АЗ РӮЗГОРИ ПИРИ ФАЛАКСАРОЁН15-06-2023, 12:10
Хабарро хонданд: 368 нафар
Назарҳо: 0
13–уми июн ба зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ устод Одина Ҳошим 85–сол пур шуд. ТАВСИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҲУНАРИ УСТОД ОДИНА ҲОШИМ 23 майи соли 2019 зимни сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара дар бозори «Каёнуш»–и ноҳия намоиши маҳсулоти соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон баргузор гардид. Зимни шиносоӣ бо дастовардҳо Пешвои миллат бо Маҳдӣ Орифзода – сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (ҳоло муовини якуми раиси ноҳия) атрофи нашъунамои ғалладонаву пахта, зироатҳои полезӣ суҳбат карда, дар баробари ин суол мекунанд, ки жолаи чанд рӯз қабл оё ба зироат зарар нарасонидааст? Президенти мамлакат, ҳамзамон, аз гурӯҳи ҳунарпешагон пурсон мешаванд, ки онҷо ҳузур доштанд. Орифзода дар ҷавоб мегӯяд, ки ҳунарпешагони Филармонияи халқии ба номи устод Одина Ҳошим мебошанд ва бо армуғоне ба инҷо омадаанд. Ҳунармандон давоми даҳ дақиқа ҳунарнамоӣ мекунанд. Пешвои миллат пас аз тамошои барномаи ҳунарӣ аз мақоми устод Одина Ҳошим дар рушди фарҳанги миллат тавсиф карда, чунин иброз медоранд: – Дар ғазалдонӣ ва фалаксароӣ устод Одина Ҳошим дар ҷумҳурӣ беназиранд ва арҷ гузоштан ба ҳунари устод Одина Ҳошим вазифаи муқаддаси ҳар яки мову шумост. Махсусан, мардуми ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро бо номи Одина Ҳошим мешиносанд. ҚИРОНИ САЪД: УСТОДОН ОДИНА ҲОШИМ ВА МУҲАММАДРИЗО ШАҶАРИЁН Соли 1990 Муҳаммадризо Шаҷариён – бузургтарин сароянда, мусиқидон ва хонандаи сабки асили эронӣ, хушнавис дар хатти настаълиқ, раиси Шурои Олии хонаи мусиқии Эрон, бунёдгузори гурӯҳи «Шаҳноз» ба Тоҷикистон бо барномаи рангини мусиқӣ ташриф овард. Ӯ зимни сафари гурӯҳи муътабар аз аҳли фарҳанги тоҷик ба Эрон, ки устодон Одина Ҳошим ва Нур Табаров шомили он буданд, бо устод Одина аз наздик ошноӣ пайдо карда буд. Хунёгари бузург устод Одина Ҳошимро, ки дар миёни форсизабонон маъруфу машҳур буд, бо ҷамъи ҳайат ба хонааш ба меҳмонӣ даъват карда буд. Ӯ тасмим дошт, ки дар ин сафари худ устод Одина Ҳошимро ҳатман бубинад. Бо ин мақсад Муҳаммадризо Шаҷариён ҳамроҳи устод Нур Табаров ба шаҳри Кӯлоб сафар карда, пас аз зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ноҳияи имрӯза Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ба хонаи устод Одина роҳ пеш мегирад. Он шаб то рӯз дар хонаи устод бо иштироки ду абармарди фарҳанги ориёӣ базми Ҷамшедӣ ороста мегардад. Ҳарду бонавбат то субҳи содиқ ҳунарнамоӣ мекунанд. Рӯзи дигар устод Одина Ҳошим ҳамроҳи меҳмонон ва роҳбарони Театри шаҳри Кӯлоб Мирзоватан Миров ва Толибҷон Бобоев ба шаҳри Душанбе бармегарданд. Вақте ба пойтахт мерасанд, устод Нур Табаров ҳайатро ба меҳмонӣ даъват мекунад. Баробари ба хонаи устод расидан, чун анъана аз рӯйи девони Ҳофиз фолкушоӣ мекунанд. Нахуст, устод Нур Табаров девонро саҳифагардон карда, байти аввали ҳар як ғазалро мехонад ва Шаҷариён онро то охир мерасонад. Сипас, хунёгари бузург ду мисраӣ аз ҳар ғазал мехонад ва давомашро устод Одина Ҳошим. Меҳмони арҷманд чун мебинад ғазале намонда, ки устод Одина Ҳошим онро то охир азёд нахонад, назди ӯ меояд ва мехоҳад сари таъзим фуруд орад, аммо устод зуд аз ҷой бархоста, намегузорад ӯ ин корро бикунад ва мегӯяд: – Оғои Шаҷариён, хоҳиш мекунам, ин корро накунед, шумо марди бузургед... Ва оби чашмонашро пок мекунад. СУҲБАТИ СОҲИБДИЛОН Соли 1986 устод Одина Ҳошим маҳфилорои тӯйи Одина Саидов, корманди соҳаи савдо дар ноҳияи Ховалинг аст. Дар маҳфил донишманди тавоно Зафар Мирзоён, ки он вақт корманди Ҳукумати ноҳия аст, бо ҷамъи ҳамкорон дар ҳуҷрае нишастаанд. Устод Одина болои кат дар саҳни ҳавлӣ базм меорояд ва мардум ӯро ҳалқавор печонидаанд. Вақте устод бо мардум суҳбат ороста буд, устод Зафар Мирзоён, ки мафтуни ғазалсароии устод шуда буд, наздаш омада, пас аз ҳолпурсӣ ин байтро мегӯяд: Бад–ин шеъри тару ширин зи шоҳаншоҳ аҷаб дорам, Ки сар то пойи Ҳофизро чаро дар зар намегиранд? Устод аз ин баҳои мухлиси донишмандаш бо байти Ҳофизи бузургвор хушаш меояд ва аз ҷой бархоста мегӯяд: – Маълум ки шумо суханшинос будаед, ман ин қадршиносиатонро фаромӯш нахоҳам кард. Бори дуввум ин донишманди муҳтарам вақте огаҳ мешавад, ки устод дар беморхонаи шаҳри Кӯлоб бистарист, ба аёдаташ меравад ва худро шинос мекунад. Устод, ки хотираи хеле қавӣ дошт, суҳбати чанд сол пеш ба хотираш мерасад. Ӯ ҳангоми суҳбат борҳо оби чашмашро пок карда, боз атрофи зиндагӣ ва эҷодиёти саромадони адабиёт қисса мекунад. Пас аз он ки аз шебу фарози зиндагии худ ёдовар мешавад, аз устод Мирзоён мепурсад, ки дар ин маврид чӣ фикр дорад. Ӯ барои таскини дили устод ин байти Абдулқодири Бедилро қироат мекунад: Илоҷи захми дил Бедил ба гиря кай бувад имкон, Ба шабнам бахя натвон кард чоки домани гулро. Устод ҳозирҷавобии донишмандро васф карда, қаноатмандона мегӯяд: – Рост мегӯӣ, рост мегӯӣ... МУАЛЛИМИ ҶОМЕА Ҳунарманди шинохта ва маҳбуб Дона Баҳромов аз замони дӯстӣ бо устод Одина Ҳошим бо ихлосу муҳаббат ва ифтихор ёдоварӣ мекунад: – Устод Одина Ҳошим, ҳар вақт ки ҳамроҳи навозандагону шогирдонаш барои сабти суруд ба Хонаи радио меомаданд, интизор мешудам, ки кай сабт ба охир мерасад. Наздаш мерафтам, мегуфт: – Донаҷон, акнун чӣ кор мекунем? – Хона меравем, дигар чӣ кор мекунем, –мегуфтам дар посух. Гоҳе меҳмони мо мешуданд, гоҳе мегуфтанд, – «хонаи Қадам меравем». Қадам яке аз дӯстони наздикашон буданд. Қиссаву достонҳои зиёд медонистанд, ки ҳамаашон ибратомӯз буданд. Дар баробари омӯзгорон мардумро, ҷомеаро тарбия мекарданд. Устод, воқеан муаллими ҷомеа буданд. ДАР ҶУСТУҶӮЙИ МУАЛЛИФ Соли 1984 устод Одина Ҳошим дар базми хонаводагии як сокини деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара иштирок мекунад. Пас аз анҷоми базм суҳбати устод бо аҳли деҳ идома меёбад. Устод дар суҳбат ин ғазалро қироат мекунад: Дигаронро дар хиҷолат монда худ роҳат макун, Ҳар чӣ бахшидӣ ба кас, асло ба ӯ миннат макун. Ҳар сухан ҷо дораду ҳар нукта маънои дигар, Бо касони ношинос аз ҳар хусус суҳбат макун. Мекашанд озору баднафсон саргардон шаванд, Нафси худро кам зану бар муфлисӣ одат макун. Қадри ёру дӯстонро дон андар зиндагӣ, Баҳри беқадрии ёрон ҳеҷ гоҳ ғайрат макун. Ва мегӯяд: – Муаллифи ин ғазали зебову пурмазмун, гумон мекунам, аз ҳамин минтақаҳост, аз Балҷувон то Кангурт, лекин номашро намедонам. Дар маҳфил Ҳасан Юсуф, ки он замон муҳандис буд (ҳоло роҳбари маҳфили адабии «Офтоб»–и ҳавзаи Данғара) иштирок дорад, ба устод рӯ оварда мегӯяд: – Устод, муаллифи ин ғазал муаллим Исо Ғулом аст, ки дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекунад. Устод аз ин хабар хушҳол шуда, хоҳиш мекунад, то ӯро ба маҳфил даъват бикунанд. Вақте муаллим Исо Ғулом ба ҳуҷра ворид мешавад, устод аз ҷой бархоста, ба пешвозаш мисли як шиноси дерин бағал мекушояд ва ба хотири шиносоӣ бо Исо Ғулом базм меорояд. ҲАНГОМИ САБТИ СУРУД Дар як маҳфиле, ки суҳбат атрофи Одина Ҳошим мерафт, ҳунарманди азизу маҳбуб шодравон Ҷамшед Исмоил ба генерал Ҳабибулло Маҷидов аз як саргузашташ бо пири фалаксаро чунин ёдовар мешавад: – Бояд якчанд ғазали ба тозагӣ оҳангбастаи устодро сабт мекардем. Сабт дар ошёнаи якуми бино сурат мегирифт. Барои коре ба ошёнаи дуввум баромадам. Вақте ба ҷойи сабт баргаштам, аҳволи устодро дида дар ҳайрат шудам. Бо тамоми ҳастӣ месуруд ва ҳис намекард, ки касе дар атрофаш истодааст ё касе равуо дорад. Вале, он чиз маро бештар ҳайратзада кард, ки устод дар тан на либоси расмӣ, балки либоси хонагӣ дошт. Пас аз анҷоми сабт аз ӯ пурсидам, ки чунин аҳволро бори аввал аст мебинам. Устод бо оҳанги ҷиддӣ гуфт: – Ростӣ, бо ин либосҳо натавонистам табъи дил ин ғазалҳоро сароям, нафасам тангӣ кард, ноилоҷ тағйири либос кардам. СОЯДАСТИ УСТОД ОДИНА ҲОШИМ Дар яке аз рӯзҳои миёнаи солҳои 80–ум дар мактаби миёнаи рақами 1 ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Москва вохӯрии устод Одина Ҳошим бо омӯзгорон ва хонандагон баргузор шуда буд. Роҳбарияти радиои вилояти Кӯлоб кормандаш Сафар Амирхонро, ки имрӯзҳо яке аз шоирони ширинкаломи мост, ба ин вохӯрӣ мефиристад. Сафар Амирхон мебоист дар баробари гузориш дар бораи устод Одина Ҳошим боз барномае ҳам таҳия мекард. Дар аввали вохӯрӣ фалаксарои шинохта Шокири Қодир якчанд ғазал мехонад, ки устод Одина аз садои ширини ӯ ба ваҷд омада, батакрор мегӯяд: – Шокир мехонад, Шокир мехонад... Устод Одина ҳам ғазал месарояд ва ҳам хонандагонро ба таҳсили хубу аъло, эҳтироми падару модар ва калонсолон тарғиб, ҳамзамон аз сафарҳои ҳунарии хеш ба кишварҳои гуногун қиссаҳо мекунад. Дар поёни маҳфил маъмурияти мактаб ба ҳар як меҳмон куллиёти устод Абулқосим Лоҳутиро тақдим мекунад. Сафар Амирхон китобро назди устод гузошта, хоҳиш мекунад, ки барои хотира сатре нависад. Устод Одина ин байти устод Лоҳутиро, ки бозгӯи аҳволи худи ӯст, менависад: То шамъ ба сина доғ дорад, Осудагӣ кай чароғ дорад? «ШОИРОМА ҲАМ БИЁРЕН» Устод Одина Ҳошим агар ҳар вақт ду–се рӯзе дар хонааш, дар ноҳияи Ҳамадонӣ мебуд ва бо сабабе ба ҷойи кораш ба театри шаҳри Кӯлоб намерафт, ҳатман ба ҳунарманди маҳбуб Толибҷон Бобоев тамос мегирифт ва ба ин мазмун мегуфт: – Ҳамаатон нағзен. Мирзо (устод Мирзоватан Миров) чӣ кор мекунад? Толибҷон ҳам мисли посухҳои пешин мегуфт: – Ҳама хуб, шумо чӣ ҳол доред, устод? Акаи Мирзоватан болои оҳанги гуфтаи Шумо кор карда истодааст. Устод дар идома боз мегуфт: – Бачаҳои театрро ҷамъ бикуну хона биёед, ёдатон кардам. Шоирома ҳам биёрен. Устод Одина Ҳошим шоирома ҳам биёрен гуфта, устодон Ашӯр Сафар, Саидҷон Ҳакимзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Сафармуҳаммад Аюбӣ ва Ҳақназар Ғоибро дар назар дошт. ФОТЕҲАИ УСТОД ОДИНА ҲОШИМ БА ЧИЛЛАХОН ХОЛОВ 16–уми июни соли 1993 маҳфили эҷодии ҳунарманди маҳбуб Чиллахон Холов дар Кохи Борбад баргузор гардид. Ровии маъруф Ортиқи Қодир устод Одина Ҳошимро ба саҳна хонда, мисле, ки дарди дили устодро мегуфта бошад, ин мисраҳоро замзама кард: Мардум гумон баранд, ки мо шоди ғурбатем, Дар зери ҳар табассуми мо сад мусибат аст. Устод ба саҳна баромада, фотеҳаи худро чунин оғоз кард: Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст, Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст. – Ансамбли фолклории «Ганҷина», фолклор ин адабиёти халқ аст ва беҳуда онро тавсиф накардаанд. Чанд сол аст, ки Чиллахон дар ин ансамбл кор мекунад. Шахсан ман вақте ки тавассути телевизион ва радио баромади ҳамин ансамблро тамошо мекунаму мешунавам, ки дар зери роҳбарии устодон Зафар Нозим ва Муродбек Насриддин баромад мекунанд, боз овози Чиллахон, садои Чиллахон ранги дигар, як самимияте дорад. Масалан, вақте ки мехонад: «Юсуф аз дасти Зулайхо ёре...» ман як кайфияте мебарам. Ба Шумо дар ин ҷодаи пурпечутоби санъат роҳи сафед орзумандам, ки мисли Зафар Нозим, Ҷӯрабек Мурод ва Одина Ҳошим, ҳатто агар битавонӣ, аз мо ҳам бештар заҳмат бикашу бештар ба мардум хидмат бикун. Ҳозир ман гӯш кардам, аз эҷодиёти Чиллахон бӯйи Одина Ҳошим меояд». БАЗМ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ Соли 1981 Абдулло Насруллоев, сокини ноҳияи Панҷ бо ду нафар аз дӯстони худ назди Носир Назарзода – устоди Институти педагогии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (ҳоло мушовири сардори Академияи ВКД–и Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия) меоянд. Ҳадафи онҳо ин аст, ки бояд устод Одина Ҳошимро ба тӯйи фарзандаш даъват бикунад. Носир Назарзода ҳарчанд бо устод Одина аз наздик шиносоӣ надорад, вале ба хотири меҳмонон онҳоро ҳамроҳӣ мекунад. Устод меҳмонҳоро зиёфат мекунад, аммо даъваташонро пазируфта наметавонад, зеро ки обод гирифтани маҳфили чанд нафари дигарро ваъда кардааст. Меҳмонон ҳар қадар хоҳиш мекунанд, вале устод розӣ шуда наметавонад. Меҳмонон ҳамин тавр бо хотири озурда баромада мераванд. Соҳиби тӯй субҳи барвақт фиттаи сурудҳои устодро дар магнитофон мемонад. Мардум аз маркази ноҳия ҷамъ мешаванд. Ғайриинтизор устод Одина соати 10 ба ҳавлӣ ворид мешавад, ки боиси ҳайрат ва ҳамзамон сарфарозии тӯйдор мегардад. Устод сари дастурхон қисса мекунад, ки дар маркази ноҳия қариб ду соат ин хонаро ҷустуҷӯ кардааст. Маълум, ки аз сабаби имкон надоштан устод суроғаро ҳам нагирифта будааст. Базм то бегоҳ давом мекунад. Устод баъд аз ҳар чанд ғазал дар боби одамият, оини ҷавонмардӣ ва дӯстиву рафоқат қиссаҳо мекунад. Сокинони ноҳияи Панҷ он базмро ҳоло ҳам дар ёд доранд. ТАРҒИБИ ҲУНАРИ УСТОД ДАР АФҒОНИСТОН Полковники мустаъфии милитсия Қурбоналӣ Дӯстов, ки солҳои зиёд дар мақомоти қудратӣ фаъолият кардааст, бо устод Одина Ҳошим робитаи наздики ошноӣ дошт. Ӯ солҳои 1986–88 дар Ҷумҳурии Афғонистон кор мекард. Пас аз як соли кор ба рухсатӣ, ба зодгоҳаш ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) бармегардад. Устод Одина дар рӯзи аввал, ки ба хонаи Дӯстов меояд, пас аз ҳолпурсӣ дар хусуси сабти сурудҳояш дар ин кишвари ҳамфарҳанг мепурсад. Дӯстов дар ҷавоб мегӯяд, ки супоришҳои зиёд дорад ва бештар дар амалиёти ҷангӣ аст, аз ин рӯ, дар ин бора иттилоъ надорад ва пас аз баргаштан ба Кобул мекӯшад, то дар бораи таваҷҷуҳи мардуми Афғонистон ба ҳунари устод маълумот пайдо бикунад. Як рӯз қабл аз бозгашти Дӯстов устод Одина аз шом то соати 4–и субҳ базм меорояд. Қурбоналӣ Дӯстов базмро дар магнитофони ҷопонӣ, ки онро аксар аз Афғонистон меоварданд, пурра сабт мекунад ва онро ба дӯкондорони Кобул, ки ба сабт ва паҳн кардани суруд машғул буданд, медиҳад, то барои худ сабт бикунанд. Яке аз дӯкондорон, ки аз Бадахшони Афғонистон буд, садои устод Одина Ҳошимро мешиносад ва мегӯяд, ки ин ҳунарманд ҳамшаҳри ӯст. Қурбоналӣ Дӯстов ба ӯ мефаҳмонад, ки устод яке аз маҳбубтарин сарояндагони Тоҷикистон аст. Ҳамин тавр, сабти сурудҳои устод дар Кобул бештар паҳн мегардад. Дӯстов ҳамчунин хоҳиши дигари устодро, ки гуфта буд барояш фиттаҳои ҷопонӣ биёрад, ки ҳама эҷодиёташро сабт намояд, иҷро мекунад. УМРИ ДУБОРАИ БАНДӢ Тирамоҳи соли 1989 рӯзноманигори маъруф, барандаи барномаи телевизионии «ВКД хабар медиҳад» дар солҳои 90–ум Ҷумъахон Ҳотамӣ ҳамроҳи бародараш Нуралӣ ва чанд дӯсти дигар барои иштирок дар маҳфили хонаводагии директори Омӯзишгоҳи №52–и шаҳри Душанбе Нуралӣ Қодирқулов ба деҳаи Кевруни ноҳияи Дарвоз сафар мекунанд. Рӯзи дуюм онҳо ба деҳаи Рузвай, ки дар соҳили дарёи Панҷ воқеъ аст, барои тамошо мераванд. Ҳамин вақт ду нафар низомӣ назди онҳо омада, худро шинос мекунанд. Низомиён вақте мефаҳманд, ки Ҳотамӣ дар Ироқу Афғонистон кор кардааст, дурудароз суҳбати самимӣ меороянд. Ҷумъахон аз низомиёни навошнояш номи деҳаи он тарафи дарёро мепурсад ва онҳо ҷавоб мегӯянд, ки он Нусай ном дорад ва сокинонаш ҳама тоҷик мебошанд. Ҳотамӣ баробари номи деҳаи Нусайро шунидан гӯё чизи гумшудаеро пайдо карда бошад, ки як каме ба андеша фурӯ рафта, аз низомиён хоҳиш мекунад, ки оё имкон дорад бифаҳманд, ки айни замон дар деҳаи Нусай Шоҳиброҳим гуфтанӣ одам зиндагӣ мекунад ё не? Пас аз як рӯз низомиён омада мегӯянд, ки воқеан ҳам, дар деҳаи Нусай Шоҳиброҳим гуфтанӣ одам зиндагӣ мекардааст, аммо 6–7 сол пеш аз деҳа баромада рафтааст ва ҳоло касе намедонад, ки ӯ дар куҷову ба чӣ кор машғул аст. Ҳатто дар қайди ҳаёт будан ё набудани ӯ низ номаълум аст. Ҳотамӣ саргузашти Шоҳиброҳими дӯсташро, ки аз забони худи ӯ шунида буд, ба ҳамроҳони худ ва низомиён қисса мекунад. Ба гуфтаи ӯ, Шоҳиброҳим бо гурӯҳи муҷоҳидон бар зидди Артиши Шуравӣ меҷангидааст. Дар як амалиёти ҷангӣ Шоҳиброҳим ҳамроҳи даҳ муҷоҳиди ҳамсилоҳаш асир меафтад. Онҳоро ба марг маҳкум мекунанд. Як рӯз қабл аз иҷрои ҳукм, сарбозе (гӯё зодаи Кӯлоб будааст) магнитофон дар даст ба бандихона медарояд, ки дар он фиттаи Одина Ҳошим мехонд. Аз миёни бандиён Шоҳиброҳим хоҳиш мекунад, ки «садояшро баландтар бикун, то пеш аз марг овози ҳунарманди мақбуламро бори дигар ба серӣ шунавам». Сарбоз хоҳиши асирро иҷро мекунад ва ҳамзамон мепурсад, ки ин ҳофизро аз куҷо медонӣ? Шоҳиброҳим дар посух мегӯяд, ки ман ҳам мисли ӯ тоҷик ҳастам. Зодаи деҳаи Нусай. Нусайи мо дар рӯбарӯи деҳаи Рузвайи Дарвози Тоҷикистон аст. Бобоҳоямон мегуфтанд, ки то замони Шуравӣ мо ҳама бо ҳам рафтуомад доштем. Баъд аз Шуравӣ онҳо он тараф монданду мо ин тараф. Нисфи авлоди падариам ҳоло дар Мӯъминободи Кӯлоб ҳастанд,–илова мекунад бо ҳасрат Шоҳиброҳими бандӣ. Сарбоз пас аз шунидани ин суханон баромада меравад ва баъд аз лаҳзае баргашта, Шоҳиброҳимро ҳамроҳаш мебарад. Ӯро маҷбурӣ барои ду сол ба хидмати давлат мегиранд. Даҳ нафари дигарро бошад, аз он рӯз ба баъд касе намедонад ба куҷо бурданд. Шоҳиброҳим баъд аз ин ҳодиса Одина Ҳошимро бештар гӯш мекарду мегуфт, ки «овози Одина ба ман умри дубора бахшид...» ЁДГОРЕ БАРОИ АЛОҚАМАНДОНИ ҲУНАРИ ХЕШ Тирамоҳи соли 1993 Нозим Ҳакимов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Нуриддин Шамсов, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбе меҳмони устод Одина Ҳошим мешаванд. Пас аз суҳбати тӯлонӣ атрофи таъриху фарҳанги миллат, устод Одина ба меҳмонон ду донаӣ фиттаи сабти сурудҳои худро тақдим карда, мегӯяд: – Ин фиттаҳоро барои онҳое омода кардаам, ки ба маросими видои ман хоҳанд омад. Бигзор ин сабти пурраи сурудҳоям барояшон ба ёдгор бимонад. Устодон пас аз як моҳи ин дидор хабари даргузашти устод Одинаро мешунаванд. БУЗУРГИИ УСТОД ОДИНА Мансур Сайфиддин (Суруш), рӯзноманигор ва адиби шинохта соли 1993 тӯйи писараш Алишерро баргузор карданӣ мешавад. Барои базмороӣ бо ду ҳунарманди маҳбуб – Хосияти Зарафшонӣ ва Афзалшоҳи Шодӣ маслиҳат мекунад. Апаи Хосият ваъда медиҳад, ки пас аз баргузории тӯйи бародараш дар ноҳияи Зафаробод ва Афзалшоҳи Шодӣ пас аз тӯйи яке аз дӯстонаш дар ноҳияи Ҳисор ҳатман ба маҳфил расида меоянд. Тӯй моҳи сентябр дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт баргузор мегардад. Меҳмонон меоянд, вале аз сарояндагон дарак нест. Соҳиби тӯй дар вазъи ногувор мемонад ва намедонад, ки чӣ кор кунад. Ҳамин вақт дар наздикии тарабхона сабукрави Газ–24–и устод Мирзоватан Миров омада меистад. Аз дохили он устод Одина Ҳошим, Сайидалӣ Ӯзбеков ва Раҳмон Остон берун мешаванд. Мансур Суруш меҳмононро ба сари дастархон даъват менамояд. Аммо устод Одина бо изҳори сипос ба базм шуруъ мекунад. Базм як соати тамом давом мекунад. Устод пас аз хатми сурудхонӣ ин тарафу он тараф назар мекунад, маълум ки ҳамроҳонашро пайдо карданист, чун онҳоро дар наздикӣ намебинад, мепурсад: – Мебахшед, ҳамин соҳиби тӯй кӣ бошад? Мансур Суруш зуд наздаш меояд. Устод бори дигар ӯро муборакбод карда, номи писарашро пурсон мешавад. – Алишерҷон. Устод Алишерҷонро дуо дода, тараддуди рафтан мекунад. Соҳибмаърака ҳарчанд хоҳиш мекунад, ки ақаллан як пиёла чой гирад, вале устод дар ҷавоб: – Саидмуъмин Раҳим тӯй дорад, рафта як муборакбод кунем,–гуфта худоҳофизӣ мекунад. Пас аз гусели қисме аз меҳмонҳо ҳунарпешагон Хосияти Зарафшонӣ ва Афзалшоҳи Шодӣ бо узру маъзарати зиёд ба тарабхона ҳозир мешаванд ва базмро идома медиҳанд. Қиссаи иштироки устод Одина Ҳошим дар тӯй ин аст, ки чанд моҳ қабл аз тӯй Раҳмон Остон ба дӯсташ Мансур Сайфиддин ваъда кардааст, ки мекӯшад, то ба маъракааш ҳамроҳи устод Одина биёяд. Мансур Сайфиддин то ба ҳол ба хоксорӣ ва бузургии устод Одина дар ҳайрат аст, ки соҳиби тӯйро нашинохта ва нонашро нашикаста, хидмат карда баромада рафтааст. ХАЛТАИ МАҒЗ Соли 1975 ҳунарпешагони Театри мусиқӣ–мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода ба ноҳияи Колхозобод ба сафари ҳунарӣ мераванд. Толибҷон Бобоев, ки акнун Донишкадаи давлатии санъати пойтахтро хатм карда буд, дар ин ҳайат шомил аст. Вале, ӯ на ба сифати ҳунарпеша, балки мебоист вазифаи маъмури театрро анҷом медод, яъне нафаре, ки чиптаи театрро ба мухлисон мефурӯшад. Ӯ ҳарчанд қабул накарда, ки чунин ҳунарро надорад, вале устод Одина, ки сарвари театр буд, ин масъулиятро ба зиммаш гузошта: – Наход институт тамом карда, ҳамин қадар корро карда натавонӣ, айб нест, – таъкид мекунад устод. Мард шаву иҷро накун. Ӯ чун ҳунарманди маъруф Георгий Витсин назди равзана нишаста, чиптаро бо қимати 1 сӯму 80 тин мефрӯхт. Дилбохтагони садои устод Одина қариб, ки ягон нафарашон аз 2 сӯм бақуия талаб намекарданд. Толибҷон шоми аввал пас аз маҳфил ҳама пулҳоро меҳисобад. 120 сӯм камомад аст. Ҳуш аз сараш мепарад. Бори дигар мешуморад, 80 сӯм зиёд, – ана ин гапи дигар,– аз дил мегузаронад ӯ. Ҳамин тавр, бо хотири ҷамъ мехобад. Давоми чор рӯз устод Одина месарояду ӯ чипта мефӯрушад. Толибҷон Бобоев, ки ба иқрори худаш пас аз даҳ сол мардум ӯро шинохтанду эътирофаш карданд, солҳои зиёд дар паҳлӯи устод фаъолият кардааст. – Устод Одина барои мо, ҳунарпешагон халтаи мағз, шиками серу ҳам тани пӯшида буд, – қаноатмандона ба хотир меорад Толибҷон Бобоев. ШАҲТУТХӮРИИ УСТОД ОДИНА Ба ёддошти ҳунарманди маҳбуб Толибҷон Бобоев, устод Одина Ҳошим соли 1976, баъд аз як соли ба вазифаи директори Театри мусиқӣ–мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода таъин шуданашон, бо ҳайати театр ба Бадахшон сафар мекунад. Ҳунарпешагон дар роҳи Дарвоз, дар наздикии шаҳтути бузурги канори роҳ аз мусофирбар поин шуда, аз он нӯши ҷон мекунанд. Ҳама ба ҷуз устод аз шаҳтутхӯриашон пушаймон мешаванд, зеро ки дастон ва лабу даҳон ранги сурхро мегирад ва ба шустан пок намешавад. Вале, онҳо дар ҳайрат мешаванд, ки чаро ҳатто дастони устод Одина рангин нашудааст. Устод қоидаи хӯрдани шаҳтутро медонистааст, пас аз ҳар чанд вақт дастонашро бо барги худи шаҳтут покиза мекардааст. «ЯК–ДУ СУРУДТОН БИХОНУМ» Ҳунарпешаи маҳбуб Толибҷон Бобоев ба хотир меорад, ки устод Одина Ҳошим базмҳои хайриявии зиёд дошт. Агар табъаш болида мебуд, нархи пиёзу сабзиро напурсида, тӯю маъракаҳоро обод мегирифт. Мегуфт: – Як–ду сурудтон бихонум. Руҳу равони одамонро зуд меомӯхт, агар ҳис мекард, ки мардум ташнаи садову сурудҳои ӯст, «як–ду» суруд бисту сӣ мешуд. Мегуфт: –Ку бигир аккордеона. Вале, агар медид, ки ба гуфти худаш суханшиносе нест, оташин мешуд ва баромада мерафт. «ЭВРИКА»–И УСТОД ОДИНА ҲОШИМ Боре устод Одина Ҳошим ба Кумитаи радиошунавонии вилояти Кӯлоб меравад, ки дар онҷо чанд нафар аз аҳли адаби вилоят ҳузур доранд. Устод Одина аз ҷамъи шоирону нависандагон истифода карда мегӯяд: – Ба ғазале оҳанг бастаам, ки як мисрааш: «Ту марав ёр зи ман, хонаи ман месӯзад» аст. Метарсам, ки ҳамин «хонаи ман месӯзад» дарди сар нашаваду бурда ҳабсам кунанд. Дар чанд ҷой инро хондам, касе тағйир дода натавонист. Чанд нафар гунаи дигари ин мисраъро пешниҳод мекунад. Вале, табъи дили устод нест. Устод Муҳаммад Ғоиб, ки он вақт хабарнигори Кумита асту аз омадани устод огаҳ шудаву худро ба маҳфил расондааст, мегӯяд: –Ту нарав ёр зи ман, ҷону дилам месӯзад. Ин гуфтаи шоири навқалам ба устод Одина хуш меояд, ки: –Эҳ, ана ин мешавад, –гуфта аз ҷой бармехезад. ТУҲФАИ УСТОД ОДИНА БА ДОНИШҶӮ Аввали солҳои 80–ум Ибодуллоҳ Оқилпур, донишҷӯи факултети шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) бо ҷамъи ҳамсабақон барои иштирок дар маҳфили хонадоршавии яке аз ҳамсабақони худ ба ноҳияи Москва сафар мекунад. Оқилпур аз ҷумлаи донишҷӯёни аълохони донишгоҳ буд ва ҳангоми донишҷӯӣ борҳо ба Афғонистон сафар карда, ҳамчун тарҷумон фаъолият карда буд. Устод Одина Ҳошим қабл аз оғози маҳфил болои кат нишаста, бо донишҷӯён суҳбате меорояд ва аз Ибодуллоҳ мепурсад: – Аз Ҳофиз чанд ғазал азёд медонед? Ибодуллоҳ пайиҳам чанд ғазалро қироат мекунад. Устод интизор надошт, ки донишҷӯ ин қадар ғазали зиёд медонад, аз шавқ сари зону нишаста, то даме, ки қаноатманд мешавад, мешунавад ва «паҳ–паҳ» гуфта, як фиттаи сабти сурудҳои худро ба ӯ тақдим мекунад. НАБЕРАДӮСТДОРИИ УСТОД ОДИНА ҲОШИМ Соли 1989 намоишномаи «Фишор»–и устод Сафармуҳаммад Аюбӣ дар коргардонии устод Мирзоватан Мирови Театри мусиқӣ–мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода дар Фестивали ҷумҳуриявии «Парасту» соҳиби шоҳҷоиза гардида, ҳуқуқи иштирок дар Фестивали байналмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ – «Наврӯз»–ро, ки он сол мебоист дар Қирғизистон баргузор гардад, пайдо кард. Моҳи апрел 89 нафар кормандони театри Кӯлоб ва 10 нафар коргардонҳои муваффақ аз саросари ҷумҳурӣ ба Қирғизистон сафар мекунанд. Директори театр Толибҷон Бобоев дар ҳама сафарҳои ҳунарӣ устод Одинаро ҳамеша дар ҳуҷраҳои люкси меҳмонхонаҳо ҷой мекард. Баъд аз ду рӯзи тамрин дар театри шаҳри Фрунзе (имрӯза Бишкек) Толибҷон Бобоев назди устод меравад ва узр пеш меорад, ки аз кори зиёд натавониста, ки аз аҳволаш бохабар шавад. Вале, устод ҳамоно озурдахотир аст. Роҳбари театр аз устод хоҳиш мекунад, ки сабаби озурдахотириашро бигӯяд, то илоҷашро пайдо бикунанд. Устод мегӯяд, ки набераҳояшро пазмон шудаасту намедонад чӣ кор кунад. Бобоев зуд аз телефони ҳуҷра ба хонаи устод занг зада, гӯширо ба дасташ медиҳад. Устод бовар надошт, ки чунин имкон будааст. Бо хонавода, хусусан бо набераҳояш 1 дақиқа не, 10 дақиқа не, ним соат суҳбат мекунад ва табъаш болида мегардад. Пас аз гӯширо гузоштан мегӯяд: – Акаи Бобоев, ба фикрам ту чӣ сеҳреро медонӣ. – Устод, ин ягон мушкилӣ надорад, рамзи телефони ҷумҳурӣ ва ноҳияро рақамчинӣ намуда, бемалол суҳбат мекунед, – мегӯяд ӯ дар посух. Устод баъд аз ин гуфтугузор чун арзи сипос ба Толибҷон Бобоев як бандча ревоҷе, ки аз Ватан бурда буд, ҳадя мекунад. Ҷумъахон САЙИДАЛӢ, рӯзноманигор |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.