Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АФСОНАИ ЗИНДАГӢ

АФСОНАИ ЗИНДАГӢ

2-10-2023, 15:37
Хабарро хонданд: 307 нафар
Назарҳо: 0
        АФСОНАИ ЗИНДАГӢ

(Эссе)


«Буд - набуд» оғози ҳар афсона аст. Оғози афсонаҳои рангину пурмоҷаро. Оғози зиндагиномае, ки дар сояҳои хаёл парвариш ёфтаву дар авроқи мунаққаши ёдҳо нақш баста.
Магар афсона як дурӯғи зебост?
Агар охирин саҳифаи зиндагӣ чун барги хазон бо боди нафас канда шавад, мо оё эҳсоси ҳақиқати ин дурӯғи зеборо намекунем? Магар касе бо ёди мо намегӯяд: «Буд- набуд»…


Аз марги Қурбони Иброҳим беш аз як ҳафта мегузарад, вале ман имрӯз бо нияти расонидани тасаллои падарам ба хонаи бобои Иброҳим-полвон меравам. Маро касе маҷбур накардааст, аммо ба хотири қатраҳои ашки чашмони қиблагоҳам, ки баъд аз шунидани фоҷеаи ба сари дӯсташ омада, аз чеҳрааш мешорид, роҳи манзили ӯро пеш гирифтам. Марҳумро аз наздик надидаам, вале аз забони ҳамдиёрон дар бораи ҳиммату ҷавонмардӣ, майдондорию дасткушодиаш қиссаҳо шунидаам.
…Баъд аз намози иди моҳи шарифи Рамазон дар саҳни масҷид намозгузорон бо эҳтиром ба зиёрати падар, ки пирӣ ба ҷисму ҷонаш асар кардааст, меоянду дуо мегиранд. Дар ин миён яке аз ихлосмандону ҳамнишини қиблагоҳ Сайфиддини Мансурро низ мебинам.
- Раис, Иброҳим-полвони дӯстатон дар дами пирӣ сахт шикаст хӯрд, нохалафе ҳаёти писари дуюмашро болои ҷойнамоз, дар ҷойи кораш бо тири силоҳ ба коми фано бурд,- бо таассуф, пас аз аҳволпурсӣ мегӯяд ӯ, ки баъдтар фаҳмидам бо хонадони дӯсти падарам хешӣ дорад.
Аз шунидани ин хабар якбора аҳволи падар дигар шуд. Дар чеҳрааш ба ҷойи шодии идона гарди ғам нишаст ва аз чашмонаш қатраҳои ашк борид. Ман ба таскини падар пардохтам, вале мӯйсафед ба ҳарфҳои ман эътибор надода, «ҷавонмарди хуб буд, чанд бор аз аҳволам омада хабар гирифт, ҳай афсӯс…», гӯён, шояд он дам аҳволи дӯсташ Иброҳим-полвонро пеши назар меовард.
Ин пагоҳӣ азм кардам, ки ба хонаи дӯсти падарам рафта, ба он кас аз номи қиблагоҳ ҳамдардӣ баён кунам. Бо ин мақсад роҳи рустои Ноҷиро пеш мегирам. Ба хонаи полвон бори аввал меравам. Бинобар ин, дар дуроҳаи деҳа аз ҷавони рӯ ба рӯям омада, мепурсам:
- Бо кадом роҳ ба манзили бобои Иброҳим-полвон метавонам равам?
- Бо ҳамин роҳ каме рафта, ба дасти чап тоб хӯред, бинои мактаб намоён мешавад. Аз паҳлуи он гузашта, тахминан сесад қадам меравед, пул мебарояд. Аз пул, ки гузаштед, аз тарафи чап ҳавлии аввал аз мо аст, дар саройи назди дарвоза ду уштур дар мехҳои чӯбин баста шудаанд. Ман наберааш мешавам, имрӯз фотеҳа аст, аз мағозаи чанори қади шоҳроҳ каме харид карда, аз паси шумо расида меоям,-посух медиҳад муаддабона ҷавон.
Баъд аз пул гузаштан нигоҳам ба уштурон меафтад, ки ҳар ду хобанду даҳонашон меҷунбад, шояд зери лаб чизе гуфтан доранд. Аз дарвозаи боз вориди ҳавлӣ мешавам. Бобои Иброҳим-полвонро мебинам, ки банди ҷобаҷогузории зину афзори аспҳост. Баъд аз саломуалейк ба наберааш амр медиҳад, ки меҳмонро ба меҳмонхона бубар.
Хонаи калони барҳаво лаҳза ба лаҳза аз фотеҳахонҳо пур мешаваду холӣ. Меомадагон мӯйсафедро таскин медиҳанд, дилбардориаш мекунанд, ки аз тақдир ҷойи гурез нест, манзили ҳамаи мо низ водии хомӯшон аст.
Ҳамин тавр, яке аз олиҳиматию ҷавонмардии раҳматӣ мегӯяду дигаре аз ҳамнишинию дӯстиаш бо ӯ ёдовар мешавад, сеюмӣ амалҳои неку сифатҳои хуби марҳумро хотиррасон намуда, афсӯс мехӯрад:

- Аз роҳ мегузаштам, ки ҳамроҳи ҷиянҳояш алаф медаравад. Шӯхиомез гуфтам, ки зӯрат ба сад банд алаф намерасад? Посухам дод, ки меҳнати худи кас кайфияти дигар дорад, амак, - пас аз лаҳзаи сукут лаҷоми суханро ба даст мегирад марди ширинзабони донишманд, ки ҳамагон «устод» мегӯянд.

- Ахтари ӯ минбаъд дар само намедурахшад, балки дар қалбҳои ҳамдиёрону дӯсту пайвандонаш нур хоҳад пошид,- андешаи ӯро тақвият мебахшад шахси миёнсоли дар рӯ ба рӯяш нишаста.

- Баъзеҳо бо мақсади худнамоӣ ба коре даст мезананд. Иддае барои намоиш ба майдон мебароянд. Баъзеҳо худситоёна баҳудаю беҳуда дар анбӯҳи мардум овоз баланд мекунанд. Вале ӯ чунин набуд. Тинаташ роҳ намедод ба ин. Рост, ки мезист, рост мегуфт, рост мерафт. Аз касе ё чизе ҳарос надошт. Вақте ки худро шинохт, чун марди майдон мешинохтандаш. Мардӣ, неруи бузург, эътимод ба худ рӯйи майдон овард ӯро, - илова мекунад дигаре.
- Даврони кӯдакии мо якҷо гузаштааст. Дар подаҷои деҳа бо футболбозони хӯчилдиёрӣ аксар вақт мусобиқа баргузор мегашт. Сарвари яке аз дастаҳо ӯ буду сарвари дастаи дигар ман. Қурбон он айём дар деҳаашон на танҳо дастаи футболбозон, балки дастаҳои гуштигирону човандозон ва волейболбозонро таъсис дода буд, ки сарҷамъона машқ мекарданд, - мегӯяд марди хушсимое.

- Дар тинаташ ҳисси бадбинӣ надошт. Ҳасудхӯриро хислати занона меҳисобид. Хайрхоҳи камбағалону бечорагон ва ҳоҷатбарори мардум буд. Дар ободии деҳа ҳамеша саҳм мегузошт. Аз ҳисоби худ бо қувваи мардум роҳ, пул ва ҷанозахона бунёд кард…

- Соли 1987. Зимистон. Бегоҳӣ аз кор ба хона баргашта, падарамро ғамгин дидам, - ба ёд меорад хотираҳояшро ҷавонмарде, ки дар хизмати меҳмонҳо буд. - Сабаб пурсидам. Гуфтанд, ки аз номи Намозалии додарат барқия омадаст, дар беморхона хобонидаанд. Додарам он вақт дар Украина хизмати аскарӣ мекард. Барои маслиҳат ба назди раҳматӣ рафтам. Ӯ ҳолатро фаҳмида гуфт, ки «пагоҳ ба роҳ мебароем».
Субҳи барвақт аз бозори «Шоҳмансур» ду қуттӣ донаю мавиз харида, ба фурудгоҳи пойтахт рафтем. Шабона ба шаҳри Киев расидем. Ба ӯ гуфтам, ки шабро дар меҳмонхона гузаронида, пагоҳ ба суроғаи додарам меравем. Ӯ фикри маро қабул накард. Гуфт, ки ҳамин шаб Намозалиро пайдо карда, аз аҳволаш бояд бохабар шавем.
Қисми ҳарбие, ки дар он ҷо бародарам хизмат мекард, дар як гӯшаи дурдаст, дар дохили ҷангал ҷойгир будааст. Дар даромадгоҳи он сарбозон моро хуш истиқбол гирифта, ба назди Намозалӣ бурданд. Маълум шуд, ки ӯ шифо ёфта, ҳамон рӯз ба қисми ҳарбӣ баргаштааст.

- Одатан дар зодрӯз касеро ба хона даъват намекунанд, вале қудуми мубораки дӯстонро мунтазир мешаванд,-риштаи суханро ба даст мегирад яке аз дӯстони раҳматӣ ва меафзояд:- Пагоҳии зодрӯзам тасодуфан дар пойтахт бо ӯ вохӯрдаму хона даъваташ кардам. Зодрӯз доштанамро пинҳон намуда, гуфтам, ки чанд нафар меҳмонӣ меоянд, ҳузури шумо ба маҳфил шукӯҳи дигар мебахшад. Аммо посухам дод, ки «беҳтараш ҳамроҳи меҳмонҳо бегоҳӣ ба деҳа биёед, ҷиян» (ӯ маро «ҷиян» мегуфт). Шояд фаҳмид, ки даъваташро наметавонам ба ҷо орам, пеш аз анҷоми кор хона омада, ману як дӯсти дигарро маҷбур кард, ки ба мошинаш савор шавем. Мо ноилоҷ ба мошин шиштем. «Жигули»-и сабз моро аз шаҳр ба Ҳисор, ба деҳаи Ноҷӣ овард.
Дар кати рӯйи ҳавлӣ барои мо ҷой тайёр кард. Ба наздиконаш супориш дод, ки «уштурро кушта, дилу ҷигарашро назди меҳмонон оред». Мо инро ҳазл ҳисобидем, вале дидем, ки баъди чанде болои дастархон дилу ҷигари бирён оварданд. Ман, ки то он рӯз гӯшти уштурро нахӯрда будам, гуфтам, ки «бародар муболиға накунед, уштурро аз куҷо ёфта, якбора онро сар задед?». Ӯ бо шавқ хандида, гуфт, ки «хезед, рафтем, уштурро нишон медиҳам». Мо низ аз пасаш рафтем. Дидем, ки қассоб пӯсту каллаи уштурро дар як гӯша нигоҳ дошта, гӯшташро ба ҳиссаҳо ҷудо мекунад ва нигоҳам боз ба уштуре афтид. «Агар лозим шавад, уштури дигарашро ҳам пеши пойи ту сар мезанам. Медонам, пагоҳӣ барои чӣ маро хонаат даъват кардӣ? Чӣ аҳамият дорад, зодрӯзатро дар хонаи ту ҷашн мегирем ё дар хонаи ман». Бо ҳамон табассуми зебо маро ба оғӯш кашида, рӯзи таваллудамро муборакбод гуфт. Ва супориш дод, ки боқимондаи гӯшти уштурро ба ҳамдеҳагон хомталош кунанд…

- Моро маҷбур мекард, ки ба аспсаворӣ машғул шавем, «дук-дук роҳ гаштани асп санги гурдаро меафтонад»,- мегуфт, ба суҳбат ҳамроҳ мешавад яке аз ҳамдеҳагонаш.

- Ӯ тоҷики чандҳазорумест, ки бо дасти ҳаммиллату ҳамдину ҳамзабони хеш оғӯшта ба хун шуд…

- Гумон мекунам қотиле, ки ӯро ноҷавонмардона ҳадафи тир қарор дод, вайро намешинохт, дар суҳбаташ ягон бор нанишаста буд, вагарна ҳеҷ гоҳ мили силоҳро сӯяш рост намекард…

- Хок ӯро бо либосҳояш ба оғӯш гирифт, ҷавонмарг шуд, не, ҷавонмарг карданд…

- Тулӯи ӯ дар зиндагӣ сапедае буд, ки ба дидаи дӯстону наздиконаш пояҳои меҳру ишқро ҷо намуд. Аз ин рӯ, ҳар субҳидам дилам суроғи ӯро дорад, суроғи дӯстеро, ки ба мо дарси вафодорию садоқатро омӯхт…

Суҳбати ҳозирин паҳлуҳои гуногуни зиндагии Қурбони Иброҳим ва мардуми ин русторо бароям мекушояд.
«Асп, ки надорӣ лоиқи гап нестӣ», - мегӯянд онҳо.
«Ҷавонмард бояд тоқии хуб, аспи хушзоту бидав, зани солеҳаву ҳавлии барҳаво дошта бошад», - мефармоянд пирони рӯзгордида.
Ҷавони ҷисман солиму бардамро ба домодӣ меписанданд, модарони ин деҳа. Тоқии хуб давлати сару асп боигарии хонадон аст. Дуои хайри аҳли оиларо мекунад шабу рӯз ҷонвар…
Вақте ӯ чун падар дар паҳлавонӣ шуҳратёр гардид, базми домодиашро баргузор карданд. Пас аз чанд соли оиладорӣ дӯстони тирмизиаш ӯро ба меҳмонӣ даъват мекунанд. Хабари ба дунё омадани писари дуюмашро ҳамон ҷо мешунавад. Болу пар бароварда ба хонааш меояд. Азм мекунад, ки фотеҳаи солгарди вафоти дӯстонаш Нуралию Баҳромро гирифта, ба муносибати таваллуди тифли нав як рӯз мардумро ошу нон медиҳад, маъракаи бузкашӣ меорояд, табъи ҳамдиёронро болида гардонида, бо дуои мӯйсафедон ба писари навзодаш номи муносиб мегузорад. Сипас, маъракаорои пайғамбарошии падари як ҳамсабақи қадрдонаш мешавад. Бо ин мақсад аз куҷое ду уштур меорад.
Аз нобасомониҳои кишвар хулоса бароварда, ҳамеша таъкид мекардааст, ки тинҷию оромӣ бошад, саломатию хушҳолӣ мешавад.
Дар рӯзҳое, ки аҳримани бадкеш бародарро бар зидди бародар шӯронид, ӯ ба деҳоти гирду атроф рафта, мардумро ба сабру таҳамул даъват мекард. «Бо тақдири инсон бозӣ кардан нашояд»,-мегуфт Қурбони Иброҳим. Аз ҳоли гурезаҳои вахшонзамин, ки дар ду гӯшаи хоҷагӣ ҷой гирифта буданд, пайваста бохабар мешуд. Дар чеҳраи фирориён баробари дидани ӯ хушҳолӣ медамид. Аҳволи гурезаҳоро дида, бетоқат мешуд. Ниҳоят, онҳоро бо кӯчу бандашон ба зодгоҳаш оварда, дар мактаби пешорӯи ҳавлиаш ҷой медиҳад. Дар хонааш хӯрок фармуда, пайваста аз ҳолашон хабар мегирифт. Мегуфт, ки ин ҷо барои онҳо бехатар аст. Касе ба ҷонашон таҳдид намекунад ва таъкид мекард, ки онҳо низ ҳамватани мо мебошанд, сахтию зиндаҷудоиҳо дар насибашон будааст. Баъд аз он ки вазъи сиёсии кишвар муътадил мешавад, мардуми деҳа онҳоро сиҳату саломат ба макони доимии зисташон гусел мекунанд.
Аз он ки мардуми заҳматкаш бозичаи дасти иддае аз сиёсатмадорони тангназар шудаанд, руҳан азоб мекашид. Дарду алами хонаводаҳои бесарпаноҳ зиёд аст. Онҳо муҳтоҷи дастгирианд. Ба сарзамини валангоршудаи тоҷик, албатта, тинҷию оромӣ, серию фаровонӣ бармегардад. Аммо мардумро то он рӯз расондан корест мушкил. «Зиндагонӣ косаи давр аст», мегуфт ӯ. Бо дастгирии рафиқони соҳибкораш аз кишварҳои ҳамсоя орду равған, собуну чой оварда, бо нархи арзон ба ҳамдиёрон мерасонд. Маъракаҳои деҳаро сарварӣ мекард. Аз мактабу зиндагии омӯзгорон бохабар мешуд. Хулоса баровард, ки ояндаи ҷомеа ба тарбияи дуруст сахт вобаста аст. Вазъи нохуби таълиму тарбия ба андеша меовард ӯро. Бо истифода аз саховати дӯстони тоҷираш, чанд бор ба омӯзгорону донишомӯзон ройгон пойафзол тақдим кард. «Одоби ҷавонони деҳа бояд хуб бошад» ,ҳамеша пайваста мегуфт Қурбони Иброҳим.
Аз он ки мардум аз камбуди орду гандум сахт азоб мекашанд, ба ташвиш афтод. Аз ин рӯ, бист гектар замини бекорхобидаи хоҷагиро иҷора гирифта, гандум кишт кард. Ҳосили бо заҳмат ҷамъовардаашро ба муҳтоҷону дармондагон бахшид…

…Моҳи шарифи Рамазон ба охирҳои фасли зимистон рост омад.
Ният дошт, ки барвақттар аз кор фориғ шуда, сари роҳ ба бозор даромада, харид мекунаду то шом ба деҳа мерасад. Бегоҳ амаки Дониёр ифтор дорад.
Амаки Дониёр собиқадори ҷанг, дорандаи ду ордени «Шараф», заҳматҳои зиёде кашидааст дар пирӯзӣ бо аду. Ҷароҳатҳои ҷанги зиди фашистон оқибат ӯро аз пой афтонд ва дунёи фониро падруд гуфт.
«Дастархони мурда дароз аст»,- мегӯяд мардум. Мушкилиҳои давр ба зиндагии ин хонадон низ таъсир гузошт. Душвор буд барои фарзандони марҳум гузаронидани маъракаҳои ёдбуди падар.
Хизматҳои амаки Дониёр дар ободии деҳа Қурбони Иброҳимро бо аҳли хонадони ӯ наздик мекунад, бо фарзандони марҳум аҳди бародарӣ мебандад, дар сахтиҳо паҳлуи онҳо меистад, мушкилоташонро осон мекунад.
Мақсад гузошт, ки он бегоҳ дар ҳавлии амаки Дониёр мардумро ҷамъ оварда, фотиҳа мегирад ва бо ҳамин арвоҳи раҳматиро шод мегардонад. Як рӯз қабл аз вафоташ маҳсулоти заруриро барои ифтор харид карда, ба ҳамсараш Фазилат фармуд, ки нону кулча пазад…

Бегоҳӣ пайвандони амаки Дониёр ҳавлиро рӯфта, дастархон меороянд. Хӯрок ҳам тайёр. Фазилат нону кулчаҳоро аз танӯр канда, чашм ба роҳи шавҳар. Вале…

Хабари шум пеш аз Қурбони Иброҳим ба деҳа омад. Аксар ҳамдеҳагон бовар надоштанд. Мегуфтанд, ки ҳатто агар дарандаи бадхашм сари роҳаш ояд, зебоии ӯро дида, дилаш нарм мешавад. Аммо ин тахминҳо хато баромаданд.
Пас аз хабари шум ҷисми беҷонашро ба деҳа оварданд. Мисли ин ки қиёмат барпо шуд он бегоҳ. Деҳа мотамдор, пиру барно месӯхтанд аз марги бармаҳали ин ҷавонмарди бонангу ор.

- Ҳимоятгари номуси диёр буд. Ноуҳдабаро будем, ки ҳифзаш карда натавонистем, аз даст додемаш,- бо ҳасрат мегуфтанд ҳамдеҳагони ҷавонаш.

- Умедамон ба ин ҷавонмард буд, ки як рӯз мурдаи моро соҳиб мешаваду иззати меҳмононро ба ҷо меорад,- афсӯс мехӯрданд пирони барҷомонда.

- Марди майдон буд, касе бо ӯ сарпанҷа зада наметавонист, чӣ шуд, ки…

Марди хушсимои бо тану туш маро нишон дода, аз бобои Иброҳим мепурсад, ки «меҳмонро нашинохтам». Ман худамро ба ҳозирин шинос мекунам. Мебинам, ки бобои Иброҳим-полвон аз ҷо боло мешавад, пойҳои бемадораш ҷисми лоғарашро бардошта, назди ман меоранд. Мӯйсафед маро ба оғӯш мегирад ва инони гиряро сар дода, ҳасрат мекунад:
- Оҳ, Сафаре, медонам, пирӣ ранҷурат кардааст, писаратро фиристодӣ, ки маро тасалло диҳад,- овози мӯйсафед меларзад. - Ба дил гуфтам, маро дар рӯйи дастони писарам гирад, қазоро бин, ки қуввати дилу зӯри бозуямро аз паҳлуям рабуд. Тақдираш чунин будаасту насибам чунин. Ӯро Худованд доду боз даркор будааст, ки гирифт, - сарашро рӯйи китфам монда бо алам мегиряд бобои Иброҳим...
Ҳини аз ҳавлии бобо баромадан чашмам ба Ахтаю Ҷирани Қурбони Иброҳим меафтад. Ҳаваси савор шудани ин гуна аспҳоро ҳар човандоз дар сар дорад. Магар ҷонварон талхии ҷудоиро эҳсос кардаанд, ки чанд рӯз аз хобу хӯр монда, аз чашмонашон об меравад. Онҳо бо Қурбони Иброҳим фахр доштанду Қурбони Иброҳим бо онҳо…

Бале. «Буд-набуд» оғози ҳар афсона аст. Вале афсонаи моро оғоз куҷову анҷоме ку? Ба ҳар сурат мо афсоназодаем, ки забони пурасрори абадият онро ба гӯши осмонҳо мехонаду барои ҳамешагӣ дар лавҳе маҳфуз медорад.
Табиат акнун қолини сабзашро густурдааст. Бод киштаҳои Қурбони Иброҳимро дар пуштаҳои деҳ ба алвонҷ меорад. Гӯё ҳамроҳи майсаҳо замин меҷунбад…
Алӣ ҶӮРА,
барандаи ҷоизаи Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон
ба номи Абулқосим Лоҳутӣ




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: