Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН - ТАНТАНАИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ

ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН - ТАНТАНАИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ

30-08-2024, 15:39
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН - ТАНТАНАИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ
“Ин ҳақиқат, ки мо дар сафи пеши тамаддуни умумии башарӣ ҷой гирифтем, хоҳиши худнамоии мо нест, ҳақиқате нест, ки мо онро ҳатман исбот карданӣ бошем. Ин ҳукми таърих аст. Таърихи инсоният ҳамин гуна ҷараён гирифтааст, ки мо дар сафи пеши тамаддуни ҷаҳонӣ қарор гирифтаем”.
академик Бобоҷон Ғафуров

Имсол 9-уми сентябр миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ватани аҷдодиро ҷашн мегирад.
Ҳарчанд оғози давлатдории навини халқамон аз соли 1991 ибтидо гирифтааст, вале ин нукта ҳаргиз маънои онро надорад, ки тоҷикон танҳо дар поёни садаи ХХ соҳиби давлат шуда бошанд.
Анъанаи давлатдории тоҷикон таърихи беш аз дуюнимҳазорсола дорад.
Раванди мушаххаси ташаккули аҷдоди халқи тоҷик ҳанӯз дар ҳазораи якуми пеш аз мелод дар қаламрави давлати Ҳахоманишиён (соли 550 пеш аз мелод) ҷараён ёфта, давраҳоидигари давлатдории тоҷикон замони Сосониён (солҳои 226-651) ва Сомониён (солҳои 875-999) ба шумор меравад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки тоҷикон дар ҷараёни ташаккули таърихии худ роҳи пуршебу фароз ва мураккаберо паси сар намуда, дар заминаи ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ - тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ арзишҳои пурқимату ҷовидонаи маънавию моддиро эҷод кардаанд. Беҳтарин фарзандони миллати тоҷик дар саргаҳи донишу фарҳанги ҷаҳонӣ меистоданд ва дар рушди инсоният саҳми босазо гузоштаанд.
Баъд аз шикасти аввалин давлати мутамаркази сиёсии тоҷикон - Сомониён халқи тоҷик қариб ҳазор сол давлати мустақили худро надошт.
Гарчанде тоҷикон аз соли 1917 дар ҳайати давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ дар қаламрави муайяне зиндагии дастаҷамъӣ мебурданд, аз ҳокимияти сиёсӣ маҳрум буданд, истиқлолияти воқеӣ надоштанд.
Тоҷикон аз муайян кардани муҳтаво, мақсад ва самтҳои фаъолияти давлатдорӣ дар канор нигоҳ дошта мешуданд.
Истиқлолияти Тоҷикистон ва соҳиби давлату давлатдории худ гардидани тоҷикон агар аз як тараф, маҳсули равандҳо ва таҳаввулоти таърихии охири асри бистум бошад, аз сӯйи дигар, натиҷаи талошҳои садҳо фарзандони баору номуси миллат аст, ки барои озодӣ, ободӣ ва обрӯи миллату истиқлолияти Ватани азизамон фидокориву ҷоннисориҳо кардаанд.
Аз ин рӯ, рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 барои мо на танҳо Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин чун санаи тантанаи адолати таърихӣ азизу арҷманд гардидааст.
Соҳибихтиёрии Тоҷикистон аз нигоҳи ҳуқуқӣ тариқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст, ки тибқи муқаррароти моддаи 1-и он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Соҳибихтиёрӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ, яъне, роҳу усулҳои тараққиёти худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра дар сиёсати хориҷӣ бошад, тарзу усулҳои муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва умуман, ҷомеаи ҷаҳониро мустақилона муайян менамояд.
Мафҳуми “соҳибихтиёрии халқ” онро ифода мекунад, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ буда, ҳокимияти худро бевосита (дар раъйпурсӣ ва интихобот) ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
Соҳибихтиёрии халқ боз дар он ифода меёбад, ки танҳо Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи аз номи он сухан гуфтанро доранд.
Ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар шакли пурраашон дар қаламрави давлат амал карда, ҳеҷ гуна дахолати мамлакатҳои хориҷиро намепазирад.
Дар муносибатҳои байналмилалӣ низ давлат тобеи идораи давлатҳои хориҷӣ намегардад. Соҳибихтиёрии давлат пурра ва бидуни истисно зоҳир мешавад ва он нишонаи сифатии ҳар гуна давлат буда, моҳияти сиёсиву ҳуқуқии давлатро ифода мекунад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳамаи нишонаҳои зикршуда буда, дар давоми солҳои Истиқлолият на танҳо асосҳои давлатдории миллии худро ташаккул дод ва мустаҳкам гардонид, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ тавассути чандин пешниҳод ва ташаббусҳои созандаю сулҳхоҳонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуфуз ва эътибори зиёдро соҳиб гардид.
ҲолоТоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ буда, аз соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳидмебошад.
Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуданд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид.
Дар давоми солҳои истиқлолият халқи тоҷик ба дастовардҳои зиёд ноил гашт, ки асоситарини онҳо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Парламенти дупалатагӣ ва касбӣ, қабули Нишону Парчами давлатӣ ва Суруди миллӣ, ба муомилот баровардани асъори миллӣ - сомонӣ, қабули қонуни забони давлатӣ, таъсиси Артиши миллӣва қувваҳои сарҳадӣ мебошад.Ҳамчунин харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ бартараф карда шуда, таҳкурсии азими иқтисодии мамлакат гузошта шудааст.
Дар мамлакат ислоҳоти амиқи иқтисодӣ оғоз шуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ба самтҳои стратегии давлат табдил дода шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои истиқлолият боз як нуктаи муҳиммеро қайд карда, гуфтаанд: “Бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди даврони соҳибихтиёрии халқи мо таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки дар натиҷаи раҳнамоии мардум ба худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги деринаи халқи тоҷик, суннату ойинҳои давлату давлатдории мустақилонаи он, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба мероси гузаштагонамон муяссар гардид”.
Дар ин асно мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибдавлатӣ шукрона кунем, истиқлолият ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Махсусан, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки бинобар бархӯрди тамаддунҳо вазъи ҷаҳон соат ба соат ва рӯз ба рӯз муташанниҷ шуда истодааст, мо бояд аз ҳарвақта дида ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Нагузорем, ки ҷавонони мо мисли ҷавонони солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгаро ва бадхоҳони миллати тоҷик гарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон доимо омода бошанд.
Президенти кишвармуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар рӯзи 9-уми марти соли ҷорӣ оид ба ин масъалаи ҳассос бори дигар чунин таъкид карданд: "Дар хотир дошта бошем, ки роҳбарони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки фарзандони мову шуморо ба сафҳои худ ҷалб менамоянд, азоби таваллуд кардану ба воя расонидани фарзандони моро накашидаанд, заҳмати бедорхобиро надидаанд ва ба онҳо нону об надодаанд. Аз ҳамин хотир, фарзандони мову шумо барои онҳо ҳеҷ арзиш надоранд, дар як лаҳза онҳоро ба террористи худкуш табдил дода, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд. Баъди аз даст додани онҳо танҳо ҷони падару модар месӯзаду халос. Мо набояд гузорем, ки номи фарзандони мо дар таърихи миллат ҳамчун террорист ё ифротгаро сабт шавад. Ин дар шаъну шарафи падару модари тоҷик ва миллати соҳибфарҳангу бостонии тоҷик айб аст. Пас, биёед, фарзандонамонро тарбия намоем, илм омӯзонем, китобхон кунем ва соҳибкасб гардонем, ки дар зиндагии ояндаи худ азият накашанд, роҳгум назананд, дастёр ва ғамхори падару модар бошанд.Мо бояд иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст".

Меҳрангез САЙДАЛӢ,
корманди Раёсати адлияи
вилояти Хатлон

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: