АБАРМАРДЕ АЗ ТАБОРИ ХУРШЕД4-09-2024, 17:40
Хабарро хонданд: 261 нафар
Назарҳо: 0
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик воқеан дастоварди бениҳоят бузург мебошад, ки ҳифзу гиромидошти он барои ҳар як фарди бо ору номус ва меҳанпарасту худшинос зарур ва саривақтӣ аст. Халқи тоҷик аз замонҳои дури таърихӣ ҳамчун халқи далеру ҷасур ва ватандӯсту ватанпарвар шуҳрат дорад. Сарчашмаҳои муътамади таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ин халқ барои озодӣ, истиқлол ва якпорчагии меҳани худ талошҳои беназир намуда, дар ин роҳ ҷоннисорӣ кардааст. Аз аҳди бостон то имрӯз ҳеҷ як таърихнигор дар ёд надорад, ки ин миллат ба қасди ғасбу ғорат ба ин ва ё он сарзамин дасти таҷовуз дароз карда бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар афроди диловар, шуҷоъ, ҷасур, шердил, нотарс ва оқилу доно, дар давоми 33 соли Истиқлоли хеш ба музаффариятҳои бузург ноил гардиданд. Заҳматҳои шабонарӯзии мардони майдони набард буд, ки имрӯз мамлакат ва миллати куҳантамаддуни тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи шоистаро касб намудааст. Дар фарқ аз силсилаи шоҳони пешини халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилае ба арсаи сиёсати бузург қадам гузоштанд, ки аз низому тартиби муқаррарнамудаи давлати Шуравӣ натанҳо чизе боқӣ намонда буд, балки хоинон ва душманони миллати тоҷик фарзандони як модарро миёни ҳам душмани хунӣ гардонида буданд. Бародар хуни бародарро резонда, падар қотили ҷигарбанди худ гардид. Модар ҳар лаҳзаву ҳар соат шоҳиди қатли ваҳшиёнаи тифлакони маъсуму бегуноҳаш мешуд. Ба таври мусолиҳа хомӯш кардани алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ, ки тамоми ҳудудҳои маъмурии кишварро ба коми худ кашида буд, қаҳрамонии чоруми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Чун Эмомалӣ Раҳмон абармарде аз табори хуршед ба сари ин маллат омаданд, бо нуру ҷилои бо худ хос ва меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба миллату давлаташ тавонистанд, ки бар дили пиру барно ҷойгоҳ ёбанду мардуми ноумедро умедбахш бар сӯйи фардои дурахшон гардад. Аз минбарҳои баланди ҷаҳонию сиёсӣ миллати тоҷикро дар симои ин қаҳрамони миллат шинохтанду мешиносанд, чунки бо ифтихору ҳувияти бузурги ватандорӣ, бо забони миллии тоҷиқӣ сухан гуфта, борҳову борҳо такрор намуданд, ки “Ман ориёиям”. Бо чунин хитобаи меҳрбори пур аз муҳаббат рӯ овардан ба ақсои олам дар замони пуршӯри ҷаҳонишавӣ кори саҳл набуда, ин матонат ва қаҳрамонӣ ҳанӯз соли 2002 аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид аз забони Пешвои маҳбубу муаззми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дода, девори иморати фарсудаи рақибони рашкзада ва нотавонбинашро ба ларза андохта буд. Ин сухани пурҳарорат ва пур аз муҳаббати ватанхоҳӣ ва созандагӣ дар баҳои хонумон ва ҷону ҷавони ӯ ба гӯши оламиён расонида шуда буд ва дар симои ин абармарди таърихӣ Ориёи куҳанбунёд аз нав эҳё гардид. Ҷаҳониён дар сирати ӯ ахлоқи ҳамидаи созандаи ориёӣ ва дар сураташ кӯҳи побарҷои қавипайкари Ориёӣ ва дар чашмони меҳрбори пурсаодаташ ҳарфҳои тиллоии “Ман ориёиям”-ро хондаанд. Ҳамагон хуб медонанд аввалин ваъдае, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистони ҷангзада дода буданд, ин буд, ки: «Ман ба Шумо сулҳ меорам»! Ин маънои онро дошт, ки ин марди худододу шариф, пеш аз ҳама, хоҳони оромиву осудагӣ ва сулҳу осоиштагист, на чизи дигар! Мо, мардуми қадршиноси Тоҷикистон баъдан хуб дарк намудем, ки вуҷуди шарифи эшон аз ваҳдату якдилӣ ва оромиву осоиштагӣ сиришта шудааст ва худ тимсоли ваҳдати саросарии натанҳо Тоҷикистон, балки кулли мардумони офатдидаи олам аст. Зиҳӣ Пешвои тоҷикони ҷаҳон! Ҳамин тариқ, имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон як ҷомеаи пешрафта ва худшиносу худогоҳ аст, зеро ҳеҷ як гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе иштироки фаъоли Тоҷикистон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Чунки миллати тоҷик офати парокандагиро дар хуну пусти худ таҷриба карда, барои ин баҳои сангине пардохтааст. Ин аст, ки ба қадри Истиқлоли Ватан, ваҳдат, амнияту субот мерасанд ва барои ҳифзи ин арзишҳо ҳамаҷониба талош меварзанд. Дар ин раванд тамоми мардуми кишварамон зери афкори сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ, башардӯстӣ ва мардумнавозии ин абармард, ки аз табори хуршед аст ва муҳаббату садоқати беандоза, ҷоннисориву созандагиву ободониро пешаи худ карда, бе ягон муболиға ва мақомхоҳӣ ӯро мардумаш писандидаанду интихобаш намуданд, қадам ниҳода, барои пешрафт ва зиндагии шоиста устуворӣ нишон медиҳанд. С. ВАТАНЗОДА, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Вахш
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.