Ҷаҳонишавӣ ва фазои босуръат тағйирёбандаи ҷаҳон, ки дар ҳар гӯшаву канори олам муноқишаҳои мусаллаҳона ва амалҳои террористӣ ба вуқӯъ меояд, моро ҳушдор месозад, ки ҳар яки мо бояд ҳомии сулҳу Ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол бошем ва беш аз пеш иттиҳоду иттифоқгардем. Чун мегӯянд, сӯхтан саҳл асту сохтан душвор.
Солҳои нобасомони ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-умро ба ҷуз насли наврасу ҷавон ҳамагӣ қариб дар хотир доранд. Садоҳои даҳшатафкани тиру туфанг фазоро печида, болои сар тирҳои дайду ҳуштак мекашиданд. Тоҷикистон оғуштаи хуну дуду фиғонҳои ҷонкоҳи ғуррамаргон гашта буд. Ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар кушта, ҳазорҳо нафари дигарбедарак, бехонумону бесарпаноҳ гаштанд. Ин фоҷеаи хунин барои миллати тоҷик саҳифаи сиёҳи таърих гардид. Ҳазорҳо модарон фарзанд гум карданд, ҳазорҳои дигар падару модар, ҳазорҳои дигар хоҳару бародар. Ин мусибати сангини миллатро ҳамагон бо чашми сар дидем. Мо шоҳиди гуруснагиҳо, аз ҳам фурӯпошии давлату миллат, авҷи маҳалгароӣ, фалаҷ гардидани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идорӣ ва маънавӣ будем.
Бо талошҳои ҷонфидоёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва даҳҳо фарзандони сарсупурдаи тоҷик ниҳоят Ҳукумат бо мухолифин ба созиш омад ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуд. Имзои ин санад оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид.
Аммо имрӯз хатарҳои дигар пешорӯи миллати мост. Тайи чандин сол боз Осиёи Марказӣ бо афзуншавии хатару таҳдидҳо рӯ ба рӯ шудааст. Ин пеш аз ҳама, ҷалби ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористии дар Тоҷикистон мамнӯи байналмилалӣ ба монанди «Давлати исломӣ», «Ал – Қоида», «Ансоруллоҳ» ва ғайра мебошанд, ки онҳоро ба даст задан ба амалҳои террористӣ ташвиқ менамоянд. Толибон, ки ҳоло дар Афғонистон ба сари қудрат омадаанд, то кунун дар Тоҷикистон ва Россия чун гурӯҳи террористии дар ҳудуди ин кишварҳо мамнӯъ ҳисобида мешавад. Бо амалҳои худ ин гурӯҳи исломихоҳи иртиҷоӣ, ки тамоми амалҳо ва зарфияташон зиддиарзишҳои инсонӣ ва ҳуқуқҳоибашарист, ҳамсоякишвари мо – Афғонистонро метавонанд ба кишвари макони террористон табдил дода, майдони гардиши бештари маводи мухаддир ва силоҳро васеъ намоянд. Фақру гуруснагие, ки ин кишварро фаро гирифтааст, оқибатҳои фоҷиабор дорад, ки касеро наметавонад бетараф гузорад.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1344 км сарҳади тӯлонӣдорад, хатару таҳдиди вуруди террористонро наметавон аз ин байн истисно кард. Бахусус, дар чунин шароити ҳассосе, ки бо пайомадҳои пандемияи ҷаҳонии КОВИД-19дар тамоми дунё гароншавии арзиши молу ашё ба назар мерасад, он норозигии мардумро барангехта, боиси он мегардад, ки ҷавонон, ҷавондухтарон низ ба суханони иғвоангезе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣпаҳн мегарданд, ҳамовоз шаванд ва ба камбудии ночизедар ҷомеа хурдагирӣнамоянд ва билохира, ба сафи гуруҳҳои ифротию террористӣпайваста, бар зидди низоми давлатӣ баромад кунанд. Ҷое кор ҳаст, бе камбудӣ намешавад, гуфтаанд. Камбудиро ислоҳкардан имконпазир аст, аммо кишвари ободу рушдкардаистодаро бо ҷурми нуқсҳои ҷузъӣнабояд ки ба макони низову кашмакашҳои сиёсӣтабдил диҳем ва сулҳу осоиштагии Тоҷикистонро, ки осон ба даст наомадааст, барбод бидиҳем.
Боварӣ дорам, ки агар шахс воқеан ҳам ватандӯст бошад, ҳеҷ гоҳ ба кишвари худ, ба наздикони худ, ба ҳаммеҳанони худ хиёнат намекунад. Ва вазифаи ҷонии ҳар яки мост, ки ҳуввияти миллии фарзандони худро баланд бардорем, то ба Ватани худ, модари худ, арзишҳои миллии худ арҷ гузоранд.
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо аксари ҷавонони мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ғурури миллӣ ҳарф мезананд, аз арзишҳои миллат, аз созандагӣ мегӯянд. Мутаассифона, дар радифи онҳо ҷавононе ҳам ҳаст, ки бо баҳонаи кор нест, маош кам аст, зиндагӣ мушкил, - гӯён бечоранолӣ мекунанд ва ба наворҳои тафриқаангез мароқ зоҳир менамоянд, дар зери онҳо шарҳҳои ногузир мегузоранд. Аммо намедонанд, ки аксари он нафароне, ки аз хориҷи мамлакат ба сӯи Ҳукумати Тоҷикистон санги маломат мезананд, дар асл худ ҳеҷ муқаддасоте надоранду бо супориши хоҷагони хориҷиашон аз тамоми усулу васоит истифода мебаранд, то байни мардум иғво ангехта, вазъи сиёсии Тоҷикистонро ноором кунанд.
Онҳо бо истифода аз вожаи муқаддаси «ислом» бо роҳи фишор овардан ба ирода ва зеҳни мардум ҳадаф доранд, ки нисбат ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохти конститутсионии давлат ва арзишҳои миллӣ эҳсоси нобовариро ба вуҷуд оранд. Давлатҳои абарқудрат аз нигоҳи ҷуғрофиёи сиёсӣ бо ҳадафҳои худхоҳона ва дурнамои хеш лоиҳаҳои зиёдеро тарҳрезӣ намудаанд, ки барои аз байн бурдани аксари миллату халқиятҳои дунё аз ҳар восита кор мегиранд, бахусус тавассути мухолифини ин давлатҳо, аммо ҷавонони гумроҳи мо инро аз эътибор соқит месозанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо иродаи мустаҳками сиёсӣ ва тинати ватандӯстона љињати тањкиму таъмини сулњу субот дар як минтақаи љангдидаву харобшуда созишу ризоияти тоҷиконро фароҳам оварад. Бо шарофати ӯ сулњу истиқрор дар Тоҷикистон пойдор гардид ва мардум дар марҳилаи осоишу амният ва созандагию бунёдкорӣ ба сар мебаранд.
Оне, ки шабу рӯзи мо осуда аст, осуда шаб ба болин сар мегузорем, фарзандонамонро ба оғӯши гарм мегирем, табассуми ширин ва хандаҳои беғаши онҳоро мешунавем, худ далели бебаҳс аст, ки мо бояд аз он чӣ ки дорем, ҷонибдорӣ кунем ва шукр гӯем. Зиндагӣ дар ҳеҷ давру замон ба касе ба осонӣ даст надодааст, инсон то рӯзе буд, дар талоши ҳаёт буд, дар талоши ҳаёти сазовор. Мушкиле нест, ки гиреҳи он кушода нашавад. Ва агар ҷавонони мобо ҷаҳд илм омӯзанд, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд, ба ихтироот рӯ оранду ҳамқадами замон бошанд, боварӣ дорам, ки ҳеҷ гоҳ пойбанди ақидаҳои ифротию хурофотӣ намешаванд ва неруи худро ба созандагӣ равона хоҳанд кард.
Танҳо кишвари амну осуда метавонад рушд кунад ва калиди фатҳу музаффариятро ба даст орад.
Шоҳона ОДИНАЗОДА,
вакили Маҷлиси вакилони
халқи ноҳияи Фирдавсии
шаҳри Душанбе