Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲАЁТИ СОЛИМ: ОРЗУ Ё ВОҚЕИЯТ?

ҲАЁТИ СОЛИМ: ОРЗУ Ё ВОҚЕИЯТ?

23-11-2023, 09:34
Хабарро хонданд: 1566 нафар
Назарҳо: 1
         ҲАЁТИ СОЛИМ: ОРЗУ Ё ВОҚЕИЯТ?

Агар хоҳӣ солим бошӣ, бидав!
Агар хоҳӣ олим бошӣ, бидав!
Агар хоҳӣ ҳоким бошӣ, бидав!...
(Катибаи рӯйи санг)


Сарчашмаҳо таърихи ин сангнабиштаро ба давраи Юнони Қадим нисбат медиҳанд. Бо вуҷуди гузашти асрҳо он моҳияти худро то ба имрӯз гум накардааст.
Пеш аз он, ки андешаҳоямро дар бораи зиндагии солим баён кунам, як сухани Чарли Чаплин - ҳунарпеша, кинорежиссёр, филмноманавис, оҳангсоз ва продюссери англис ба ёдам расид.
Ба қавли ин чеҳраи маъруфи ҷаҳонӣ, ки 88 сол умр дидааст, дар дунё шаш табиби беҳтарин - Офтоб, истироҳат, машқ, парҳез, худэҳтиромӣ ва дӯстӣ мавҷуд аст, ки агар аз онҳо дуруст истифода барем, пас метавон гуфт, ки зиндагии солим дорем…

Ҳар пагоҳӣ бо марди тахминан 70-сола дучор меоям, ки қад-қади роҳ медавад. Ин касро хуб мешиносам. Дар бинои мо зиндагӣ мекард. Аз фарбеҳӣ ба зӯр роҳ мерафт. Ба андозаи ҷисми ӯ дар мағозаҳо либос ёфтан мушкил буд. Аз ин рӯ, вай назди дӯзандаҳо рафта, барои худ либос мефармуд. Чанд сол ӯро надида будам ва аз сарнавишташ хабар надоштам. Акнун зиндагӣ моро дубора рӯ ба рӯ овард.
Акаи Салим бо шавқ медавад, аз ҳаракатҳояш инро пай бурдан мумкин аст. Ӯ дигар мисли пешина фарбеҳ нест, озодона роҳ меравад, сабук нафас мекашад ва хушҳол аст.
Баъд аз саломуалейк дар паҳлӯи ҳамдигар суҳбаткунон давиданро идома медиҳем. Саломатиашро пурсон мешавам. Бо шавқ сарнавишташро ҳикоят мекунад:
- Бародар, «фарбеҳиро гӯсфанд мебардорад», мегӯянд, рост будааст. Фарбеҳӣ беморӣ аст, яъне одами солим фарбеҳ нест. Бардоштани ҷисми гарон рагу буғуми пойҳоро майиб мекардааст. Кор ба дараҷае расид, ки роҳ рафтан бароям мушкил буд, ба зӯр нафас мекашидам. Ба қавле, фарбеҳӣ саломатиамро «хӯрда» буд. Маҷбур шудам, ки ба духтур муроҷиат кунам. Баъд аз муоина пизишкон тавсия доданд, ки ба парҳез рӯ орам, аз хӯрдани ғизоҳои равғанӣ даст кашам ва пайваста ба варзиш машғул шавам. Иродаам, ки қавӣ аст, аз рӯйи гуфтаи пизишкон амал кардам. Дар зарфи чор сол дар ҷисмам тағйироти ҷиддӣ ба амал омад, вазни зиёдатиамро партофтам. Ҳоло худро сабук, бардаму солим ҳис мекунам. Варзиш акнун машғулияти ҳаррӯзаам шудааст…

Дар рӯзи Дави олимпӣ чашмам дар миёни ҷавонон ба мӯйсафеде афтод, ки либоси варзишӣ дар тан ба давидан омодагӣ мегирифт. Наздаш рафта пурсидам, ки чандсола аст ва чӣ ӯро ба мусобиқаи давандаҳо овардааст. Посух дод, ки «83 сол дорам ва беш аз 20 сол боз ба варзиши сабук машғулам. Ба шарофати машғулиятҳои варзишӣ дар ин синну сол бардаму солимам».
Мӯйсафед дуруст мегӯяд, имрӯз мардум, бахусус ҷавонон танбал шудаанд, пиёда кам роҳ мераванд, ҳатто масофаи кӯтоҳро низ мошинсавор тай мекунанд. Бисёриҳо маишатпарастанд, корашон зиёфатхӯрӣ, аммо аз зиёни пурхӯрӣ намеандешанд.
Суҳбати муйсафеди нуронӣ гузаштаи дур, ҳамон сангнабиштаро ба хотир меорад…

Саломатии миллат бойгарии давлат аст. Тарбияи бадан, машғулиятҳои варзишӣ имкон медиҳанд, ки шахс на танҳо саломатиашро ҳифз кунад, балки намуди зоҳириашро зебо нигоҳ дорад.
Дарвоқеъ, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар таъмини сиҳатии аҳли ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва аз корҳои номатлуб дур намудани ҷавонону наврасон нақши муассир дорад.
Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ҳамзамон Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлол дар тамоми шаҳру ноҳияҳо толорҳои варзишӣ ва варзишгохҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Дар гузашта танҳо Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ 20 ҳазор ҷойи нишаст дошт. Ҳоло теъдоди чунин варзишгоҳҳо дар мамлакат зиёд шудааст. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо як толори замонавии варзишӣ, ки на камтар аз 500 ҷойи нишаст ва як варзишгоҳи дорои аз 2 то 5 ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудаанд.
Тибқи нақша, дар тамоми ҷамоатҳои деҳот ва шаҳраку маҳаллаҳо толорҳо барои машқи бадан ва майдончаҳои варзишӣ бояд сохта шаванд.
Дар пойтахт қариб ҳамаи маҳаллаҳо майдончаҳои варзишӣ доранд, аммо мутаассифона, ҳамарӯза теъдоди ками сокинон ба варзиш машғул мешаванд ва ҳатто дар баъзе ноҳияҳо варзишгоҳҳо ба ҷойи молчаронӣ табдил ёфтаанд.
Дар деҳот бошад, шумори хоҳишмандон ба намудҳои гуногуни варзиш хеле зиёд аст, аммо шароит надоранд.
Зимни як сафари хидматӣ дар навоҳии водии Рашт аз тамошои варзишгоҳҳое, ки ба талабот ҷавобгӯ ҳастанд, шод шудем.
Дар ноҳияи Нуробод раиси ноҳия, ки моро ҳамроҳӣ мекард, гуфт, дар варзишгоҳ барои тамрини духтарон низ толорҳо мавҷуданд.
Бале, духтарон модарони ояндаанд. Фардои ҷомеа ба саломатии модар вобаста аст, яъне тифли солимро модари солим ба дунё меорад. Пас, чаро ба тамрини занону духтарон эътибор надиҳем?

Дар бештари кишварҳои ҷаҳон ба рушди оммавии варзиш ҷиддӣ аҳаммият медиҳанд. Бо ин мақсад барномаҳои сатҳи давлатиро амалӣ месозанд. Масалан, дар Ҷопон аз бунёди беморхонаҳои баландошёна, ки катҳои зиёд дошта бошанд, ифтихор намекунанд, вале бар он мекӯшанд, ки мардум бемор нашаванд.
Роҳбарони муассисаю корхонаҳо вазифадоранд, ки саломатии кормандонашонро ҳифз кунанд. Барои ин, шароит фароҳам меоваранд. Дар сурати зиёд шудани варақаҳои корношоямӣ роҳбарияти ин ё он идора мавриди сарзаниш қарор мегирад, ки аз уҳдаи ҳифзи саломатии коргарон набаромадаанд…

Пиёдагарди дигаре, ки ҳар пагоҳу бегоҳ таваҷҷуҳамро ба худ ҷалб мекунад, нафақахӯр аст. Дар хона нишаста наметавонад. Ҳар рӯз 7-8 километр роҳ меравад. Дар замони Шуравӣ ӯ дар вазифаҳои масъул, аз ҷумла роҳбари аввали яке аз ноҳияҳо кор кардааст. Аммо, бо вуҷуди калонсолиаш солиму бардам метобад, яъне манфиати пиёдагардиро дидааст.
Ба ҳамин монанд як нафар дӯстам, ки чанд сол боз аз беморӣ ранҷ мекашид ва муддате дар беморхона низ бистарӣ буд, ҳоло аз саломатиаш шиква надорад. Аз ӯ пурсидам, ки чӣ тавр вазни зиёдатиашро партофтааст. Гуфт, ки “бештар пиёда мегардам, дар таркиби ғизои ҳаррӯзаам меваю сабзавот зиёд аст, нон кам мехӯрам, дар корхона аз лифт истифода намебарам. Ҳар рӯз 4-5 маротиба ба ҷойи корам, ки дар ошёнаи дувоздаҳум аст, пиёда баромада, мефароям”.
Бале, пиёдагардӣ манфиат дорад, аммо камҳавсалаем. Камҳавсалагӣ бошад, нишонаи танбалист. Фаромӯш набояд кард: ҳаёти солим аз худи кас вобаста аст.

Алӣ ҶӮРА








Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Octavio 21 февраля 2024 07:58
dabirian ciclopirox tinea pedis feminismen ciclopirox olamina esmalte como usar -
ciclopirox nail lacquer review ciclopirox 77% ejemplos
treat onycholysis with ciclopirox
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: