Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС - РИСОЛАТИ ҲАМАГОН

ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС - РИСОЛАТИ ҲАМАГОН

30-04-2018, 11:30
Хабарро хонданд: 426 нафар
Назарҳо: 0
ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС - РИСОЛАТИ ҲАМАГОН
Мутобиқи таҳлили коршиносону муҳаққиқон имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо раванде рӯ ба рӯ аст, ки меъёру арзишҳои он чеҳраи нав гирифта, муносибатҳои сиёсии он дигаргун мешаванд. Ҷомеаи кунунӣ дар раванди пешрафти босуръат ва паҳншавии васеи технологияҳои нави иттилоотӣ, инчунин тағйирёбии ҷанбаҳои раванди иҷтимоию иқтисодии ҳаётӣ қарор дорад.
Мусаллам аст, ки ҲХДТ ҳамчун ниҳоди асосии пешбаранда, неруи тавонманду созанда ва муттаҳидкунандаи ҷомеа, дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои муҳими Ҳукумати мамлакат нақши муассир дорад. Ислоҳот ва навсозии соҳаи маориф яке аз иқдомҳои аслии Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, ҳадафи ин раванди созанда, агар аз як ҷониб фароҳамсозии механизми рушди устувори низоми маорифи миллӣ бошад, аз сӯи дигар ба талабу меъёрҳои асри ХХI мутобиқ намудани он мебошад.
Донистани қадру қимати волидайн ва ҳурмату эҳтироми онҳо рисолат ва қарзи ҳар як инсон аст. Бузургтарин рисолати падару модар аз азал тарбияи фарзандони нобиғаву хирадманд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманд мебошад.
Воқеан ҳам, дар баланд бардоштани маънавиёти насли наврас нақши се ниҳоди асосӣ - муҳити оила, ҷомеа ва муассисаи таълимӣ бағоят муҳим аст.
Табиист, ки дар ҳама давру замон раҳбаладу раҳнамунсоз ва боло бурдани маънавиёти ҷомеа маҳз аз волидайн ва омӯзгор вобастагии калон дорад. Гузашти давраҳои рӯзгори башарият собит намудааст, ки агар анҷоми ҳама гуна кореро ба асл бихоҳӣ, ибтидо ба устоди комил бояд кард, зеро обрӯ ва эътибори шаъни инсониро маҳз афкори судманди омӯзгори садоқатпеша метавонад пайваставу мудом нигоҳ бидорад.
Саъю кӯшиш, меҳнат ва шавқи омӯзиш агарчи инсонро ба ҷое расонида тавонад ҳам, вале мақому мартабаи волидайн дар роҳи расидан ба ҳадди инсонӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи махсуси худро дорад.
Бо таваҷҷуҳ ба омилҳои зикргардида машҳуртарин ва бузургтарин олим ва адиби асри ХV Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Футувватномаи султонӣ» дар баёни устоду тарбияти шогирд мефармояд, ки «ба матлуб расидани шогирд аз хидмату тарки роҳат ва заҳмати содиқона» вобастагии мустақим дорад.
Дар масоили одоби шогирд овардааст, ки «аввал он ки назди устод дарояд ибтидо ба салом кунад, дуюм дар пеши устод кам сухан гӯяд, сеюм агар хоҳад, ки масъала пурсад, қаблан бояд дастур ва ё иҷозат талабад ва ниҳоят дар пеши устод ба касе гӯшакӣ накунаду ба ҳурмати эшон, нишасту бархост намояд»….
Албатта, боиси таассуф аст, ки дар ҷомеаи кунунии мо чунин эҳтирому эътиқод ва арҷгузориҳо нисбат ба омӯзгор нисбатан тира гаштааст. Вале набояд фаромӯш сохт, ки шарафи инсониву раъиятро дар вуҷуди мо танҳо омӯзгор парварида метавонад. Дар пайвастагӣ ба омилҳои матраҳшуда ва дарки саривақтии ин масоили умдаи ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2015 чунин баён доштаанд: “Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст. Яъне, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст. Аз ин рӯ, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон ба таври доимӣ ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ҳар чи бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосири таълим амри зарурӣ мебошад”.
Таҷрибаи таърихӣ собит сохтааст, ки инсони босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва неруву захираи тавоно ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки дар сиёсати кунунии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи маориф яке аз бахшҳои муҳиму афзалиятнок ва калидӣ эътироф шудааст.
Тадбирҳои созандаву доимии то ба имрӯз дар соҳаи маорифи миллӣ ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 боиси беҳтар шудани нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиромгузорӣ ба шаъну шарафи инсон гардида, ба афзалиятҳои муайяншуда оид ба сатҳи зиндагӣ, маърифатнокии ҷомеа ва дар маҷмӯъ ба болоравии сатҳи зеҳнияту шароити мусоиди зиндагии сазовор таъсири амиқу манфиатнок гузоштааст. Илова бар ин, аз тарафи давлату Ҳукумати мамлакат як қатор қонуну қарор ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба тасвиб расонида шудааст, ки онҳо, пеш аз ҳама, барои боз ҳам бофарҳангу маърифатнок гардонидани насли наврас пешбинӣ шудаанд.
Аз ҷумла, дар моддаи 5-ум, банди 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст: «Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад».
Албатта, волидайн ҳар қадар бештар ба тарбия ва сатҳи саводнокии фарзанд таваҷҷуҳ намоянд, ҷомеа ҳамон андоза пеш меравад, неруи инсонӣ тақвият меёбад ва мушкилоти оилаву ҷомеа камтар мешавад. Моро зарур аст, ки насли ояндасози миллатамонро ҷиҳати ҳифзи истиқлолияту озодӣ, амнияти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ раҳнамоӣ карда, барои бунёди давлати пешрафтаву соҳибтамаддун ва дунявию демократӣ талош варзем.
Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе дар самти тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, эҳтирому пос доштани муқаддасоти миллӣ, ҳувияти миллӣ, зиракии сиёсӣ, фарҳанги баланди ҳуқуқӣ ва ба одати доимӣ табдил додани риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва қонунҳои амалкунанда дар ниҳоди наврасону ҷавонон ҳамеша талош меварзад.
Вобаста ба ин, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе мутобиқи нақшаи чорабиниҳои худ дар заминаи амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ҷиҳати оммавияти варзишу тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон давоми як соли охир беш аз 600 чорабинии гуногун гузаронидааст.
Дар ин замина зикр намудан бамаврид аст, ки дар як муддати кӯтоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани майдончаҳои варзишию истгоҳҳои муосир, ободу зебо гардидани кӯчаву хиёбон, роҳраву гулгаштҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ боиси сарфарозиву фараҳмандии ҷавонону наврасони пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе гардидааст, ки фароҳамсозии чунин шароити арзанда дар тарбияи насли солиму ояндасоз нақши муассир доранд.
Бо назардошти амалӣ намудани омилҳои зикргардида, мо бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ карда тавонанд. Ҳамзамон, наврасону ҷавонони моро зарур аст барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ талош варзида, бо муносибати самимии худ ба хориҷиёну сайёҳон исбот намоянд, ки онҳо ворисони арзандаи гузаштагони бохираду донишманд ва соҳибэҳтирому соҳибтамаддунамон дар арсаи олам мебошанд.
Ҳамин тариқ, барои баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон моро мебояд дар ҳамдастӣ чунин корҳоро ба анҷом расонем:
- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сиёсии ҷавонон тавассути баргузории чорабиниҳои гуногун;
- чопи маводу дастурҳои бештари ташвиқотиву таблиғотӣ оид ба тарбияи насли солиму ояндасоз;
- тақвияти чорабиниҳои варзишӣ ва машғулиятҳои амалӣ оид ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълимӣ.
Воқеан ҳам, дар ҷаҳони имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз бар кардааст, дар оянда низ аз онҳо рушди устувори иқтисодии кишварро интизор шудан мумкин аст.
Аз ин рӯ, дар зеҳни наврасону ҷавонон ҷой кардани хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ба камол расонидани насли ояндаи мамлакат яке аз вазифаҳои аслии муассисаи таълимӣ, омӯзгорон, падару модарон ва ҷомеа ба шумор меравад.

Зоир РАҲМОНЗОДА, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри ушанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: