Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АЗ РӮЗГОРИ ДОНИШНОМАНИГОРОН МУҶАССАМАИ ПИРИ ҲАКИМОНИ МАШРИҚЗАМИН

АЗ РӮЗГОРИ ДОНИШНОМАНИГОРОН МУҶАССАМАИ ПИРИ ҲАКИМОНИ МАШРИҚЗАМИН

12-09-2023, 09:13
Хабарро хонданд: 318 нафар
Назарҳо: 0
АЗ РӮЗГОРИ ДОНИШНОМАНИГОРОН МУҶАССАМАИ ПИРИ ҲАКИМОНИ МАШРИҚЗАМИН

Дар яке аз ҷаласаҳои Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик, ки корманди собиқадори Энсиклопедия Баҳодур Раҳматов низ иштирок дошт, Муҳаммад Осимӣ - сармуҳаррири илмии Энсиклопедия аз таърихи сохтани муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино чунин ёдовар мегардад:
- Ҳамон шабу рӯзҳои омодагӣ ба ҷашни ҳазорсолагии Абуалӣ ибни Сино ҳамроҳи Мирзо Турсунзода дар Маскав будем. Академик А. М. Прохоров - сармуҳаррири нашри сеюми Сарредаксияи илмии «Большая Советская Энциклопедия» қарори Бюрои Сиёсиро ба мо расонд:
- Мо ба қароре омадем, ки барои гиромидошти хотираи Авитсенна бояд дар шаҳри Душанбе муҷассама гузошта шавад. Барои анҷоми ин кор пайкаратарош Умар Ҳасануғли Элдаров интихоб шуд.
Рӯзи дигар ҳамроҳи аллома Бобоҷон Ғафуров - директори Институти шарқшиносии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва устод Мирзо Турсунзода дар меҳмонхонаи «Россия» бо Элдаров вохӯрдем.
Элдаров аз мо хоҳиш кард, ки чун Ибни Сино фарзанди бузурги миллати тоҷик аст, шумо як нафарро бо симои тоҷикона ба ман шинос кунед, то чеҳраи Синоро биофарам.
Мо байни худ машварат кардем ва шӯхиомез гуфтем, ки ягон нафари мо чеҳраи сирф тоҷикона надорем, ягон нафари дигарро пайдо кардан лозим. Ба хотирам расид, ки Мӯъмин Қаноат дар «Дом литераторов» истироҳат мекунад.
Ман Мӯъминшоҳро пешниҳод кардам, аллома Ғафуров ва устод Турсунзода қабул карданд. Ӯро бо Элдаров шинос намудем. Ҳамин тавр, симои Абуалӣ ибни Сино тавлид шуд ва ин муҷассамаи бошукӯҳ ҳоло зеби Душанбест.
БАЙТ

Нависандаи маъруф Баҳром Фирӯз, ки дар редаксияи “Назорати адабӣ” кор мекард, рӯзе чанд байте навишта ба устод Нодир Шанбезода пешниҳод мекунад. Устод баъд аз хондани байтҳо лаҳзае ба андеша рафта, мегӯяд, ки аз ҳамин мисраҳо фақат ду мисрааш хуб аст, фақат ками дигар кор мехоҳад. Устод Баҳром Фирӯз пас аз чанд рӯз ба устод ду мисраеро, ки таъкид карда буд, ба ин шакл пешниҳод мекунад:
Бовар макун ба тамаллуқи ночори нокасон,
Бар кӯҳ то баромадан таъзим мекунанд.
МУРАББАЪТУРА

Ҳангоми муҳокимаи истилоҳи «Квадрат»-и луғатномаи редаксияи “Физика” (мудири редаксия муаллима Сулҳия Содиқова) мудири редаксияи “Дин” устод Сайдбегӣ Маҳмадулло шакли арабии тоҷикишудаи он «Мураббаъ»-ро пешниҳод мекунад. Ҳама ба як овоз онро қабул мекунанд.
- Пас аз он вожаи «Квадратура» аст,-инро чӣ тарҷума мекунем, -мепурсад муаллима Содиқова.
- Мураббаътура-да, -табассумкунон мегӯяд устод Абдушукури Раҷабзод - мудири редаксияи “Химия, биология ва тиб”.
ЭЪТИРОФ

Корманди собиқадори Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик Баҳодур Раҳматов аз дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ҳабибулло Файзулло, ки дар редаксияи “Адабиёт” кор мекард, хотираҳои зиёд ва ҳамзамон ифтихор дорад. Яке аз хотироташ ин аст, ки Ҳабибулло ҳамеша ҳамроҳаш гитор мегардонд ва кам нафароне буданд, ки ин асбоби мусиқиро дар сатҳи ӯ менавохтанд.
Ҳабибулло боре барои ба нон хӯрдан рафтан дер мекунад ва Раҳматов ӯро дар беруни корхона зиёд интизор мешавад. Ӯ пас аз интизории зиёд ба назди Ҳабибулло баргашта меояд ва мебинад, ки ӯ ҳоло ҳам гитор навохта, мисраҳое замзама мекунад. Раҳматов ин мисраъро бадоҳатан мегӯяд:
Як умр чу оҳанги дилошӯби гитор аст...
Ҳабибулло бо шунидани ин завқ карда, гиторро як сӯ мегузорад ва мегӯяд:
-Инро ман ҳатман дар ягон шеърам истифода мекунам, рафтем...
Ба гуфтаи ӯ, Ҳабибулло на шоири сохта ё зӯракӣ, балки шоире бо истеъдоди фитрӣ буд. Шеърро мегуфту менавишт ва фикр намекард, ки бояд дар ин ё он чаҳорчӯб ҷой мегирад ё не ва ё ба талаботи арӯз ҷавобгӯ ҳаст ё не. Мисле ки Мавлоно мегӯяд:
Хун чу меҷӯшад, манаш аз шеър ранге медиҳам,
То на хунолуд гардад, ҷомахунолоие.
САРАРЗ

Соли 2007 бахшида ба 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Теҳрон Конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад. Ба ин муносибат Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон онҳоеро, ки роҷеъ ба зиндагӣ ва осори Мавлоно таҳқиқоте анҷом додаанд, ба ин нишасти илмӣ даъват мекунад. Дар қатори иштирокдорон, корманди Энсиклопедияи Миллии Тоҷик устод Саидбеги Маҳмадулло низ ҳаст. Ӯ дар нишасти мазкур бо маърузаи «Маснавии Маънавии Мавлавӣ дар тафсири Яъқуби Чархӣ» суханронӣ мекунад. Устод дар маърузаи хеш дар баробари тафсири достонҳои Маснавӣ роҷеъ ба зодгоҳи Шайх Муҳаммади Сарарзӣ, ки хӯрокаш аз барги ток будаву Мавлоно дар Маснавӣ ба ӯ қиссаеро бахшидааст, дахл карда, суханони Мавлоно Яъқуби Чархиро, ки: «Сарарз деҳе аз деҳоти басотини Чарх аст, ки маскани обову аҷдоди ин фақир онҷост» меорад.
Ҳангоми танаффус, қабл аз ҳама, яке аз намояндагони аҳли илму адаби Покистон, ки муҳаққиқи осори Мавлоно будааст, назди устод Саидбег меояд ва арзи сипос мекунад:
- Солҳост, ки «Маснавӣ»-ро батакрор меомӯзам ва мавриди таҳқиқ қарор медиҳам, вале роҷеъ ба тахаллуси «Сарарзӣ» ҳеҷ маълумоте пайдо карда натавониста будам. Ҳамин ҳоло аз маърузаи шумо фаҳмидам, ки «Сарарз» номи мавзеъ буда.
НИГАРОНИИ УСТОД ДИНОРШОЕВ

Соли 1991-ум 60-солагии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ, муҳаққиқи таърихи Афғонистон Ҳақназар Назаров ҷашн гирифта мешавад. Чанд нафаре, ки ба ҷашни ин олими номвар даъватӣ буданду ҷояшон дар раёсат муайян шуда буд, дар нишаст иштирок намекунанд.
Академик Мӯсо Диноршоев, ки яке аз сарварони Энсиклопедияи Советии Тоҷик аст, дар садри баргузории ҷашн қарор дошт ва аз муносибати сарди он нафарон дилозурда шуда буд, чунин изҳори нигаронӣ мекунад:
- Агар ҳар кадоми мо ба хонаҳои маҳалли худ панаҳ бубарем, хонаи умумии мо тоҷикон-Тоҷикистон чӣ мешавад!?
ЗИРАКӢ
Устод Акбар Турсун - муовини сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Тоҷик баъд аз аз Фаронса баргаштан ба кормандон лаҳзаеро аз сафараш қисса мекунад.
Дар яке аз тарабхонаҳои Порис назди устод ва ҳамроҳонаш, ки ҳамагӣ аҳли илму адабанд, як косаӣ об мегузоранд ва баъдан кабоби мурғро. То замоне ки мурғбирёнро меоранд, ба ҷуз устод дигар ҳама косаҳои обро нӯши ҷон мекунанд. Устод, ки бори аввал чунин хидматрасониро медид, гоҳ ба тарафи чап, гоҳ ба тарафи рост ба мизи дигарон назора мекунад, то бифаҳмад, ки косаи об барои чист. Устод мебинад, ки дигарон ҳангоми хӯрдани мурғбирён, гоҳ-гоҳ сари ангуштони худро дар косаи об тар мекунанд, то пок шавад ва боз ба хӯрдан идома медиҳанд. Ӯ низ ин корро мекунад, вақте дигарон аз асли воқеа хабардор мешаванд, аллакай дер шуда буд ва онҳо дастонашонро бо дастмолкоғазҳо, ки зуд ба ангуштон мечаспад, хиҷолатмандона ва бо як илоҷ пок карда, аз устод гила мекунанд, ки чаро онҳоро пештар огоҳ накардааст.
СИПОСГУЗОРӢ

Устод Нодир Шанбезода - муҳаррири калони илмии редаксияи “Луғатнома”-и Энсиклопедияи Советии Тоҷик назди мудири ҷавони редаксияи “Биология, химия, тиб” Абдушукури Раҷабзод (Тошев) даромада, қалам мепурсад. Ҳамин тавр, устод ин корашро боз чор маротибаи дигар такрор мекунад. Ҳар бор Раҷабзод бо чеҳраи кушода:
-Марҳамат устод, агар рангаш тамом шавад, боз биёед, -мегӯяд.
Устод Шанбезода рӯзи 9 июли соли 1985 бори панҷум ба ҳуҷраи мудири ҷавон медарояд. Раҷабзод ин дафъа ҳам он навъи қаламеро, ки ба устод хуш омадааст, мехоҳад аз ҷузвдон берун кунад, ки устод, - раҳмат писарам, раҳмат, о, ман туро санҷидам, - гуфта, ду саҳифа, яке бо хатти форсӣ ва дигаре бо кириллӣ навишташударо болои мизи ӯ мегузорад.
Сипосгузории устод Нодир Шанбезода воқеан таърихӣ аст:
БА БАРОДАР АБДУШШУКУР

Беҳтарин одам миёни одамон Абдушшукур,
Дар саховат марди боному нишон Абдушшукур.
Дар ҷавонмардӣ надорад мислу ҳамтову назир,
Ҳотами рӯйи Замин дар ин замон Абдушшукур.
Панҷ килки пурбаҳо тақдим бинмуда ба ман,
Меҳрубон баҳри сағиру нотавон Абдушшукур.
Мекунам тавсифи хубиҳот бе рӯю риё,
То бигардад дар даҳони ман забон Абдушшукур!
Хокдони даҳр агар безанд бо ғирболи ақл,
Чун ту кай ёбанд як соҳибқирон Абдушшукур.
Ин калом аз килки Нодир метаровад рӯзу шаб,
Зинда бошу шод, то бошад ҷаҳон Абдушшукур.
Қиматат ҳар рӯз афзун бод чун дурри ятим,
Дар миёни шоирони нуктадон Абдушшукур!
ИЛҲОМ

Баҳодур Раҳматов - корманди Энсиклопедияи Советии Тоҷик як шаби пурбарфи зимистон, ки ба ҷуз автомобили “Волга”-и ӯ дар роҳ дигар мошине ҳаракат намекунад, ҳамроҳи хонаводааш аз меҳмонӣ бармегардад. Дар боғи мавзеи ба ном Хонаи матбуот (ҷойе, ки бинои “Душанбе-Плаза” сохта шудааст), мебинад, ки марде бо палто гаштугузор мекунад. Ӯ шоир Султон Шоҳзодаро мешиносад. Мошинро канори роҳ гузошта, наздаш меравад ва мегӯяд:
-Устод, дар ин нимашабӣ инҷо чӣ кор мекунед?
Вале ӯ ангушт рӯйи лаб бурда, ишора мекунад, ки хомӯш бошад. Аз ин ишора ҳайрати Раҳматов меафзояд. Каме баъд устод мегӯяд:
- Баҳодур, хотираи ту қавӣ аст, ин мисраҳоро ба ёдат гир, субҳ омада навишта мегирам:
Шаби дай асту само барфрезу дилбари ман,
Бубин карашмакунон рӯйи барф меояд.
Равам бибӯсамаш ӯро таги дарахти сафед,
Ки аз лабу даҳонаш бӯйи барф меояд.
ЗИЁФАТИ ПРОКУРОРӢ

Кормандони Энсиклопедияи Советии Тоҷик Саидбек Қаландаров, Саидбеги Маҳмадулло, Исматулло Саидов ва Муҳаммадқул Ҳазратқулов нисфирӯзиҳо ҳамеша якҷоя нон мехӯрданд. Вақте навбати меҳмондории устод Ҳазратқулов мерасид, зиёфат, албатта, дар ошхонаи маъруф ба «Колхози Россия» ташкил карда мешуд. Ҳазратқулов марди босалобат буд ва ҳамеша бо шиму костюму куртаи сафеду галстук мегашт. Ӯ бо истифода аз ин зиккапӯшии худ ба масъулони ошхона мегуфтааст:
- Инҳо ҳама прокуроранд, дастархонро хубтар ороед.
Ҳамин сухан кифоя буд, ки тамоми нуқлу наво болои миз гузошта шавад ва «прокурорҳо» мазза карда нӯши ҷон кунанд. Вақти ҳисобӣ фақат пули хӯрок талаб карда мешудаст.
МУАММОИ ҲЕЗУМ

Сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик донишманди тавоно Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ ба рассом Сайёра Имоддинова супориш медиҳад, ки лаҳзаи таҷлили ҷашни Садаро дар лашкаргоҳи Марв аз ҷониби Султон Маҳмуди Ғазнавӣ тасвир кунад. Чанд рӯзе баъд супориш иҷро мегардад. Лашкари иборат аз ҳазорон нафар атрофи ғарами ҳезум гирд омадаанд ва бояд оташ афрӯхта шавад.
Вақти муҳокима рассом аз устод Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ суол мекунад:
- Устод, сарбозон ин қадар ҳезумро аз куҷо меоварданд?
Устод ба суоли рассом шӯхиомез чунин посух мегӯяд:
- Ғарами бузурги ҳезумро шумо тасвир кардед, аз куҷо овардани ҳезумро шумо ки надонед, мо аз куҷо медонем...
ИДОМАИ МУАММОИ ҲЕЗУМ
Устод Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ ба расми саҳнаи таҷлили ҷашни Сада аз ҷониби Султон Маҳмуди Ғазнавӣ бо лашкараш дар Марв назар карда, аз бузургии ҳезуми ҷамъшуда ва хеле наздик будани лашкар дар атрофи он дар ҳайрат шуда, аз рассом Имоддинова мепурсад:
- Лашкарро ин қадар наздик тасвир кардаед, о, ҳамаи онҳо боз насӯзанд, онҳоро камтар қафотар бурдан даркор.
Рассом:
- Устод, ҳазорон сарбозро аз атрофи оташ дур бурда наметавонам, ягон кори дигар кардан даркор.
Амиршоҳӣ барои он ки «на сих сӯзаду на кабоб» чунин супориш медиҳад:
- Пас ғарами ҳезумро пасттар бикун.
ТАВСИФ

Ҳангоми баҳси навбатии тезутунд дар Шурои илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик устод Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ ба хотири паст кардани ҳаяҷони мудири редаксияи “Биология, химия, тиб” устод Абдушукури Раҷабзод, ки аз беэътиноӣ ба ислоҳҳои худ дар матлаби редаксияҳои дигар шикоят мекард, гуфт:
- Устод, шумо дар соҳаи худ бидуни шак пайғамбаред...
Устод Абдушукури Раҷабзод, ки чунин тавсифро ҳеҷ интизор надошт, мисле ки худро гум карда буд, ғайриихтиёр гуфт:
- О, дуруст, вале умматон гӯш накарда истодаанд, охир.
ТОСКАНА

Дар идораи Энсиклопедияи Советии Тоҷик баррасии луғатномаи ҳарфи «Т» баргузор мегардад. Вақти муҳокимаи вожаи «Тоскана», ки дар луғатномаи редаксияи “География” сабт шудааст, мудири редаксия Ӯлмас Олимов эътироз мекунад, ки ин ҳашарот ба редаксияи ӯ ҳеҷ иртибот надорад ва ин мақоларо бояд редаксияи «Хоҷагии қишлоқ» омода бикунад. Мудири редаксияи «Хоҷагии қишлоқ» Мақсуд Ҳоҷиматов (Гулчин)-и дар соҳаи худ беназир бошад, далел пеш меорад, ки чунин ҳашарот умуман вуҷуд надорад. Вале, Олимов низ ҳеҷ тан додан намехоҳад ва мегӯяд, ки тоскана гуфтанӣ ҳашарот дар редаксияи ӯ чӣ мекобад.
Баҳси кадом редаксия бояд мақолаи «Тоскана»-ро омода бикунад, тӯл мекашад. Сармуҳаррир Атахон Сайфуллоев барои ба зудӣ аз ин вазъият халос шудан ва нуқта гузоштан ба баҳси доманадор ба Олимов мефармояд, то мақолаи «Тоскана»-ро аз Энсиклопедияи Бузурги Шуравӣ (Большая Советская Энциклопедия) бубинад.
Дар он чунин омада: ТОСКАНА, вилоят дар Италияи Марказӣ, дар шимолу ғарби нимҷазираи Апеннин...
Мушкил ба он сабаб пайдо шуда, ки зада на болои ҳарфи «а»-и аввал, балки ҳарфи «о» гузошта шуда талаффуз карда шудааст.
МУДИРИ ШУБҲА

Шодравон Ӯлмас Олимов - мудири редаксияи “География”-и Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик ба пухтакорӣ ном баровардаву соҳибэтиром гардида буд. Ба ҳама истилоҳу номи олимон ва тамоми номҳои ҷуғрофӣ бо назари шубҳа нигариста, ҳар яки онро нафақат аз мудирони редаксияҳои дигар, балки аз муҳаррирон низ батакрор мепурсид. Аз ин рӯ, ӯ дар байни ҳамкорон бо номи «Мудири шубҳа» машҳур шуда буд.
ЕРЕВАН

Мудири редаксияи “География”-и Энсиклопедияи Советии Тоҷик Ӯлмас Олимов ба Абдушукур Раҷабзод (Тошев), ки акнун ба кор омадааст, навиштани мақолаи «Ереван»-ро супориш медиҳад. Мақола омода мешавад, вале ҳеч не ки мудир ба он имзо гузорад. Ҳамин тавр, ӯ мақоларо панҷ маротиба мегардонад. Аз таҳрири зиёд мудир ба ҷон расида, бори шашум онро худаш навишта бо имзои Абдушукур Тошев ба редаксияи “Назорати таҳрири адабӣ” месупорад. Дар ҷамъбасти ҳафта мудири редаксияи “Таҳрири адабӣ” устод Мутеулло Наҷмиддин корманди ҷавон А. Тошевро тавсиф карда, мегӯяд:
- Ин ҷавон мақоларо он қадар хуб таълиф карда, ки ҳатто ҷойе қалам назадам, ӯ ояндаи хуб дорад.
Воқеан, имрӯз мудири редаксияи “Биология, химия ва тиб” Абдушукури Раҷабзод яке аз рукнҳои устувори Энсиклопедияи Миллии Тоҷик буда, муаллифи «Энсиклопедияи мухтасари тиб», «ДДТТ-70 сол», «Фарҳанги тибби қадим» ва даҳҳо луғатномаи дигар мебошад.

Ҷумъахон САЙИДАЛӢ,
корманди масъули Энсиклопедияи Миллии Тоҷик,
рӯзноманигор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: