Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тавони фикрӣ ва шинохти манофеи миллӣ

Тавони фикрӣ ва шинохти манофеи миллӣ

17-10-2023, 18:38
Хабарро хонданд: 291 нафар
Назарҳо: 0
(Чанд мулоҳиза дар ҳошияи рисолаи профессор
С. Ятимов “Эҳёи миллат - бақои давлат” )

Рисолаи мухтасари илмии профессор С. Ятимов “Эҳёи миллат - бақои давлат”, ки дар маҷаллаи академии илмию оммавии “Илм ва ҷомеа” интишор ёфтааст (муфассал ниг.: Ятимов С. Эҳёи миллат - бақои давлат. //Илм ва ҷомеа, №3 (33), 2023. -С.3-32), се масъалаи муҳим ва калидӣ - нақши давлат дар таҳаввулоти фикрӣ (1); ҷаҳонбинӣ ва таҳаввулоти таърихию имрӯзӣ (2) ва ҷойгоҳи категорияи “манфиат” дар низоми зиндагии сиёсию мафкуравии миллӣ (3)-ро фаро гирифтааст. Муаллиф бо такя ба адабиёти тахассусӣ ва навтарин дастовардҳои илмӣ-фалсафӣ сари масоили мазкур тамаркуз намуда, бар мабнои воқеияти замонӣ ва ҳассосиёти сиёсӣ натиҷагириҳои ҷолиби ихтисосӣ кардааст. Рисола аз муқаддима, бахшҳои “Давлат ва масъалаҳои ҷаҳонбинӣ”, “Дарки воқеии манфиат”, “Эътимоднокии субот”, “Намунаи таърихии Эҳёи миллӣ”, “Руҳоният ва даврони Эҳё”, “Эҳёи миллӣ ва суботи миллӣ”, “Даврони Эҳёи миллати тоҷик”, хулоса ва охирсухан таркиб ёфтааст. Профессор С. Ятимов дар муқаддима ва ба истилоҳ, даромади рисола ба он таъкид мекунад, ки аз бомдоди таърихи инсонӣ “забони манфиат” ба сифати унсури асосии бозиҳои сиёсию геосиёсии давру замон дар гардиш будааст ва ҳар кӣ ин забонро намедонад ва қудрати фаҳму дарки онро надорад, ҳатман ба мунҷалоби ҳаводис кашида шуда, ҳайсияту ҳувияти хешро аз даст медиҳад. Аз сӯйи дигар, муаллиф дар муқаддима ишора мефармояд, ки маҳз бо ҳамин як “забон”-и умумӣ, ки “манфиат” ном дорад, “одамон ба гурӯҳҳо, ҳизбҳо, синфҳо, ҳукуматҳо, давлатҳо, ахиран созмонҳо, блокҳо ва гурӯҳи давлатҳо ҷудо мешаванд” (ниг.: Ятимов С. Эҳёи миллат - бақои давлат. //Илм ва ҷомеа, №3 (33), 2023. -С.3) ва бо ҳам дар такаллуму муоширати ҳамешагӣ қарор мегиранд.
Ба ин тартиб, профессор С.Ятимов дар бахши “Давлат ва масъалаҳои ҷаҳонбинӣ” масъалаи иртиботи давлатро бо низоми ҷаҳонбинӣ, ки омили калидии бақои миллат ва натиҷатан давлат дар тӯли таърих будаву ҳаст, ба миён мегузорад ва ҳушдор медиҳад, ки осеб дидани ҷаҳонбинии ҷомеа ба осебпазир шудани давлат ва дастгоҳи давлатӣ сабабгор мегардад ва баръакс, ба таври бояду шояд кор накардани дастгоҳу механизмҳои давлат боиси осеби ҷиддӣ дидани низоми ҷаҳонбинӣ мешавад. Бинобар ин, системаи давлатиро аз низоми бинишу ҷаҳоншиносии мардумӣ набояд ҷудо кард, балки ҳар ду дар таъини сарнавишти миллат ва бақои давлат нақши меҳварӣ доранд. Ин аст, ки муаллиф тазаккур медиҳад, ки: “Мувофиқати муҳтавои ҷаҳонбинии омма ба сохти давлатдорӣ ҳамчун замонати бардавомӣ, устувории сиёсӣ ва итминони аҳолии мамлакат, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон нисбат ба пешгӯӣ ва ояндасозии маҷмуи муносибатҳо дар қаламрави давлат ба ҳисоб гирифта мешавад”.
Дар бахши “Дарки воқеии манфиат” муаллиф вазъи ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатро, ки тайи солҳои ахир тавассути таҳоҷуми фарҳангию мафкуравии аҷнабиён осебпазиру хадшадор гардидааст, бозгӯ мекунад. Тарзи биниш ва кайфияти ҷаҳоншиносию ҷаҳонбинии мардум дар ҳар давру замоне баёнгари воқеияти ҷомеа будаву ҳаст. Аз ҷониби дигар, ҷаҳонбинӣ ва ба истилоҳ “назаргоҳ”-и қавму миллатҳо дар тӯли таърих сабабу иллати ихтилофоту суъитафоҳумот ва дар навбати худ пешравию тараққиёт гардидааст. Ба ин маънӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ишораи ҷолибе кардааст:
Аз назаргоҳ аст, эй аҳли вуҷуд,
Ихтилофи муъмину габру ҷуҳуд.
Яъне, “назаргоҳ” ё ҷаҳонбинӣ шахсияти инсон ва дар маҷмуъ, ҳастияту ҳайсияти ҷомеаро таъин мекунад. Ин аст, ки кайфияту чигунагии ҷаҳонбинӣ дар низоми зиндагии иҷтимоӣ нақши калидӣ дорад. Афзун бар ин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносӣ аз сатҳи огоҳии инсон ва ҷомеа бармеояд. Бар ин маъно, Мавлоно огоҳӣ ва шинохтро тақозо ва талаботи ҷон дониста, қудрату тавони мардумро дар сатҳи огоҳию шинохт арзёбӣ кардааст:
Иқтизои ҷон, чу эй дил, огаҳист,
Ҳар кӣ огаҳтар бувад, ҷонаш қавист.
Профессор С. Ятимов дар ин бахш ба зарурати ҷаҳонбинии миллӣ, ки маҷмуаи шинохти як миллатро дар фазою замону макони мушаххаси таърихӣ ифода мекунад, таъкид мекунад ва он (ҷаҳонбинии миллӣ)-ро ба унвони меъёри ҳаётӣ талаққӣ менамояд. Зиёда аз ин, ҳассосият ва воқеиёти даврро дар қиболи масоили бинишӣ матраҳ намуда, заъфи фикрӣ ва хало-вакууми маънавиро дар шароити бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ осеби бузурги иҷтимоӣ медонад.
Дар зимн, солҳост, ки арзишҳои миллӣ, ки аносири бозсозии ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллат маҳсуб мешаванд, бар асари саҳлангорӣ ва бетафовутии қишри зиёӣ, аз ҷумла фарҳангиён, омӯзгорон, табибон, адибон, шоирон, нависандагон, олимон, донишмандон ба бунбаст мувоҷеҳ шуда, сабаби ҳузуру нуфузи саросарии мафкураи хурофии бегона дар муҳитҳои иҷтимоӣ ва фазои куллии миллӣ гардидаанд. Воқеан, тайи понздаҳ-бист соли охир аз тариқи барномарезиҳои махсуси хориҷӣ, ки дар доираи бозиҳои геополитикӣ роҳандозӣ шудаанд, фазои сиёсию маънавии кишвар ва минтақа мағшуш шуда, хурофоту таассуби мазҳабӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ решадор гардидааст. Ин ҳолати буҳронӣ ба давлат ва дастгоҳҳои давлатӣ таъсири манфӣ расонида, роҳро барои шикасти низоми сиёсӣ ва давлати миллӣ ҳамвор месозад. Ба ин маъност, ки сиёсатшиноси миллӣ бонги изтироб мезанад ва аз ниҳодҳои зиддахли давлатию институтҳои таъсиргузори иҷтимоӣ даъват ба амал меорад, ки дар роҳи таҳкими ҷаҳонбинии миллӣ ва истеҳкоми давлати дунявӣ қадамҳои устувор бардоранд ва дар ҳамбастагию ҳамшарикӣ давлати тоҷиконро аз газанду бади рӯзгор ҳифз намоянд. Ба қавли ӯ, “хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, эҳсоси садоқат ба Ватан ва ҳимоят аз он, тамаддун ва фарҳанги миллӣ, анъана, урфу одат ва расму русуми миллӣ” ва пораву ҳиссаи манофеи миллат мебошанд, ки дар раванди инкишофи таърих ба аносири побарҷою устувори ҳувиятӣ бадал гашта, миллатро ба сӯйи эътимоду субот раҳнамун месозанд.
Дар бахши “Эътимоднокии субот” муаллиф аз нақши давлат дар таъмини систематикии амнияту суботи ҷомеа сухан ба миён меоварад ва бар мабнои таҷриботи таърихӣ сари кафолату замонати системаи давлатӣ тамаркуз намуда, ҳар эҳтимоли хубу бадро дар раванди мавҷудияти давлату миллатҳо имконпазир медонад. Аз сӯйи дигар, бо чашми ибрат нангаристан ба ҳаводиси талхи гузашта ва наандӯхтани таҷрибаи зарурии таърихӣ сарнавишти давлату миллатҳоро номуайяну номушаххас месозад. Бинобар ин, андӯхтани таҷрибаи талхи гузашта, ибрат гирифтан аз ҳаводиси ногувори таърихӣ ва дар ин замина ояндабинии хатару таҳдидҳои рӯзмарраву эҳтимолӣ вазифаи ҷонию виҷдонии насли давлатмадору зиёии имрӯзи миллӣ мебошад.
Дар бахши “Намунаи таърихии Эҳёи миллӣ” сиёсатшинос масъалаи инқилоби мадании эҳёгарони асримиёнагии Ғарбро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷасорати баланди илмию иҷтимоӣ ва иқдомоти созандаи намояндагони барҷастаи илму маданияти Ғарбро, ки дар баробари фишору зӯргӯйии дастгоҳи хуношоми калисои католикӣ таслим нашуда, алайҳи хурофоту таассубу ҷаҳолати асримиёнагӣ қаҳрамонона муқовимат кардаанд, ҳамчун намунаи таърихии Эҳёи миллӣ васфу ситоиш менамояд. Пешравию таҳаввулоти минбаъдаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фикрӣ, илмӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва билохира моддию маънавие, ки баъдан дар Аврупо ва Ғарб иттифоқ афтод, самараи ибтикороту ташаббусоти эҳёгарони асримиёнагии Ғарбӣ будааст. Ба ин мазмун, ҳар як миллат тайи таърихи мавҷудияти худ давра ва марҳилаҳои бозсозию бозофаринии зеҳнию ақлониро пушти сар мекунад, ки дар қолаби Эҳё ё Ренессанс мунсаҷим мешавад. Эҳё ё Ренессанс раванди бозтавлидӣ ва азнавофаринии илму ҳунару фарҳанги классикию намунавӣ дар таърихи башарӣ мебошад. Ба ин маъно, халқияту миллатҳои пешрафта ва мутамаддин ба хотири таъмини манофеи миллию фарҳангӣ намунаҳои баланди фалсафӣ, маданӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва эҷодии худро аз нав зиндаю эҳё мекунанд.
Ҳамин тариқ, Аврупо дар Даврони Эҳё (дар Италия аз асри ХIV шуруъ шуда, дар дигар кишварҳои аврупоӣ асрҳои ХV-ХVI ба вуқуъ пайвастааст) бо такя ба илму дониш ва мантиқ яхи бузурги дерини хурофоту таассуби асримиёнагиро шикаста, роҳро барои сохтани давлатҳои миллию мутараққию мутамаддин ҳамвор сохт. Албатта, донишмандону файласуфони аврупоӣ бо таҳдиду фишору тааррузи мудавоми руҳонияти масеҳӣ, ходимони калисову дастгоҳҳои тафтишотӣ (инквизитсия)-и замон рӯ ба рӯ буданд ва дар роҳи мушкилписанди эҳёӣ ҳазорон нафарро талаф доданд. Аммо эҳёгарони аврупоӣ, ки аз шумори файласуфони табиатшиносони варзидаи замон маҳсуб мешуданд, билохира ба саодат расиданд ва элитаи динӣ-сиёсии пешрави замонро, ки дастгоҳ-аппарати муқавои давлатию мазҳабӣ дар хидматашон буд, маҷбур ба ақибнишинӣ ва шикаст намуданд. Вазъияти сиёсиву мафкуравии замон хеле мураккабу вахим буд. Руҳониён ва роҳибони масеҳӣ ҳамеша бар он мекӯшиданд, ки на танҳо бар ибодоту руҳиёти мардумӣ, балки бар умури дунявӣ тасаллути комил дошта бошанд ва барои ин ҳадафро пиёда кардан аз тамоми имконот истифода мебурданд. Ҳатто шоҳону императоронро таҳти назорати худ даровардан мехостанд (ниг: Мчедлов М. П. Католицизм. -Москва: Издательство политической литературы, 1974. -С.11). Бо ин ҳама мушкилот мутафаккирону табиатшиносони Даврони Эҳё ба по хестанд ва аз тариқи силоҳи ақлу мантиқ алайҳи зулму ҷаҳолату таассуби калисоӣ муқовимат карданд.
Пешгомони ҷараёни Эҳё ва ё Ренессанси аврупоӣ инсонмеҳварӣ (антропосентризм)-ро ба майдони илм оварда (ниг.: Горфункель А. Х. Философия эпохи возрождения. -Москва: Высшая школа, 1980. С.345), барои истиқлоли донишҳои илмӣ ва фалсафӣ дар сатҳи давлатию ҷамъиятӣ ҳадафмандона мубориза бурданд (ниг.: Горфункель А. Х. Философия эпохи возрождения. –Москва: Высшая школа, 1980. С.345-346). Эҳё ё Ренессанси аврупоӣ маънои бозгашт ба ақлдоварӣ ва хирадмеҳвариро, ки дар фалсафаи юнонӣ ва сиёсати римӣ мақом ва ҷойгоҳи калидӣ доштааст, дорад. Мутафаккирони даврони эҳёӣ аз тариқи зинда кардани мантиқу фалсафаи юнонӣ дар мақоми абзори таъсиррасонии иҷтимоию фикрию сиёсӣ саъю талош намуданд, ки дастгоҳи муқтадир ва дар айни замон печидаю пӯсидаи калисоӣ ва низом-системаи истибдодии давлатдории асримиёнагиро аз пой дароваранд. Ба дунболи табиатшиносон-эҳёгарони аврупоӣ, мутафаккирони баъдӣ Жан Мелйе (1664-1729), Шарл Луи Монтескиё (1689-1755), Франсуа Мари Волтер (1694-1778), Жан Жак Руссо (1712-1778), Жюлен Офре Ламетри (1709-1751), Дени Дидро (1713-1784), Этйен Бонно Кондиляк (1715-1780) ва дигарон бо ташаббусоту ибтикороти ҷиддии илмӣ ва фалсафӣ Даврони Эҳё ё Ренессанси аврупоиро рақам зада, пойдевори инсонмеҳварӣ, озодандешӣ ва донишбунёдии давлат ва ҷомеаҳои минбаъдаи ғарбиро гузоштанд. Муҳимтар аз ҳама, мутафаккирони Даврони Эҳё бо баҳои ҷон моҳияти таассуб-фанатизми динию мазҳабиро, ки боиси рукуду нузули фикрию маданӣ дар таърихи башарӣ гардида буд, ошкор сохта, макру фитнагариҳои иерархияи калисоӣ ва персонал-ҳайати раҳбарию иҷроии дастгоҳҳои пахшу нашри хурофоти мазҳабиро фош намуданд. Аз ҷумла, Франсуа Мари Волтер (1694-1778) гуфтааст, ки: “диёнати масеҳӣ барои фиребгарону қаллобон василаи хубе будааст, ки мардумро тайи 17 аср фиреб диҳанд ва тӯли 14 қарн мутаассибон бо истифода аз шамшер бародарони худро куштанд” (ниг.: Антология мировой философии. -Том 2.–Москва: Мысль, 1970. С.554). Волтер некбинона ояндабинӣ кардааст, ки “насли наве ба воя мерасанд, ки ба таассуб (фанатизм) танаффур меварзанд. Вақте мерасад, ки аз андаруни давлат файласуфон бармехезанд ва ҳукумати ақл побарҷо мегардад” (ниг.: Антология мировой философии. -Том 2.–Москва: Мысль, 1970. С.557). Ба ин тартиб, озодандешии Даврони Эҳё раванди озодандеширо дар марҳилаи маорифпарварӣ таҳкиму тақвият бахшид (ниг.: Горфункель А.Х. Философия эпохи возрождения. –Москва: Высшая школа, 1980. С.354).
Муаллиф дар бахши “Руҳоният ва даврони Эҳё” масъалаи руҳониёни саршиносу меҳанпарасти аврупоиро матраҳ мекунад, ки ҳадафмандона алайҳи таассуби шадиди калисои католикӣ мубориза бурда, дин ва мазҳабро дар хидмати миллат қарор додаанд. Сиёсатшинос аз забони Мигел де Сервантес далел меоварад, ки: “Мардуми зери асорати зеҳнии миллатҳои бегона қароргирифта мисли лойи кулолест дар дасти аҷнабиён, ки ҳар асбобе хоҳанд аз он месозанд ва истифода мекунанд. Миллат бояд ҷаҳонбинӣ, дидгоҳ, маънавиёти ягонаи худро дошта бошад. Онро эҳсоси ягонаи умумияти таърихӣ - ирсият, урфу одат ва мафкураи ягонаи миллӣ муттаҳид намояд, на ташвиқи бепояи фарҳанги аҷнабӣ” ва аз ин тариқ, ба элитаи сиёсӣ, ҷомеаи маданӣ ва қишри илмию миллии тоҷик ошкору возеҳ паём медиҳад, ки дин ва мазҳаб минҳайси фактор-омили таъсиррасони иҷтимоию ақидатию ҳувиятӣ дар коргоҳи тарроҳону сенаристону саҳнасозону коргардонони бозиҳои сиёсию геополитикӣ мавриди истифода қарор мегирад ва ба василаи роҳандозии пружаҳои хурофию таассубӣ пояҳои давлатдориҳои миллӣ сусту заиф гардида, ноамнию бесуботӣ дар манотиқи мавриди назар ба вуҷуд оварда мешавад. Ба чолиш кашидани манофеи миллӣ, беарзиш кардани моҳияти зиндагии инҷаҳонӣ, тарғиби кӯр-кӯронаи мафкураи аҷнабӣ, ривоҷи хурофоту таассуби мазҳабӣ, пойин бурдани сатҳи огоҳиҳои иҷтимоӣ, тасаллути комили ҷаҳолат дар ҷомеа самараи “ибтикорот”-и дастгоҳи мазҳабӣ ва дӯкондорони дин дар асрҳои миёна будааст.
Дар замон ва шароити нави таърихӣ тарроҳони пружаҳои сиёсӣ-мафкуравӣ, ки ба хотири пиёда сохтани манофеи геополитикӣ “иқдом” менамоянд, барои ташаннуҷи авзоъ, барангехтани кинаву адовату ихтилофоти ақидатӣ ва билохира ноорому бесубот сохтани манотиқ маҳз аз таассуби артиши руҳониёни суннатии муҳофизакор ва қишри ҷаҳолатписанди динӣ васеъ истифода мебаранд. Аз ин ҷост, ки муаллиф масъалаи сифатан тағйир ёфтани зеҳниёти руҳониён ва ба сӯйи манофеи миллӣ майл додани онҳоро мадди назар қарор дода, дар ин замина истифода аз таҷрибаи донишмандону теологҳои саршиноси миллии Даврони Эҳёи Аврупоро зарур медонад. Яке аз динмадорони меҳанпарасти аврупоӣ Мартин Лютер мебошад, ки бо афкори созанда ва меҳанпарастонаи худ дунёи Ғарбро дар қиболи дину диёнат тағйир додааст.
Дарвоқеъ, Мартин Лютер (1483-1546) аз ҷумлаи рӯшангарони диниест, ки тавассути ислоҳоти фарогири мазҳабӣ дар ҷомеаи аврупоӣ ҷойгоҳи шоиста касб кард ва як умр бо элитаи мазҳабӣ муқовимат намуда, дар таърих ба унвони реформатори ҷиддии динӣ ва поягузори мазҳаби эътирозии масеҳӣ (протестантизм) муаррифӣ гардида, минбаъд ҳаракати лютерӣ (лютеранство) идомаи фаъолияти сиёсию мазҳабӣ-ислоҳотии ӯро миёни табақоти дигари ислоҳотхоҳи мазҳабӣ муаррифӣ намуд. Зиндагии ӯ ба даврони бунбастии ҷомеаи аврупоӣ рост омадааст. Лютер, ки дар фазои маҳдуди мафкураи динӣ ва муҳити танги таълимоти масеҳӣ тарбият ёфта буд, тавассути мутолиа ва фарогирии сарчашмаҳои динию илмии замон тадриҷан моҳияти хурофоти диниро кашф мекунад ва дар масири муборизаи беамон алайҳи беадолатиҳои мазҳабӣ қарор мегирад. Ӯ наҳваи таълимоти масеҳӣ ва тарбияти мазҳабиро, ки ба василаи Папаи Рим ва думравонаш сурат мегирифт, тағйир дод ва дар фазои ибодии масеҳӣ инқилоби фикриро замина гузошт. Лютер ба сифати рӯшангари динӣ дарёфта буд, ки элитаи динӣ, ки дар калисои католикӣ мустақар шудааст, мардум ва миллатро сӯиистифода мекунад ва роҳат умр ба сар мебарад. Дин ва мазҳаб дар дасти руҳоният ба сифати абзори ғорату тороҷи мардум ва раияти масеҳӣ хидмат мекард ва ходимони калисо аз номи Худо сухан гуфта, худро мудофеони дини масеҳӣ ва наҷотбахшони мардумӣ вонамуд мекарданд. Мартин Лютер, ки марҳилаҳои таълимоти мазҳабиро гузашта буд, аз найрангу тазвири тоифаи руҳонӣ огоҳ шуд ва худро дар баробари беадолатиҳои элитаи мазҳабӣ қарор дод. Лютер дар барномаи таҷаддудгароии хеш бар ин бовар буд, ки давлат набояд аз руҳоният вобаста бошад ва дар айни замон, руҳониён набояд худро миёнарав байни Худо ва инсон ҷилва бидиҳанд. Ин навъ ҷасорат дар таърихи масеҳият бесобиқа буд ва рӯйирост муқобили дастуроти Папаи Рим баромадан, мавқеъгириҳои ҷасурона ва напазируфтани нуфуз-афторитети Папа пояҳои ҷомеаи мутаассибро, ки дар калисои католикӣ мунсаҷим шуда буд, суст кард. Агарчи ӯ дар роҳи муборизаи беамон алайҳи дурӯғу риёкориҳои он замон ҷон бохт, кору пайкори ӯ ҳамчунон идома ёфт ва то имрӯз пайравони маслаки лютерӣ мактаби ислоҳотгароиашро идома мебахшанд.
Дар бахши “Эҳёи миллӣ ва суботи миллӣ” муаллиф бедории воқеии миллиро ба се ҷавҳар-субстансия - Ақл, Хирад, Мантиқ марбут дониста, таъкид мекунад, ки: “Хирадгароӣ ва Ақлсолорӣ аз хурд то бузург, фарогири кулли табақаҳои ҷамъиятӣ ва мояи ифтихори мардум - Миллат ва саҷдагоҳаш Ватан гардад”.
Бахши “Даврони Эҳёи миллати тоҷик”-ро муаллиф ба сифати бахши фаровардӣ-ниҳоӣ дар матлаби тахассусӣ ҷой дода, дунбол кардани ҳадафи асосӣ - расидан ба марҳилаи Ақл, Хирад ва Фаросатро аз кулли аъзои ҷомеаи тоҷик тақозо менамояд. Таваҷҷуҳ ба шинохти мушкилот ва ҳалли уқдаву муаммоҳои рӯз, ки сол ба сол вазъи мафкуравӣ, иҷтимоӣ, ҳувиятӣ, ахлоқӣ ва мадании моро ноҷуртар месозанд, аз ҷумлаи ҳадафу барномаҳои стратегӣ маҳсуб меёбад. Дар зимн, омӯхтан ва корбаст кардани таҷрибаи дастандаркорони Даврони Эҳё ё Ренессанси Аврупоӣ тақозои замон ва амри виҷдон аст. Ҳар қадар мо ба решашиносии мушкилоту костиҳои фикрӣ, ҳувиятӣ, ақлонӣ, зеҳнӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ таваҷҷуҳ фармоем, дар ҳалли муаммою мушкилоти рӯзгору зиндагӣ ба илму хираду донишу фаросат такя намоем, дар пайи ислоҳи вазъ талош варзем, ҳамон қадар тавонманд мешавем, эътимод ба нафс пайдо менамоем ва сатҳи худогоҳию худшиносию худбаҳогузории миллиамон боло меравад. Ба ин маъно, талоши миллат дар роҳи расидан ба сатҳи баланди огоҳию савод ва илму хирад бояд дар садри авлавиёти имрӯзӣ қарор бигирад. Ин гуна шонси таърихиро миллати мо дорад ва аз он ҳадафмандона истифода бояд кард.
Дар бахшҳои хулоса ва охирсухани рисола, ки яке дигареро комил месозад, сиёсатшинос дар 10 банд муваффақияту комёбии Даврони Эҳёи Аврупоро, ки сабаби аз истисмору истибдоди тӯлонии дастгоҳҳои динӣ наҷот ёфтан ва ба масири рушду тараққиёти саросарӣ ворид шудани ҷомеаи Ғарб гардид, матраҳ мекунад. Ҳар банди хулосавӣ паёме ба ҷомеаи мо дорад. Паёме мутамоил ба хирадмандӣ, тавонмандӣ, фарҳангсолорӣ, ҳувиятписандӣ, худшиносӣ ва худсозии миллӣ. Муаллиф хулоса мекунад, ки “барои Даврони Эҳёи Аврупо ду омили аслӣ истифода шудааст: зиёиён бо руҳонияти миллатпараст (1) ва маводи аслӣ - ҷабҳаи маънавӣ - бозгашт ба илм, адабиёт ва фарҳанги ниёгон (2)”.
Ба ин тартиб, рисолаи сиёсатшинос С. Ятимов “Эҳёи миллат - бақои давлат” дар муаррифии тахассусии Даврони Эҳёи Аврупо, шинохти манофеи миллӣ ва мушкилоту муаммоҳои дирӯзу имрӯзи миллӣ, баррасии ихтисосии масоили ҳассоси замонӣ, бозшиносии арзишҳои ҳувиятӣ, фикрӣ, ақидатӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ташхиси воқеиёти имрӯзӣ, бархӯрди мантиқӣ бо ҳаводиси таърихӣ, таҳкиму тақвияти хотираи таърихӣ ва саранҷом бедории фикрию ҳувиятию иҷтимоии ҷомеаи тоҷик манбаи муҳиму муътамади илмӣ-назариявӣ буда, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст. Рисола на танҳо ҷанбаи муқавои илмӣ-назариявӣ дорад, балки аз мушаххасоти амалӣ-прагматикӣ низ бархӯрдор аст. Ин аст, ки мазмуну муҳтавои рисолаи мазкурро чун роҳнамо метавон дар нақшабандӣ ва барномарезиҳои сиёсӣ-мафкуравӣ ва фарҳангӣ-маданӣ васеъ истифода кард ва ҷомеаро аз мушкилоти ҳувиятию фикрӣ, ки асрҳо ҷисму бадани миллатро заифу нотавон сохтаанд, наҷот бахшид.

Нозим Нурзода,
пажуҳишгар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: