Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат рӯзона ба 34 дараҷа мерасад

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат рӯзона ба 34 дараҷа мерасад

7-09-2023, 10:10
Хабарро хонданд: 86 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат рӯзона ба 34 дараҷа мерасадШуруъ аз даҳаи дуюми моҳи сентябр ҳарорат дар ҷумҳурӣ рӯ ба пастшавӣ меорад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат рӯзона то 34 дараҷа хоҳад шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 0+5 гарм то 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: