Дар чорсӯи ҳунар12-12-2023, 14:29
Хабарро хонданд: 429 нафар
Назарҳо: 0
Ҳунар мазраи сабз дар хирман ва кулвори нафари ҳунарманд буда, туғён ва шӯру валвалаеро дар шараёни ӯ ба вуҷуд меорад. Аниқтараш, шахсеро, ки дар вуҷудаш шохаҳои ҳунар оташак афрӯзад, оташ бо мурури замон ба гулхан табдил гардида, дурахш, ҷило ва гармии он аз сина берун ҷаста, сар ба афлоки хирад мепечад.
Ҳунари овозхонӣ аз замонҳои хеле ва хеле дур аз ёдҳои инсонҳо замину замонро тасхир намуда будааст ва шояд ҳамин буда бошад, ки орифи хушкаломи адабу ҳунари порсии порсони олами маъонӣ Ҳофизи Шерозӣ чунин фармуда: Дар осмон на аҷаб, гар ба гуфтаи Ҳофиз, Суруди Зуҳра ба рақс оварад Масеҳоро. Суруди Зуҳра, ин каломи орифони пур аз маъони ошиқона касро дар боли андешаҳои малакутӣ мебарад ба самои ҳунар, ба баландтарин қуллаи андешаҳои хирадмандонаи малакулмаънӣ дур аз назарҳо, ба он ҷойе, ки басират оҷиз асту башорат наздик ва он садо, садои малакутӣ оҳанги аз жарфои ҷони осмон ба само печида, ки онро бо гӯши ҷон мешунавӣ ва бо чашми дил мебинӣ ва боз шояд ҳамин буда бошад, ки Мавлонои Балхӣ перомуни матои шеър ва олами маонӣ чунин фармуда: Шеър он бошад, ки бистонад туро, Бехабар аз хеш гардонат туро. Орифони сармасти бодаи лоязолӣ дар ҳавои ашъори малакутӣ аз худ мерастанд, аз шароби шавқ масту мадҳуш мегаштанд. Сомеъон ва бинандаҳо дар ҳавои савтҳои малакутии онҳо бо шавқу шӯри бепоён ба онҳо мепайвастанд ва худро аз хеш берун сохта, ба он олами аз дидаву гӯш ба фаромӯшӣ уфтода зара ба зара, ғара ба ғара, мавҷ бо мавҷ ва авҷ бо авҷ мепайвастанд. Яъне, ҳунари воқеӣ ва ҳунарманди асил ҳамин гуна бинанда ва шунавандаро аз хеш бурун сохта, вориди дунёи шавқу шӯр ва олами аз ақлу ҳуш болотар мегардониданд. Банда аз гӯшу ҳуш ва чашму ақлу заковати беш аз чиҳилсола дар ин чорсӯ, ин чаҳор роҳ, ин чаҳор қулла, ин чаҳор дарвоза, ин чаҳор боғи маърифату маъонӣ ва ин чаҳор қутби ҳунари асили тоҷикӣ роҳгузар ҳастам ва пушти ин чаҳор дарвозаи тиллоии ҳунари овозхонии ин миллати бузурги ҷаҳонро тасхир намуда, дар такопӯям. Дунболи лаҳни хуш ва таронаҳои шавқӣ, дар боли орзуҳои ширинтарини зиндагӣ, бо гӯши ҷон садои устоди ҳунари асили гӯяндагӣ, овозхони воқеан мардумӣ, ки сурату сирати ӯ дар равоқи забарҷади ҳунари волои овозхонӣ бо ҳарфҳои тиллоӣ ҳакокӣ шудааст, мешунавам. Устодон Абдулло Назрӣ, Одина Ҳошим, Зафар Нозим ва Ҷӯрабеки Мурод, ки худ муроди дили ин миллати фарҳангсолор мебошанд, пушти ана ҳамин дарвозаи тиллоии савту садо ҳанӯз гӯшу ҳуш мебошам. Оре... матонат, садоқат, назокат ва нафосати ҳунари асилро дар чеҳраи нуронии ин пирони хирад мебинам. Панҷоҳ сол қабл аз имрӯз, суруди ин устодони арҷманду соҳибэҳтиром дар қаламрави кишвари Шуравӣ шиносномаи миллати тоҷик буд. Таронаҳои дилошӯб, савту созҳои миллӣ ва назокату латофати ҳунари баланди устод Ҷӯрабеки Мурод дар толорҳои шуҳрати ҷаҳонидоштаи сайёра номи ин миллати бузургро муаррифӣ мекард. Баландтарин унвони он замон - Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шуравӣ дар Тоҷикистон бо номи Ҷӯрабеки Мурод ифтихорманд буд. Мактаби ҳунар ва маҳорати касбии овозхонии устод лабрези дӯстдорону ҳаводорон ва пайравонаш гардида, сафи мухлисону ҳаводоронаш лаҳза ба лаҳза мефзуд ва шогирди мактаби ҳунари Ҷӯрабеки Мурод на ҳар кас буда метавонист. Ахлоқи ҳамида, латофат ва назокати гуфтану шунидан, тарзи либос пӯшидан, одоби дар маҳфили аҳли сухан ва калом нишастан, тарзи ба сомеъ ва бинанда расонидани амонати аз классикони бамеросмонда, башардӯстӣ, мардумнавозӣ - ин ҳама хоси худи устод Ҷӯрабек будаву ҳаст. Ҳамин ахлоқи баланди инсонӣ ва истеъдоди фавқулодаи ӯ буд, ки шоири шаҳир, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода шеърҳояшро дар ҳавои оҳангҳои устод Ҷӯрабеки Мурод замзама мекард. Миёни устод Ҷӯрабек ва аҳли калом як пайванди ногусастание буд. Кулли шоирону нависандагони тоҷик дар маҳфили каломи хеш боифтихор ӯро мехонданд. Имрӯз мактаби бузурги ҳунари асили савтиёти миллӣ, ки номи устод Ҷӯрабек Мурод бо ҳарфҳои тиллоӣ болои он ҳакокӣ шудааст, шогирдон ва пайравони зиёдеро рӯйи саҳнаи ҳунар овардааст. Бузургтар аз он ин аст, ки насли сеюми мактаби ҳунарии устод Ҷӯрабеки Мурод толорҳои қалби ошиқонро чароғон намуда, садҳо ҳунармандони ҷавон худро шогирди ин мактаби касбӣ ном мебаранд ва устод қандили бузургеро мемонад, ки шогирдон чун чилчароғ атрофи он зери шаҳпари шуои пурҷилои малакутии ӯ сарфарозӣ доранд. Мактаби ҳунарии устод Ҷурабек Мурод, аз дили Хуҷанди бостон то тамоми водии Зарафшон, водии Ҳисор, вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон домон густурдааст. Ҳамин будаву ҳаст, ки дар тамоми Самарқанду Бухоро, Намангон, Фарғона ва Тошканд нест хонадони тоҷику ӯзбек, ки бо оҳангҳо ва лаҳни шакарини устод Ҷурабек таронаеро зам-зама насозад. Суруди мардумии “Зулайхо” пайки шодиву сур барои тамомии хонадони тоҷику ӯзбек будаву ҳаст. Борҳо банда шоҳиди он будам, ки устоди зиндаёд, Шоири Халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллор Рӯдакӣ Лоиқ Шералӣ дар ҳавои завқ ва оҳанги устод Ҷӯрабек ин сурудро замзама мекард. Ҳамин муҳаббат ва самимияти қаламрави эҷоду эътибори фарҳангӣ пулеро миёни қалбҳои устодон Лоиқ Шералӣ ва Ҷӯрабеки Мурод ба миён овард, ки ҳосилаш ин шеъри Лоиқ мебошад: Қурбони он дилам, ки қурбони одам аст, Ҷонам фидои одаме, к-ӯ ҷони одам аст! Ман ҳар чи ҷамъ оварам дар рӯзгори хеш, Аз баҳри рӯзгори парешони одам аст! Сад ҷазбаи заминро як ҷав намехарам, То ҷазбаи ишораи дастони одам аст! То он даме, ки зиндаам андар талоши бахт, Ашъори ман ситоиши исёни одам аст! Ин мактаби олами маъонии зебоофарӣ ва зебоипарастӣ номи устод Ҷӯрабеки Муродро шаст сол боз зевари тору пуди ҳунари овозхонӣ намудааст. Магар овози ширину гуворо ва ширадору шавқрези ҳунармандони мардумии кишвар - Муродбеки Насриддин, Хосияти Зарафшонӣ ва Афзалшоҳи Шодӣ пайки абадияти мактаби устод Ҷӯрабеки Мурод нест? Ҳаққо, ки ин мактаб саропо кишвари биҳиштмаъвои тоҷикро фаро гирифтааст. Дар дунёи ҳунари овозхонӣ қуллаи устод Ҷӯрабеки Мурод баландтарин қуллаи савту садои миллати тоҷик мебошад. Андалебово Аз чаманистони гулҳои ҳазорранги устод Ҷӯрабек рӯ сӯи таронаҳои мардумӣ, оҳангҳои пур аз навозиш ва лаҳни гулрезу гулоғӯши кӯҳистони кишвар оварда, гӯш фаро мениҳем бо садои наворез ва савтҳои гӯшнавози устоди ҳунар, Ҳунарманди мардумии кишвар, устоди зиндаёд Абдуллоҳи Назрӣ. Садои хуш ва савтҳои пуршӯри мардумӣ ва лаҳни чун чашмаҳои мусаффои кӯҳистони сар ба афлок кашидаи тоҷик устод Абдуллоҳи Назриро ҳамнишини синаҳои мардум намуда, ёди некашро садсолаҳо дар ёдҳои ошиқону шефтагонаш бо абадият сабт намудааст. Садои малакутӣ ва навои пуразнавозишу саропо пур аз назокату латофати савтрезаҳо маҳин-маҳин, чун шабпаракҳои ошиқи гулҳои ҳазорранг ба само мепечад ва садои фораму дилнишини ӯ чаманистони олами маъониро шукуҳу шаҳомати абадӣ мебахшад. Дарёи ҳунар мехӯрушад, талотум мекунад, дар ҷӯяҳои маъонӣ мавҷзанон занҷирҳои ихтиёрро аз ҳам мешиканад ва сар ба афлок мекашанд, ӯро бо худ мебаранд, ба дунёи бекаронаи розу ниёзҳои малакутӣ. Оре, ҳамин будааст, ки ҳанӯз наздики шаст қабл аз имрӯз, шоири зиндаёди тоҷик Ғоиб Сафарзода дар як нигоштаи хеш дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” (соли 1964-ум) дар мавриди ҳунари устод Абдуллоҳи Назрӣ чунин нигошта буд: “Имрӯз дар корзори меҳнати зарбдори сотсиалистӣ, ҳунарманди маъруфи тоҷик, яке аз шогирдони пурифтихори устодон Акашариф Ҷӯраев ва Абдуллоҳи Назрӣ бо таронаҳои дилошӯби хеш руҳияи меҳнаткашонро баланд бардошта, онҳоро бо фатҳи марраҳои нави меҳнатӣ ҳидоят менамояд. Маҳз овози ширину лаҳни хушаш, садои мурғакони кӯҳистонро бо манзараҳои мафтункунандаи биҳиштосояш пеши назар меорад. Барои мани қаламкаш, ки дар корзори адабиёти тоҷик барои эъмори ҷомеаи инсонпарвари сотсиалистӣ бо майлу рағбати дучанд кор мекунам, суруду таронаҳои ӯ муҳаббати манро ба диёри кӯҳистони тоҷик лаҳза ба лаҳза зиёдтар менамояд ва гумон мекунам, ки ин абётро маҳз барои ӯ нигоштаам: Овози маро зи кӯҳсорон шунавед, Аз савти нафиси обшорон шунавед. Мурғони диёри ман шиносанд маро, Овои ман аз нолаи онон шунавед”. Банда бо тамоми дилу ҷон дар ин маънӣ бо шоири шаҳир Ғоиб Сафарзода ҳамфикру ҳамақида ҳастам. Ҳунарманди воқеан ҳам мардумии кишвар - Абдуллоҳи Назрӣ шаҳсавори корвони савту садо ва лаҳни хуши мардуми кӯҳистон будаву ҳаст. Нест хонадони кӯҳистоние, ки таронаеро дар сабку услуби малакулмаъвои устод Абдуллоҳи Назрӣ замзама нанамояд. Ӯ резапайкар, резаандом ва резагуфтор буд. Марди маҳфилоро, машъалафрӯз ва ҷаҳондидае буд. Сурати хирадмандона ва сирати бузургворона дошт. Ӯ марди худодод ва роҳии осору пайкори ҳунари волои савту садои мардумӣ буд. Ошиқону ҳаводорони савту садои хушаш аз ду соҳили Ому то паҳнои ду Бадахшон гӯшу ҳуши ӯ буданд. Дар тарона ва замзамаҳои мардумии ӯ, дар боми андешаҳои орифона, тамоми манзараҳои гулпӯши кӯҳистони кишвар пеши назар ҷилвагар мешуд. Лаҳни ширадор ва садои аз жарфи ҷон бо эҳсосоти баланди малакутӣ бурунҷастаи ӯ ба само мепечад. Само ситоразор мегашт. Ситораҳои тиллои савту садои хуши мардумиаш ҳамаро сарҷамъ месохт. Таровиш ва назокати лаҳни ширадораш касро асиру шефтаи савтиёти ӯ мекард ва аз худ мерастӣ ва ба дунёи ҳазорранги ӯ мепайвастӣ. Ин ҳунари худододӣ, ин ганҷи шойгон, ин мероси ҳазорсолаи тиллоӣ қиматтарин гавҳар дар ҳастии ӯ буд. Мактаби ҳунарии ӯ аз кулбаи хоксоронаи бобоӣ ва аз мактаби бузурги ҳунарманди мардумӣ - Акашариф Ҷӯраев оғоз гардида, беш аз панҷоҳ сол ин мактаби ҳофизи зиёдаёдро пешво буд. Чун суфиёни Хуросони бузург аввалин шогирдони ин мактаб фарзандони азизи ӯ буданд. Баъдан, ин мактаби ҳунарӣ ба маҳфили фарзонагони кӯҳистон табдил ёфт. Сабку услуб ва роҳу равиши оҳангҳои ҷаззобу дилнишинаш бо умқи гӯши ҷонҳои сомеъон мерасид. Ҷилои рӯшани ҳунари гӯяндагии мардумӣ аз падар ба фарзанди фарзонаву арҷманд ва донишманду оҳангпарвари ӯ - устод Исмоил супурда буд. Ӯ беш аз панҷоҳ сол боз шогирди ин мактаби бузург ҳаст. Ҳарчанд ӯро ҳамагон ҳамчун устоди бузурги ин мактаб медонанд, ӯ ҳанӯз худро шогирди ин мактаб меҳисобад. Насли сеюми ин мактаб дар такопӯ ва эҷоди тозаву рангин, мусофирини дунёи ҳунар мебошанд ва миёни мардуми кишвар арҷгузории бузурге дар сару садоҳои ин хонадони арбобони ҳунар мебошад. Яке ӯро бо унвони “қутби ҳунари мардумӣ” мешиносад, дигаре ӯро бо унвони “дарвозаи тиллоии савту садои ду Бадахшон”. Воқеан, ӯ дарвозаи тиллоии савту садо ва лаҳнҳои ширини кӯҳистони тоҷик мебошад ва ҳанӯз бо гӯши ҷон садои ширадору лаҳни хушашро мешунавем. Савтрезаҳо маҳин-маҳин аз гӯши ҷон ба гӯши дил фурӯ менишинад. Лаҳзае дар сукути андешаҳои ошиқона ва орифона оҳанги хайрбод ва видоъро лолоӣ мекунем. Ҷасоратово Дар боли шавқу шӯр ва туғёни ҳастӣ садои пуршӯре ба само мепечад. Садои ошно! Садои матонат ва паҳлавонӣ, садои шавқу шӯру ҷавонӣ. Садое дар ҳавои риндони сармасти Порсо! Садои марғуладори шерафкан. Оре, ин ҳамон садои устоди равоншод, қаҳрамони сарои ҳунари овозхонӣ Зафар Нозим мебошад. Солҳои шастуму ҳафтодуми садаи гузашта ин марди ҳунар яккатози майдони таҳамтанони ҳунари овозхонӣ буд. Садои пуршӯру пуртуғёни устод Зафар оҳанги матонату қаҳрамонии ҷавонони он замон буд. Дар ҷодаи ҳунари асили овозхонӣ устоди равоншод Зафар Нозим, воқеан, шӯру туғёни наверо ба миён овард. Мактаби ҳунари устод Зафар Нозим мактаби матонат ва шуҷоату ойини ҷавонмардӣ буд ва ин мактаб ҷойи ҳар тардомане буда наметавонист. Овозаву шӯҳрату шони ҳунари устод Зафар то охири солҳои ҳафтодуми садаи гузашта пайки пирӯзии мактаби риндони сармаст буд. Садои хуши ӯ аз қалбҳо ба қалбҳо ва аз гӯшҳо ба гӯшҳо мерафт. Пойтахти кишвар - Душанбеи азиз он замон аз садои марғуладори фалакпечи Зафар руҳи тоза мегирифт. Таронаҳои пур аз шавқу шӯр ва оҳангҳои дилнишини ҷаззоби ӯ ба маҳфилҳои шавқии ҷавонон руҳу болидагӣ мебахшид. Ошиқону шефтагони савту садои хуши устод Зафар бар тану ҷони баъзе аз сардамдорони он замон ларза меангехт. Ӯ мисли раъду барқ буд. Дарвоқеъ, ӯ сабку услуби хоси хешро дошт. Ин мактаби ҳунар аз қолабҳои куҳна берун раста, дар кӯчаҳои ҳунари овозхонӣ шӯру валвала барпо карда буд ва ҳамин сабкро дар тамоми кишвар бо унвони “Сабки Зафар” пазируфта буданд. Ин бузургмарди дунёи ҳунар то солҳои 90-уми садаи гузашта яккатози майдони ҳунари савту садо буд. Ӯ яъсу ноумедиро дӯст намедошт. Тамоми сурудаҳояш шавқу шӯр ва туғёну талотуми зиндагӣ буд. Ӯ миёни абру боронҳо ва тӯфонҳо зода шуда буд. Ҳеҷ гоҳ пеши зиндагӣ бечорагӣ накашида буд. Доротарин дороҳо, номдортарин номдорҳо, паҳлавонҳо, муштзӯрҳо - ҳама сурудаҳои ӯро дӯст медоштанд. Дар ҳавои сурудаҳои ӯ таровати баҳор назокати абру борон ва туғёни абрҳои раъдрез дида мешуд. Мо, наврасони он замон, ояндаи ҷавонӣ ва шукуҳу шаҳомати қаҳрамониро аз сурудаҳои ин абармарди дунёи ҳунари воқеан, миллию мардумӣ меёфтем. Сурудаҳояшро зери лаб замзама мекардем. Ҳатто ба либоспӯшии устод Зафар тақлид мекардем. Ӯ барои мо як симои бузурги сурудаҳои матонату қаҳрамонӣ буд. Ӯ уқоби пулодчангол ва дурпарвозеро мемонд. Пеши гардун зинҳор бечора набуд. Шикоятро дӯст намедошт. Табассуми зебое дошт. Қаҳ-қаҳ механдид. Хандааш аз қаъри дил ва жарфои ҷон буд. Бар ашк ва гиряи ӯ зинҳор бовар надоштам. Ин ҳама то баҳори майдонбозиву майдонсозӣ давом кард. Баъд аз чаҳор сол, баҳори соли 1994 ба аёдаташ рафтам. Ҳеҷ боварам намеомад, ки бо устоди арҷманд, ринди сармаст Зафар Нозим нишастаам. Хеле маъюсу бечора, дилмондаву дилмурда, хомӯш буд, ашк мерехт. Аз ман гурехтан мехост. Тобу тоқати суҳбат надошт. Аниқтараш, ӯ намехост, ки нафаре аз муштоқони ҳунараш бечорагии ӯро бубинад. Сархаму хомӯш, маъюсу ноумед аз наздаш берун шудам. Наздики як соат пушти дараш нишастам. Ӯ дигар набаромад. Дуюмбора майли наздаш даромадан доштам. Баъд аз лаҳзае сари ин андеша омадам, ки ӯро тарк гӯям ва ҳамин тавр ҳам шуд. Пас аз як моҳ он чиро, ки дар чашмони маҳзуни пур аз дарди ӯ дида будам, рӯйи саҳфа овардам ва он матолиби нигоштаам тавассути як дӯсти ҳунармандам ба дасти устод расонида шуд. Баъд аз се сол боз вохӯрдам. Аммо... Ӯ нафари дигар буд. Чашмони маҳзун, чеҳраи гӯёву хирадмандонааш аз ман узрхоҳӣ мекард. Бале, ҳама гуна нооромӣ ва бесарусомонӣ, аввал аз ҳама зарбаҳои маргбор бар ҳунар ва ҳунарманд мезад. Аммо ин ҳама шикастанҳо имтиҳони сарнавишт ва тақдир буд. Он гуна, ки Мавлонои бузург фармуда: Заҳр додам, нӯш кардӣ, ғам махӯр, Ман даҳони ту пур аз ҳалво кунам. Насими файзхезу файзрез ва файзбахши Истиқлол баъд аз чанде бо мадади Парвардигори бахшандаи меҳрубон хирадмандеро аз дудаи Сомониёни далери миллатсозу фарҳангбунёд рӯйи кор овард. Ин абармарди таърихи навини миллат бар тани афгору афсӯрдаи Ватан руҳу тавони нав бахшид. Бар хастагони руҳу ҷони миллат тобу тавон ва матонат бахшид. Ғунчаҳои аз зимистони бармаҳал сар ба замин ниҳода қомат афрохта, сарфарозиву сарбаландӣ муждаи рӯзи нав оварданд. “Ман ба шумо сулҳ, саодат, шукуфоӣ ва муждаи васлу висол хоҳам овард”,- гуфтани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замини ормонҳои миллатро гулбасару гул бар домон намуд. Яъсу ноумедӣ ва дарду ҳиҷрон бо мақдами мубораки ӯ замини рӯзидеҳу ризқофари моро ба абадият тарк намуданд. Киштаҳо сарсабз гардида, қалбҳо аз нав ба тапиш ва рӯйиш даромаданд. Суруду тарона ва чангу чағонаи Ориёӣ саропои қаламрави биҳиштмаъвои мо, тоҷиконро чароғистон намуд. Маҳфилҳои саропо маърифатхез ва савту садоҳои ориёӣ то бар гӯши олами малакут расид, китобу маърифат бар гӯши ҷонҳо мегуфт: Савту сози мо китобу ҳикмат аст, Ин ду маънӣ эътибори миллат аст. Ин бор бо дастгирии бевоситаи ин абармарди таърихи навини миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устод Зафар Нозим хеле қадрдонӣ гардид. Мақому манзалати ҳунар ва ҳунарманд арҷгузорӣ гардида, тамоми маросиму тантанаҳои кишвар бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар гулбасару гул бар домон гардид. Душанбе, ҳамакнун бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи ин абармарди таърихи навини кишвар ва шаҳрдори воқеан ҳам азизи Душанбеи гулбадомони мо, аз Бухорои Сомониён ҳеҷ каму костие надошта ва надорад. Равонат шод бод, устоди арҷманд. Садояш дар қалбҳои мо то он замон, ки набзи мо метапад, танинандоз аст ва дар санги мазораш даруни синаи хеш набиштаам: Баъд аз вафот турбати мо аз замин маҷӯ, Дар синаҳои мардуми ориф мазори мо. Оре, мазори ин абармардони таърихи ҳунарҳои мардумӣ абадан дар синаҳои орифони миллат сукунат ихтиёр кардаанд. Мактаби ҳунари устод Зафар Нозим беш аз шаст сол дар тамоми атрофи Душанбе ва тамоми водиҳои Рашту Вахш соҳиби ошиқону шефтагон ва пайравони зиёд мебошад. Лаҳни гӯйиши ин мактаб мақоми шавқӣ, бо зарбаҳои силсиладори мардумӣ буда, садои марғуладори мавҷхези зарбсоз мебошад. Боиси сарафрозӣ ва ифтихормандии тамоми ошиқону шефтагони лаҳни хуши устод Зафар Нозим ҳамин будаву ҳаст, ки фарзанди арҷманди ӯ Ҷовид ин мактаби бузургро бо тамоми нозукиҳояш аз худ намуда, имрӯз саҳнаи ҳунари падарро холӣ нагузоштааст. Ҷовид - сурат ва сирати Зафар, Ҷовид - ҷилои устод Зафар дар оинаи ҳунар, Ҷовид - давоми умри абадии Зафар. Ҷовид, ин мактабро мебояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад. Сафи шогирдони ин мактаб, ин лаҳни ширину гувороро мебояд дар такмили нав дар лаҳни устод Зафар то ба Сурайё бирасонад. Шаҳдово Бо арҷу эҳтироми бузург, ба руҳи поки устод Зафар зери савту садоҳои осмонкафи ӯ вориди ҷаҳони пур аз маъонии орифи суханшинос ва андалеби гулшани розҳои гуфтаву ногуфтаи ҳунарманди равоншод Одинаи Ҳошим мегардем. Он гуна, ки худи ӯ месуруд: Рози Ҳофиз баъд аз ин ногуфта монд, Эй дареғо, роздорон ёд бод. Оре, розҳои ӯ дарвоқеъ, ногуфта монд. Китоби қалби пуршӯри ӯ нокушода, нохонда, ношунида ба абадият супурда шуд. Ҳамакнун гӯш бар ашъори пуршӯри сурудаҳои ӯ мекунему дар сукути андешаҳои хирадмандона бо ӯ ҳамсуҳбат мешавем ва розҳои пинҳони ӯро аз фиғону дардҳои зери савту садо пинҳонгаштааш мешунавем. Он гуна, ки гӯшу ҳуши шоири зиндаёди тоҷик Бозор Собир ӯро бо ин каломи ҷовидона шинохта буд: Савту сози Ибни Ҳошим ёдгори миллат аст, Нолаи ошуфтае аз рӯзгори миллат аст Ман ба симояш фурӯғи Оли Сомон додаам, Вориси Сомону Нуҳу, шаҳриёри миллат аст. Аз ин болотару хубтару воқеъбинонатар касе ӯро надидааст. Ҳол он ки тасвири ҳунари устоди зиндаёд Одинаи Ҳошимро садҳо шоиру нависандаи хушкаломи тоҷик сутуданд. Мактаби ҳунари волои розҳои орифонаи устод Одина аслан ин мактаби падари бузургвори ӯ - Ҳошими Қосим дар такмили худи устод Одинаи Ҳошим мебошад. Мактаби ҳунари ин абармарди таърихи мусиқӣ ва савтҳои воқеан, мардумӣ оғози солҳои 60-уми садаи гузашта дар аксари мамолики Шарқи исломӣ соҳиби шогирдони зиёде буд. Оғози солҳои 70-уми садаи гузашта шоир ва ҳофизи хушкаломи Афғонистон, равоншод Зиё Қоризода мактаби ҳунари Одинаи Ҳошимро мактаби лаҳнҳои абадзиндаи гӯишҳои Балхи бузург ёдовар шуда буд, ки ин асоси воқеӣ мебошад. Дигаре аз донишмандони шинохта ва овозхони баландовозаи Афғонистон - Акбар Лоло сабки хониши устод Одина Ҳошимро сабки хониш ва қироати Хуросонии Каломуллоҳ ёдоварӣ намуда буд. Устоди калому лаҳну савту мусиқии Ирон Муҳаммад Ризои Шаҷариён мактаби ҳунари устод Одинаи Ҳошимро мактаби каломи мавзун ва савтҳои орифонаи Хуросони бузург ёдоварӣ намуда буд. Оре, мактаби ин ҳунарманди асил то ҳол мавриди омӯзиш ва пажӯҳиши ҳеҷ яке аз ҳунаршиносони кишвар қарор нагирифт. Аммо мактаби муқаллидони фалаксароии ӯ дурӯғакеро зевари дидаҳо чун сароб намудаанд. Тӯли бист сол боз ин мактабро сарпӯш болояш гузоштанд. Аммо, аз номи поку бузургвори ӯ хеле нафарон соҳиби ному нон ва шаъну эътибори дурӯғине гардидаанд. Ӯ худ, ки марди Худодод буд, руҳи покаш ҳанӯз хеле касонро шафоат карда истодааст. Мактаби ҳунари лаҳни гӯиши устод Одинаи Ҳошим, дарвоқеъ, мактаби лаҳни қироати Каломулоҳ мебошад. Банда шоҳиди он будам, ки дар аввалин Анҷумани тоҷикони ҷаҳон дар шаҳри Душанбе, дар як нишасти хосае, ки дар он шодравон, академик Муҳаммад Осимӣ, ду нафар тоҷикони Афғонистон. Раиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистон - устод Аҳмади Донӣ, ду нафар тоҷикони муқими Арабистони Саудӣ ва як нафар меҳмон аз Амрико ҳузур доштанд, яке аз тоҷикони муқими Арабистони Саудӣ бо номи Муҳаммад Ашрафи Саудӣ, вақте ки Одина Ҳошим бе асбобҳои мусиқӣ ғазали Соиби Табрезӣ ва як ғазали Ҳофизи Шерозиро сароид, ҳамаи он меҳмонон ашк мерехтанд. Дар интиҳо ҳамин меҳмони аз Арабистони Саудӣ омада пешонаи Одинаи Ҳошимро бӯсид ва дастонашро ба сифати эҳтиром дар дидаҳояш молиш дод ва гуфт, ки “падари бузургворам се сол пеш дар синни 96-солагӣ аз дунё гузашт ва орзуи шунидани овози Одина Ҳошимро дошт”. Ӯ гуфт, ки “падари бузургворам Қуръонро ҳамин гуна, ки устод Одина ғазали Соибу Ҳофизро сароид, ҳамин гуна дар ҳамин лаҳн месароид”. Чунин лаҳни хониш он замонҳои дур дар хонадони Оли Сауд бисёр эътибор дошт ва ин лаҳнро онҳо “лаҳни хониши Хуросонӣ” ном мебурданд. Яъне, ки шаҳдово, овозе, ки аз шираи ҷон ғизо мегирад ва руҳро оромиш мебахшад. Дареғо, ки он замон, дар он шабу рӯз, ҳеҷ имкони сабт ва навори онҳо набуд. Устод Аҳмади Донӣ бо хеле эҳсосоти баланд дар ҳаққи устод Одинаи Ҳошим суханони зиёде гуфт. Банда, ки забони ӯро намедонистам, равоншод Муҳаммад Осимӣ канда-канда ба мо тарҷума мекард. Яъне, лаҳни хониши устод Одинаи Ҳошим ба тарҷумон ниёз надошт. Аммо, ҳунар ва истеъдоди фавқулода ва қувваи ҳофизаи ӯ ҳасудони хеле ва хеле зиёд дошт. Аслан рашку ҳасад зодаи санъаткорон мебошад, на зодаи ҳунармандон. Яъне, ҳунари хонандагӣ ва савтиёти Одинаи Ҳошим мактаби бисёр бузурге буда, ҳанӯз дар қаъри он ганҷҳои бебаҳои зиёде нуҳуфта, интизори пажӯҳишгарони воқеии таърихи ҳунари савтшиносӣ ва лаҳншиносӣ мебошанд. Устод Одина дар интихоби мусиқӣ бар матн ҳунари нотакрор ва фавқулодае дошт. Ҳар шеърро намеписандид. Завқи хеле баланди интихоби матнро дошт. Ашъори беш аз сад нафар шуарои классикро ба бориктарин ва гӯётарин риштаи ҳазорранги мусиқии руҳнавоз кашида буд. То ҳол гӯши мо нашунида ва чашми мо ҷойе нахондааст, ки касе аз мусиқашиносону мусиқидонони кишвар пиромуни истеъдоди нотакрори ҳунари оҳангшиносии Одина Ҳошим чизе гуфта бошад. Охир, мусиқӣ ва савту наво либоси матн мебошад. Бар тани матн пӯшонидани либоси шинам ва хоси он матн корест басо сангин. Мактаби маҳорати гӯяндагии устод Одинаи Ҳошим хоси худи ӯ буд. Банда, ки бо шарофати падари бузургвору донишманди зиндаёдам ошноии беш аз бистсола бо ӯ доштам, аз суҳбатҳои самимӣ ва хосаи ӯ хеле баҳраҳо бардоштаам. Боре аз рӯйи дилбастагиам ба савту садо ва оҳангҳои мардумӣ ҳангоми иҷрои як ғазал аз устод хӯрдагирӣ намуда, гуфтам, ки “ҳангоми иҷрои ин матн мусиқӣ мебояд каме пештар аз хониши Шумо мебуд”. Устод дарҳол пай бурд, ки банда, воқеан ҳам, аз ҷону дил ӯро гӯш кардам ва гуфт: “Шумо дуруст мегӯед. Аммо ин матн ба он дараҷа баланд мебошад, ки ҳангоми ба гӯши шунавандаи воқеӣ расидан каму костаҳои оҳангро худаш пур мекунад. Ҳамон гуна, ки оҳанги зебо ва бағоят гӯшнавозу руҳнавоз каму костаҳои матнро пурра месозад. Баъд аз ин бори дигар шадидтар эътиқод ба он намудам, ки қобилияти қабул ва ҳазми савтиёт дар устод Одина худодӣ будааст. Банда хеле ҳайратзада аз он мебошам он муддаиёне, ки даъвои ному нону шаъну шарафи устод Одинаи Ҳошим мекунанд, назди виҷдон ва имони хеш боре дар танҳоӣ аз худашон намепурсанд, ки рӯзе ин парда аз рӯйи макру ҳаялҳо бардошта мешавад ва беҳунариву бадхоҳии онҳо манзури чашму дидаҳои мардум мегардад ва мардум лаънатҳои зиёдеро болои сари онҳо хоҳад рехт. Аммо, бо ин ҳама нахоҳем гуфт, ки мактаби ошиқону орифони Одина Ҳошим ба ҳукми фаромӯшӣ афтод. Мактаби ҷовидонаи устодро бародари азизу арҷмандаш, ҳофизи хушсадо, шахсияти фарҳангӣ Абдулхайр Ҳошимов ва фарзанди номбардори устод - Раҳматулло Ҳошимов дар мақоми ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҳунари имрӯзӣ ба пеш бурда истодаанд. Ҳамин мактаб аз ҷониби роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар соҳиби қадрдонии зиёд гардида, аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додани мақоми давлатӣ ба ансамбли “Фалак” ва бо пешниҳоди Пешвои миллат бо қарори ЮНЕСКО пазируфтани “Фалак” ҳамчун мероси маънавии фарҳангии ҷаҳонӣ ин қадрдонии устод Одина Ҳошим мебошад ва ҳамин дастгириву қадрдонии Президенти маҳбуби мо аз маънавиёти миллат ва давлат будаву ҳаст. Шояд ҳамин ризогии руҳи поки устод Одина Ҳошим бошад, ки барои дар равоқи абадият сабт гардидани номаш ҷойнишинеро барои худ рӯйи саҳнаи ҳунар овард ва фариштаҳои раҳма ба мо, ошиқону шефтагони ӯ касеро бо номи Фирдавс аз дудмони Ҳошим Қосим рӯйи саҳнаи ҳунар овард. Ҳамагон умед бар он доранд, ки Фирдавси азиз нахли умеди бори устод Одина буда, ин мактаби бузургро аз нав дар шакли зеботару волотар манзури гӯшу ҳуши муштоқони ҷадди бузургвораш хоҳад намуд. Мо низ бо кафи пур аз дуо аз даргоҳи Яздони Пок хостори он ҳастем, ки ин чароғи зулматсӯз, ки дар сурати Фирдавс рӯйи саҳнаи ҳунар омадааст, мактаби бузурги ҷадди хешро пурҷилову мунаққаш нигоҳаш дорад. Мурод аз ин гуфтану гуфтаҳо он аст, ки ҳанӯз дер нашудааст, биёед, на барои риёву рибо, балки аз барои Худо, аз сари сидқу сафо бо дасту дили пок осорхонаи ҳунари асили ин ҳунармандонро лоақал дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон боз намоем ва мактаби ҳунарии ин абармардони таърихи ҳунари мардум мавриди омӯзишу таҳқиқот қарор гирад, то дар пеши ояндагони хеш сархаму маломатзада набошем ва ангушти надомат нагазему нагӯем: Аз дида, ки рафт баъд афсӯс хӯрем, Дар синаи хеш захми ҷонсӯз хӯрем. Танҳо тирамоҳ ёди Наврӯз кунем, Танҳо шаби тор мо ғами рӯз хӯрем. Охир, мансубиятҳои миллии онҳо аз мансубиятҳои қавмиву маҳаллӣ ҳазорҳо зина боло мебошад. Ин чаҳор қутби ҳунари мусиқӣ ва сурудаҳои мардумӣ ва чаҳор дарвозаи тиллоии дунёи ҳунари миллат мебошанд. Ҳол он ки вазоратҳои фарҳанг, илм ва маорифи кишвар, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки дар бунёди Маркази омӯзиши осори ин чаҳор шоҳсутуни ҳунари овозхонии миллат саҳмгузори асосӣ бошанд. Ашъори ахлоқиву имонӣ, ватанхоҳию башардӯстии ин абармардони таърихии миллат дар тарбияи насли наврас ва оянда хеле ва хеле бузург мебошад. Ашъори пуршӯру пур аз маъонӣ ва лафзи ширину гуворои ҳар яки онон мебояд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва махсусан, факултаҳои филологияи тоҷик, фарҳангшиносӣ ҳамчун дарси фарҳанги миллӣ ба шогирдон мавриди баҳрабардорӣ қарор бигиранд. Ҳамон гуна, ки дар аксари кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Олмон, Фаронса, Британия, Италия, Русия ва чандеи дигар мероси суннативу фарҳанги миллии онҳо дар сурати чеҳраҳои шинохтаи ҳунар аз макотиби миёна, миёнаи махсус, литсею коллеҷ ва донишкадаву донишгоҳҳо шуруъ карда, тариқи конфронсу машғулиятҳои амалӣ мавриди таълими ҳамагон қарор мегиранд. Ҳол он ки устодони зиндаёд - Абдуллои Назрӣ, Зафар Нозим, Одинаи Ҳошим ва устод Ҷӯрабеки Мурод бо аҳли калому маърифат ва устодони донишкадаву донишгоҳҳои кишвар ҳамеша алоқамандии хеле ва хеле хуб доштанд. Роҳии ҳақиқии фарҳанги миллӣ ва расму суннатҳои пешқадами миллати тоҷик миёни сойири қавму миллатҳо кишвар буданд. Бунёди Маркази омӯзиши фарҳанг ва осори суруд ва мусиқии миллат дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо номи Ҷӯрабеки Мурод, дар Рашт бо номи Зафар Нозим, дар Хатлон бо номи Одинаи Ҳошим ва дар Бадахшон бо номи Абдуллои Назрӣ барои Тоҷикистон манфиатбор буда, гувоҳи барҷастаи фарҳангсолории роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат хоҳад буд. Ҷумъахон Темурзода
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.