Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВОЖАНОМАИ СИЁСӢ

ВОЖАНОМАИ СИЁСӢ

15-06-2023, 12:06
Хабарро хонданд: 350 нафар
Назарҳо: 0
ВОЖАНОМАИ СИЁСӢ

НИГИЛИЗМ (аз лотинӣ. nihil - "ҳеҷ чиз") - фалсафаест, ки арзишҳо, идеалҳо, меъёрҳои ахлоқӣ, фарҳангҳо ё мафҳумҳои бунёдӣ, аз қабили ҳақиқати объективӣ, дониш, ахлоқ, арзишҳо, қоидаҳо ва сарватҳои ҷамъиятии аксарият эътирофнамударо инкор менамояд. Хусусияти асосии онро истиснои барномаи мусбати аниқи мубориза ташкил менамояд.
НООКРАТИЯ (аз юнонии қадим νοῦς – “акл” + κράτος - “қудрат”) - як навъи сохтори сиёсӣ ё низоми иҷтимоии ҷомеа аст, ки ба афзалияти ақли инсонӣ ҳангоми ташаккули ноосфераи Замин асос ёфтааст. Ноосфера руҳ, ақл, шуур ва тафаккури абстрактиро фаро мегирад ва маҳз тавассути онҳо биосфера дарк карда мешавад. Ин раванди муҳими сайёравӣ аз ҷониби палеонтологи фаронсавӣ Пйер Тейяр де Шарден (1881-1955) ва академики собиқ Иттиҳоди Шуравӣ Владимир Вернадский (1863-1945) ҳамаҷониба мавриди андешамандӣ қарор гирифтааст. Аслан назарияи инкишофи ноосфера ба таълимоти ин олимон такя менамояд.
Дар сиёсатшиносии муосир ноокартия маҷмуи консепсияҳои назариявӣ буда, зарурати эволютсионии гузариш аз демократия ба шакли мукаммалтари идораи давлатӣ - ҳокимияти элитаи интеллектуалӣ (зеҳнӣ) бо тафаккури ратсионалиро ифода менамояд. Ба сифати неруи пешбари ҷомеа, пешравии илмию техникӣ ва нашъунамои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа баромад менамояд.

НОРДИЗМ (аз олмонӣ Nord - “шимол”) - яке аз шаклҳои нажодпарастӣ, ки афзалияти нажоди шимолӣ (нордӣ) ё “ориёӣ”-ро бар нажодҳои дигар таъкид менамояд. Асосгузори назарияи мазкур сотсиологҳои фаронсавӣ Жозеф Артюр де Гобино ва Жорж Ваше де Лапуж ба ҳисоб мераванд. Онҳо халқҳои шимолӣ ва германиро ба ҳам баробар дониста, халқҳои германиро нажоди “олӣ” медонистанд. Нордизмро назариётчиёни фашизми олмонӣ қабул намуда, онро дар сатҳи идеологияи расмӣ пазируфтанд. Нордизм дар асарҳои идеологҳои фашизм ташвиқу тарғиб гардидааст. Аммо ба хотири он ки симои бештари миллатгароёни немис ба навъи нажоди нордӣ мувофиқ намеомад, онҳо асосан дар бораи “нажоди шимолӣ” муҳокима меронданд. Ба чунин “нажоди олӣ” онҳо фашистони Италия ва ҳарбиёни Японияро низ ҳамроҳ менамуданд.
ОЛИГАРХИЯ (аз юнонии бостон ὀλιγαρχία - “қудрат” ва ὀλίγος “хурд, кутоҳ”) - ҳокимияти доираи маҳдуди одамон ё гурӯҳи одамон дар давлат, ки на тавассути қобилиятҳо, балки дар асоси баромади иҷтимоӣ ва боигарӣ ташаккул ёфтааст. Низоми сиёсии навъи диктаторӣ (яккаҳукмронӣ) ё тоталитарӣ, ки идораи давлатӣ дар дасти гурӯҳи начандон бузурги одамон аст. Ба андешаи Афлотун, олигархия дар натиҷаи ғун шудани боигарӣ дар дасти ақаллият ташаккул ёфта, асоси онро меъёри моликиятдорӣ ташкил менамояд. Арасту низ олигархияро шакли нодурусти давлат медонист, ки дар он ҳокимон манфиатҷӯӣ менамоянд.
Дар бисёр ҳолатҳо олигархияро бо элитаи ҳукмрон ва роҳбарии сиёсӣ як мешуморанд. Мактаби макиавеллистӣ хосияти олигархии ҳар гуна ҳокимият, аз ҷумла ҳокимияти демократиро низ махсус қайд менамояд.
ОМБУДСМЕН (аз шведӣ ombudsman - “намоянда”) - шахси вазифадор, ки эътирозҳои шаҳрвандонро ба ҳокимияти иҷроия расонида, риояи ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандонро назорат менамояд. Бори нахуст дар таърих вазифаи “омбудсмени парламентӣ” соли 1809 дар робита бо қабули Конститутсия дар Шведсия пайдо шуд, ки дар шакли хадамоти худмухтори давлатӣ таъсис ёфта, вазифаи дида баромадани эътирозҳои шаҳрвандонро нисбат ба амалдорон ба уҳда дошт.
ОБЪЕКТИВИЗМ - усули омӯзиши воқеият, ки даъвои “бетарафӣ” дорад ва худдорӣ кардан аз муҳокимаи илмию танқидӣ дар бораи мақому мақсади масъалаҳои аҳамияти идеологидошта, махсусан, хулосаҳои назариявӣ ва ҷаҳонбинӣ моҳияти онро ташкил менамоянд.
ОККУПАТСИЯ (аз лотинӣ occupatio - “забт кардан, ишғол кардан”) - истилои ҳудудҳои давлати бегона аз тарафи қувваҳои ҳарбии давлати дигар. Дар замони оккупатсия ҳокимияти давлати ишғолгардида қатъ гардида, идораи маъмуриро фармондеҳии артиши оккупатсионӣ ба зимма мегирад. Дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон ва махсусан, давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон ва баъд аз он низ аз тарафи қӯшунҳои оккупатсионӣ конвенсияҳои Гаага (солҳои 1899 ва 1907) ва Женева (1949) дар бораи қоидаҳои бурдани ҷанг куллан ба инобат гирифта намешуданд.
Олмони фашистӣ ва иттифоқчиёнаш дар давлатҳои истилонамудаашон низоми мудҳишро барпо намуда, ба несту нобуд кардани аҳолии осоишта машғул гардида, бар зидди инсоният ҷиноятҳои касношунидро амалӣ намуданд.

Гирдоварандагон: Махфират Хидирзода
Абдураҳмон Хонзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: