ҚАҲРАМОНЗАНОНИ «ШОҲНОМА»3-04-2024, 14:13
Хабарро хонданд: 236 нафар
Назарҳо: 0
[img=left]http://hamsafon.tj/uploads/posts/2024-04/1712135574_nazvaniya-3.jpg[/img
Шоҳкории бегазанди Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ - «Шоҳнома» аз барҷастатарин асари оламшумул мебошад, ки на танҳо аз таърихи салтанати шоҳон қисса мекунад, балки таъриху фарҳанг, ҷуғрофиёву сиёсатшиносӣ, ҳунари разму абзори набард, ойинҳову ҷашнҳои мардумӣ, қариб ҳамаи соҳаҳои илму фарҳангро дар сарзамини Эронвиҷ ва ҷавори онро тавзеҳ медиҳад. Асрҳост, ки ин китоб мавриди таваҷҷуҳи на танҳо мардуми форсизабон, балки халқҳои мамолики дигари ҷаҳон гашта, миёни хонандагон шуҳрату маҳбубияти хос пайдо кардааст. «Шоҳнома» дар давлатҳои мухталиф муштариёну мухлисони бешумор дошта, достонҳои ҷудогонаи он тавассути донишмандон ба забони халқҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума шуда, дастраси хонандагон гардидааст. Яке аз масъалаҳои ҷолиби таваҷҷуҳи «Шоҳнома» номҳои занонаи ниёгонамон мебошад, ки то ҳол мавриди истифодаи фаровони мардум қарор доранд. Аксари мардуми фарҳангдӯсти тоҷик, дӯстдорони қаҳрамонҳои асари безаволи Фирдавсии Тӯсӣ ва дилбохтагони достонҳои ҷолиби он, ҳамчун ворисони ин адабиёт ва таърихи беҳамто ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки ба фарзандони худ номҳои қаҳрамонони «Шоҳнома»-ро гузоранд. Таҳияи мақолаеро дар шарҳу тафсири чанд номи занонаи «Шоҳнома», ки дар байни мардуми мо маъмул ва маъруфанд, муносиб донистем. Таҳмина - номи духтари шоҳи Самангон, ҳамсари Рустами достон ва модари Суҳроби ял. Решаи ин ном “таҳм”-и авастоӣ буда, маънои он неруманд, пурзӯр, далер, диловар мебошад. Рустам низ дар асл Рустаҳм будааст. Исми Таҳмурас(п) ва сифати таҳамтан низ аз ҳамин решаанд. Паси парда-андар яке моҳрӯй, Чу хуршеди тобон пур аз рангу бӯй. Ду абрӯ камону ду гесӯ каманд, Ба боло ба кирдори сарви баланд... Аз ӯ Рустами шердил хира монд, Бар ӯ-бар ҷаҳонофаринро бихонд. Бипурсид аз ӯ, гуфт: «Номи ту чист? Чӣ ҷӯӣ шаби тира, коми ту чист?» Чунин дод посух, ки «Таҳминаам, Ту гӯӣ, ки аз ғам ба ду нимаам. Фарангис - шакли таҳрифшудаи парадаэз (парадиз, парандиз), яъне фирдавс, боғи биҳишт. Эҳтимол меравад, ки номи аслии ӯ Виспан-фрия ва Фарангис тахаллуси вай ба хотири биҳиштрӯй буданаш аст. Фарангис духтари Афросиёб буда, Сиёвуш ӯро ба занӣ гирифт ва ҳангоме, ки Афросиёб ба куштани Сиёвуш иқдом кард, Фарангис бо лобаву зорӣ назди падар рафт, аммо Афросиёб аз куштани Сиёвуш бознагашт ва фармон дод Фарангисро он қадар бизананд, ки тифли аз Сиёвуш дар батнаш буда биафтад. Сиёвуш чу рӯйи Фарангис дид, Саропои он моҳ чун бингарид, Қаде дид сарву рухе дид моҳ, Фурӯ ҳишта дар бар ду зулфи сиёҳ. Рӯдоба - духтари шоҳи Кобул - Меҳроб, ҳамсари Зол ва модари Рустам. Маънои ном “дорои рӯшноии ҷараёни об” тафсир шудааст. Сазо бошаду сахт дар х(в)ар бувад, Ки бо Зол Рӯдоба ҳамсар бувад. Судоба - номи духтари шоҳи Ҳомоварон, ки Ковус ӯро ба занӣ гирифт, аммо вай ба писари Ковус - Сиёвуш, ки аз модари дигар ба дунё омада, дар назди Рустам тарбият гирифта буд, дил бохт. Ба маънои “дорандаи оби рӯшанибахш” ва онро ба илоҳаи об низ марбут медонанд. Нигаҳ кард Ковусу хира бимонд, Ба Судоба-бар номи Яздон бихонд. Яке анҷуман сохт бо бихрадон, Зи бедордил, пирсар мӯбадон. Сазо дид Судобаро ҷуфти хеш, Аз ӯ ком бистад ба оину кеш. Гурдофарид - духтари Гаждаҳам. Аз решаи “гурд” - баланд ва “офаридан” таркиб ёфтааст. Гурдофарид ба сурати мард даромада, бо Суҳроб набард карда буд, вале чун кулоҳ аз сараш афтод ва гесӯвонаш парешон шуданд, духтар буданаш ошкор шуд ва Суҳроб аз дидани он дар шигифт монд. Чу бар зин бупечид Гурдофарид, Яке теғи тез аз миён баркашид, Раҳо шуд зи банди зиреҳ мӯи ӯй, Дурафшон чу хуршед шуд рӯи ӯй. Бидонист Сӯҳроб, к-ӯ духтар аст, Сари мӯи ӯ аз дури асфар аст. Манижа - номи духтари Афросиёб, ки бо Бежан дилбохтаи якдигар буданд. Маънои онро покдоман ва сафедрӯй тафсир кардаанд. Манижа куҷо духти Афросиёб Дурахшон кунад боғ чун офтоб. Гулрухсор ХОЛБОЕВА,
корманди Осорхонаи ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент ] |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.