Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СУЛҲ ВА ДОНИШ ДУНЁРО АЗ ВАРТАИ НОБУДӢ РАҲО МЕБАХШАД

СУЛҲ ВА ДОНИШ ДУНЁРО АЗ ВАРТАИ НОБУДӢ РАҲО МЕБАХШАД

21-09-2023, 14:00
Хабарро хонданд: 183 нафар
Назарҳо: 0
СУЛҲ ВА ДОНИШ ДУНЁРО АЗ ВАРТАИ НОБУДӢ РАҲО МЕБАХШАД

(Бардошт аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш)
Воқеоти таърихӣ ва таҷрибаи халқҳои пешқадами дунё нишон медиҳанд, ки барои ҷомеа ва инсоният танҳо сулҳ ва дониш нақши сарнавиштсоз дорад.
Дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон таҷлил гардидани Рӯзи дониш ва бо Дарси сулҳ оғоз гардидани он ифодагари он аст, ки мардуми шарифи кишвар ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд, ин неъмати бо қимати гарон ва заҳмати зиёд бадастомадаро ҳифз мекунанд ва ба фарҳанги сулҳ ҳамчун маромномаи ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии худ арҷ мегузоранд.
Бидуни муболиға, имрӯз он сулҳу ваҳдате, ки дар Тоҷикистон ҳукмфармост, ба рушди гуфтугӯйи тамаддунҳо дар масъалаи дӯстиву бародарии халқҳои олам сабақи ибратомӯз гардидааст.
Сулҳро ҳамеша таблиғ кардан ва хостори ваҳдату субот ва ҳамраъйию муттаҳидӣ дар саросари ҷаҳон будан аз рисолатҳои бузургтарини Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш бинобар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ бори дигар ба масъалаи таҳкими сулҳу субот таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, таъкид гардид: «Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу ҳассос таҳаммулгароӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва тарғибу ташвиқи андешаву афкори сулҳпарварона барои аҳли башар ниҳоят муҳим ва ҳатто ҳаётӣ мебошад. Яъне сулҳу амният, оромиву осоиш ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар замони муосир барои тамоми кишварҳои сайёра бояд аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳои ҳаёти инсонӣ дониста шаванд».
Мардуми мо, ки таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар карда, бо қимати ҷон ба сулҳу ваҳдат ноил гардидаанд, эмин нигоҳ доштани сулҳ, пойдории давлат ва таъмини амниятро муҳимтарин рисолат бояд шиносанд. Мо набояд ба иштибоҳу хатогиҳое, ки дар таърихи миллатамон борҳо иттифоқ афтодаанд, роҳ диҳем, балки ба ояндаи хеш назари нек дошта бошем, боз ҳам муттаҳид гардем, ба рамзҳои давлатдории миллиамон арҷ гузорем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, барои сулҳу суботи пойдор талош намоем ва дар пойдориву устувории давлатдории миллии худ саҳми арзанда гузорем.
Чунин ҳидоятҳои хирадмандона бори дигар моро водор месозад, ки ин нуктаро хуб донем, ки танҳо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва илму дониш омили асоситарини амалӣ гардидани нияту орзуҳои ҳар як фард, татбиқи нақшаҳои созанда барои фардои ободи кишвар ва зиндагии шоиставу арзандаи мардум ба ҳисоб меравад ва оқибати ҷанг танҳо даҳшату харобӣ, наҳсу қашшоқӣ, ҳалокати одамони бегуноҳ, фирори сокинон аз Ватан ва дигар мушкилоту маҳрумиятҳо мебошад.
Имрӯзҳо вазъи ҷаҳон то ҳадде ҳассосу мураккаб ва пешгӯинашаванда гардидааст, ки истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва ҳатто ҳастии таърихии баъзе кишварҳо ва халқу миллатҳоро таҳти хатари ҷиддӣ қарор додааст.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ сиёсати оқилонаи Роҳбари хирадманди худро, ки ба ҳифзи сулҳ ва ваҳдати миллӣ нигаронида шудааст, пуштибонӣ намуда, ҳамеша дар ҷустуҷӯи шакли ҳаёти осудаву ором ва рӯ ба тараққиёт ҳастанд.
Муҳимтарин марҳалаи ин таҳаввулот дастёбӣ ба соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва бо риояти арзишҳои эҳтиром ба ҳаққи дигарон ба зиндагӣ, дар доираи муносибатҳои ҳасана ва қонунгузорӣ ривоҷ додани иқтисоду фарҳанг ва дар асоси дӯстиву муомилаи неки инсонӣ рушд бахшидани самтҳои гуногуни ҳаёти Тоҷикистон мебошад.
Табиати инсонӣ ҳамеша инкишофи озодона ва ҳаёти саодатмандонаро мехоҳад. Сиёсати давлати мо низ дар асоси ҳамин талабот шакл гирифта, қонунҳои кишвар барои ташкили дурусти муносиботи иҷтимоӣ ва ҳалли масоили адолати ҷамъиятӣ, инчунин ривоҷ додани соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат ба тасвиб расида, амалӣ гардида истодаанд.
Яъне, дар умум, сиёсати давлатдории мо бо мақсади дар асоси тартиботи муайян ташкил намудани зиндагии ҷомеаи кишвар ташкил ёфтааст. Зиндагие, ки ҳам манофеи давлатро барои имрӯзу оянда ва ҳам арзишҳои инсониро ба ҳамдигар мувофиқ гардонидааст.
Ҳар қадар инсонҳо барои саодати худашон бемонеа рушд кунанд, ҳамон гуна давлат пешрав ва мутараққӣ хоҳад шуд, ҳамон андоза мардум осудагиву рифоҳро эҳсос хоҳанд кард. Дар ин ҷода муҳимтарин чизе, ки ҳамаи ин гирудор ва саъю талошҳоро ба самти осоиштагӣ мебарад, танҳо сулҳу ва ваҳдати умумист.
Мактаби фарҳанги сулҳ барои мо мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ мебошад. Бинобар ин, ҳидояти мардум ба шинохти арзишҳои сулҳу ваҳдат, бешак, самти муҳимтарини сиёсати фарҳангии давлати мост, ки ба як рукни муҳими иҷтимоӣ табдил ёфта, ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат эътироф мегардад. Зеро ин падидаҳои бузурги башарӣ дар ташаккули маънавии ҷомеа хизмат намуда, дар тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ гузошта истодаст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр кардаанд: «Бузургтарин масъалае, ки имрӯз дар назди аҳли башар меистад, ҳифзи сулҳ ва пешгирии ҷангҳои офатбор дар саросари ҷаҳон мебошад». Чунин пешниҳоди оқилона дар роҳи саодати башарӣ маънои таъмини сартосарии сулҳ, ваҳдат ва дӯстӣ дар тамоми оламро дорад. Зеро зиндагии башарият бино ба дуруст дарк накардани масъулияти одамвор зистан ҳазору як мушкилу муаммо касб кардааст: як сӯ ҷанги миёни ҷомеаву давлатҳо, дигар тараф, ба ҳадди ифрот расонидани афкори як идда мардум, ки чӣ будани таҳаммули ҳамдигарро намедонанд, ҷониби саввум - кӯшиши сари дигарон бор кардани ҳадафҳо ва масъалаҳое, ки ба пешрафти давлатҳо ва ҷомеаҳо халал мерасонанд.
Агар терроризм ва ҷангҳои фалокатбор сабаби пайдоиши зуҳуроти номатлуб бошанд, он гоҳ сулҳ ва дониш дунёро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ мебахшанд.
Сулҳ аз арзишҳои эҳтиром, раҳму шафқат, бахшидан ва шинохти ҳуқуқи дигарон иборат аст ва эҳтироми инсоният арзиши муҳимтарини он мебошад.
Ҳоло дар алоқамандӣ бо муборизаҳои ифротӣ ташаккул додани фарҳанги сулҳ дар афроди ҷомеа кори саҳл набуда, фаъол кардани кулли ҷомеаро тавассути таъсиррасонии оила, мактаб, илм, маориф, фарҳанг, васоити ахбори умум ва дигар субъектони ин раванд тақозо менамояд.
Дар шароите, ки равияҳои тундгаро ва низоъҳои диниву мазҳабӣ дар баъзе манотиқи дунё торафт вусъат меёбанд, арзиши сулҳ боз ҳам аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Аз ин рӯ, зиёиён ва олимону донишмандон, уламои дин ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки барои дар зеҳни мардум, хусусан, наврасону ҷавонон, реша гирифтани ғояҳои сулҳ, инсондӯстӣ, таҳаммулгароӣ ва осоиштагӣ мунтазам фаъолият намоянд.
Рӯ овардани баъзе шаҳрвандони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва хусумат ба намояндагони дину мазҳабҳои дигар, ҷудошавии оилаҳо ва низоъҳои оилавӣ ва ғайра зуҳуроти номатлубе ҳастанд, ки аз набудани арзишҳои сулҳ ва донишу маърифат дар ниҳоди фард дарак медиҳад. Хусусан, набудани ҷаҳонбинии сулҳпарварона дар бештари андешаҳову гуфторҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баръало эҳсос мешавад.
Аз ин рӯ, дар байни мардум, хусусан ҷавонон, ки қишри осебпазиртарини ҷомеа аз таъсири шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба шумор мераванд, тарғиби пайвастаи фарҳанги сулҳ ва созишу таҳаммул ногузир мебошад.
Дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи имрӯзаи соҳаи маориф ба риштаи таҳлил кашида шуда, дар иртибот ба рушди маърифатнокӣ, покизагии ахлоқ, бойгарии маънавии насли ҷавон дар шароити таҳсилот таваҷҷуҳи махсус карда, омили хушбахтии наслҳои миллатро ба сатҳи дониш, хирад, ақл, ҳунар, забономӯзӣ ва одобу фаросати баланди инсонӣ арзёбӣ доштанд.
Муҳтавои асосии ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода аз тарбияи инсони худогоҳ, хештаншинос, соҳибхирад, эҳёкунандаи фарҳанг ва ифтихори миллӣ, муборизу фидокори Ватани азизамон -Тоҷикистон иборат аст.
Пешвои миллат бори дигар бо шиддати рӯзафзун пайдо кардани рақобатҳои носолим дар ҷаҳони муосир дар роҳи таъмини рушди давлатдорӣ низоми пешрафтаи илму маориф ва шаҳрвандони соҳибмаърифату донишмандро муҳим дониста, омӯхтани илму маърифат ва касбу ҳунарро аз ҷониби хурду бузурги кишвар ба роҳи фаро гирифтани илму дониш ҳамчун омили раҳоӣ аз нодониву ҷаҳолат ва расидан ба рушду тараққиёт ҳидоят карданд.

Фатҳиддин СОЛЕҲОВ,
узви фаъоли ҲХДТ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: