Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД

ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД

17-02-2023, 22:40
Хабарро хонданд: 388 нафар
Назарҳо: 0
ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД
Бахшида ба ҷашни 70-солагии профессор, доктори илмҳои педагогика устод Абдулбоқӣ Нурзода

Бузургворе илмро бо эҳсоси ишқ муқоиса карда мегӯяд, ки он ноаён инсонро мафтун сохта, ба худ ҷазб мекунад ва сипас ӯро ба масиру пайроҳаҳои гуногун кашола карда, дар андешаву афкораш ҳама чизро пок сохта, фақат барои илм ва афкори илмӣ ҷой мегузорад. Сипас, он замон, ки дараҷоти баланди илмро кашф кард, омодааст барои илм чун ба хотири муҳаббат худро қурбон кунад. Ин сухан асли воқеӣ дорад ва барои ҷумла оламиён маълум аст, ки илми Шарқ, хосатан илми тоҷик дорои таъриху суннатҳои ғанӣ буда, нобиғагони бешуморро ба арсаи илм овардааст, ки бо осори гаронбаҳои хеш дунёву тамаддуни ҷаҳониро тағйир додаанд. Миллати тоҷик ин сон донишмандоне дошт , ки воқеан ба хотири илм худро қурбон сохтаанд, вале ба таври ҷовидона номи хешро дар авроқи таърих сабт кардаанд.
Хушбахтона, ин суннати мардуми тоҷик то ҳол идома ёфта, дар арсаи илм нафароне кору фаъолият доранд, ки дар ҳифзи суннатҳои қадима содиқанд. Аз ҷумлаи чунин содиқони роҳи илм як фарди дорои одамияту фазилати нотакрор, ки воқеан арзандаи сифат кардан аст ва барои дӯстону шогирдон зиндагии ӯ як сабақи ибратомӯзест, педагоги маъруфи тоҷик, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф устод Абдулбоқӣ Нурзода аст. Устоди азиз, ки дӯстон ӯро бо муҳаббат чунин ном мебаранд, аз шумули мондагортарин чеҳраҳои илми муосири тоҷик буда, дар рушди соҳаи маориф ва илми педагогикаи кишвар саҳми шоён гузоштааст. Зиндагиномаи ӯ саршор аз такопӯ ва талошу заҳматҳост, ки ин ҳама мартаба ва мақоми ӯро ба таври шоиста баён кардааст.
Донишмандони қадим муқаррар кардаанд, дар навбати аввал Офаридгор инсонро аз нигоҳи фитрӣ ташаккул медиҳад ва барои бандааш неъматҳои хосро эҳдо мефармояд, дар навбати дуюум бошад, таъсири муҳиту иқлим барои фард нақши муҳим мебозад. Сарзамини Ховалинг, чунончи устод Ҷалол Икромӣ ин маконро «Шерози Тоҷикистон» номидааст, дар рушди шахсияти қаҳрамони мо нақши муассир гузоштааст. Воқеан, ин сарзамин макони таҳсилу камолоти олимону адибони шинохта ба шумор рафта, чун Абдулбоқӣ Нурзода чеҳраҳои шинохтаи илму адаби тоҷик, ба мисли Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло, Абдулҳамид Самад ва садҳои дигар родмардони аҳли илму фарҳангро барои ҷомеаи мо ҳадя намудааст. Ховалинги бостонӣ бо кӯҳҳои баланд ва табиати пурафсуни хеш қалби ҳар бинандаро тасхир карда, эҳсоси маънавии вайро афзун менамояд. Устод Нурзода гоҳе ин омилро ёдовар шуда, қайд менамояд, ки ӯ дар муҳити кӯҳистон ба воя расида, дар даврони наврасӣ дар диёри хеш кӯҳгардӣ кардааст ва ҳамин муҳиту табиати пурафсуну таъми ширини чашмаҳои кӯҳистон ва оғӯши гарму дили беолоиши мардуми кӯҳистон дар рушди ҷисмониву маънавияш таъсири бештаре доштааст. Вале, тақдир ин ҷавони бебокро ба самти дигар ва муҳити ноошно, ки интизораш набуд, андохт. Даврони муҳоҷиркунии мардуми кӯҳистон ба сӯйи водӣ, ки аз нақшаҳои муҳими ҳукумати вақти Шуравӣ буда, ба солҳои панҷоҳ-шастуми асри XX рост меояд, Абдулбоқии наврасро ба муҳити дигар овард. Вай бо рӯзҳои бачагӣ, рӯзҳои зебову софу содаи дар кӯҳистони Ховалинг гузаронидааш хайрухуш кард. Муҳити душвор ҷавони навхатро маҷбур сохт то пайи омӯзиши бештар бошад. Заҳматҳои илмомӯзии шабонарӯзиаш барои ӯ имкон фароҳам оварданд, ки бо ҳидояти дӯстони ҷавонӣ ва дастури устодони мактаби деҳ, дилгармӣ ба илму дониш ва мояи ифтихори миллат қарор доштани ҳамдиёронаш чун Ҷалол Икромӣ, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло, Ғаффор Мирзо, Абдулҳамид Самад ва садҳои дигар роҳ ба сӯйи Душанбешаҳр пеш гирад. Бо азму иродаи қавӣ ба остонаи Донишкадаи омӯзгории пойтахти кишвар (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) қадам гузошта, соли 1970 ба бахши забон ва адабиёти тоҷики факултети таъриху филологияи донишкада дохил гардид. Соли 1974 донишкадаро хатм намуда, бо замзамаи ин абёти Бадриддини Ҳилолӣ дар назди хеш мақсад гузошт, ки ҳатман илмро дар амал татбиқ хоҳад намуд:
Илме, ки дар он амал набошад,
Ҷуз арбадаву ҷадал набошад.
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Соли 1974 тибқи роҳхат ба Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии шаҳри Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) ба сифати муаллими забон ва адабиёти тоҷик қабул гардида, бо сабаби даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ солҳои 1975-1976 хизмати ҳарбиро анҷом дод. Ҳарчанд баъд аз адои хизмат ба омӯзишгоҳ баргашта бошад ҳам, вале чун уқоби баландпарвоз қуллаҳои баландро орзу мекард. Соли 1977 ин орзуяш ҷомаи амал пӯшид ва ӯро ба ҳайси ассистенти кафедраи педагогикаи Донишкадаи омӯзгории пойтахт пазируфтанд. Навҷавони роҳи илм тайи солҳои 1981-1984 дар бахши аспирантураи кафедраи педагогикаи донишкада таҳсил карда, дар ҳамон соли хатм, дар шаҳри АлмаАтои Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони “Ягонагии талаботи маънавии оила ва мактаб дар тарбияи ахлоқии талабагони синфҳои ибтидоӣ” рисолаи номзадии хешро бомуваффақият дифоъ намуд.
Устод Абдулбоқӣ Нурзода дигар он ҷавони навхат набуд. Ӯ то ҳадде аз таҷрибаи рӯзгор баҳра гирифта, ҳамнишини бузургон гардида буд. Ин таҷрибаи ҳаёт ва ҳамнишинӣ бо бузургон мусоидат намуд, ки ӯ солҳои 1985-1992 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи педагогика, солҳои 1992-1998 ба сифати мудири кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ, солҳои 1998-2007 дар вазифаи декани факултети педагогика, солҳои 2007-2008 дар вазифаи ноиби ректори донишгоҳ оид ба илм фаъолияти самаранок анҷом диҳад. Ҳамон панди Ҳилолиро шиори хеш қарор дода, соли 2004 дар мавзуи “Арзишҳои миллию умумибашарӣ ва нақши онҳо дар тарбияи ахлоқии насли наврас” рисолаи докторӣ дифоъ намуд ва соли 2008 шоистагии хидматҳои ӯро ба назар гирифта, барояш унвони илмии профессорро сазовор донистанд. Бо назардошти ин авомил, ки таҷрибаи зиёди илмиву роҳбариро соҳиб гашта буд, Абдулбоқӣ Нурзодаро дар муддати солҳои 2008-2013 дуюмбора ба ҳайси декани факултет ва минбаъд то соли 2017 ба вазифаи мудири кафедраи педагогика ва психология интихоб карданд. Мавсуф аз соли 2017 то ҳоло вазифаи профессори кафедраи зикршударо иҷро карда, дар ҳама маҳфилу ҷаласаҳои илмии сатҳи гуногун гули сари сабад аст. Дар масири 50 соли фаъолияти пурсамари илмӣ, омӯзгорӣ ва роҳбарӣ ӯ зина ба зина қадамҳои устувор гузошт ва ҳамаи марҳилаҳои илмӣ ва роҳбариро бо сари баланд тай намуд. Ҳарчанд дар масири ӯ монеаҳои зиёде садди роҳ мешуданд, аммо устод Абдулбоқӣ Нурзода аз мушкилот наҳаросида, барои расидан ба ҳадафҳои олии хеш бо иродаи матин ва хидмати самимӣ дучанд қувва ба харҷ додааст. Мактаби илмии устодонаш, олимони маъруфи илми педагогика Хайрулло Раҳимов ва Баён Раҳимов сабаб шудааст, ки бо 18 нафар шогирдони хеш, ки таҳти роҳбарии ӯ рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, имрӯз дар ҳудуди кишвар ва хориҷ аз он фаъолияти илмию омӯзгорӣ мебаранд, ифтихор намояд.
Устод Абдулбоқӣ Нурзода соҳибмактабу соҳибкитоб аст. Пажӯҳиши илмии ин олими бузург ба масъалаҳои мураккабу муҳими тарбия бахшида шуда, дорои аҳамияти хос дар илми педагогикаи тоҷик мебошад. Муҳимтарин осори ӯ чун «Кори якҷояи мактабу оила дар тарбияи ахлоқии мактаббачагони хурдсол» (1989), «Омӯзгор, олим ва инсони комил» (1998), «Мазмуни барномаи тарбияи ҷавонон» (2000), «Педагогика» (2000, ҳаммуаллиф), «Арзишҳои миллию умумибашарӣ, заминаҳои пайдоиш, инкишоф ва нақши онҳо дар тарбияи инсон» (2003), «Педагогика» (2011, ҳаммуаллиф), «Факултети педагогика-80 сол» (2012, ҳаммуаллиф), «Идора ва назорати дохили мактабӣ» (2013, ҳаммуаллиф) , «Таърихи педагогикаи ҷаҳон» (2016; 2017, ҳаммуаллиф), «Талаботи муосир ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон (2017), «Роҳнамои куратор» (2017), «Методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ» (2021, ҳаммуаллиф), «Методология ва методҳои таҳқиқоти илмӣ-педагогӣ” (2022, ҳаммуаллиф), 6 васоити таълимӣ, 7 барномаи таълимӣ ва зиёда аз 150 мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва оммавӣ номи ӯро ҳамчун педагоги барҷаста дар саҳифаҳои дурахшони илми педагогика сабт намудааст. Номи Абдулбоқӣ Нурзода ҳамчун олими асил дар қомусҳо ҷой гирифта, аз осори илмии ӯ дар муассисаҳои таълимию тарбиявии кишвар истифода мебаранд.
Мавриди зикр аст, ки яке аз корҳои бунёдии устод Абдулбоқӣ Нурзода ин таълифи монографияи «Арзишҳои миллию умумибашарӣ, заминаҳои пайдоиш, инкишоф ва нақши онҳо дар тарбияи инсон» мебошад. «Ба назари мо, - менависад академик Муҳаммадулло Лутфуллозода, -тадқиқоти Абдулбоқӣ Нуров «Арзишҳои миллию умумибашарӣ, заминаҳои пайдоиш, инкишоф ва нақши онҳо дар тарбияи инсон», ки бар пояи таҳлилу тадқиқи корҳои зиёди илмию амалӣ, асарҳои бадеӣ, омӯхтани таҷрибаи мактабу муаллимони соҳибтаҷриба, ба роҳ мондани озмоиш, мушоҳида ва таҷрибаҳои шахсии муаллиф асос ёфтааст, аҳамияти муҳими назариявию амалӣ дорад ва месазад, ки ин китоб болои мизи ҳар омӯзгор ва ашхоси соҳибмаърифат қарор дошта бошад».
Асари дигари пурарзиш ва бунёдии устод Абдулбоқӣ Нурзода, ки дар ҳаммуаллифӣ бо профессор Баён Раҳимов таълиф шудааст, «Педагогикаи этникӣ ва халқии мардуми тоҷик» унвон гирифтааст. Китоби бунёдии дигари устод Абдулбоқӣ Нурзода, ки дар ҳаммуаллифӣ бо олими маъруфи педагогика Хайрулло Раҳимов таълиф шудааст, китоби дарсии «Педагогика» мебошад, ки дар он асосҳои умумии педагогика, раванди тарбия, назарияи маълумот аз диди тозаи муаллифон матраҳ гардидааст.
Устод Абдулбоқӣ Нурзода аз соли 1994 узви фаъоли ҲХДТ буда, ҳамчун таблиғгари фаъоли ғояҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар байни ҳамкорон ва шогирдон мартабаи худро дорост.
Абдулбоқӣ Нурзода ҳамеша дар суханони худ зикр менамояд, ки дар даврони муосир суханҳои пучу холӣ афзуда, тафаккури илмӣ рӯ ба таназзул ниҳодааст. Бояд кӯшиш ба харҷ дода шавад, то аз суханҳои беҳуда ба таҳрики тафаккур бигзарем. Ҳамин аст, ки бо ҳамин ҷозиба дар муддати раисии ӯ дар Шурои диссертатсионӣ оид ба рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ (2008-2015) дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сафи олимон афзуда, беш аз 50 нафар рисолаҳои номзадии худро аз рӯйи ихтисосҳои соҳаи педагогика ҳимоя намуданд.
Хидматҳои шоистаи устод Абдулбоқӣ Нурзодаро ба эътибор гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро бо нишони “Аълочии низоми маълумоти касбӣ-техникӣ” (1998), ордени “Шараф” (1999), нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” (2001) ва унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” (2015) қадрдонӣ намудааст, ки боиси ифтихори мо, дӯстону ҳамкорон ва шогирдон мебошад.
Ин мисолҳо, ки аз хидматҳои профессор Абдулбоқӣ Нурзода, ки ба ҳайси муште аз хирвор зикр шуд, собит месозанд, ки ӯ 70 соли ҳаёти хешро беҳуда сарф накардааст. Ин бузургмард мегӯяд, ки дар тӯли ҳаёт ҳамеша ҷадал кардааст, то амалеро ба сомон бирасонад, ки мондагор бошад ва дар ин ҷода муваффақ ҳам шудааст. Боре нуктаеро таъкид намуд, “Аз Имом Ғаззолӣ пурсиданд, ки чӣ гуна расидӣ ба ин мақом дар илм? Ҷавоб дод, ки то тавонистам бештар омӯхтам”. Ҳоло ҳам дар ҷустуҷӯйи илм бознаистода ва бо талаби он ҳадиси Пайғамбари ислом, ки “Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй” дар пайи омӯзиш аст, то ба шогирдонаш бештар маърифат биомӯзад.
Абдушукур Ғаффоров, доктори
илмҳои филологӣ, мудири кафедраи методикаи
таҳсилоти ибтидоии ДДОТ ба номи С. Айнӣ,
Ҷобир Мардонзода, мудири бахши табъу
нашри ДДОТ ба номи С. Айнӣ, узви
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: