӣ» маъниҳои дурусттару мувофиқтаре пайдо намояд?! Оё имконият дорад, ки ба ин мафҳумҳо шаклу мундариҷаи конструктивӣ бахшида, онҳоро бо андешаҳои инсонӣ ва ахлоқӣ пайванд созад?! Оё қобилияти таҳияи арзишҳои муосиреро дорад, ки ба моҳият, қадру қиммат ва ҷавҳари зиндагӣ дар рӯи замин нигаронида шуда бошад ва дар чорчӯбаи онҳо башарият тавонад дар оянда стратегияи пешрафт ва зинда мондани хешро таъмин созад? Болотар аз ин арзишҳои зикршуда метавонанд инсониятро аз роҳгумӣ наҷот бахшида, ба вай кӯмак намоянд, то мавқеияти худро нисбат ба табиат, ҷомеа ва арзишҳои волои инсонӣ таҷдиди назар кунад ва идеалҳои нави фаъолияти инсониро таҳияву тарҳрезӣ намояд?!

Ба хотири таҳияи чунин модели нави муносибатҳои инсонӣ аз ҷониби муҳаққиқон ва сиёсатмадорони кишварҳое, ки масъалаи ҳастӣ ё нестии онҳо меравад, корҳои назаррас дар такя бар демократия, таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ, рафоқат ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеаҳо, ки ба фарҳангу тамаддунҳои мухталиф тааллуқ доранд, анҷом пазируфта истодаанд. Зеро ақли пурсишгари онҳо ба хубӣ дарк намудааст, ки дар чунин зербинои заъиф, ки дар натиҷаи раванди глобализм ва сиёсатҳои ғаразолуди кишварҳои қудратталаб ба вуҷуд омадааст, наметавон ҷомеаи ҷаҳониро аз буҳрони бунёдӣ, ки буҳрони иқтисодӣ танҳо як бахши он аст, раҳо бахшид ва миллионҳо инсонҳоро аз марг наҷот дод.

Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ доир ба ин масъала ба аҳли башар гӯшрас намуда, таъкид сохтаанд, ки бо ҳам муқобил гузоштани ҷаҳонбиниҳои гуногун ва аз тариқи зӯроварӣ ҳал намудани низоъҳо на танҳо ба касоду шикасти иқтисод, балки фасоди давлатҳо ва дар маҷмӯъ инсоният хоҳад бурд. Мисоли равшани он ҷанги беохири Фаластину Исроил ва ҷанги хонумонсӯзи Ироқу Сурия аст, ки то имрӯз, мутаассифона башарият роҳи ҳалли онҳоро наёфтааст ва агар ба ҳамин минвол ва дар чаҳорчӯби арзишҳои модели муосири байналмилалӣ пеш равад, шояд даҳсолаҳои дигар низ роҳи ҳалли ин муамморо наёбанд.

Таърихи башарият ва бахусус, таърихи садсолаҳои охири миллати тоҷик низ давраҳои тӯлонӣ ва печ дар печи худро пушти сар кардааст ва гувоҳи гуфтаҳои боло ҷанги таҳмилии солҳои 90-уми садаи ХХ мебошад. Миллати тоҷик ҳамчун миллати фарҳангӣ ва дорои анъанаи адами зӯровариву низоъ, ки ҷавҳари он дар чаҳорчӯби усули миллии тоҷикии «маранҷу маранҷон», таҳаммулпазирӣ ва муруввату мадоро аз баракати аҷдодони ҷафопарҳези мо нуҳуфтааст, тавонист пеши роҳи низоъи бузурги минтақавӣ ва байналмилалиро гирад ва дар мисоли худ нишон дод, ки тарзу усули дигари субот ва пешравии ҷомеа низ вуҷуд дорад. Ҳанӯз ҷароҳати он захм сиҳат нагаштааст ва шояд ин ҷароҳат ҳамеша боиси нороҳатии мо бошад, чунки тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш бар сари ҳеҷ қавму миллате ва болотар аз он, бар сари халқи худ теғ накашида буд.

Ваҳдат – идеяи созанда
Муқаддас донистани марзу бум ва бо сомон нигоҳ доштани давлат, ки бунёди ҳикмати фарҳангсолории тоҷикро ташкил медиҳад, ҳанӯз аз замонҳои қадим то имрӯз моҳияти хешро гум накардааст ва имрӯз беш аз ҳарвақта зарурати омӯзишро дорад. Болотар аз ин ҳар тору пуди фарҳанги имрӯзаи мо, ки дар он фарқияти тоҷик аз дигар қавмҳо зоҳир мегардад, бо ин сарчашмаи маънавиёт ва пояҳои асотирии ташаккули ҳувияти миллӣ дар иртиботи ногусастанӣ қарор дорад. Бо дарназардошти ворисият ва хотираи таърихӣ ҳукумати феълии кишвар таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз имконоти маҳдуди молиявӣ, таъсири ҷанги шаҳрвандӣ ва дигар мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ рӯй ба ин ганҷинаи бебаҳои маънавӣ намуда, аз он ба хотири Ваҳдати миллӣ ва эҳёи навини Ватан истифодаи ҳамаҷониба кард.

Воқеан номи имрӯзаи Тоҷикистон ёдовари шукӯҳу бузургии бостон аст ва ба зодгоҳи нажоди пок далолат дорад. Дар иртибот ба ин дар самти омӯзиш ва фарҳанг дар даврони Истиқлолият охир корҳое анҷом гирифтанд, ки солҳои зиёд миллат интизори онро дошт. Қабл аз ҳама ба хотири Ваҳдати миллӣ ва эҳёи фарҳанги бостон тамоми номҳои ҷуғрофие, ки ба забонҳои хориҷӣ ва ёдгорӣ аз тохту този арабу Чингизу Темур ва манғиту дигар аҷнабиён буданд, ба номҳои тоҷикӣ табдил ёфтанд. Барои огоҳии миллӣ ва парвариши афкори мардум аз тариқи маҷалла, рӯзнома, китобҳои дарсӣ ва васоити ахбори омма барномаҳое ташкил дода шуданд, ки онҳо тавонистанд халқи моро бо тамаддуни пешин ва арзишҳои аҳди бостон ва атиқа ошно созанд.

Дар радифи барномаҳои стратегии кишвар дар бахши иқтисод ва иҷтимоиёт, тарвиҷи забони давлатӣ дар саросари мамлакат сурат гирифт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин вақт тавонист ба ин ҳадафи стратегии Ваҳдати миллӣ ноил шавад. Васоити ахбори омма, ба хусус рӯзномаҳои бонуфузи кишвар марҳила ба марҳила ормонҳои куллии миллат ва ислоҳталабиҳои давлати миллиро таблиғ намуда, кӯшиши зиёде ба харҷ доданд то барои расидан ба Ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат забони тоҷикӣ умумият ёфта, баъзе зиддиятҳои маҳаллӣ аз нигоҳи тафаккур, ахлоқ ва ҳувияти миллӣ аз байн бурда шаванд. Дар сурате, ки Ваҳдати миллӣ аз нигоҳи забонӣ, ахлоқӣ, либос ва ғайра ҳосил нашавад, ҳар лаҳза барои истиқлоли сиёсӣ ва тамомияти арзии сарзамини мо эҳтимоли хатар боқӣ хоҳад монд. Аз ин лиҳоз яке аз нишонаҳои муттаҳидии миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки бояд дар саросари кишвар мардум на танҳо аз нигоҳи забонӣ, балки ҳувият, тафаккур, фарҳанг ва ғайра ба маънеи томи он якнавохт бошанд.

Ҳукумати кишвар дар баробари мардуми хеш ба тамаддун ва фарҳанги гузаштаи ин сарзамин алоқаи зиёд дорад. Ҳамин аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ шаҳрҳои қадимаи аҷдодони мо ба мисли Ҳулбук, Саразм ва ғайра аз зери хок берун кашида шуда, онҳо тармиму эҳё гардиданд. Оромгоҳҳои бузургону саромадони миллат ва шаҳрҳову ноҳияҳо аз нав барқарор шуданд.

Баргузории конфронсҳои байналмилалии ҳунару бостоншиносӣ ба хотири кашфи осори тамаддуну фарҳанги бостон, ҷашн аз Соли Тамаддуни Ориёӣ, таҷлили ҳазораҳои бузургони илму фарҳанг бо мақсади бостонситоӣ, эҷоди дигаргунӣ дар забони тоҷикӣ, тағйири фарҳанги умумӣ ва ҷойгузинии фарҳанги бостонӣ ва ғарбӣ ва мубориза бо арзишҳои хурофотӣ низ аз бахшҳои муҳиме барои эҷоди дигаргунӣ дар сохтори фарҳангии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва барқарор намудани робита байни тамаддуни гузашта, имрӯза ва ояндаи тоҷик аст.

Илова бар ин, дар кишвар талошҳои зиёде шуд, то ҷомеапазирии наве дар асоси нигариш ва бартарии фарҳанги миллӣ ба вуҷуд ояд ва дар ростои таҳкими ин ҷомеапазирӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саъйю талоши зиёде шуд, то сиёсати миллигароёнаи худро дар чаҳорчӯбаи арзишҳои миллӣ ва волои башарӣ барномарезӣ намояд. Ҳамин аст, ки появу бунёди сиёсати Ваҳдати миллӣ бар асоси ҳашт меҳвари асосӣ шакл гирифт, ки онҳо аз дунявият, демократия, ҳуқуқбунёдӣ, миллигароӣ, мардумгароӣ, давлатсолорӣ, секуляризм ва ислоҳталабӣ иборат мебошад, ки ба хусус бахши миллигароии он ба тамаддуни гузашта робитаи мустақим дорад.

Имрӯз зарурати он расидааст, ки мардуми кишварамон бо маънавиёти пешрафтаву худогоҳона дар муқобили ҳар гуна ифротгароӣ ва зуҳуроти номатлуби замони худ қарор гирад. Тоҷикистониён набояд аз рӯи эҳсос бо масъалаҳои ҷиддӣ ва сиёсӣ бархӯрд кунанд, балки дар муқобили ҳар гуна мушкилот шуҷоона истодагарӣ намуда, дар шинохти нуқтаҳои заифу камбудиҳо ба хотири пирӯзӣ бар онҳо тарҳу барномаҳои мушаххас дошта бошанд.

Ҳамчун як шаҳрванди тоҷик боварии комил дорам, ки мо ба ҳайси як миллати ақлгарову мантиқшинос дар илму техника ва технологияи муосир, тиҷорату саноат ва сиёсат метавонем пешрафту инкишоф намуда, ба дастовардҳои бузурге ноил шавем, ки ин худ муборизаи тоҷикистониён дар муқобили ҳамагуна ифротгароиҳо хоҳад буд. Шарикону дӯстони мо низ аз дигар кишварҳо мухолифи ин эътиқод набуда, ҷонибдори муносибати одилона бо тамоми қавму миллатҳои дигар мебошанд, зеро ин худ аз муҳтавои фалсафаи Ваҳдати миллӣ бар меояд.

Ҳукумати кишвар саъю талош доранд, ки ба мардуми Тоҷикистон роҳи эҷоди «ренессанс» ва ё эҳёи муҷаддади миллатро пешкаш сохта, бо истифода аз арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва низоми демократӣ ба унвони як намуна ва модели таҳаммулпазир ташаккул ёбем. Мутаассифона баъзе аз гурӯҳҳои радикалӣ дар такя ба ҷавонони эҳсосотӣ ва бетаҷрибаи мо, ҳатто ҷавонони соҳибмаълумот ва таҳсилкарда ба ифротгароиву кӯрдилӣ, таассубу зоҳиргароӣ ташвиқ гардида, дар роҳи истиқрори сулҳу субот ва пешрафти миллати тоҷику фарҳанги он монеаҳо эҷод месозанд.

Ваҳдат ва иқтисод
Дар иртибот ба Ваҳдати миллӣ ва мавқеи иқтисод ҳамчун пойдевори аслии он низ бояд сухани чанде матраҳ созем. Ба андешаи олимон дастёбӣ ба рушду пешравӣ ба даҳсолаҳо ниёз дорад. Бинобар ин, бояд бо сабру таҳаммул, барои истиқрори сулҳу суботе, ки бо мушкилиҳои зиёде ба даст оварда шуд, талош намуд. Ҳукумат ва давлат саъю кӯшиш доранд як давлати қудратманди мутамаркази пешрафтаву қодир барои иҷрои сиёсатҳои созандагӣ ва мардуми эътиқодманд ба зарурати тавсеаи иқтисодӣ дошта бошем. Ҳукумат мехоҳад мардуми мо дар тамоми заминаҳои илму ҳунар ва технология дониш омӯхта, аз расму оинҳои миллӣ, арзишҳои волои халқ ва амалҳои нек низ огоҳ бошанд. Сарвари давлат ва Ҳукумат дар талоши онанд, ки халқи мо тамоми имконоти афзоиши сарвату даромад ва пешравиро дар фазои демократӣ ва ҳуқуқӣ дошта бошад.

Дар кишвари мо ҳеҷ маҳдудияте барои содирот ё воридот вуҷуд надорад. Давлат ва Ҳукумат аз сармоягузории мустақими хориҷӣ истиқбол карда, ба даст овардани фоида ва сармояро маҳдуд накардааст, зеро дар ин бахш барои пешравии иқтисоди кишварамон бояд бисёр муҳофизакор бошем. Мақсаду мароми мардуми тоҷик бар он аст, ки бояд Ҳукумат ба дунболи рушди иқтисодӣ бошад.

Ба хусус баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон сиёсати дастгирии иқтисодии мардум ва афзоиши иштироки онҳо дар иқтисоди кишвар тадвин гардид. Талоши ҳамарӯзаи Ҳукумат аз он иборат аст, ки мардум аз фаъолиятҳои иқтисодӣ фоида бурда, дар маркази муносиботи иқтисодӣ қарор дошта бошад.

Барномаҳои стратегӣ
Дар раванди таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ барои расидан ба ин ҳадафи волои ормони миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё, вазифаи асосии худ медонист, ки ба мақсади таъсиси давлати қудратманди мутамарказ, як силсила барномаҳои мушаххаси стратегиро дар бахши иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва ғайра қабул намояд. Чуноне ки зикр сохтем, ин барномаҳо ҳамчун появу бунёди иқтисодӣ ва ғоявии Ваҳдати миллӣ қабул гардидаанд ва стратегияи рушди кишвари моро барои дахсолаҳои оянда муайян сохтаанд.

Барномаҳои стратегии иқтисодие, ки ба хотири берун баровардани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ тарҳрезӣ шуда буданд, ҳадафҳои аслии онҳо қабл аз ҳама таъмини идеяи Ваҳдати миллӣ аз нигоҳи иқтисодӣ ва фарҳангӣ буд. Ба хусус, таъмини робитаи васеъ миёни минтақаҳои гуногуни мамлакат, доду гирифти молӣ ва фарҳангӣ метавонад мардуми шимолу ҷануб ва машриқу мағриби кишварро бештар бо ҳам омезиш диҳанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хатти роҳи оҳани саросарӣ аз шарқ ба ғарби кишварро тарҳрезӣ кардааст ва роҳҳои иртиботии кишварро низ тавассути тунелҳо ва пулҳои фаровоне бунёд ниҳодааст, ки ин боис шуд ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар дохил раҳоӣ ёбад.

Бо истифода аз таҷрибаи бою ғании даврони Шӯравӣ дар бахши маорифу фарҳанг низ пешравиҳои хубе ба назар мерасанд. Дар натиҷаи ислоҳоти маориф таълиму тарбия ва омӯзиши мактабҳои кӯҳнаву валангор бо мактабҳои навин ва замонавӣ ҷойгузин шуда, китобҳои нави дарсӣ ҳама ба забони тоҷикӣ чоп гардиданд. Зимнан, омӯзиши дигар забонҳо, қабл аз ҳама забонҳои русӣ ва англисӣ низ ба тариқи васеъ ба роҳ монда шуданд. Дар ин самт корҳои бунёдӣ, қабл аз ҳама босавод ва маърифаткунонии насли наврас вазифаи муқаддаси ин соҳа мебошад.

Аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ дар бахши таълиму тарбия ва омӯзиш низ аз тариқи тағйири муҳтавои дарсҳои таҳсилӣ, ҷилавгирӣ аз нуфузи андешаҳои ифротгароӣ дар омӯзишу парвариш, тавсеаи мактабҳои хусусӣ ва мактабҳо барои дигар қавму миллатҳои кишвар, эҷоди донишсароҳои олӣ ва ғайра ба дастовардҳои бузург ноил гаштем.

Ташаккулу парвариши афкори омма ба унвони муҳимтарин органи таблиғӣ ва ба манзури таҳаввул дар сохтори омӯзишии ҷомеа бо ҷиҳатгирии секулярӣ ва навгароёна буд, ки натиҷаи он ба поён овардани шиддати ифротгароӣ ва хурофотпарастии баъзе аз табақаҳои ҷомеа ва кӯтоҳ кардани дасти онҳо дар нақшаҳои фарҳангӣ ва омӯзишӣ овард.

Сиёсате, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун пеш гирифтааст, ба ҳадафи дарозмуддат табдил ёфта, дар ояндаи наздик давлат ба давлати муттаҳид бо мардумони ягона, миллати ягона, забони ягона, фарҳанги ягона ва иқтидори сиёсии ягона табдил хоҳад ёфт. Зеро ба андешаи муҳаққиқон фақат як давлати мутамаркази қудратманд метавонад мушкилоти марбут ба ақибмондагии кишварро ҳал намуда, аз ягонагии миллат ва иқтидор посдорӣ кунад. Натиҷаи давлатсозӣ ва миллатсозӣ дар ҳамбастагӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ дар қолаби мафҳуми миллати ягона дорои аҳамияти фаровоне мебошад. Дар воқеъ, дар мамлакати мо зарур аст, ки тамоми арзишҳо дар қолаби як ҳувияти миллии ягона қарор гирифта, арзишҳо, устураҳо ва манфиатҳои муштарак ба сӯи як марказияти ягона равона шаванд, то ин марказ ба тадриҷ ба як маркази пуриқтидор ва гаҳвораи Ваҳдату ягонагии миллат ва тоҷикони бурунмарзӣ табдил ёбад.

Миллатсозии тоҷикии мо аз он натсионализме, ки ҳамчун падидаи манфур ва номатлуб ном бурда мешавад, тафовути бузург дошта, ҳадафи он барои расидан ба ҳамбастагии иқтисодӣ, иҷтмоӣ ва дастёб гаштан ба як ҳувияти миллии ягона нақши бисёр муассире мебозад. Сарфи назар аз он, ки давлати миллӣ дар кишвари мо дар замоне ва ба шакле таъсис ёфт, ки кишвар аз назари зерсохтҳо ва шароити иқтисодӣ дар вазъияти бисёр нобасомоне қарор дошт, лекин дар таърихи зуҳур ва ташаккули миллати тоҷик, давлати имрӯзаи мо нахустин давлате ба шумор меравад, ки ба барномарезӣ, ҷиҳати дигаргунӣ ва тавсеаи иқтисодӣ дар ҷомеа пардохтааст. Давлати мо аз роҳи ҳифз ва густариши робитаҳои мусолиматомез бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон метавонад роҳи дастрасии кишварро ба манбаъҳои гуногуни сармоя ва технологияи нав дар ҷаҳон боз намуда, аз ин роҳ ба рушду пешрафтҳои бисёре дар ҳавзаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дастёб гардад.

Ваҳдат ва ақаллиятҳои миллӣ
Ҳувияти миллӣ дорои ҷиҳатҳои гуногун буда, бо ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва шаҳрванди миллӣ робитаи наздике дорад, ки ба баробарии инсонҳое, ки узвияти як давлати миллиро пазируфтаанд, мебарад. Аз ин ҷиҳат Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ақаллиятҳои нажодӣ, забонӣ ва қавмӣ низ дар Сарқонуни худ ҳуқуқҳоеро ҷой додааст, ки муҳимтарини онҳо баробарӣ дар мақомоти сиёсӣ ва идории ҷомеа, баробарӣ дар таҳсилот, кори муносиб ва имконоти истироҳатӣ, баробарӣ дар ҳуқуқ ва имтиёзҳои қонунӣ, баробарӣ дар ҳуқуқи вобаста ба масъалаҳои сиёсӣ ва вазифаҳои он ва ғайра мебошад. Ба андешаи мо аъзои як миллат агар эҳсос кунанд, ки дар ҳуқуқҳои зикршуда, мавқеияти баробар бо якдигар доранд, ҳувияти миллӣ ба буҳрони камтаре рӯ ба рӯ хоҳад гашт. Аммо агар дигар қавмҳо натавонанд худро бо раванди миллатсозӣ, адабиёти миллӣ, забони расмӣ, таълимоти умумӣ ҳамоҳанг созанд, ба ҳадди шаҳрванди дараҷаи дуюм суқут карда, аз ҳуқуқ маҳрум шуда, ба ҳошияи ҷомеа ронда мешаванд. Ин эҳсоси маҳрумият боиси тақвияти ҳувиятҳои пастари миллӣ (монанди қавмият, нажод, маҳалгароӣ ва ғайра) хоҳад шуд. Ин қуввае барои даст задан ба амалҳои сиёсӣ ва хушунат ва ғайра мегардад.

Модели ҷадиди навсозӣ
Навсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз моделҳои навсозие аст, ки дар гӯшаву канори ҷаҳон дар ростои модернизатсияи як кишвар амалӣ шудааст. Ба таври куллӣ, тамоми зуҳуроти навсозӣ дар кишвари мо аз нигоҳи илмӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ асосёфта буда, барои ба ин ҳадафи воло расидан Ҳукумати мамлакат кӯшиши зиёде ба харҷ додааст то шохаҳои фарҳангӣ ва иқтисодии ҷомеаҳои пешрафтаи дунё шинохта шаванд ва мавриди таваҷҷуҳ қарор гиранд. Ба ибораи дигар гӯем, ба таври куллӣ, аз потенсиали тақлид ба таври хоса дар навсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи ҳамаҷониба гардида, ҳамзамон кӯшиши зиёде низ ба харҷ дода шудааст, то ин модел модели тоҷикӣ бошад.

Илова бар ин, аз ҷониби Сарвари кишвар талошҳои зиёд сурат гирифт, то ҷомеапазирии наве дар асоси нигариш ва бартарии фарҳанги миллӣ ба вуҷуд оварда шавад ва дар ростои таҳкими ин ҷомеапазирӣ саъй зиёд шудааст, то сиёсати миллигароёнаи худро дар чаҳорчӯбаи арзишҳои миллӣ ва волои башарӣ барномарезӣ намоем.

Он андешаи чанде, ки дар ин ҷо оварда шуд, як нуктаро ба хубӣ нишон медиҳанд, ки Ваҳдати миллии мо ҳамзамон бо ислоҳот ва модернизатсияи кишвар сурат гирифта, чӣ аз назари умқ ва чӣ аз назари густурдагӣ як инқилоби фарҳангӣ ва миллиро дар худ гунҷонидааст ва кишваре, ки имрӯз месозем, фаротар аз низоми пештара буда, дарвозаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳони муосир боз менамояд.

Байни Ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва меҳаншиносӣ робитаи мутоқобила ва ҳасана вуҷуд дошта, аз тариқи худшиносӣ инсон худ ва Ватани хешро мешиносад. Дар ҷавҳари ӯ арҷгузорӣ ва меҳру муҳаббат ба Ватанаш ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ зарур аст, ки ҳар як шаҳрванди тоҷик бошуурона худро шиносад, то ватанпарасти воқеӣ гардад. Дар баробари ин барои расидан ба ҳадафи ормонии миллат, яъне Ваҳдат ва муттаҳидии тоҷикон дар насли ҷавон ҳисси фарзанди Ватан будан, тарбия карда шавад. Ватанпарастӣ ҳамчун ҳисси фаромиллӣ ва фароқавмӣ инкишоф ёбад ва ин арзишҳо барои тамоми қавму халқиятҳо ва аҳли ҷомеаи кишвар якранг қабул карда шаванд.

Ватанпараст танҳо он шахсе нест, ки ба хотири Ватан ҷон фидо мекунад, ватанпараст он шахсест, ки ба хотири дифои нангу номуси миллӣ, марзу буми он, амнияти он, фарҳангу тамаддуни миллат, илми он, забони он, эъмори шаҳрҳои нав барои халқи худ хидмат кунад. Барои дарки худшиносии миллӣ ва ватанпарастиву Ваҳдати кишвар мо бояд шаҳрванди кишвари худро эҳтиром намоем ва ӯро ҳамчун гаҳвараки чашм эҳтиёт кунем.

Мо тоҷикон ва тоҷикистониён бояд бисёр фаъол бошем, бисёр кор кунем, то ин ки дар якҷоягӣ дарк намоем, ки худгузарии миллӣ ва қабули арзишҳои умумибашарӣ барои ташаккули миллати тоҷик хидмат хоҳад намуд. Фарҳанг, забон ва арзишҳои миллии тоҷикиро ҳеҷ кас аз мо гирифта наметавонад, ин моли миллати мост, бинобар ин онҳоро бояд рушд ва такомул диҳем.

Маълум аст, ки дар таърихи тамаддун ва фарҳанги башар ҳар як миллат рисолати азалияшро анҷом дода, дар масири рушди он ҷойгоҳи хешро муайян месозад. Намунаи барҷастаи ин миллати тоҷик аст, ки зуҳури он кохи пуршукӯҳи илму маърифатро рифъат бахшида, ҳамчун борони файзбахш ба рушду нумӯи маорифу маданияти олам оби ҳаёт додааст. Дар домони пурфайзи модари тоҷик фарзонагоне тарбия ёфтаанд, ки на танҳо сарзамини тоҷиконро ибодатгоҳи хирадмандон сохтанд, балки донишро ҷавшани хеш намуда, башариятро ба дунболи илму маърифат кашиданд. Ва имрӯз низ мо тоҷикон бояд ин рисолати аслии худро фаромӯш накунем!

Таърихро набояд фаромӯш кард
Гузашта аз байн намеравад ва рӯй ба нестӣ намениҳад, балки дар доираи таҷрибаи ҷамъшудаи ҳаёти иҷтимоӣ мавҷудияти худро пеш мебарад. Аз ин рӯ, бо ҳам овардану сарҷамъ сохтан ва таҳлилу таҷдиди назар кардани таҷрибаи инсонӣ вазифаи муҳими таърих маҳсуб мегардад. Ба андешаи қадимиён таърих худ роҳбаладу асокаши ҳаёт аст. Воқеан ҳам инсонҳо дар ҳама ҳолат ва хоссатан дар давраҳои бузурги ҳаёти ҷомеаи башарӣ дар байтулҳикмати бо ҳашамати таҷрубаи иҷтимоии ҷаҳонӣ кӯшишҳое мекунанд ҷавобе ба масъалаҳои доғи рӯз пайдо намоянд. Дар доираи мисолҳои таърихӣ инсонҳо барои арҷгузорӣ нисбат ба арзишҳои абадии тағйирнаёбандаи инсонӣ аз қабили сулҳ, озодӣ, адолат, хайр, баробарӣ, садоқат, зебоӣ, саодат ва ғайра тарбия меёбанд.

Мутаассифона, бисёриҳо бар ин ақидаанд, ки таърих ба ҳеҷ кас ҳеҷ чизеро наомӯхтааст ва намеомӯзад, лекин ҳаёт аз инсонҳое ки умуман таърихро намедонанд қасд мегирад. Охир гулҳо гунаҳгор нестанд, ки шахси нобино онҳоро намебинад. Таърих ҳатто он касонеро, ки намехоҳанд таърихро омӯзанд, меомӯзонад. Вай аз сабаби ҷоҳилият ва беэътиноӣ нисбат ба гузашта онҳоро ҷазои сазовор медиҳад. Мехостам дар иртибот ба ин аз ҳикмате гӯшрас созам, ки мувофиқи он дурӯғ дар тафсири гузашта боиси шикасти имрӯза гардида, дар оянда бебандубориҳо ва бадбахтиҳоеро ба вуҷуд хоҳад овард.

Таърихи гузашта яке аз шаклҳои асосии худшиносии инсонҳо маҳсуб мегардад. Ҳамеша аз таҷрибаи таърих неруҳои сиёсии муқобил кӯшиш мекунанд истифода баранд. Бо иқтибос аз таърих мехоҳанд фаъолияту корҳои хешро асоснок созанд. Аз ин лиҳоз дар шарҳу тафсири воқеаҳои таърихӣ муборизаи беохири ҳадафҳо ва андешаҳо ба назар мерасад.

Мақсаду маром ва манфиатҳои инсонҳо дар масъалаи омӯзиши гузаштаи худ баъзе бовариҳоро барои муносибати шаккокона нисбат ба таърих ҳамчун ба илме, ки воқеаҳо ва қонунҳои инкишофи таърихиро воқеъбинона ва дар шакли айнӣ баҳо медиҳад, ба вуҷуд меорад. Ҳамарӯза ба гӯш мерасад, ки таърих ба хотири асоснок сохтани ҳадафҳои муборизоти сиёсӣ истифода мегардад, ҳар як ҷунбиши сиёсӣ ва ё ҳизб таърихро аз нав менависад ва таърих ин сиёсате ҳаст, ки ба гузашта интиқол дода шудааст. Ҳатто андешаҳое вуҷуд доранд, ки мувофиқи онҳо таърихро дар сурате метавон ба тариқи айнӣ аз худ сохт, ки агар аз воқеияти имрӯза сарфи назар карда бошад. Шаккокон бар ин ақидаанд, ки дар асри инқилоби илмӣ-техникӣ таърих дар он ҳолате илм шуда метавонад, ки вай усул ва айнияти математикӣ ва илмҳои табиатшиносиро аз худ намояд. Дар ниҳоят, ҳамчун далели меҳварӣ дар хусуси нокомии таърих ҳамчун илм ин андеша дар хусуси ғайриимкон будани бозсозии гузашта мебошад.

Вале новобаста аз мавҷудияти гуногунандешӣ дар доираи ҷавобҳо ба саволи рушду инкишофи инсоният ва шарҳу тафсири мухталифи баъзе далелҳои таърихӣ, воқеияти айнӣ ва ё раднашаванда вуҷуд дорад. Гузаштаро на гунаҳгор, балки омӯхта, онро таҳлилу тафсир бояд кард. Ковиши ҳақиқат дар таърих ва маърифати таърихӣ ин раванди хеле мушкил буда, аз инсон идроки хусусиёти ин маърифатро тақозо менамояд.

Касе, ки доир ба гузашта менависад, вай наметавонад бидуни қаҳру ғазаб, муҳаббату самимият воқеаҳои таърихиро ба рӯи коғаз дарҷ созад, лекин вай ба фиребу найранги таърихӣ, инҳироф аз асли таърих ва воқеияти таърихӣ ҳақ надорад. Ҷустуҷӯҳо, ковиш ва таъиду тасдиқи ҳақиқат дар тамоми давру замонҳо вазифаи аслии илм ба шумор мерафт. Таърих ҳамчун хотираи иҷтимоӣ ва байтулҳикмати таҷрибаи иҷтимоии башарият таҷрибаи мазкурро аз як насл ба насли дигар интиқол медиҳад. Дарки ин таҷрибаро дастраси даврони муосир месозад. Алорағми андешаи шаккокон нақши илми таърих дар зиндагии мардумон зиёд мешавад. Таърихнигор гузаштаро на ба хотири гурез аз имрӯз меомӯзанд. Таърих бо шарҳи имрӯз ва таҳияи мавод барои оянда барои имрӯза хидмат менамояд.

Эъмори ҷаҳони муосир ва дар матни он эъмори ҷомеаи навини тоҷикон бидуни гузашта ғайриимкон аст ва инро одамон дар тамоми давру замонҳо дарк карда буданд. Омӯзиши ҳамаҷонибаи фарҳанги моддӣ ва маънавии гузашта инсониятро доно ва ғанӣ мегардонад, дар афкору аъмол саховатманду закӣ месозад. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳанд, ки донистани таърих имконият медиҳад даврони муосирро равшантару хубтар дарк намуд, замони муосир бошад дар навбати худ вазифа мегузорад, ки гузаштаро амиқтар ва илман идрок намуд, ки он на танҳо арзиши ахлоқӣ, балки амалиро қоил аст.

Таърих ба роҳбарони давлат шаклҳои дурусти роҳбарӣ, ба мардум таҳаммули мадоро, ба ҷанговарон мардонагиву шуҷоат, ба ҷавонон ақл ва ба куҳансолон матонат ва дар маҷмӯъ ба ҷомеа ваҳдату якдилиро ато мефармояд.

Таърихро набояд фаромӯш кард.
Абдулвоҳид Шамолов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: