Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОМӮЗГОР РАВШАНГАРИ РӮЗГОР АСТ

ОМӮЗГОР РАВШАНГАРИ РӮЗГОР АСТ

16-06-2023, 10:00
Хабарро хонданд: 417 нафар
Назарҳо: 0
ОМӮЗГОР РАВШАНГАРИ РӮЗГОР АСТ
Равзанаи андеша


Фарзанди одам, чун аз модар ба дунё меояд ва то синни мактабӣ роҳгардон мешавад, ҳоло роҳи дурустро намедонад, гӯёст, вале гунг аст, зеро гапи дуруст гуфта наметавонад. Мешунавад, вале кар аст, зеро намедонад чӣ чизи дурустро бишнавад. Биност, вале кӯр аст, зеро намедонад чиро бинад. Дар ин миён нахуст волидайн сипас омӯзгор пойи равону зеҳни наҳифи кӯдаконро ба зиндагӣ рост месозанд, мефаҳмонанд, ки ба роҳи дуруст гом ниҳанд. Забонашонро мекушоянд, ба онҳо хондану навиштанро меомӯзанд. Қобилияти шуниданро тарбия мекунанд, шинохтани дӯсту душманро ёд медиҳанд.
Мо ин ҳамаро медонему ба шогирдон мегӯем, вале боре дар бораи худ, дар бораи ҷойгоҳи касби омӯзгорӣ чизе намегӯем ё гӯем ҳам, кам мегӯем. Аз ин рӯ, бояд ҳамкасбон машғулиятеро дар соатҳои берун аз дарс бо хонандагони синфҳои болоӣ ба арзишҳои кори омӯзгорӣ ва душвориву воқеиятҳои ин касб бахшанд. Ин корро метавон қабл аз поёни соли хониш низ анҷом дод ва шогирдонро ба таътили гусел ва онҳоеро, ки мактабро хатм мекунанд, дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ ба интихоби дурусти касб, хониш ва кори ҳалол ҳидоят кард. То бошад, ки бо ин роҳ дар дили шогирдон меҳру пешаи омӯзгориро ҳам ҷой кунем. Ҳамзамон, эътибори ин касбро ҳимоят карда, навҷавонони воқеан шоиставу арзандаро барои интихоби он роҳнамо шавем.
Барои хонандагон пӯшида нест, ки аз пайдоиши инсоният мо ҳамеша, дар ҳама кор, дар ҳар ҷову ҳар ҳолат ба сухан, маслиҳат ва насиҳати омӯзгор - муаллим ниёз доштему дорем. Бигирем аз подшоҳони олам, ки ҳамеша фарзандони хешро дар назди омӯзгорони воқеан соҳибилму соҳибхирад мемонданд, то таълими дуруст бигиранд ва дар гирдоби пур талотуми зиндагӣ ғарқи фитнаву макр, гирифтори макру найранги нокасон нагарданд ва кори давлатдориву сиёсатдориро биомӯзанду баъд аз сари онҳо сарвари кишвари худ шаванд. Тамоми давлатдорон дар ҳама давру замон кӯшидаанд, ки фарзандонашон соҳибмаълумот гарданд ва барои ҷомеа муфиду даркорӣ бошанд. Барои ба ин ҳадаф расидан молу сарвати зиёде сарф мекарданд ва табиист, ки ин ҳама барҳадар набуд. Зеро, агар фарзандашон маълумоти хуб мегирифту соҳиби касби дилхоҳ мешуд, маблағи сарфшуда бамаротиб бештар ба ҷайбашон бармегашт ва боз солиёни дароз онҳоро мехӯронду мепӯшонд.
Ope, ҳама ҳунар хуб аст ва инсонро ҳамеша муътабару соҳибсарват мегардонад. Омӯзгорӣ касбест, ки онро, бешубҳа, метавон сараи касбҳову ҳунарҳо номид. Бале, маҳз ҳунарҳо, чунки на ҳар кас ҳунару маҳорати омӯзондан ва фикрашро ба дигарон фаҳмонидан дорад. Бисёр ҳолатҳое мешавад, ки шахсе басо бомаълумот, донишманд ва закӣ аст, вале боигарии зеҳнашро ба дигарон дода наметавонад. Аммо шахсе, ки аз нахустин ҳарф тамоми донишҳои замонро ба дигарон, бахусус ба насли наврас ва ҷавон расонда метавонад, барҳақ омӯзгор аст ва ин амалро, бемуҳобот, метавон ҳунар номид. Зеро мардум, чӣ хурду чӣ калон, дар омӯхтану азхуд кардани тамоми касбҳо рӯ ба омӯзгор, устод меоранд ва беустод корашон ҳаргиз ранг намегирад:
Ҳар ки кард оғоз беустод кор,
Кору бори ӯ надорад эътибор.
Ёд дорам, солҳои ҷавониам чун муаллиме дар кӯча пайдо мешуд, ҳама хурду калон баланд гап намезаданд, дарҳол даст пеши бар гирифта, ба ӯ бо эҳтиром салом медоданд ва иззаташро ба ҷо меоварданд. Муаллим ба ҳар хонае меомад, сохибэҳтиром буду ҷояш аз ҳама боло, кадбонуи хона ҳар чизе дар бисоташ дошт, рӯйи хон, пеши муаллим мегузошт. Одамон орзу мекарданд, ки фарзандонашон муаллим шаванду мисли устодони пешин соҳиби иззату обрӯ дар ҷомеа. Муаллим ба ин ҳама сазовор аст, зеро кореро, ки ӯ ба анҷом мерасонад, на ҳар каси дигар карда метавонад. Аз ин рӯ, соҳиби иззату обрӯ ва мояи муҳаббату писанди мардум будан ҳалолаш бод!
Зимни суҳбат дар бораи ин пеша ба шогирдон шоистаи таъкид кардан аст, ки дар замони муосир касби омӯзгорӣ бо мушкилиҳои муайяне мувоҷеҳ шудааст. Аз чӣ бошад, ки ҷавонон ба ин касб дар қиёс бо 25-30 сол пеш камтар таваҷҷуҳ доранд. Сабабҳои ин вазъиятро ҳам метавон шарҳ дод, ки гуногунанд. Ба андешаи ман, пайдо шудану вусъати технологияи компютерӣ бошад, ё аз мушкиливу заҳмати беандозаи касби омӯзгорӣ ё дар ҳадди лозим қадр нашудани меҳнати шабонарӯзии омӯзгорон, шояд сабаби ба ин сатҳ фаромадани эътибори омӯзгор шудааст? Дар ҳар сурат, ҷойи таассуф мебошад, ки майли ҷавонон ба ин касб хеле коста аст ва ҳатто баъзан ба он бо писханд нигоҳ мекунанд. Маҳз аз ҳамин сабаб баъзе аз падару модарон дар мактабҳо бо омӯзгорон муносибати дағалу нораво доранд. Воқеан ҳам, дар зиндагӣ басо дидаву шунидаем, ки гуноҳро дигарон мекунанду маломатро муаллим мешунавад. Шояд аз сари ҷоҳилӣ бошад, ё аз ғояти қаҳру ғазаб, ки агар касе хатои дағале ё гуноҳи сахте кунад, на ба худи ӯ, балки ба устодаш, ба муаллимаш лаънат мехонанду дашном мефиристанд. Агар дақиқ бингарем, оё муаллим дар мактаб ба шогирдон кори бад меомӯзонаду сухани қабеҳ мегӯяд? Оё муаллим ба шогирдон таълим медиҳад, ки бадгӯ ва бадхӯ бошанд, иззати пирону барҷомондагонро ба ҷо наоранд? Сухани падару модарро нодида гиранд? Оё омӯзгор дигаронро ба роҳи бад ҳидоят мекунад? На, албатта, чунин нест. Иллат дар замири ҳар яки мост. Айб дар муҳити хонаводагӣ ва тарбияи худи мост, на дар муаллим. Тасаввур кунед, ки бача танҳо се-чор соат ҳамроҳи муаллим аст, дар боқимондаи бист- бисту як соати дигар пеши назари мову шумо, бо ҷомеа аст ва мо ба ӯ ё бад, ё некро нишон медиҳем. Зеро фарзанд, кӯдак ҳамеша ба падару модар, ба калонсолон тақлид мекунад. Ҳар кореву ҳар сухане аз онҳо диду шунид, ҳамонро такрор мекунад, чунин мепиндорад, ки аз бузугсолон, падару модари ӯ донотару беҳтар касе нест ва ҳар кореву ҳар сухане, ки онҳо мегӯянд, боиси тақлид кардан аст.
Сад афсӯс, ки бо ин ҳама боз ҷурми худ ба гардани муаллим бор мекунем ва дар ҳаққаш носазо мегӯем. Агар мабодо муаллим барои ба дарсҳо нотайёр омадан ё ягон гуноҳи дигар шогирдро танбеҳ диҳад, “қиёмат қоим” мешавад. Падару модар фавран ба мактаб омада, саҳлаш ба сари муаллим борони дашному ҳақорат мерезанд, вазнинаш ӯро латукӯб карда, озор медиҳанд. Войи мо, ки гузаштаи начандон дурамонро фаромӯш кардему аз панду насиҳати ниёгонамон бенасиб мондем. Басанда аст, ки як бор қиссаи подшоҳеро ба ёд биорем, ки писарашро ба мактаб медиҳаду фарзанд баъди сарзаниши муаллим шикоят пеши падар меорад. Подшоҳ писарашро наздаш шинонда, насиҳат мехонад ва ин байтро дар дафтараш сабт мекунад:
Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Ва лавҳи симин-ш бар канор ниҳод.
Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар:
«Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар».
Бале, агар ислоҳу сарзаниш ва танбеҳу сахтгирии устодро “ҷабр” гуфтан ҷоиз бошад, пас ин мулоимтарин ва заруртарин ҷабр аст, ки ба тану ҷони инсон малҳам аст ва ӯро аз камиву костӣ мераҳонад. Чизи дигар он аст, ки мо худамон бояд дар хона фарзандонамонро назорат кунем, ки ба дарсҳо бетайёрӣ нараванд, дар дарсҳо ба дигарон халал нарасонад ва муҷиби танбеҳи муаллим нашавад.
Агар дар вақти дарс боадаб нишинию супоришу вазифаҳои муаллимро сари вақт ва дуруст иҷро кунӣ, ҳаргиз танбеҳ намебинӣ ва баръакс, агар дар дарсҳо бидуни омодагӣ биёиву бар иловаи ин, боз ба муаллиму шарикдарсон халал расонӣ, албатта, ин нобахшиданист.
Бузургони гузаштаамон ба қадру манзалати омӯзгор мерасиданд ва ба ӯ арҷ мегузоштанд. Зеро аз таҷрибаи рӯзгор дидаву дарк карда буданд, ки заҳмати омӯзгор дар камол ёфтану одам шудани мо бамаротиб аз волидон бештар аст. Ба ин маънӣ шайх Саъдӣ фармуда:
Ҳаққи устод аз падар пеш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Агар мо дар хонаи падар то синни 17-18 солагӣ бошем ва насиҳатҳои ӯро гӯш кунем, пас омӯзгори боиродаву хирадманд моро то охири умрамон роҳбаладу ҳодӣ мешавад. Чӣ дар мактаби миёна бошад, чӣ дар донишкадаву донишгоҳ ва чӣ дар муассисаву коргоҳамон. Ин ҳақиқат аст, зеро ҳатто худи донишмандону номзадҳои илму роҳбарони кордида ҳам ниёз ба маслиҳати омӯзгор дорад.
Бо нигоҳе ба собиқаи начандон зиёди худ ба ин гумонам, ки кори омӯзгорӣ барои дарёфти пулу сарват, молу мулк нест. Кори омӯзгорӣ барои соҳиб шудан ба мансаби баланд ва мартабаи боло нест. Рисолати омӯзгор равшангарии рӯзгори инсоният аст. Он барои рушди афкори ҷомеа дар ҳалли масоили рӯзмарра, талқини ҳадафҳои созанда, такмили зеҳнии пояҳои суботу оромӣ дар ҷомеа аст. Кори омӯзгорӣ касбест эҳтимол камдаромад, вале басо мушкил, мураккаб ва заҳматталаб. Лекин агар бо ин ҳама онро дӯст дошта бошем, пас нони он ҳалоли мост. Дар куҷое хонда будам, ки мутафаккири бузург Муҳаммади Риҷоӣ гуфтааст: “Муаллимӣ шуғл нест. Муаллимӣ ишқ аст. Агар онро чун воситаи рӯзгузаронӣ интихоб намудаӣ, пас раҳояш кун. Агар он ишқи туст, пас муборакат бод!”
Бо боварӣ метавон изҳор кард, ки ягон кас дар дунё аз пеши худ чизе нашудааст ва то ҷойе соҳиби илму донише нагардидааст. Давлатдорӣ ва сиёсати он ҳаргиз бе омӯзгор, бе устод сомон наёфт, пешрафт надошту надорад. Аз ҳамин рӯ, ман касби омӯзгориро пеша кардаам, то ба дилу дида ва кошонаи мардум рӯшноӣ биорам, равзанаи ояндаи дурахшонро барояшон кушоям, онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят кунам. Агар имкону кӯшиш, ҷаҳду талош ва хоҳишу ғайратам ба ман даст диҳанд ва аз уҳдаи ин бароям, пас ман дар интихоби касб хато накардаам ва хушбахттарин инсонам.

Фотима ҚАНДАКОВА, директори
МТМУ№28-и деҳаи Кочони ноҳияи Рашт




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: