ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД...22-06-2023, 10:32
Хабарро хонданд: 342 нафар
Назарҳо: 0
Кордҳамчун асбоби рӯзгор асосан аз пӯлод сохта мешавад, аммо баъзе устоҳои тоҷик онро аз оҳан месозанд, ки сифаташ нисбат ба пӯлод пасттар мебошад. Корд аз қисмҳои зерин: теғ,гулӯбанд, даста ва сарбанд иборат аст. Кордсозон ду навъи пӯлод: пӯлоди сафедро барои кордҳои армуғонию хоҷагидорӣ ва пӯлоди сиёҳро, ки сахту гузаро аст, барои кордҳои шикорӣ истифода мебаранд. Гулӯбанди кордро аз 3-4 навъи маъдан омода мекунанд. Он бештар аз мис, сурб, қалъагӣ, нуқра сохта мешавад. Дастаи кордро аз шоху устухонҳои ҳайвонот (бузи кӯҳӣ,оҳу, гов), чӯб, баъзан аз филиз, шиша ва маъданҳои дигар низ месозанд. Кордсозӣ аз ҳунарҳои қадима буда, дар ҳазорсолаи пеш аз мелод пайдо шудааст. Дар он солҳо ҳунармандон кордро на танҳо дар рӯзгори ҳамарӯзаи худ, балки барои муҳофизати худ азҳамлаиҳайвоноти ваҳшӣ истифода мекарданд. Сипас, дар солҳои баъдӣ ин ҳунар рушду такомул ёфт, бахусус дар солҳои мавҷудиятисобиқИттиҳоди Шуравӣ ва давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон. Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидорӣкарданномумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидаруҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ. Ҳунарманд аз донае хирмане месозад, аз матое ҷомае медӯзад, аз гуле гулзор ҳосил мекунад. Албатта, офаридаи ҳар як ҳунарманд бар ивази меҳнату заҳмати зиёде ба даст меояд. Ҳамаи ҳунарҳо ҳангоми омӯзиш душворие ва ё ранҷе доранд, ки касро дилгир мекунад, вале кам касоне ёфт мешаванд, ки ин душвориҳоро пушти сар намоянду ҳунаре омӯзанд. Бехабар аз он ки омӯхтани ҳар як ҳунари воло инсонро дар зиндагӣ воломақому соҳибтаҷриба ва обрӯманд мегардонад. Тавре бузургон мегӯянд: «Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст». Дар шаҳри Истаравшани бостонӣҳунарҳои мардумӣҳанӯз аз замонҳои қадим ба вуҷуд омада, тӯли асрҳо рушду такомул ёфтаанд. Вобаста ба касбу кор ҳар маҳалларобо номҳои “Читгарон”, “Оҳангарон”, “Мисгарон”, “Бофандагон”, “Кулолгарон” ва ғайра мешинохтанд. Дар бозорҳо низ растаи алоҳидаи ҳунармандон мавҷуд буд. Дар онҳо нафақат маҳсулот ба фурӯш гузошта мешуд, балки истеҳсоли онро низ ба роҳ мемонданд.Ҳар нафаре, ки ба ин куҳаншаҳр боре ҳам қадам ранҷа карда бошад, ҳатман растаи бузурги “Оҳангарон”-ро тамошо карда, кордҳои машҳуру зебои ҳунармандони истаравшаниро дидааст.Дар байни тоҷикон маъмултарин ҳунари бадеӣ дар радифи ҳунарҳои кулолгарӣ, мисгарӣ, заргарӣ, бофандагӣҳунари кордсозӣ маҳсуб меёфт. Кордсозӣ касбу кори хеле нафису нозук буда, дар офариниши навъҳои корд, маснуоти кордсозӣ маҳорат ва истеъдоди ҳунармандро тақозо мекард. Ин намуди ҳунар хусусияти меросиву оилавӣ дошт. Қоида, асрор ва нозукиҳои ҳунар аз устод ба шогирд ва аз падар ба писар мегузашт. Кордсозӣ бахши оҳангарииҳунари анъанавии мардуми тоҷик буда, барои рӯзгори мардум намудҳои гуногуни кордҳо сохта мешуданд. Истаравшани бостонӣ дар радифи шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Исфара, Қӯқанд маркази ҳунармандӣ, аз ҷумлаҳунари кордсозӣ маҳсуб меёфт. Яке аз идомадиҳандагони ин ҳунари аҷдодӣИслом Аюбов мебошад, ки навъҳои кордҳои сохтаи ӯ натанҳо дар Истаравшан, балки дар қаламрави Тоҷикистон ва берун аз он хеле маъмулу машҳур гардидааст. Ин ҳунарманди ҷавон аз соли 2007 то инҷонибба кордгарӣ ва шамшерсозӣ машғул буда, ба гуфти худаш, ин ҳунарро аз падар ва амакҳояш ҳанӯз аз айёми хӯрдӣ омӯхта,аллакай дар синни 14-солагӣ маҳсули ҳунарашро ба фурӯш гузошта буд.Инак, зиёда аз 16 сол мешавад, ки Ислом ба ҳунари кордсозӣ машғул буда, аз ҳисоби оҳангарӣ ризқу рӯзӣ ба даст меорад ва тавассути ин ҳунар ба аксар кишварҳоиҷаҳон сафар кардааст.Ӯ мегӯяд,ин ҳунари волоро аз падараш Валиҷон Аюбов, ки дар кордсозӣ шӯҳра дошта, зиёда аз 45 сол мешавад, ки ба ин ҳунар машғул мебошад, омӯхтааст. Худи Валиҷон Аюбов бошад, нозукиҳои ин касбро аз бобояш Мухтор Аюбов азхуд намудааст. Ба андешаи Ислом,то завқушавқнабошад, азхуд кардани ҳунар беҳад душвор аст. Маҳз шавқу рағбати беандозаи ӯ нисбат ба ин ҳунар буд, ки ба мартабаҳои баланд расидааст. Ин ҳунари авлодист, яъне аз бобою бобокалони падарам то ба мо омада расидааст,-мегӯяд Ислом Аюбов. Ӯ, шуруъ аз соли 2018, дар озмуну намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок мекунад. Соли 2019 даршаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ҳунармандони 21 давлат ва моҳи марти соли 2019 дар шаҳри Марғелони ҳамин кишвар бо аҳли ҳунари 14 давлат офаридаҳояшро ба маъразгузоштааст. Маҳсули меҳнати ӯ, яъне намудҳои гуногуни кордҳои сохтааш, дар як қатор намоишу ярмаркаҳо, озмунҳоиноҳиявӣ, шаҳриву вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва фестивалҳои байналмилалӣ, ки дар Олмон, Амрико, Британия, Фаронса, Россия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон баргузор гаштанд, намоиш дода шудааст. Ислом Аюбов дар раванди кордсозӣ асбобҳои оҳангарӣ: кӯра, дами оҳангарӣ, анбӯри махсус, каҷанбӯр, гиро, кундаи чӯбӣ, анбӯри даҳонаш рост, анбӯри даҳонаш ҳамвор, қайчӣ, болғаҳои гуногун (калону майда), сандон ва ғайраро истифода мебарад. Ӯ кордҳояшро аз пӯлоди сиёҳ, ки хосияти занг задан надорад, дастаҳои кордро бошад, аз чӯби дарахтони чормағз, зардолу, шохи гов, оҳу, бузиМарко Поло, бузи ангорӣ, устухони гов, бузи кӯҳӣ, морхӯр ва ғайра моҳирона офаридааст, ки онҳо писанди ҳамагон гардидааст. Бояд гуфт, ки худи Ислом ҳамроҳи падараш дар бозори марказии шаҳри Истаравшан ба фурӯши маҳсули дастони муъҷизаофарихуд машғул аст. Ӯ соли 2019 дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе дар озмуни ҷумҳуриявии "Ҳунар беҳтар аз зар бувад..." иштирок карда, сазовори ҷойи аввал гардидааст. Ислом мегӯяд, ки мо бояд падидаҳои беҳтарини осори ҳунарҳои мардумӣ, маданияти моддии таърихии кишварамонро манзури аҳли ҷомеа гардонем. Ҳар як фард бояд аз мероси маънавӣвафарҳангии миллати худ огоҳ бошад. Воқеанҳам, ҳунарманди асил бо ҳунари волои худ дар ягон давру замон ба касе ё чизе эҳтиёҷ пайдо намекунад, дастнигар намегардад, зеро худ кони ҳунар аст. Ҳунарманд коргоҳ намеҷӯяд ва ба ҳар куҷое, ки наравад, метавонад бо маҳсули дастони худ музде пайдо намеояд, ки боиси пеш бурдани рӯзгораш гардад. Илова бар ин, бо ҳунари волояш маъруфу машҳур гашта, дар миёни аҳли ҷомеа қадру манзалати зиёд пайдо намояд. Саида ХОҶАЕВА |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.