Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дилшод Раҳимӣ: Фарҳанги тоҷик дар хориҷ аз кишвар муаррифии бештар мехоҳад

Дилшод Раҳимӣ: Фарҳанги тоҷик дар хориҷ аз кишвар муаррифии бештар мехоҳад

6-06-2023, 13:39
Хабарро хонданд: 300 нафар
Назарҳо: 0
Дилшод Раҳимӣ: Фарҳанги тоҷик дар хориҷ аз кишвар муаррифии бештар мехоҳад
Миллати тоҷик аз зумраи он мардумони минтақа ва ҷаҳон аст, ки бо фарҳанги бой ва ғановатманди хеш маъруфу машҳур гардидааст.
Маҳз фарҳанги ғанӣ чун сипар дар тӯли таърих ин миллатро дар муқобили тамоми аҷнабиён ҳифз намуд.
Онҳое, ки ба минтақаҳои тоҷикнишин ворид шуданд, минбаъд дар зери таъсири фарҳанги тоҷикон қарор гирифтанд.
Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳангро ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа ҳисобида, аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ ба рушди ин самти муҳиму афзалиятнок диққати асосӣ равона кард.
Махсусан, таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги миллӣ рушд карда, ба ташаккулу тарғиби арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, рушди маънавиёт, худшиносӣ ва таҳкими санъати миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Муаррифии анъана, урфу одат ва фарҳангу арзишҳои миллӣ дар дохили кишвар ба таври густурда ба роҳ монда шуда, он аз ҷониби муҳаққиқону олимони соҳа мавриди пажӯҳиш ва баррасии ҳамешагӣ қарор гирифтааст. Ҳамчунин, тарғиби фарҳанги миллӣ дар хориҷи кишвар низ васеъ роҳандозӣ гардида, тавассути баргузор намудани чорабиниҳои байналмилалӣ, Рӯзҳои фарҳангӣ ва сафарҳои ҳунарӣ муаррифӣ мешавад. Аммо, дар баробари ин, мушкилоте низ ҷой доранд, ки ҳанӯз ҳам ҳалталабанд ва ба таваҷҷуҳи зарурӣ ниёз доранд.
Бояд гуфт, ки баъзан дар барои моли кадом кишвар будани ин ё он унсури фарҳангии моддиву маънавӣ байни кишварҳои гуногун нофаҳмиҳо низ ба вуҷуд меоянд.
Барои ҳалли чунин гуногунандешӣ доштани маълумот ва далелҳои кофӣ, ҳамчунин донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ хеле лозим аст, то ба ҷаҳониён собит шавад, ки фарҳанги баҳсӣ ба кадом миллат тааллуқ дорад.
Намунаҳое зиёде мавҷуданд, ки аз ҷой доштани чунин баҳсҳои фарҳангӣ шаҳодат медиҳанд.
Хосатан, азхуд кардани фарҳанги сирф тоҷикӣ аз ҷониби дигар кишварҳо, ба монанди кишварҳои ҳамсоя чандин бор дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди мубоҳисаи фарҳангшиносон қарор гирифт.
Дар бораи бурду бохт ва муаррифии фарҳанги миллӣ дар хориҷ аз кишвар бо яке аз фарҳангшиносони шинохтаи кишвар, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ, ки ҳамеша талош дорад, то фарҳанги мардуми тоҷикро на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ аз он низ бо аломатҳои махсус ва далоили мустаҳкам муаррифӣ кунад, суҳбате оростем ва андешаҳои ӯро дар ин маврид донистан хостем:

- Устод, шумо ба наздикӣ аз сафар ба пойтахти Ҷумҳурии Корея - шаҳри Сеул баргаштед. Лутфан бигӯед, ки сатҳи муаррифии дастовардҳои фарҳанги мардуми тоҷик дар ин кишвар чӣ гуна буд?
- Ташаккур, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир кардед. Ростӣ, банда ба бисёр кишварҳои хориҷӣ барои муаррифӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ сафар мекунам ва ин бор сафари мо ба шаҳри Сеул иттифоқ афтод. Сафари мо ба Сеул бо мақсади иштирок дар Форуми байналмилалии таҷлили ҷашни Соли нави мардумони Осиёи Марказӣ бо даъвати директори Маркази мероси Фонди фарҳангии ғайримоддии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ICHCAP) сурат гирифт. Рӯзҳои 14-15-уми май дар Сеул роҷеъ ба таҷлили Соли нави мардумони Осиёи Марказӣ - Наврӯз фестивал ва форуми илмӣ баргузор шуд.
Ташкилкунандагони он Институти омӯзишҳои Осиёи Марказии Ҳанкук, Котиботи ҳамкориҳои Корея ва Осиёи Марказӣ ва созмони Маркази мероси Фонди фарҳангии ғайримоддии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором буда, дар форум беш аз 30 нафар мутахассисон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва худи Кореяи Ҷанубӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз Тоҷикистон ман ба ҳайси мудири маркази Мероси фарҳангии тоҷикони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот барои ширкат ва суханронӣ даъват шуда будам.
Рӯзи аввал “Фестивали сайругашт бо Осиёи Марказӣ –2023”, ки дар он аз кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дастаҳои мусиқӣ ва намоиши муд даъват шуда буданд, баргузор шуд. Аз кишвари мо сарояндагони хушовоз Лоиқ Холов ва Зайнура Пӯлодова суруд хонда, тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов коллексияи либосҳои гулдӯзии худро намоиш дод.
Ҳамчунин дар сайргоҳ ҳар як кишвар ғурфа (дӯкон)-ҳои ҳунармандиро барои намоиш боз карда буданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея се утоқи ҳунармандӣ ва ғизоҳои миллӣ ба намоиш пешниҳод шуданд.
Сокинони шаҳри Сеул ва сайёҳону хориҷиён ба тамошо омада, бо ҳунарҳои заргарӣ, гулдӯзӣ ва қаноддипазии тоҷикон шинос мешуданд ва дар бораи зарфиятҳои сайёҳӣ ва манзараҳои зебои кишвари мо маълумот мегирифтанд.
Рӯзи дуввум Форуми байналмилалӣ дар мавзуи “Таҷлили Соли нави мардумони Осиёи Марказӣ - 2023” баргузор шуд.
Ман дар мавзуи “Хусусиятҳои ҷашни Наврӯзи тоҷикон” маъруза хонда, аксҳоро намоиш додам. Бояд бигӯям, ки мазмун ва фишурдаи суханрониҳои иштирокдорони ҳамоиш дар шакли китоб ба забонҳои русӣ ва англисию кореягӣ ба табъ расидааст.
Баъд аз гузоришҳо суолу ҷавоб ва баҳсу музокираҳо сурат гирифтанд, ки ин ҷониб ба пурсишҳои мутахассисони кореягӣ ва муҳаққиқони Осиёи Марказӣ ҷавобҳои қотеъ ва қонеъкунанда додам.
Дар баҳсҳо, аз ҷумла қайд кардам, ки Наврӯз аслан ҷашни мардуми тоҷик ва дигар халқҳои эронӣ аст, ки ба фарҳанги халқҳои ҳамсоя кӯчидааст. Он замоне ки тоҷикон Наврӯзро ҷашн мегирифтанд, аҷдоди халқҳои ҳамсоя ҳанӯз ҳаёти кӯчманчигӣ ба сар мебуранд.

- Кишварҳои ҳамсоя дар тарғиби фарҳанги миллиашон аз кадом равише пеш гирифтаанд?
Мутаассифона, баъзе олимони турктабори кишварҳои ҳамсоя намунаҳои фарҳанги миллии тоҷиконро моли худ мешуморанд. Худро меросбари Суғдиёну Бохтариён медонанд ва аз “Авесто”-ву “Осор-ул-боқия”-и Берунӣ, “Таърихи Бухоро”-и Наршахӣ ҳамчун аз осори ниёгони худ иқтибос меоранд. Аз оини зардуштӣ ва асотири Эрони бостон мисол оварда, ба таърихи халқи худ нисбат медиҳанд.
Масалан, дар форум яке аз муҳаққиқони қазоқ хӯроки наврӯзӣ ва баҳории тоҷикон “суманак”-ро бо тағйири андаки талаффуз “Сюмалук” ва “гандумкӯча”-ро “коже”- гуфта, ғизоҳои наврӯзии мардуми қазоқ муаррифӣ кард. Ин дуздии рӯйирост бароям ғайрчашмдошт буд, гарчанде ки мо муҳаққиқон байни ҳам муносибати хубу дӯстона доштем, аммо дар чунин лаҳза хомӯш истодан бароям сахт ногувор афтод ва ҷой хеста, ин гуфтаҳои ӯро бо далелҳои ҷойдошта рад кардам. Гуфтам, ки “суманак” ва “гандумкӯча” аз калимаи сирф форсӣ-тоҷикӣ гирифта шудааст ва рабте ба забонҳои туркӣ надошта, ҳар дуяшон ғизоҳое ҳастанд, ки аз гандум омода карда мешаванду моли тоҷикон ҳастанд ва маҳз аз ин сарзамин ба кишварҳои ҳамсоя гузаштааст. Ё ин ки маърузачии қирғиз Наврӯзро “Жана жил” гуфта тарҷума ва баромад кард.
Ҳол он ки дар тамоми ҷаҳон “Наврӯзро” бо ҳамин шакл талаффуз мекунанд, ҳатто дар забонҳои англисиву русӣ ҳам.
Дар асл, таърихи онҳо ба Наврӯз алоқаманд нест, ҳар далеле, ки мегӯянду меоранд, аз тоҷикон гирифта шудааст.
Ҳамин тавр, чанд далели дигаре овардам, ки иштирокдорони форум қонеъ шуданд.
Чунин лаҳзаҳои “фарҳангдуздӣ” имрӯзҳо бисёр рух медиҳанд, муҳим сари вақт огоҳ шудан аст, то арзишҳои худро дар баробари чунин падидаҳо ҳифз кунем.
Бояд гуфт, ки бинобар сабаби аз замонҳои пеш дар домани тоҷику тоҷикон рушд ёфтани баъзе қавмиятҳо, ки баъдан дар асрҳои Миёна соҳиби давлату миллат шуданд, хусусан кишварҳои Осиёи Марказӣ, боиси огоҳу ноогоҳона азхуд кардани таъриху фарҳанги мо гардидааст.
Аммо ҳақиқат ин аст, замоне ки аҷдоду ниёгони мо соҳиби илму фарҳанг будаанд, мардуми кишварҳои ҳамсоя дар шакли қабилавӣ зиндагӣ мекарданд ва ҳаёти кӯчманчигиро ба сар мебурданд.
- Шумо зикр кардед, ки дар Институти омӯзиши хориҷии Сеул кафедраи Омӯзиши Осиёи Марказӣ мавҷуд аст. Дар он ҷо оид ба фарҳанги тоҷикон чӣ корҳое анҷом ёфтааст?
- Бадбахтона, вақте ки ман аз кормандони кафедра дар ин маврид пурсон шудам, посух доданд, ки дар мо профессор аз Қазоқистон кор мекунад, ба Ӯзбекистону Қиғизистон сафар карда, тадқиқот мебарем, аммо аз Тоҷикистон ҳанӯз чизе надорем.
Пурсидам, ки чаро бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намекунед, вақте шумо Осиёи Марказӣ мегӯед, дар он ҷо танҳо туркзабонҳо зиндагӣ намекунанд, он ҷо тоҷику форсзабонҳо низ ҳастанд.
Аз ин сабаб бояд дар кафедраатон ҳатман ихтисоси забону фарҳанги тоҷикӣ, яъне тоҷикшиносӣ дошта бошед.
Дар ин маврид ҳамкориҳоятонро метавонед бо сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея, вазоратҳои маориф ва илм ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монед, то кафедраатон муносиб ба номи худаш ва доираи фарогир дошта бошад.
Яке аз профессорони Институт зикр кард, ки мо дар бораи забони тоҷикӣ андеша карда будем, лекин дар ин ҷо кафедраи забони форсӣ вуҷуд дорад.
Зикр гардид, ки забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ як ҳастанд, барои ҳамин мо низ кифоя донистем.
Банда норозигии худро изҳор дошта, гуфтам, гарчанде ки забони мо аз як реша аст, аммо гӯиши тоҷикӣ фарқ мекунад.
Дуюм ин ки, урфу одат ва фарҳанги тоҷикон хеле хос ва фарқкунанда аз Эрону Афғонистон аст.
Сарзамини мо дигар аст, иқлиму табиат, иҷтимоиёт, имкониятҳои сайёҳӣ куллан фарқ мекунад, бинобар ин омилҳоро набояд нодида гиред.
Онҳо хеле таваҷҷуҳ карданд ва корти тамосро ба онҳо додам, то дар ҳолати лозими иртибот дошта бошанд, то тавонем маълумоти бештареро дар бораи фарҳанги мардуми тоҷик ба онҳо ироа намоем.

- Кишварҳои ҳамсоя чӣ гуна тавонистаанд бо ин кафедра ҳамкориҳои хубро барқарор кунанд?
- Як чизро бояд зикр кунам, ки баъзе кормандони кафедра дар бораи Тоҷикистон маълумот доранд, аммо, мутаассифона, онро тавассути қазоқҳо ва қирғизҳову ӯзбекҳо, яъне мутахассисони кишварҳои ҳамсоя мегиранд, на бевосита аз худи тоҷикон.
Онҳо ба забонҳои англисию русӣ ва кореягӣ китобҳоро дар бораи фарҳанги миллиашон бурда, ба ин кафедра тақдим кардаанд, чун аз аввал бо онҳо робитаи илмии хубе барқарор кардаанд.
Як бартарии дигари ҳамсоякишварҳо дар ин аст, ки онҳо мақолаҳо ва китобҳояшонро бо забонҳои машҳури дунё тарҷума карда, дар кишварҳои мухталиф паҳн мекунанд. Аммо мо, олимони тоҷик танҳо ба забони тоҷикӣ барои худамон менависем. Дар олам чӣ равандҳои фарҳангситонӣ, миллатдифоӣ ва шуҳратҷӯйӣ аз ҷониби чунин гурӯҳи олимон ҷараён дорад, таассуфовар аст, ки мо огоҳӣ надорем.

-Ба андешаи Шумо, барои муаррифӣ ва таблиғи босифати фарҳанги миллӣ дар хориҷ аз кишвар чӣ бояд кард?
-Ман фикр мекунам, ки кормандони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Корея бояд ҳамкориҳоро бештар тақвият бахшанд. Барои баргузории фестивали Наврӯз, намоиши либос ва хӯрокҳову мусиқии тоҷик аз ҷониби сафорати кишвари мо дар Ҷумҳурии Корея хеле кӯшишҳо анҷом дода шуданд, сафири мамлакати мо низ дар ин кишвар хеле хизмат карданд ва мутмаинам, ки боз ҳам мекунанд. Банда ҳамчун муҳаққиқи соҳаи фарҳанг хоҳиш ё пешниҳод мекунам, ки хеле хуб мешуд, агар бо чунин донишгоҳҳо, хусусан бо Донишгоҳи байналмилалии омӯзишҳои хориҷаи Ҳанкуки Ҷумҳурии Корея робитаи хуби илмӣ барқарор карда, барои муаррифии фарҳанги тоҷик ҳамкориҳоро густариш бахшем. Агар лозим шавад, китобҳои заруриро ба онҳо дастрас намоем.
Ҳангоме ки дар Сеул дар бораи ҷашни Наврӯз суҳбат шуд, баъд аз суханронии ман, ки ҳам тасвирӣ ва ҳам нақлӣ буд, ҷилди 3-юми “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик”- ро, ки махсус ба иди Наврӯз бахшида шудаааст, ба онҳо нишон додам. Дар Осиёи Марказӣ ягона кишваре, ки “Донишномаи Наврӯз” дорад, ин кишвари мо - Тоҷикистон аст - гуфта, китобро муаррифӣ кардам. Вақте ки онҳо китобро даст ба даст гирифта, аз назар гузаронданд, (китоб аксҳои диданӣ аз маросимҳои таҷлили Наврӯз дар кишвар ҳам дошт) дар ҳайрат афтоданд, ки воқеан ҳам, чӣ қадар Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври бошукӯҳ ва фарогир таҷлил мегардад. Китоби мазкурро ман ба Маркази омӯзиши мероси ғайримоддӣ тақдим кардам.
Аммо бояд гуфт, ки мутаассифона, аксари китобҳо ва мақолаҳои нашркардаи мо, ки маълумоти заруриро пешкаш мекунанд, танҳо ба забони тоҷикӣ ҳастанд, ки он доираи ками хонандаро фаро мегирад. Ман аксар вақт дар ҳайрат меафтам, ки чаро ин қадар номзадҳои илм ва докторҳои мо зиёданд, аммо аз навгонӣ ва навоварӣ кам мегӯянд?
Ҳол он ки вақте фаро расидааст, ки мо фарҳанги миллии худро бояд берун аз Тоҷикистон ба аҳли сайёра муаррифӣ кунем. То кай танҳо барои худамон менависем?
Акнун ногузирем барои муаррифии фарҳанги миллӣ ҳар чи бештар бо забонҳои хориҷӣ, хусусан англисӣ даст ба кор бошем.
Дар як сол на камтар аз 500 то 1000 адад китобу мақолаҳо бо забони англисӣ нашр карда, барои оммаи васеи хонандагон ҳам дар шакли электронӣ ва ҳам чопӣ пешниҳод ва дастрас намоем, то дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо шикастнопазир бошем.

- Ташаккур барои як суҳбат хеле муфид ва зарурӣ
-
Суҳбаторо Гулҳаёи Мадимар

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: