“РОБИН ҲУД”-И ТОҶИК ДАР АФҒОНИСТОН ЧӢ ГУНА БА ПОДШОҲӢ РАСИД?29-06-2023, 14:20
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
Моҳи январи соли 1929 дар Афғонистон як инқилоби азим ба вуҷуд омад ва шоҳ Амонуллоҳхони ислоҳотгар аз тахт сарнагун ва роҳбари шӯришгарон-Ҳабибуллоҳи Калаконӣ бо лақаби “ходими дини Расулуллоҳ” подшоҳи Афғонистон эълон шуд. Ин аввалин бор буд, ки дар таърихи беш аз 180-солаи давлати Афғонистон як шахси одӣ, деҳқони ангурфурӯш он ҳам тоҷик зимоми қудратро ба даст гирифт. Гарчанде худи қиёми деҳқонони тоҷик ва сарнагун гардидани Амонуллоҳхон ҳеҷ гуна омили қавмӣ надошт. Сабаби норозигӣ ва қиёмҳои мардум дар ислоҳоти шитобзадаи Амонуллоҳхон ва фаъолияти англисҳо дар байни аҳолӣ буд, ки онҳоро ба норозигӣ ва қиём таҳрик менамуданд. Баъд аз эълони истиқлоли Афғонистон Амонуллоҳхон ба силсилаи ислоҳот ва дигаргуниҳои муҳими таърихӣ даст зад, ки соҳаҳои сиёсию идорӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, маориф, низомӣ ва ғайраро дарбар мегирифт. Ин ислоҳот ба асосҳои бунёдии давлати суннатии Афғонистон ва расму анъанаҳои мардумӣ таъсири амиқ гузошт. Дар ин давра низоми нави маориф асос гузошта шуд, мактабҳои духтарона ташкил шуда, ҷавонон бо мусоидат ва ташвиқи давлат барои таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ - Туркия, Олмон, Фаронса ва Иттиҳоди Шуравӣ фиристода шуданд. Дар соҳаи низомӣ барои аввалин бор неруҳои ҳавоӣ ташкил шуд ва 65 нафар шогирдон барои таҳсил дар ин ришта ба Иттиҳоди Шуравӣ, Туркия, Фаронса ва Италия фиристода шуданд. Имтиёзи қабилаҳои паштун дар супоридани андоз то ҷойе коҳиш ёфт. Мувофиқи дастур мебоист қабилаҳои паштуни ҷанубу шарқи кишвар низ мисли халқҳои ғайрипаштун андоз супоранд. Гарчанде барои ин қабилаҳо ҳаҷми пардохти андоз ба муддати 10 сол нисфи ҳаҷми муқаррариро ташкил медод (яъне, онҳо ҳамчунон имтиёзи муҳим дар ин арса доштанд). Вале, ҳамин низоми имтиёзии андоз низ боиси норозигии қабилаҳои паштуни ҷанубӣ ва ашрофи бонуфузи он (хонҳо, маликон) шуд. Дар чунин шароити ҳассос ва печида дар охири соли 1927 амир Амонуллоҳхон ба сафари тӯлонии хориҷӣ баромад, ки дар ҷараёни он аз 12 кишвари Осиё ва Аврупо, аз ҷумла Ҳиндустон, Миср, Италия, Фаронса, Олмон, Британия, Белгия, Швейтсария, Полша, Иттиҳоди Шуравӣ, Туркия ва Эрон боздид намуд. Баъд аз бозгашт аз сафар амир Амонуллоҳхон бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ суҳбат ороста, аз таассуроташ бо ҳаяҷон нақл мекард. Ба қавли афғоншиноси машҳури аврупоӣ Вартан Григорян, боре Амонуллоҳхон ин таассуроташро аз дидаҳояш дар Аврупо дар муроҷиат ба миллат чунин иброз дошта буд: “Мардуми хубам! Ба сахтӣ метавонам ба шумо иқдоми аз худгузаштагиамро ба кишвар ва шумо баён кунам. Ман аксари чизҳои Аврупоро дидаам, хушҳол хоҳед шуд, ки бидонед. Ҳар ҷо ба гармӣ аз ман истиқбол шуд, аммо шахси худам набудам, ки дар авҷи муфтахар мешудам, балки миллати афғон буд, ки ғарқ дар шодӣ мешуд. Ҳадафам аз ин мусофират он буд, ки рози тавсеаи тааҷҷубовари Аврупоро ба сурати тамом ва камол биомӯзам. Ақидаи ман он аст, ки васоили муносиб барои пешрафти худ таҳия кунем, содиқона орзу дорам, ки шоҳиди пешрафти кишварам дар ҳама заминаҳо бо хезиш ва ҷаҳиш бошем... мутмаинтарин роҳ барои тавсеа он аст, ки тамоми талоши худро ба кор бубарем, то писарону духтарон таҳсил карда, мувофиқи стандарти рӯз тарбият кунем. Маҷбурем бигӯем, ки бузургтарин рози тавсеаи кишвари мо дур андохтани ақоид ва анъаноти куҳна ва фарсуда ва ба қавли маъруф ҳаракат бо замон аст.. бояд ба дигар кишварҳо нишон бидиҳем, ки дигар мардуми ҷоҳиле нестем ва мусаммам ҳастем, ки рӯйи пойи худ, бидуни такя ба дигарон истода шавем”. Амонуллоҳхон моҳи августи соли 1928 дар Пағмон Луя Ҷирга даъват намуда, барномаи нави ислоҳот ва дигаргуниҳоро пешниҳод намуд, ки баъзе аз онҳо барои шароити онвақтаи Афғонистон он қадар муносиб набуданд ва муллоҳои иртиҷоӣ аз ин истифода намуда, мардумро бар муқобили шоҳи ислоҳотгар таҳрик намуданд. Аз ҷумла, таҳсили якҷояи писарону духтарон ба роҳ монда шуда, гурӯҳи аввалини духтарон барои таҳсил ба хориҷа фиристода шуданд. Бар замми ин, ҳиҷоб ва ё чодарӣ манъ шуд. Шоҳ фармон дода буд, ки рӯзи истироҳат аз ҷумъа ба панҷшанбе иваз шавад. Ин дар ҳоле буд, ки рӯзи ҷумъа дар суннатҳои мардумӣ ва исломӣ як рӯзи муқаддас ҳисоб мешавад ва ҳеҷ давлати исломӣ дар ҳеҷ ҷойе ба унвони ислоҳот рӯзи ҷумъаро рӯзи корӣ эълон накардааст. Шоҳ ҳамчунон фармон содир кард, то дар чорроҳаҳои махсус дар Кобул таблуҳое (плакат) гузоштанд ва навиштанд, ки ҳеҷ зане бо барқаъ наметавонад аз ин ҷо убур намояд. Полис иҷрои ин фармонро назорат мекард ва касе онро вайрон менамуд, ҷарима меандохт. Шоҳ инчунин тасмим гирифт либоси аврупоиро расмӣ ва маҷбурӣ созад, рафтор ва одоби муоширати аврупоӣ ҷорӣ гардад. Дар Пағмон ва Кобул ин тартиботро ҷорӣ мекарданд. Бо фармони Амонуллоҳхон муллоҳои хатмкардаи мадрасаи Девбанд ба Афғонистон иҷозати омаданро надоштанд, имомхатибони масҷидҳо бояд имтиҳон месупориданд. Инҳо ҳама мавҷи норозигиро ба вуҷуд оварданд, вале Амонуллоҳхон дар ибтидо ба ин эътибор намедод, зеро баъд аз сафари Аврупо тағйир ёфта, як шахси бисёр мағрур шуд буд. Гарчанде Амонуллоҳхон, бешубҳа, як подшоҳи ватандӯст буд ва дар марҳилаи аввал ислоҳоти ӯ мавриди қабули мардум қарор дошт. Ислоҳоти Амонуллоҳхон аксаран муфид ва барои ислоҳи ҷомеаи афғонистонӣ ва тараққиёти он равона шуда буд, аммо ислоҳоте ҳам амалӣ мешуд, ки ҷомеа дар он замон ба қабули онҳо омода набуд ва гузашта аз он, бисёр зараровар буд. Ба таври мисол, шавқу муҳаббати Амонуллоҳхон ба тарзи зиндагии ғарбӣ ва кӯшиши ҷорӣ намудани ислоҳот дар соҳаҳои маишӣ ва зиндагии мардум: ҷорӣ кардани расми пӯшидани шиму костюм ва кулоҳи аврупоӣ, салом додан бо расми аврупоиҳо, манъ кардани чодарӣ, ба Аврупо барои таҳсил фиристодани духтарон ва ғайра дар бадном кардани ислоҳоти хуби Амонуллоҳхон нақши зиёд бозиданд. Аммо Амонуллоҳхон зоҳиран ба ин аҳамият намедод, тадриҷан дигар бо касе маслиҳат намекард. Ғурури шоҳӣ ба ӯ иҷозат намедод, то ба маслиҳатҳои шахсиятҳои огоҳ ва солимфикр гӯш диҳад. Фикр мекард, ки подшоҳӣ қудрати лоязол аст ва шоҳ ҳар чӣ бихоҳад, амалӣ мешавад, ки ин як иштибоҳ буд. Ба қавли муаллифи китоби “Амир Ҳабибулоҳ-ходими дини Расуллулоҳ” Шоҳ Оғо Сиддиқ Муҷаддадӣ дар яке аз рӯзҳо Амонуллоҳхон дар Пағмон қарор дошт ва мутаҳамин, ки дар исёни ба ном “Исёни Муҳаммад Содиқи Муҷаддадӣ” гирифтор шуда буданд, ба Пағмон оварда шуда, дар баробари Амонуллоҳхон қарор доштанд. Дар ҳамин вақт овози азон баланд шуд. Ӯ рӯ ба тарафи Абдулазизхон - вазири ҳарбия намуда гуфт: “Чӣ вақт бошад, ки овози ин харҳо хомӯш шавад” (мурод аз овози харҳо садои азон буд). Он гоҳ ба қозӣ Абдураҳмон нигариста гуфт: “Қозӣ соҳиб, дар ҳоле ки олитарин мансаби давлатиро, ки Қозиулқузотӣ аст, бароят додам, чаро боз ҳам болоям ҳукми куфр кардӣ? (Қозиулқузот ҳам дар ҷумлаи мутаҳамин истода буд)”. Қозӣ дар ҷавоб гуфт: “Қаблан дар мавриди куфрат шубҳа доштам ва фатвои уламоро мутолиа намуда будам, вале акнун, ки шахсан овози куфрро аз даҳанат мешунавам, мегӯям, ки кофир ҳастӣ, кофир ҳастӣ, кофир ҳастӣ”. Шоҳ, ки ба ғазаб омада буд, бидуни таҳқиқ аз соири маҳкумин ҳукми эъдоми ӯро таъйид намуд”. Руҳониёни мутаассиб таблиғоти васеи зидди Амонуллоҳро дар ҳама ҷо ба роҳ андохта, ӯро “кофар” хитоб мекарданд ва мегуфтанд, ислом дар хатар аст. Англисҳо бо тамоми қувват таблиғоти манфиро пахш мекарданд. Ҷосусҳои англис дар минтақаҳои қабоилӣ ва ҳатто шаҳрҳо овозаҳои дурӯғро паҳн мекарданд, ки гӯё Амонуллоҳхон дар Аврупо аз дини ислом даст кашидааст ва ба калисо меравад. Дар матбуот аксҳои малика Сурайё, ки сари ӯ дар тани урёни зани аврупоӣ ба истилоҳ “монтаж” шуда буд, паҳн мегардид ва ба мардуми бесаводи қабоилӣ фаҳмонидани он, ки ин аксҳои сохта мебошад, бисёр мушкил буд. Ҳамаи ин норозигӣ ва ғазаби мардумро бармехезонд. Оғози возеҳи буҳрони сиёсӣ шӯриши қабилаи шинворӣ дар шарқи кишвар дар моҳи ноябри соли 1928 буд. Ҳамзамон, дар шимоли Кобул маркази нави муборизаи зидди давлати Амонуллоҳхон бо роҳбарии Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ба вуҷуд омад. Дар ин шароит Амонуллоҳхон маҷбур шуд як қадам ақибнишинӣ кунад ва дар санаи 20-уми декабри соли 1928 як эъломияи 18 бандиро нашр кард, ки дар он аз ҷумла гуфта шуда буд: - муллоҳои девбандӣ ба Афғонистон омада метавонанд; - занону духтарон рӯй ва дастҳояшонро пӯшонида, мӯйҳояшонро кутоҳ намекунанд; - занон либоси аврупоӣ напӯшида, чодарӣ ба сар мекунанд, духтарони донишҷӯ аз Туркия бозгардонида мешаванд; - пеши роҳи ришва гирифта мешавад; - дар тадриси муллоҳо аз онҳо шаҳодатнома пурсида намешавад; - рӯзи рухсатӣ аз панҷшанбе ба ҷумъа оварда мешавад; - касе агар шароб бинӯшад, ҷазо мегирад ва ғайра. Аммо ин ақибнишинии Амонуллоҳ дигар пеши роҳи ошӯбҳоро гирифта натавонист. Яке аз шӯришҳои барои Амонуллоҳхон хатарнок ва сарнавиштсоз дар шимоли Кобул бо роҳбарии Ҳабибуллоҳи Калаконӣ сар зад. Ҳабибуллоҳи Калаконӣ як деҳқони одӣ, боғбон ва мевафурӯши деҳотӣ буд ва аз байни мардум бархоста буд. Аммо Ҳабибуллоҳ як айёр, яъне ҷавонмард, далеру шуҷоъ ва адолатпеша буд, ки ба одамони маккор, авомфиреб, золим ва ришвахӯр нафрат дошт. Ӯ соли 1890 дар деҳаи Калакон, ки дар 41- километрии шоҳроҳи Кобул- Чорикор воқеъ аст, таваллуд шудааст. Мардуми Калакон бо ғуруру ҷасорати худ дар тамоми минтақа фарқ мекунанд. Далели ин иштироки калакониҳо дар ҳар се ҷанги Афғонистону Британия барои озодӣ ва истиқлоли мамлакати худ мебошад. Номи аслии падари Ҳабибуллоҳ, қаҳрамони ҷанги дуюми Афғонистону Британия Аҳмадуллоҳ буд ва шуҳрати ин ангурфурӯш замоне боло рафт, ки ӯ дар миёни борони тири душман аз санг ба санг ва аз хандақ ба хандақ ба ҷойи об худро мерасонид ва пас аз лаҳзае дар китфаш машки пур аз об гирифта, ба ташнагоне, ки аз тири душмани хунхор захмӣ шуда буданд, об медод. Ин аст, ки ба ӯ “Сақои Шаҳидон” лақаб дода буданд. Ҳабибуллоҳ дар замони салтанати Амонуллоҳхон ва дар ҷанги сеюми Афғонистону Британия, ки истиқлолро ба даст овард, ба артиши Афғонистон ворид шуд ва дар қӯшунҳои генерал Нодирхон то Парачинор рафт. Ҳабибуллоҳ дар сафи артиш дар фурӯ нишондани шӯриш дар шарқи кишвар иштирок намуд. Ӯ пеш аз даъват шуданаш ба хидмати ҳарбӣ дар боғи муставфи ул-мамолик (падари Халилуллоҳи Халилӣ) дар Ҳусайнкут боғбон буд ва дар он ҷо бо амири сарнагуншудаи Бухоро Сайид Олимхон шинос шуда буд. Баъдан, чанд муддат дар Қитъаи намунаи артиш, ки афсарони турк ташкил намуда буданд, хизмат кард. Дар ҳамин давра ҳангоми ба рухсатӣ ба зодгоҳаш рафтан як дастаи дуздонро бо саркардагии Афзал ё Фазлу, ки мардумро ба дод оварда буд ва ҳатто ҳукумат дар аз байн бурдани он оҷиз буд, тавонист нест кунад, ки шуҳраташро дар байни мардум хеле зиёд кард. Аммо дуздони боқимонда аз гурӯҳи Фазлу аҳд карданд ва савганд хӯрданд, ки қасос мегиранд ва тамоми хонаводаи Калакониро аз байн мебаранд, ҳатто тифли гаҳвораро зинда намемонанд. Ин хабар ба гӯши аскари Қитъаи намуна расид ва ӯ шитобон ба Ҳусайнкут рафта, оилаашро бо иҷозати хусураш ба хонаи падариаш - деҳаи Калакон бурд. Баъд аз ин ҳодиса Ҳабибуллоҳ панҷ рӯз ба хизмат нарафт, зеро нахост аҳли оилаашро танҳо гузорад. Дар ин рӯзҳо буд, ки сарбозе барои бурдани ӯ ба Қитъаи аскарӣ ба Калакон омад ва дар натиҷаи муноқишаи сарзада тасодуфан кушта шуд. Ҳабибуллоҳ, ҳамин тавр, дар зери таъқиби пулис қарор гирифт. Баъд аз ин боз маҷбур шуд падар, бародар ва ҳамсарашро ба вулусволии Сурубӣ, ба хонаи як дӯсташ бубарад. Ба ҳар сурат, зиндагӣ дар Калакон зери таъқиби пулис хатарнок буд ва чанд муддате пинҳонӣ бо ҷамъи дӯстонаш берун аз деҳаҳо зиндагӣ мекард ва дар ҳамин давра ба корвонҳои давлатӣ ва сарвати бойҳо ва ришватхорҳо ҳамла мекарданд. Аммо фарқи Ҳабибуллоҳ аз гурӯҳҳои дуздон ин буд, ки ба моли мардум даст намезад, касеро озор намедод. Баръакс, аз пули аз хазинаи давлат ва бойҳою золимон ситонидашуда ба мардум тақсим мекард. Афғонистоншиноси машҳури амрикоӣ Л.Адамек дар китоби худ бо номи “Равобити хориҷии Амрико дар нимаи аввали қарни XX” менависад: “Ҳабибуллоҳи Калаконӣ тамоми пулҳоеро, ки дар замони ҳарҷу марҷ аз тоҷирон, судхӯрон ва хазинаҳои давлат ба даст меовард, қисмати зиёди онро ба нодорон кӯмак менамуд то он ки дар байни онҳо минҳайси қаҳрамон шинохта шуд. Ӯ ба монанди Робин Ҳуд буд, ки аз ғаниҳо (бойҳо) пул меситонд ва ба фуқаро тақсим мекард”. Мирғулом Муҳаммад Ғубор дар асараш “Афғонистон дар масири таърих” менависад: “Роҳзанӣ ва дуздии Ҳабибуллоҳи Калаконӣ бар хилофи дигар гурӯҳҳо бо айёрӣ ва ҷавонмардӣ ҳамроҳ буд ва фақат дороии ашхоси пулдор ва табақаи судхӯрро ҳадаф қарор медод ва бахше аз ғаноими бадастоварда аз корвонҳои давлатӣ ва мусофирони сарватмандро миёни табақаи маҳруми ҷомеа тақсим мекард ва аз таарруз ба занон ҳам парҳез мекард”. Ба ҳамин шакл Мирмуҳаммад Сиддиқи Фарҳанг ҳам дар асараш “Афғонистон дар панҷ қарни ахир” менависад, ки “ Ҳабибуллоҳи Калаконӣ дар амалиёте, ки дар Кӯҳдоман ва атрофи он муртакиб мешуд, танҳо ашхоси пулдор, хусусан табақаҳои ришватхӯр ва судхӯрро ҳадаф қарор медод ва аз даст бурдан ба дороиҳои мардумони камбизоат худдорӣ мекард ва аз ҳама муҳимтар ин ки ба занон эҳтиром мегузошт ва аз таарруз ба номуси ашхос парҳезгор буд”. Сайид Расули Лугарӣ - муаллифи китоби “Нигоҳе ба аҳди салтанати Амонӣ” менависад:” Ҳеҷ кас ин ҷуръатро надорад бигӯяд, ки Ҳабибуллоҳ як дузди судхӯр буда, ки мехост аз роҳи дуздӣ пул ба даст оварад ва онро барои зиёд намудани молу манол ба кор барад. Ӯ душмани сарсахти маъмурини ришватхӯри давлат, сармоядорон ва туҷҷори судхӯр буд ва ҳамеша аз онҳо боҷ мегирифт, аммо ба фуқаро ва маҳрумин сахт меҳрубон ва раҳмдил буд ва аз моле, ки ба даст меовард, ба фуқаро тақсим мекард”. Олими рус Соколов -Страхов Ҳабибуллоҳро “Пугачёви афғонӣ” номидааст ва гуфтааст, ки “Бачаи Сақо ба камбағалон коре надошт ва танҳо ба маликон, тоҷирон ва маъмурон ҳамла мекард. Аъзои дастаи вай аз деҳқонони одӣ иборат буданд ва тамоми рӯз ба киштукор машғул мешуданд”. Ба қавли муаррихин, Ҳабибуллоҳ пулу моли бадастовардаашро се тақсим мекард. Як қисмат барои харидории яроқу кортус ва лавозимоти гурӯҳаш сарф мешуд. Қисмати дуюм барои хӯроку сару либоси онҳо ва қисми сеюмашро ба муҳтоҷон тақсим мекард. Хислати дигари аҷиби Ҳабибулоҳ ин буд, ки вақте корвонҳои давлатиро мусодира мекард, ба кирокашон, ки аз табақаи нодор буданд расид (квитансия) медод, ки дар ҳақиқат моли интиқолмешудаи онҳоро мусодира карданд ва бо ин расид давлат пули кирояи ҳайвони боркаш ва ё аробаю дигар василаи онҳоро пардохт менамуд. Аз ин рӯ, Ҳабибуллоҳ дар байни мардум бисёр обрӯ ва нуфуз дошт. Дар бораи шуҷоат ва далерӣ, шаҳомат ва бузургии Ҳабибуллоҳ ҳар гуна нақлу ривоятҳо дар байни мардум паҳн шуда буд. «Дар атрофи қаҳрамониҳои вай суханҳо тарошиданд ва хобҳо диданд, овоза дарандохтанд, ки аз тӯфанги вай овози ҳақ ва дин меояд, ӯ мазҳари каромот аст. Домани худро аз нон пур меку¬над ва ҳар кадар ба мардум бахш мекунад, ҳамон як домани нон тамом намешавад. Як доман кортусро ба сад рафиқи худ медиҳад, аммо ҳанӯз доманаш пур мебошад. Дар масҷид барои пирӯзии вай дуо мекарданд ва ӯро ходими дин номиданд. Занҳои солхӯрда назрҳо ба хотири комёбиаш ба гардан мегирифтанд ва дар ҳар дарахти куҳан, ки бар фарози қабри шаҳидон буд, нах мебастанд. Албатта, вай аз миёни мардум буд ва қаҳрамони мардум». Волии Кобул Алиаҳмадхон бо ёрии мардум тавонист гурӯҳҳои зиёди дуздон ва роҳзанонро дастгир ва ба панҷаи қонун супорад, аммо мардум дар дастгир кардани Ҳабибуллоҳ ба ӯ кумак намекард. Аз ин сабаб, давлат роҳи таъқибу фишор ва латукӯби мардуми Калаконро пеш гирифт, то Ҳабибуллоҳи Калакониро ба давлат супоранд. Бо ҳамин сабаб Калаконӣ ва дӯстонаш ба хулоса омаданд, ки ӯ Калаконро тарк кунад. Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ба Парачинори он тарафи сарҳад назди дӯсташ, ки аз давраи ҷанг бо англисҳо ёфта буд, рафт. Аммо давлат аз паноҳгоҳи ӯ хабар шуд ва бо англисҳо мувофиқа намуд, то ӯро ба давлати Афғонистон супоранд. Ҳабибуллоҳ ба воситаи касе аз мансабдорони давлат пешакӣ аз ин тасмими давлат хабар шуд ва пинҳонӣ аз сарҳад гузашта, ба Калакон омад ва аз нав ҳамон кӯҳи “Декча”-ро паногоҳи худ қарор дода, ба машғулияти пештарааш идома дод. Дар ин миён вазъият дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон муташанниҷ мешуд ва махсусан қиёми қабилаҳои шинворӣ дар Шарқ Амонуллоҳхонро нигарон карда буд. Аз тарафи дигар, вазъияти шимоли Кобул ҳам барои давлат хатарнок буд. Аз ин рӯ, ба Аҳмадалихон дастур дод то масъалаи Шимолиро яктарафа кунад ва қувваҳои низомиро ба Кобул баргардонад. Аҳмадалихон ба ҷуз аз музокира бо Ҳабибуллоҳ дигар чорае надошт. Ниҳоят, ин мулоқот сурат гирифт ва аз тарафи давлат ба Ҳабибуллоҳ пешниҳод шуд, ки ба давлат таслим шавад ва дар вазифаи "дуздбигир" бо рафиқонаш дар бадали маоши ҳармоҳа кор кунад. Ҳабибуллоҳ зимни қабули ин пешниҳод шарт гузошт, ки азбаски баъд аз ин тамоми дуздони қавии минтақа душмани ӯ мешаванд, 100 нафар рафиқонашро давлат мусаллаҳ ва маликони Калаконро аз ҳабс озод намояд. Амонуллохон ин пешниҳодро қабул кард. Ба Ҳабибуллоҳ 82 мил силоҳ бо котрусҳо дода шуд ва ба ӯ ва Саидҳусейн ба ҳар кадом 100 кобулигӣ ва ба рафиқонаш 30 кобулигӣ маош таъин намуд. Бояд зикр намуд, ки то ин вақт рафиқони Ҳабибуллоҳ ҳамагӣ 10 мил силоҳ доштанд. Аммо дере нагузашт, ки Амонуллоҳхон аз ин тасмимаш ва мусаллаҳ намудани дастаи Ҳабибуллоҳ пушаймон шуд ва дастур дод то ӯ дастгир ва ба қатл расонида шавад. Ин аҳдшикании Амонуллоҳхон Ҳабибуллоҳ ва тамоми бузургони минтақаро ошуфта сохт ва дар пайи андешидани чораҳо шуданд. Қувваҳои давлатӣ қалъаи Регии Қарабоғро, ки Ҳабибуллоҳ ва рафиқонаш ҷамъ шуда буданд, муҳосира намуданд ва ҷанги сахте ба вуқуъ пайваст. Дар натиҷа Ҳабибуллоҳ ва рафиқонаш муҳосираро шикаста, аз қалъа берун шуданд. Ин ҳамла ва аҳдшикании Амонуллоҳхон тасмими Ҳабибуллоҳро барои мубориза бо давлат ва сарнагун кардани Амонуллоҳхон қатъӣ сохт ва аз тарафи дигар, ҷанг дар қалъа заифии давлатро нишон дод, ки дар як шабонарӯзи ҷанг натавонист аз Кобул қувваҳои кӯмакиро ба минтақа фиристонад. Ҳамин тавр, омодагиҳо ба қиёми мусаллаҳона дар Шимолӣ ҳамроҳ бо музокирот бо бузургони қавмӣ ва руҳониёни баландмартаба оғоз шуданд. Ҳабибуллоҳ аввал бо шахсияти бисёр пурнуфуз Абдуллоҷон Соҳибзода Муҷаддадӣ мулоқот намуда, ӯро аз нияташ огоҳ намуд ва машвараҳои ӯро гирифт, баъдан бо машварати ӯ бо руҳонии дигари пурнуфуз Бузургҷон Муҷаддадӣ мулоқот намуд, ки машварат ва доираи ашхоси бо ӯ наздик аз ҳар як қишри ҷомеа, аз ҷумла Шамсулҳақ Муҷаддадӣ машҳур ба Ҳазрати Кӯҳистон, Мавлавӣ Абдулғанӣ машҳур ба Мавлавӣ соҳиб Қалъаи Баланд, набераҳои Мирмасҷидихон, қаҳрамони ҷанги аввали англису афғон, ки дар минтақаҳои гуногуни шимоли Кобул, Парвон, Тагоб ва ғайра нуфузи зиёд доштанд, мулоқот намуда, ҳадафашро, ки танҳо сарнагун намудани Амонуллоҳхони аз дин беруншуда мебошад, тавзеҳ медод ва ваъдаи ҳамагуна ҳамкориҳоро мегирифт. Ниҳоят, бо кӯшиши Абдуллоҷон ва Бузургҷон навбати мулоқот бо муинуссалтана Иноятуллохон расид ва дар хонаи хусури Абдуллоҷон- Абдураҳмони Пупалзай бо муинуссалтана Иноятуллохон, сардор Ҳаётуллохон, сардор Усмонхон ноибулҳукумати собиқи Қандаҳор мулоқот намуд. Дар мулоқот ҳар се сардор ба як қиёми умумӣ бар зидди Амонуллоҳхон мувофиқат намуданд ва қарор бар ин шуда буд, ки як ҳафта пеш аз оғози шӯриш боз мулоқот менамоянд. Аммо дар муҳлати муайншуда Иноятулло ба мулоқоти Ҳабибуллоҳ дигар ҳозир нашуд ва ҳамин аҳдшикании ӯ боис шуд, ки шӯришгарон барои супоридани қудрат ба Иноятулло баъд аз сарнагунии Амонуллоҳ дигар розӣ нашуданд. Ба қавли Шоҳоғо Сиддиқи Муҷаддадӣ, мувофиқа ба ин буд, ки баъд аз пирӯзии қиём Иноятуллоро ба подшоҳӣ бардоранд, зеро ҳадаф сарнагунии Амонуллоҳ барои ислоҳотҳои зиддидиниаш буд. Ниҳоят, баъд аз омодагиҳои ҳамаҷониба ва таблиғу тарвиҷи ҳадафҳои қиём дар байни мардум рӯзи ҷумъаи 18 қавс (9 декабри сози 1928), соати 9 субҳ шӯришгарони мусаллаҳ бо 118 мил силоҳи оташфишон, дигарон бо досу белу каланд, сихи тануршӯрию дигар василаҳо ба самти Кобул ҳаракат карданд. 14 январи соли 1929 қувваҳои шӯришгар ба Кобул дохил шуданд. Амонуллоҳхон маҷбур шуд, ки аз тоҷу тахти подшоҳӣ ба фоидаи бародараш Иноятуллохон даст кашад. Иноятуллохон ба назди Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ҳайат фиристод ва даъват кард, ки ба ӯ байъат кунад, аммо бо назардошти ба ваъдааш вафо накардан шӯришгарон ин даъватро рад намуданд ва ҳукумати ӯ аз се рӯз зиёд идома пайдо накард. 18 –уми январ дастаҳои шӯришӣ бо роҳбарии Ҳабибуллоҳи Калаконӣ вориди қасри подшоҳӣ шуданд. Ҳамин тавр, Ҳабибуллоҳи Калаконӣ бо лақаби “Ходими дини Расулуллулоҳ” подшоҳи Афғонистон эълон гардид. Рӯзи 20-уми январ подшоҳе, ки аз нодортарин табақаи ҷомеа баромада, қариб бо дасти холӣ лашкари муназзами давлатро шикаст дод ва ҳукумати қариб дусадсолаи ашрофиро сарнагун намуда буд, дар қасри подшоҳӣ бо мардум мулоқот кард ва ҳадафу самтҳои фаъолияти ҳукуматашро эълон намуд. Ин аввалин бор дар таърихи ин давлати дусадсола буд, ки мардуми одӣ вориди қасри подшоҳӣ мешуданд ва аз наздик бо подшоҳашон мулоқот мекарданд. Дар гузашта, ҳатто аз берун, аз наздикиҳои девори қаср гузаштан барои мардум мамнуъ буд. Подшоҳ ба аскарони асиршуда хитоб намуда гуфт, ки “касе бо ман мардонавор ҷанг кардааст, дӯсти ман аст” ва онҳоро озод намуд, то ба хонаҳояшон бираванд Қобили зикр аст, ки бо омадани шӯришгарон ба шаҳр эълон шуд, ки амнияти мол ва номуси мардум тазмин аст, ҳеҷ касе ҳақ надорад ба дӯкон ва хонаҳои мардум ворид шавад, амнияти сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ пурра таъмин гардид. Ҳамон вақтҳо ва ҳатто имрӯз расм аст, ки Ҳабибуллоҳи Калакониро “дузди бесавод ва дур аз сиёсат” мехонанд, ки ҳукумати дусадсолаи паштунҳоро сарнагун кард. Аммо саволи муҳим ин ҷост, ки агар дар ҳамин таърихи дусадсолаи хонадони шоҳӣ оё зуран сарнагун кардан, қатл кардан, кӯр кардани шоҳон кам будааст? Кадом бесавод ва дур аз сиёсат чунин шӯришро бо тамоми санъаташ бо машвара ва маслиҳати бузургон, мӯйсафедон ва руҳониёни пурнуфуз ва сардорону ҳатто муинуссалтана омода карда метавонад? Албатта, Ҳабибуллоҳ хатро хондан наметавонист, сиёсатмадори расмӣ набуд, дар давлат кадом мансабе надошт, аммо дар мактаби зиндагӣ дарсу таҷриба гирифта, обутоб ёфта буд. Аз ҳама муҳимаш, ӯ як айёр, як ҷавонмард буд, ойини ҷавонмардӣ раҳнамои ӯ буд: адолатпеша, бовиҷдон, душмани золимону мустабидин ва дар аҳдаш пойбанд. Ҳабибуллоҳ амният ва иззати хоҳарони Амонуллоҳро ҳифз кард ва ба хонаводаҳояшон супорид. Ҳатто хонаводаи Нодирхон дар Кобул буд, вале аз хонаводаи ӯ истифодаи сиёсӣ нанамуд. Гузашта аз ин, онҳоро ба ҷойи амни қаср интиқол доданд. Дар ҳоле, ки баъд аз омаданаш Нодирхони генерали “босаводу сиёсатмадор” на танҳо савганди дар Қуръон навиштаашро шикаст, балки нисбат ба хонаводаи подшоҳ беэҳтиромӣ намуд. Зани дуюми Ҳабибуллоҳ - Беназирро, ки аз хонаводаи муҳаммадзоиҳо буд, зӯран ба шавҳар дод ва зани аввалаш - Бибисангариро, ки зери шиканҷа ҳам ба шавҳар баромаданро қабул накард, 15 сол дар зиндон нигоҳ дошт ва баъд бо ду духтараш ба Мазори Шариф бадарға кард, ки то охири умр аз Мазори Шариф берун омада наметавонист. Ё ки сардор Муҳаммад Довудхон - писари амаки Зоҳиршоҳ вақте табадуллоти давлатӣ кард, хонаводаи шоҳро гаравгон гирифт ва то вақте номаи истеъфои Зоҳиршоҳро нагирифт, онҳоро иҷозати ба Рим рафтанро надод. Чунин мисолҳо дар таърихи сулолаҳои бонасаби подшоҳӣ хеле бисёр аст. Дар рӯзи ҷашни истиқлоли Афғонистон Ҳабибуллоҳ ба Амонуллоҳхон, ки дар Рим буд, номаи табрикӣ ирсол намуд ва хизматҳои ӯро дар истирдоди истиқлол таъкид намуд. Аммо бо омадани Нодирхон номи Амонуллоҳхон аз ҳама ҷо гирифта шуд ва ёде аз ӯ намекарданд. Ҳабибуллоҳ дар ҳамон ҷашни истиқлол вақте ба маҳалли ҷашн ворид шуд, дид, ки байни мардум ва ашрофони дар минбарбуда симхор кашида шудааст. Ӯ дастур дод, ки симхор бардошта шавад, яъне нахост, ки байни подшоҳ ва мардумаш симхор бошад. Хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ чопи Теҳрон дар шумораи 27 ҳамали соли 1392 (16 апрели соли 2013) дар мавриди баёнияи амир Ҳабибуллоҳ дар маросими ҷашни Истиқлол таҳти унвони “Амир Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ва шабеҳнависӣ” чунин шарҳ медиҳад: “Барои он ки нишон бидиҳем Амир Ҳабибуллоҳхон яке аз айёре буд, ки дуздӣ ва дағалкорӣ дар қомусаш вуҷуд надошт ва ҳатто дар гуфтор ва кирдор алайҳи он мубориза мекард ва аз ҳиммати олӣ бархӯрдор буд, ба мавриде ишора мекунам, ки бисёр камтар мавриди таваҷҷуҳи фарҳехтагон қарор гирифтааст. Ин маврид масъалаи дағалкории фарҳангӣ мебошад. Дар дунёи нависандагӣ падидае вуҷуд дорад бо номи шабеҳнависӣ. Ба касе гуфта мешавад, ки дар муқобили дарёфти пул ба номи шахси дигаре китоб ё мақола менависад. Ё он ки дар муқобили дарёфти пул иҷоза медиҳад, ки мақола ё китобаш бо номи шахси дигаре чоп шавад... Амир Ҳабибуллоҳ аввалин давлатмарди дунё мебошад, ки на танҳо шабеҳнависиро истихдом накард, балки талош намуд, ки суханрониҳои худро ба дасти онҳо насупорад ва ҳарфҳои дили худро бидуни восита бо мардум дар миён бигзорад”. Ба қавли Оғо Шоҳ Сиддиқи Муҷаддадӣ, дар солрӯзи ҷашни истиқлол мутобиқи барнома бояд Ҳабибуллоҳхон дар минбари хитоба меистод ва вазири дарбор Атоулҳақ хитобаи табрикии амирро қироат мекард. Ҳамин ки вазир пеш омад, Ҳабибуллоҳ гуфт: “Худоям ба ман забон бахшида, чаро бо забони худам бо мардумам сухан нагӯям? Ҳоҷат ба навишта нест. Он гоҳ лаб ба сухан кушод ва гуфт: “Мардуми шуҷои Афғонистон, ассалому алайкум. Ҷашни истиқлол ва озодии кишвар ба ҳаматон муборак боша! Имрӯз ҷашни истиқлоли Афғонистон аст. Истиқлол аз шумо мардум аст, на аз падари Амонуллоҳ ва на аз падари фақири ман. Шумо мардум будед, ки истиқлолро ба зӯри шамшертон гирифтен. Ҳеҷ почо дар ҷанг кушта нашуда, нишон бидиҳед як сардорро, ки дар ҳамин ҷанги истиқлол кушта шуда бошад, балки куштаҳо ҳама аз мардуми бечора аст ва хушӣ ва ифтихори он аз аз почо ва хонадони онҳо”. Дар ин суханронии сода мебинем, ки барои аввалин бор як подшоҳ хоксорона фидокориҳо ва ҷоннисориҳои мардумро дар ҳузурашон эътироф мекунад. Он чи ки аз ин суханронӣ бармеояд, ин аст, ки барои ӯ ҳатто дағалкории фарҳангӣ қобили таҳаммул набуд, чӣ расад ба дуздӣ”. Қиёми деҳқонони тоҷики Шимолӣ ҳеҷ гуна омили қавмӣ надошт ва ба муқобили қавме набуд, аммо раҳбарони паштун, бахусус Муҳаммад Нодирхон тавонистанд тамоми паштунҳоро бо таблиғоти васеи зиддитоҷикӣ, ки гӯё саркардаи шӯриш як «тоҷики пойлуч» ва «бенасаб» бо номи Бачаи Сақав (онҳо Ҳабибуллоҳро таҳқиромез Бачаи Сақав, яъне бачаи обкаш номиданд), тахти подшоҳии афғонҳоро ба даст гирифтааст, ба муқобили ҳукумати Ҳабибуллоҳ таҳрик намоянд. Бародари Нодирхон - Шоҳмаҳмуд дар байни қабилаҳои ҷоҷӣ таблиғ мекард, бародари дигараш Шоҳвалӣ дар миёни қабилаҳои мангал, худи Нодирхон ба торҳои эҳсосоти қабилавии ҷадронҳо нохун мезад. Ҳазорон нафарро аз қабилаҳои вазирӣ ва турии он тарафи сарҳад ҷалб карда буданд. Албатта, таваҷҷуҳи асосӣ ба қабилаҳои дурронӣ нигаронида шуда буд. Таблиғоти васеи зидди Ҳабибуллоҳи тоҷик аз тариқи рӯзномаи “Ислоҳ” ба роҳ монда шуда буд. Ишғоли тахти шоҳӣ аз тарафи тоҷик “таҳдид ба шараф ва номуси паштунҳо” хонда шуда буд, ки наметавонист қабоили гуногуни паштунҳоро таҳрик накунад. Дар ибтидо худи Амонуллоҳхон аз Қандаҳор аз англисҳо ёрӣ хост, аммо ҷавоби рад гирифт. Саъю талошҳои Амонуллоҳхон дуррониҳоро ба нангу номус овард ва онҳо байни худ маслиҳат ва машварат карданд, ки дар барқарор кардани салтанати дубораи дуррониҳо ва аз чанголи мардуми ба истилоҳ «бе аслу насаби тоҷик» раҳонидани он ба Амонуллоҳхон ҳамаҷониба мусоидат намоянд. Бинобар ин, дуррониҳо аз байни худ то 4 ҳазор аскари довталаб ҷамъоварӣ намуда буданд. Дар маҷмуъ, Амонуллоҳхон аз 10 то 14 ҳазор неруи низомӣ ва ғайринизомӣ ташкил дода, дар таърихи 27-уми марти соли 1929 аз Қандаҳор ҷониби Кобул ҳаракат намуд. Аммо дар муҳорибае, ки моҳи май дар назди Калоти Ғилҷоӣ ба амал омада буд, Амонуллоҳхон шикаст хӯрд ва Афғонистонро тарк карда, ба Италия муҳоҷират намуд. Дар шикасти ҳукумати Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ омилҳои ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ таъсиргузор буданд. Омили таъсиргузори дохилӣ ин буд, ки дар замони ҳукмронии кутоҳмуддати Ҳабибуллоҳи Калаконӣ мавқеи руҳониён ва феодалҳо аз нав мустаҳкам шуда, заминдорӣ ва соҳиби ҳокимияти марказӣ ва маҳаллии Афғонистон ба дасти онҳо гузашт. Хароҷоте, ки барои сохтмони дастгоҳи нави ҳукуматӣ ва ташкили қӯшунҳои ҳарбӣ сарф карда мешуданд, инчунин, талаю тороҷгариҳои руҳониён ва феодалҳо хазинаи хароби давлатиро тамоман касод карданд ва ҳукумати Ҳабибуллоҳхон душвориҳои вазнини молиявиро аз сар мегузаронид. Бинобар ин, ҳаҷми андозҳо на ин ки кам карда нашуданд, балки боқиёти солҳои гузашта ва ҳамаи андозҳо ба мисли замонҳои пешин бе каму кост ва пурраву барзиёд рӯёнида мешуданд. Ин ҳолат оммаи деҳқононеро, ки ба Ҳабибуллоҳхон умед ва боварии зиёд доштанд, маъюс, дилшикаста ва ноумед гардонд ва дар байни онҳо норозигӣ ва шӯру ошӯб ба амал меомад. Аз ҳукумати Ҳабибуллоҳхон махсусан маликҳо ва ашрофу аъёни қабилаҳои ҷануби Афғонистон норозигии зиёд доштанд, зеро онҳо, ки пештар тамоми амалҳои маъмурӣ ва ҳарбиро соҳиб буданд, акнун розӣ шуда наметавонистанд, ки ҳама вазифаҳои муҳими давлатӣ дар дасти феодалҳо ва руҳониёни минтақаҳои шимолӣ бошад. Омили хориҷии сарнагунии давлати Ҳабибуллоҳ ҳам бисёр барҷаста буд. Ҳукуматдорони Британия, ки ҳанӯз аз давраи сар задани шӯриш бо гурӯҳҳои иртиҷоӣ алоқа доштанд ва ҷосуси англисӣ подполковник Лоуренс онҳоро ба қиём ва исёнгарӣ даъват намуда буд, ният доштанд, ки Афғонистонро ба маркази муборизаи зидди Иттиҳоди Шуравӣ табдил диҳанд. Маҳз дар ҳамин давра фаъолияти босмачиён ҷоннок гардида, аз хоки Афғонистон чандин маротиба ба сарҳади Шуравӣ ҳамла оварданд. Ҳеҷ як кишвари хориҷӣ ҳукумати Калакониро ба расмият нашинохт. Иттиҳоди Шуравӣ ҳам аз Ҳабибуллоҳи тоҷик пуштибонӣ накард, гарчанде аз табақаи поинтарини ҷомеа буд. Дар мавриди тарҷеҳи ҳамкории Иттиҳоди Шуравӣ ба гурӯҳҳо ва аҳзоби паштун воқеият ин аст, ки дар сиёсати Россия нисбат ба Афғонистон дар тӯли таърих ҳамеша ба қавми паштун, ба қавли онҳо «миллати давлатсоз», ки аксари аҳолии Афғонистонро гӯиё ташкил менамояд, асос ёфтааст. Баъд аз ба сари қудрат расидани Ҳабибуллоҳи Калаконӣ дар соли 1929 дар натиҷаи шӯриши деҳқонони шимоли Кобул резиденти вақти шуравӣ дар Кобул ба роҳбарони Шуравӣ тавсия дод то аз Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, ки намояндаи деҳқонони камбағал буд, пуштибонӣ шавад. Аммо боз ҳам қавмияти Ҳабибуллоҳи Калаконӣ монеъ шуд, то Шуравӣ аз ӯ пуштибонӣ намояд. Дар ин замина баҳсҳои зиёде байни ОГПУ ва НКИД (Комиссариати халқии корҳои хориҷӣ) сурат гирифт, ки намояндагони дуюмӣ Ҳабибуллоҳи Калакониро дар робита доштан бо англисҳо муттаҳам мекарданд. Гарчанде ҳеҷ далеле барои ин иддаоҳо надоштанд ва то имрӯз ҳам чунин шаҳодате вуҷуд надорад. Георгий Агабеков - корманди собиқи ОГПУ, ки дар Афғонистон кор карда буд ва баъдан ба Ғарб фирор намуд, менависад: «Намояндагони мо (ОГПУ), бо такя ба далелҳо исбот менамуданд, ки Бачаи Сақо (Ҳабибуллоҳи Калаконӣ) аз табақаҳои поёнӣ баромадааст ва ба деҳқонон такя мекунад, манфиати онҳоро ҳимоя менамояд ва бовар мекунондем, ки бо дастгирии ӯ метавонем батадриҷ Афғонистонро «Шуравӣ» намоем. Чунин далелҳоро меовардем, ки ҳукумати Бачаи Сақо пурра аз деҳқонони бесаводу камсавод, аммо касоне, ки ниёзмандиҳои аҳолиро медонистанд, иборат буд. Бачаи Сақо баъд аз соҳиб шудан ба қудрат тамоми қарзҳо аз андози деҳқононро аз солҳои гузашта бекор кард, ба мусодираи заминҳои помешикони калон ва тақсим намудани он ба деҳқонон оғоз намуд, тамоми хизматчиёни баландрутбаи куҳнаро бо хизматчиёни баромадашон аз мардум иваз намуд. Барои ҳамин, дар байни мардум обрӯи калон дошт». Георгий Агабеков, ба қавли худаш, дар мулоқот бо ҷонишини НКИД Караханов кӯшиши зиёд намуд то исбот намояд, ки Бачаи Сақо ҷосуси англисҳо нест, ин Нодирхон аст, ки англисҳо ӯро ба Ҳиндустон иҷозати рафтан додаанд, то муборизаро барои сарнагун намудани Бачаи Сақо оғоз намояд. Аммо якбора Караханов гуфт: “Медонед, бо Нодирхон кор кардан, назар ба Бачаи Сақо беҳтар аст. Зеро Бачаи Сақо аз рӯйи миллат тоҷик аст ва табиатан дар Туркистон ҳамқабилаҳои худро дорад ва барои таҷовуз ба тарафи сарҳадҳои мо кӯшиш хоҳад кард. Дар ҳоле ки Нодирхон афғони тоза аст ва кӯшишҳои ӯ ба тарафи сарҳади Ҳиндустон равона хоҳанд шуд”. Ҳамин тавр, ба қавли Георгий Агабеков, Бюрои сиёсӣ далелҳои Комиссариати халқии корҳои хориҷиро дуруст ҳисоб кард ва тасмим гирифт амир Амонуллоҳ - намояндаи помешикон ва хонҳоро ба муқобили (“бачаи обкаш”, пролетар) - Бачаи Сақо дастгирӣ намояд. Бешубҳа, дар тасмимгириҳои шуравиҳо сиёсат ва амалкардҳои Ҳабибуллоҳ низ таъсиргузор буданд. Ӯ ҳанӯз аз солҳои боғбониаш бо Сайид Олимхон шинос шуда буд ва дар бораи тасарруфи Бухоро аз тарафи болшевикҳо қиссаҳо шунида буд. Ба замми ин, баъд аз ба қудрат расидан бо роҳбари дастаи босмачиёни Тоҷикистон - Иброҳимбек дар Кобул мулоқот намуда буд. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки чанд бор дар бораи озод намудани Бухорои Шариф аз чанги болшевикҳо изҳорот дода буд. Ин буд, ки 15-уми апрели соли 1929 дастаи дуҳазорнафараи сарбозони сурх зери фармондеҳии собиқ атташеи низомии Шуравӣ дар Кобул В. Примаков (бо номи мустаори афсари туркӣ Роғиббой) ва афғонҳои фирорӣ бо саркардагии сафири Афғонистон дар Москва Ғулом Набихони Чархӣ ва дастгирии 6 ҳавопаймо аз ноҳияи Тирмиз дарёро тавассути қаиқҳо гузашта, ба муқобили Афғонистон бо мақсади сарнагун намудани ҳукумати Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ҳуҷум намуданд. Дастаи В. Примаков шаҳри Мазори Шариф ва Тошқурғонро зери назорати худ дароварда, ба тарафи Самангон ҳаракат намуд. Дар ҷангҳо бо муҷоҳиддини афғон ҳазорон нафар афғон кушта шуданд. Ба қавли Халилуллоҳи Халилӣ, ки худаш шоҳиди ин воқеаҳо будааст, «таҷовузгарон дар масири роҳи тангии Тошқурғон то Айбаку Работаки Самангон ҳар киро ки дар роҳ медиданд, ҳадафи гулула қарор медоданд, ҳар ҷо ҷамъеро медиданд, бо бордумони тайёра ва оташи тӯп маҳв мекарданд. Аз тангии Тошқурғон то Айбак ва Работак бештар аз 4 ҳазор шаҳид ба хоку хун ғалтида ва садҳо маҷруҳ зинда-зинда аз ташнагӣ ҷон дода буданд». Эҳтимол, ин рақамҳо иғроқомез бошанд. Ба ҳар сурат, баъд аз хабари ҳуҷуми русҳо «Амонуллоҳ нахост бо ин амали нангин ва шармовар тоҷу тахти рафтаашро бозгардонад ва оворагиро дар диёри бегона бар подшоҳӣ тарҷеҳ дод». Ба қавли мутахассисон, дар тасмимгирии Амонуллохон мактуби Маҳмуди Тарзӣ, ки дар он, аз ҷумла ду мисраъ аз абёти Саъдии Шерозӣ оварда шуда буд, бисёр асаргузор будааст: Ҳаққо, ки бо уқубати дӯзах баробар аст, Рафтан ба поймардии ҳамсоя дар биҳишт. Баъд аз Афғонистонро тарк намудани Амонуллоҳхон роҳбарияти Шуравӣ таҷовузи худро бефоида хонда, сарбозонашро аз Афғонистон хориҷ намуд. Моҳи сентябри соли 1929, ҳангоме ки ҳукумати Калаконӣ ба буҳрони амиқ дучор шуда буд, ҳуҷуми қӯшунҳои даҳҳазорнафарии Нодирхон оғоз шуд. 15 октябр, ба қавли Мирғулом Муҳаммади Ғубор, «лашкари ҳашарӣ» иборат аз паштунҳои қавми вазирии он тарафи «хати Дюранд» ҳукумати Ҳабибулоҳхонро сарнагун намуданд. Калаконӣ ба тарафи Чорикор ва Ҷабалуссироҷ ақибнишинӣ кард. Нодирхон подшоҳи Афғонистон эълон шуд. Баъд аз ин Нодирхон аз тарси ҳуҷуми дубораи Ҳабибуллоҳ бо миёнҷигарии руҳонии соҳибнуфуз Ҳазрати Шӯр Бозор дар 7 варақи “Қуръон” худаш ва бародаронаш, Ҳошимхон, Шоҳмаҳмуд, Шоҳвалӣ савганди худро навиштанд, ки Калаконӣ ва тарафдоронашро мавриди авф қарор медиҳад ва аз онҳо даъват кард, ки ба Кобул биёянд. Калаконии зудбовар бо дидани савганди Нодирхон дар китоби муқаддаси “Қуръон” бовар кард ва Қуръонро бӯсид, онро ба рӯю чашм молид ва силоҳро аз камарбандаш кушоду ба замин гузошта, якҷо бо ёрони наздикаш ба дарбори Нодирхон омад. Бо муҷарради расидан ба ҳузури Нодирхон муҳри подшоҳиро аз гардан гирифта, назди Нодирхон гузошт ва гуфт: “Худоё, ту гувоҳ бош, бо ҳама хатароте, ки аз чор тараф Афғонистонро таҳдид мекард, мани боғбонзодаи бесавод онро саломат ва бидуни каму кост ба ин Нодирхон таслим мекунам. Албатта, иродаи ту чунин рафта буд. Умедворам, рӯзе салтанатро аз хонаводаи ӯ мегиранд, онҳо низ ин амонатро бо ҳудуди комилаш, саломат ба фарзандони Ватан месупоранд”. Виқор ва матонати Ҳабибуллоҳ курсинишинони дарборро ба даҳшат андохта буд ва касе ҷуръати онро надошт, ки ба ӯ нигоҳ кунад. Ҳабибуллоҳ сипас рӯ ба тарафи Нодир кард ва гуфт: “Зинҳор аз ин вазироне, ки даври ту ҳалқа бастаанд, бале-бале мегӯянд иҳтироз кун. Амонуллоҳхонро фиреб доданд, маро фирефтанд, туро низ фиреб хоҳанд дод”. Баъд рӯяшро ба сӯйи яке аз вазирони собиқ гардонд ва гуфт: ”Магар чунин нест?” Суханони вай чунон таъсир карда буданд, ки он вазир беихтиёр ба по хоста, дастҳоро ба сина ниҳода, сарашро ба расми таъзим фуруд оварда, тасдиқ кард: “Бале қурбон , чунин аст”. Ҳабибуллоҳхон ба Нодирхон хитоб карда гуфт: «Дар боби худам хоҳише надорам, аммо дар боби рафиқҳоям қассоб нахоҳӣ буд, ки бикушӣ, бозаргон нестӣ, ки бифурӯшӣ! Шояд ба монанди ҷавонмардон ба паймони худ вафо кунӣ?» Аммо Нодирхон на ҷавонмардӣ дошт ва на ба паймонаш вафо кард. Баъд аз як ҳафтаи дар маҳбас будан Ҳабибулоҳхон бо тамоми ёронаш тирборон шуданд ва ҷасадҳои онҳо дар майдон ба дор овехта шуда, чанд рӯз барои тарсонидани мардум онҷо боқӣ монданд. Ҳамин тавр, ба қавли Мирғулом Муҳаммади Ғубор, «лашкари ҳашарӣ», иборат аз паштунҳои қавми вазирии он тарафи «хатти Дюранд» ҳукумати Ҳабибуллоҳро сарнагун ва минтақаҳои тоҷикнишини шимоли Кобул ғорат ва мардуми он қатли ом шуданд. “-Муҳаммад Гулхони Муманд, ки дар ихтиёраш қувваҳои 25 ҳазорнафарии ҳашарӣ ва як фирқаи (дивизия)-и аскарии муназзам дошт,-менависад Муҳаммад Ғубор, - дар Кописо ва Парвон даст ба чунон амалиёте зад, ки дар як кишвари фатҳшудаи хориҷӣ ҳам маҷоз нест”. Ба қавли профессори Донишгоҳи Кобул Расул Раҳин, мумандиҳо ҳазорон асири тоҷики Кописо ва Парвонро, ки аз хонаҳояшон ҷамъ карда буданд, ба номи «қавми шоҳ Ҳабибуллоҳи Калаконӣ» ба зиндонҳои Кобул фиристода, дороиҳои онҳоро барои лашкариён мубоҳ эълон карданд. Гузашта аз ин, давлат барои ҳар сари буридаи тоҷик як ҳазор афғонӣ инъом эълон кард. Табиист, ки лашкариёни қавмӣ тоҷикро дигар асир намекарданд, зеро сари буридаи ӯ фоидаи зиёд меовард”. Бешубҳа, Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ ҷавонмарди далеру шуҷоъ, ватандӯсти воқеӣ, адолатпеша буд, ки аз умқи тӯдаҳо зуҳур кард, барои аввалин бор як инқилоби мардумиро роҳбарӣ ва низоми истибдодии қабиласолориро сарнагун кард. Аммо, аз як тараф, хушбоварии тоҷикӣ, аз тарафи дигар, таассуби қавмии паштунӣ, мудохилаи рӯйирости хориҷиён нагузоштанд, то аз самараи ин инқилоб ба нафъи мардуми ранҷдидаи ин кишвар истифода шавад. Қ. Искандаров, доктори илмҳои таърих
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.