ВАТАН МЕҲРИ ТУ ДАР ДИЛ ОШЁН ДОРАД22-02-2024, 11:00
Хабарро хонданд: 1041 нафар
Назарҳо: 0
http://hamsafon.tj/uploads/posts/2024-02/1708927160_nazvaniya-10.jpg[/img]
23-юми феврал - Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат барои ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва барои ҳар як шаҳрванди баору номуси кишварамон санаи муҳимму пурифтихор аст. Давоми 31 соли таъсисёбии Артиши миллӣ ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат рисолати муқаддаси худро баҳри ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлоламон ва зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистон бо устувориву фидокорӣ ба ҷо меоранд. Дар ин муддат Артиши миллӣ ба мактаби бузурги тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор афсарону сарбозони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Дар бораи раванди бунёдкориҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи насли солим, ҷисман обутобёфтаву соҳибхирад, соҳибмаърифат ва худшиносу худогоҳ, ки масъулияти ҳифзу ҳимояи Ватан бештар ба дӯши онҳост, ба муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, генерал-майор Асрор Латифзода бо чанд суол муроҷиат кардем, ки фишурдаи суҳбат пешкаши хонанда мегардад. - Муҳтарам Асрор Латифзода, сараввал дар симои Шумо тамоми родмардони Ватан - хизматчиёни ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро бо иди касбиашон шодбош мегӯем. Дар арафаи таҷлили Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ мехостем ба таърихи ташкилёбии он рӯшанӣ андезед. - Ташаккур. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ бо вуҷуди он ки ҷумҳуриро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ, ба истилоҳ муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта буд, давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон бо кӯшишу заҳмати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи худро таъсис дод. Дар шароите, ки барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. 18-уми декабри соли 1992 Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид ва 23-юми феврали соли 1993, нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид. Ҳамин тавр, он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Таърихи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ се давраро дарбар мегирад. Даври аввал - даври ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки он бомуваффақият анҷом ёфт. Даври дуюм - марҳилаи рушду камоли Артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки он ҳанӯз идома дорад. Даври асосӣ ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дарбар мегирад. -20-уми феврали соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба имзо расид. Шумо, ки як муддат ба ҳайси муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ корҳои сиёсию тарбиявии ҳайати шахсии Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро ба уҳда доштед, мехостем, дар бораи ҳадафу ҷараёни татбиқи Консепсияи мазкур дар ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва умуман вазъи имрӯзаи ташкили корҳои сиёсию тарбиявӣ маълумот медодед. - Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ маҷмуи ғояҳо ва ақидаҳои муосир дар самти корҳои сиёсию тарбиявии мақсаднок дар байни ҳайати шахсӣ мебошад. Мақсади асосии Консепсия муайян кардани тартиб, моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар самти амалӣ намудани сиёсати давлат дар соҳаи ҳарбӣ, таъмин кардани ҳолати ахлоқию руҳии ҳайати шахсӣ, таъмини вазъи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва баланд бардоштани мақом ва обрӯю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷомеа мебошад. Дар маҷмуъ, Консепсия вазифаву самтҳои асосии корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, инчунин, намудҳои корҳои сиёсию тарбиявӣ ва технологияи педагогии тарбияи ҳайати шахсиро муайян кардааст. Асоси корҳои сиёсию тарбиявиро дар Қувваҳои Мусаллаҳ тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат, садоқат ба Савганди ҳарбӣ, тайёр будан ба муҳофизати манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Айни замон Консепсия чун як барномаи мукаммали корӣ дастури амали тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ қарор гирифтааст ва дар ин замина, дар қисмҳои низомӣ пайваста чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва маишиву фароғатӣ доир мегарданд. Барои амалӣ намудани чунин корҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи мамлакат мавзеъҳои истироҳатӣ, китобхона ва дигар толорҳои фарҳангиву фароғатӣ муҳайё гаштааст. Илова бар ин, аз ҷониби масъулон дастурамалҳои методӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо ба табъ расонида шуда, барномаҳои рангини телевизионӣ, филмҳои тарғибкунандаи ватандӯстӣ ва амсоли ин таҳия ва манзури хизматчиёни ҳарбӣ гардонида мешаванд. Ташкил ва баргузории маҳфилу озмунҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ, ки дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии сарбозон нақши муҳим доранд, ба ҳукми анъана даромадааст. - Дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, баланд бардоштани тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ, тарбияи насли солим, худшиносию худогоҳии ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз 2-юми ноябри соли 2022 чӣ нақш мегузорад? - Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ яке аз омилҳои таҳким бахшидани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Қонуни мазкур саривақтӣ буда, ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд. Дар Қонун мафҳуми Ватан - Тоҷикистон, кишвари азизу маҳбуб барои шахс, ҷомеаи иҷтимоӣ ё миллии одамон, ки онҳо мансубияташонро ба он ҳамчун шароити зарурии некуаҳволии худ медонанд ва мафҳуми ватандӯстӣ - муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан ифода ёфтааст. Умуман, тарбияи насли солим, ҷисман обутобёфтаву соҳибхирад, соҳибмаърифат ва худшиносу худогоҳ, ҳисси масъулиятшиносӣ нисбат ба фардои Ватан як шарти муҳимми инкишофи ҷомеа ба шумор меравад. Аз ин рӯ, дар ин масъала ҳеҷ фард, оила, умуман ҷомеа набояд бетараф бошад. Маҳз шахси воқеан, ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин намояд. Пӯшида нест, ки чанд сол қабл ҳолатҳои саркашӣ кардани ҷавонон бо ҳар баҳона аз хизмати Ватан-Модар ба мушоҳида мерасиданд ва тавре худи ҳамдиёрон шоҳид ҳастанд, имрӯз ҷавонони мо бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дарк кардаанд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ қарзи фарзандии онҳост. Ҳадафи асосии сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар дар самти сиёсати давлатии ҷавонон низ маҳз аз ҳамин иборат аст. Имрӯз ҳангоми ҳар як сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар Роҳбари давлат ба ташвишҳои зиёд нигоҳ накарда, ҳатман аз аҳволи ҷавонон бохабар мешаванд, бо онҳо суҳбатҳо анҷом медиҳанд, пешниҳоду дархостҳояшонро мешунаванду баҳри иҷрои онҳо масъулонро вазифадор менамоянд. Мутаассифона, имрӯз бинобар сабаби камтаҷрибагӣ далелҳо кам нестанд, ки ҷавонони мо бо таъсири омилҳои гуногун ба калавишҳо дучор меоянду гоҳо ба ҷараёну ҳаракатҳои ифротгаро мепайванданд. Ин ҳолат бозгӯи он аст, ки масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ҳанӯз аз костагиҳо орӣ нест. Дар ин замина, тарбияи насли солим, соҳибмаърифат ва худшиносу худогоҳ як шарти муҳимми инкишофи ҷомеа ба шумор меравад. Бинобар ин, миёни ҷавонон тарбияи ватандӯстиро бояд ба таври пуртаъсиру густурда ба роҳ монему онҳоро ба зиракию таҳаммулгароӣ даъват намоем. Умуман, мо, насли калонсол барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон бояд пайваста кӯшиш ва мусоидат намоем. Яке аз вазифаҳои муқаддас ва қарзи инсонии падару модарон, омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман, аҳли ҷомеа ин аз амалу рафтори ноҷо ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани наврасон ва ҷавонон мебошад. Дар баробари ин, насли ҷавон дар навбати худ бояд фаромӯш накунад, ки имрӯз ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он, пеш аз ҳама, беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ояндаи неки Тоҷикистон аст. Онҳоро лозим аст, ки бо баланд бардоштани иқтидори зеҳниву илмӣ, маҳорати касбомӯзиву рақобатпазир шудан дар дунёи иттилоотӣ дар пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд. - Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, ки вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир -терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор мекунад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем... - Бале, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷузъи муҳимми стратегияи давлатдорӣ ва дастурамали босамари фаъолияти давлат дар сиёсати дохилию хориҷӣ маҳсуб меёбад. Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ махсус таъкид намуданд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи мухталифи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардуми моро халалдор намояд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам кардани иқтидори мудофиавии мамлакат диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимии худ қарор додаанд, чунки дар ҳар давру замон ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад, зеро ин қувва, сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти ҳар як давлатро таъмин менамояд. Дар мавриди баланд бардоштани зиракии сиёсии насли ҷавон ва пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бояд зикр намуд, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ин мушкилот бесабаб нест. Бинобар ин, мо бояд бепарво набошем ва барои таълим ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия кардани наврасону ҷавонон талош варзем. Сарвари давлат таъкид карданд, ки роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори қатъӣ диҳанд. Ҳукумати мамлакат дар бораи навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои зарурӣ меандешад, ки ҳадаф аз ин боз ҳам беҳтар таъмин кардани амният ва суботи кишварамон мебошад. Беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмати хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошанд. Мувофиқи дастури Роҳбари давлат аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд гардид. Бо ҳидояту роҳнамоии падаронаву дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд танҳо баҳри зиндагии боз ҳам арзанда талош варзем. Бовар дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба Савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда. рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар ва халқу давлати хеш минбаъд низ бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ равона месозанд. Бо истифода аз фурсат афсарону сарбозони шуҷои Ватан, собиқадорон, онҳоеро, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионии мамлакат ҳисса гузоштаанд, ба муносибати 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, ҳушёрию зиракӣ ва дар ҳифзи Ватан ва таъмини сулҳу субот неруи тоза орзу мекунам. - Барои суҳбати пурмуҳтаво ташаккур. [right]Алӣ ҶӮРА |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.