Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба мақсуд мерасад ҷӯёи кор оҳиста-оҳиста!

Ба мақсуд мерасад ҷӯёи кор оҳиста-оҳиста!

27-12-2023, 14:14
Хабарро хонданд: 213 нафар
Назарҳо: 0
Ҳампеша дар ситоиши ҳампеша


Вазъи кунунии таҳқиқи илмии масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, минҷумла, масоили шиноси луғат ва дурнамои таҳкими он, бахусус инкишофи назария, маънию арзёбӣ ва зарурияти ҷустуҷӯи навгониҳои забоншиносӣ таҷдиду назар кардани мушкилоти гузашта ва ба доираи таҳқиқи илмӣ доир ба забоншиносӣ ворид сохтани масоили зиёде то ҳол ба дараҷаи бояду шояд омӯхта нашудааст. Миёни масоили мухталифи луғатшиносии муосир, ки то ҳол нисбатан хеле кам омӯхта шудаанд, ташаккулу таҳаввул ва амалкарди низоми ҷудогонаи ислоҳот аз мавзуъоти мубрами таҳқиқшаванда ба ҳисоб меравад. Дар замони кунунӣ, давраи рушди бошиддат ва тафриқоти минбаъдаи илмҳои ҷудогона ва соҳоти махсуси донишҳо дар назди забоншиносони тоҷик масоили умдаеро доир ба сохтану такмил додани низоми ислоҳот ба миён мегузоранд.
Аз натиҷагириҳо айён ҳам ҳаст, ки ҳар як соҳаи дониш, аз ҷумла низоми ислоҳот, дорои мундариҷа, вазифаҳои назариявию амалии ба худ хос буда, бидуни таҳқиқи онҳо тасаввуроти дақиқ дар бораи қонуниятҳои рушд ва ҳалли умумии ислоҳот ҳосил кардан имконпазир аст. Табиист, ки рушди ҳар гуна соҳаи илм бо пайдоиши ислоҳоти тоза ва нав ба нав алоқамандӣ дорад. Ин ишоратҳо ба ислоҳоти тарзи ҳаёти солим-минҷумла, ба варзиш, ки дорои таърихи басо тӯлонист, басо тааллуқманд ҳам ҳаст.
Боиси таассуф ва нигаронӣ ҳам ҳаст, ки баъзе аз забоншиносони муҳтарами мо истилоҳи “истилоҳоти варзиш”-ро ба маънои васеъ мавриди баҳра қарор дода, ҳамзамон бар он назаранд, ки ислоҳоти дуруст таҳияшуда ва устувор барои ифодаи мафҳумҳои варзиш гӯё, ки вуҷуд надошта бошанд (18,4) ва варзиш худ илм набошад. Аз ҳамин хотир, истилоҳоти варзиш хусусияти дақиқи илмӣ надорад ва онҳо хусусиятҳои варзишию бозигарӣ доранд (21,6)...
Ана, ҳамин ҷиҳатҳои ниҳоят нозук ва борики кулли олимони соҳаро ҳамкасбу устоди гиромии мо – мудири кафедраи забонҳои Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов Афзалшоҳ Нусратович Шафоатов дар зарфи беш аз 35-солаи собиқаи кориашон илман асоснок намуда, ба мо, соҳибони забон, фаҳмонида тавонистанд, ки шахсияти варзишгар ба хотири гиромӣ ва пос доштани мақому обрӯи давлат ва кишвараш тамоми ҳастӣ, дониш, қувваю ғайрат, нерую малакаашро то ба охир ба харҷ медиҳанду ана ҳамон Парчами пирӯзашро боло мебардорад. Ана ҳамин аст шиори ватандорию ватанхоҳӣ, ғолиб омадану зафар ёфтанҳои фарзандҳои арзандаи миллати мо, ки дар олам собит сохтанд. Шахсияти варзишгар дар бораи он, ки лексикаи варзиш ва мушкилоти ислоҳоти муносибати бевосита надорад, зеро ин гурӯҳи калимаҳо мафҳумҳоро ифода намекунанд ва пурра ба гурӯҳи калимаҳои умумиистеъмол мансубанд, ба назари мо, ин нодуруст аст. Феҳристи номенклатураи ислоҳоти варзишию тарбияи ҷисмонӣ ва таърифи онҳо, низомнокии калимасозӣ ва маъноии ислоҳот дар дохили гурӯҳҳои истеҳсолӣ дар намудҳои алоҳидаи варзиш ва ҳам дар намудҳои варзиши дорои хусусияти умумӣ - ҳамаи онҳо мавҷудияти ислоҳоти варзишро ҳамчун яке аз қисмҳои муҳими низоми истилоҳоти ҳар гуна забон тасдиқ мекунанд.
Устоди гиромӣ А. Шафоатов дар роҳи илм аз нисф зиёди умрашонро бахшиданд. Дар мушовират бо олимони саршиноси соҳа дар симои Давлатбек Хоҷаев-доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ, дар мукотибот бо Ҳасанзода Абдуҷамол Ашраф-доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, бо як тарзу усули ба худ хос кори илмӣ ва баъдан, доктории хешро болои қоғаз оварданд. Ҳамзамон, ин забоншинос бо кумаки беғаразонаи устод Алимӣ Ҷумъахон-доктори забони тоҷикӣ ва методикаи таълимии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ охиран ин кори доктории худро бомуваффақият дифоъ карданд...
Шафоатов Афзалшоҳ Нусратович зода ва маскуни рустои тӯдаи ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Ризои Ҳисори шодмон мебошанд, миллаташон тоҷик, дорои маълумоти олии касбӣ буда, дастпарвар ва ё хатмуттаҳсили муассисисаи давлатии таълимии рақами 17-уми ин рустост.
Баробари хатми муассисаи давлатии таълимӣ, соли 1983 ба ДДОТ ба номи С. Айнӣ, факултети забон ва адабиёти тоҷик дохил мешавад. Онро соли 1987 бо рӯйи сурху сари боло ба итмом мерасонад. Пайти мувофиқ фаро расиду монанди дигар фарзандони содиқ солҳои 1982-1984 дар сафи Неруҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ, дар Ҷумҳурии Қазоқистон хидмати ҳарбиро ба итмом мерасонад. Ба зодбуми авлодӣ бозпас омада, пешаи наҷиб ва писандидааш - муаллимиро хор накарда, онро идома бахшид.
Аз рӯйи ихтисос ва касб сидқан ба пешаи омӯзгорӣ рӯй овард, бисёр пурсуҷӯ мекард, меомӯхт, аз матбуоти даврӣ пурсамар истифода мекард. Ба салосату нафосати забономӯзӣ роҳ ёфт, аз хурдтарин пайвандаки изофӣ то ба алфавити забони модарӣ ҳамаро омӯхта, адабгуфториву забони корӣ андӯхт. Азбар кардани забони давлатиро чун шири сафеди модар эҳтиром дошт.
Дар давоми фаъолияти корӣ эҳсос кард, пай бурд, ки ӯ метавонад, ҳатто қодир ҳам ҳаст, ки баробари фаъолияти касбӣ ба аспирантура роҳ ёбад, кори илмӣ эҷод намояд. Аз забони бойю қавӣ, аз зарбулмасалу афоризмҳои мардумӣ фаровон истифода бурданро чаро идома надиҳад? Зеро солҳои таҳсил дар донишкада қаҳрамони мо Афзалшоҳ Нусратович аз устодону олимони басо варзидаи забону адабиёт, чун Мунзифа Ғаффорова, Холиқ Мирзозода, Ниёз Сафаров, Додихудо Саймуддинов, Муҳаммадӣ Исматуллоев, Баёнҷон Раҳимӣ, Наҷмӣ Сафаров, Шамсуллоҳ Исмоилов, Давлатбек Хоҷаев ва дигарон асосҳои илмҳои суханшиносиро омӯхта, чун донишҷӯйи пешсафи факултети филология миёни устодону ҳамсабақони хеш маҳбубияти зиёде пайдо карда буд. Чакидаҳои хомаи шогирдонааш ҳам дар рӯзномаи девории факултет ва ҳам дар рӯзномаҳои даврӣ дарҷ мегардиданд.
Имрӯз аз зумраи шарикдарсони азизу гиромиаш, ки чаҳор сол бо ҳам машқи алифбои сухан карда буданд, дар симои Эмомалӣ Насриддинов, Толибҷон Раҳматуллоев, Алоҳидабону Холова, Тоҳирхон Самиев, Гулхоним Сафарова, Қурбони Маҷид, Шоира Зардакова ҳама аз пайи илм рафта, ҳар кадом ба симмати номзадҳои арзандаи илм, дотсентони кафедраҳо монда нашуда, дар ҷодаи илм ба комёбиҳо ноил гардиданд. Ин муаллими озодакор аз соли 1999 инҷониб дар Муассисаи давлатии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар ниҳоди нахуст ба симмати муаллим, сипас дар мансабҳои ноиби декан, декани факултет, котиби ректор оид ба илм фаъолияти шоиста нишон додааст.
Аз соли таҳсили 2012-2013 то ба имрӯз дар маснади мудири кафедраи забонҳо фаъолияти басо ибратомӯз дорад. Ин донишманд ва мутахассиси воқеъан ҳам арзанда дар идомаи фаъолияти касбӣ ба роҳи душвору басо ноҳамвори илм заҳмат кашида, билохира аз беҳтарин кашшофони илму адаб шинохта гардид.
Бисёр ранҷ бурд, заҳмати беандоза кашид. Тору пуди пешаи омӯзгориро батамом ва мӯшикофона омӯхт. Солҳои 2009 ва 2021 дар назди Шурои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, пас аз солҳои тӯлонии ҷустуҷӯйҳо рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро дар мавзуъҳои “Ислоҳоти соҳаи варзиш дар забони тоҷикӣ”, “Ташаккул ва таҳаввули ислоҳоти варзиш дар забони тоҷикӣ” бомуваффақият дифоъ намуд.
Афзалшоҳ Нусратович олими ҷӯянда, дақиқназар, устоди бофазлу камоланд. Шахсияти нарму ҳалим, беозору рафиқи дилсӯз аст. Ба симмати доктори илм, профессори кафедра ҳамеша дар ҳалқаи зердастон буда, дар хоксорӣ намунаи ибрат аст. Устод, баробари адои пеша, ҳамзамон муаллифи барҳаққи чор монография, 35 мақолаҳои илмию оммавию луғатномаҳои варзишӣ низ ҳаст. Олим, устод, адабиётшинос, шахсияти сертараддуд мебошанд. Дар чандин рисолаҳои номзадию докторӣ дар Шуроҳои диссертатсионии назди Донишгоҳи илмии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи устод С. Айнӣ, АМИТ ва дигар муассисаҳои илмӣ мунтазам иштирок мекунад ва маърӯзаҳо мехонад.
Ҳамзамон устоди гиромӣ солиёни мадидест, ки вазифаи котибии Шурои олимони донишкадаро басо уҳдабароёна иҷро карда, дар тарҷумаи китобҳои тозаи таълимӣ саҳми бориз доранд. Устоди гиромиқадр, барҳақ, барандаи унвони “Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, бо сипосномаҳои ифтихории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.
Хушбахтона, ҳоло як гурӯҳи бузурги олимони ҷавону ҳаваскор, дар симои Санавбар Низомова (профессор), Гулрухсор Абдуллоева, Қудратуллоҳ Исмонов, Самариддин Каримов, Абубакр Раҷабов ва Саломат Тураева зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессори муҳтарам Шафоатов Афзалшоҳ Нусратович аллакай корҳои номзадии худро ҳимоя кардаанд ва аз шарофати ғамгусории устод роҳ ва мақоми худро дар зиндагӣ пайдо кардаанд.
Ин шахсияти шинохта 29 сол боз инҷониб узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, дар ҳама тадбиру чорабиниҳои ин ташкилоти бонуфузи ҷамъиятӣ иштирок мекунад. Устод медонанд, ба некӣ дарк ҳам кардаанд, ки ҳизби мазкур табиатан халқӣ ва демократӣ буда, маҳсули тафаккури эҷодии халқи фарҳангпарвар ва созандаи мост. Дар ҷашну санаҳои таърихӣ устод аз роҳҳои пурпечу ноҳамвори сарвари арҷманди ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳарорати бепоён арқом ва далелҳои шайъӣ оварда, бо ҳамин роҳ дар тарбия ва камолоти насли тозаи ҳизби мазкур саҳми бориз мегузоранд.
Мирзосафар Шамсиддинов, Аълочии матбуот, фарҳанг ва маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон, барандаи медали “100-солагии Матбуоти тоҷик”, соли 2019
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: