Ба истиқболи 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ
Суҳбате дорем бо марди наҷиб, шахсе, ки дар рушди соҳаи энергетикаи кишвар саҳми назаррас дошта, ҳамчунин, яке аз саромадони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст.Темур Ғаффорович Валаматзода, писари асосгузори хореографияи муосири тоҷик, Ҳунармнади халқии Иттиҳоди Шуравӣ Ғаффор Валаматзода. Намояндагони ин хонадон чеҳраҳои шинохта дар соҳаи санъати на танҳо кишвар, балки берун аз он ҳастанд-Дилбар Валаматзода, пианинонавоз ва нахустин арғунуннавози тоҷик ва шавҳари ӯ, сарояндаи машҳури опера Адҳам Холиқов.
Қаҳрамони мо дорандаи унвони “Энергетики хизматнишондодаи ИДМ” ва дорандаи медали “Хизмати шоиста” аст.
Ҳанӯз аз овони мактабхонӣ Темур дорои қобилияти серқирра доштанашро ошкор кард. Ҳангоми донишҷӯи факултаи энергетикии Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии ба номи академик М.Осимӣ) будан ӯ ташкилкунандаи нахустини “Маҳфили зарифон” (КВН) ва иштирокчии фаъоли он буд. Ҳамчунин, Темур Валаматзода нахустин устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ аз Тоҷикистон аз рӯйи намуди шамшерзанӣ шуда, ҳафт маротиба қаҳрамони ҷумҳурӣ буд ва дар миқёси Иттиҳоди Шуравӣ мақоми ҳаштумро касб кардааст. Хонишро бо таҷриба тавъам намуда, ҳангоми хатми муассисаи олии таълимӣ дорои дараҷа (разряд)-и панҷуми электрик шуд ва дар корхонаи сементи шаҳри Душанбе фаъолият мекард.
Баъд аз хатм, соли 1965 ӯ аввалин муҳандис-“пусконаладчик”-и тоҷик буд, ки ба НБО “Норак” ба кор фиристода шуд. Сипас, дар филиали трести умумииттифоқии “Гидроэлектромонтаж” фаъолият намуда, баъдан сармутахассиси Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул шуда, ба гурӯҳи оид ба коркард ва муайянсозии нақшаи сохтмони НБО “Роғун” ва дигар лоиҳаҳои энергетикӣ шомил буд. Нигоҳ накарда ба серкорӣ, инчунин, шуъбаи ғоибонаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, сардори Раёсати илм ва нашриёти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ таъин гардид. Муаллифи шумораи зиёди мақолаҳо, аз ҷумла дар самти масъалаҳои экологӣ аст.
-Темур Ғаффорович, Шумо дар оилае ба дунё омадед, ки сарвари он яке аз намояндагони барҷастаи санъати миллии тоҷик буд. Чаро маҳз касби муҳандисиро интихоб кардед?-Бале, суол ҷолиб аст. Умуман, ман дар хурдсолӣ орзуи коргардон (режиссёр)-и филмҳо шудан мехостам ва нияти ба Институти умумииттифоқии давлатии кинематография ВГИКдохил шуданро доштам. Аммо, падарам ба ин нияти ман мухолиф баромад. Мавқеи ӯ чунин буд: аз хонадони мо барои санъати тоҷик худи ӯ бас аст, барои ҷумҳурӣ сохтмончиён, муҳандисон, иқтисоддонҳо, агрономҳо ва духтурон лозимтар ҳастанд. Ман ба ӯ, албатта, зид набаромадам ва ҳуҷҷатҳои худро ба Институти политехникӣ супоридам. Додари хурдии ман, шодравон Рустам муҳандис-сохтмончӣ шуд. Ин ҳамон қиссаи хонадони Брежневро мемонад: вақте духтари Леонид Илйич - Галина ба падараш изҳор медорад, ки мехоҳад узви ҳизб шавад, ӯ чунин посух медиҳад: “Ҳаминаш басанда аст, ки ман Котиби генералӣ ҳастам”.
Бо роҳи падар танҳо хоҳари мо Дилбар рафт, ки баъдан пианинавозу ва арғунуннавози машҳур шуд. Шавҳари ӯ, сарояндаи машҳури опера Адҳам Холиқовро, албатта, ҳамагон мешиносанд. Мутаассифона, Дилбар хеле ҷавон, дар синни 47-солагӣ вафот кард.
-Тӯли фаъолияти бисёрсолаи кории худ Шумо бо афроди зиёд ҳамкорӣ ва шиносоӣ доштед. Албатта, сари ин гуфтаниҳое бояд бошанд...-Бале, чунин иттифоқ афтод, ки зиндагӣ маро бо бисёр шахсиятҳои арзанда рӯ ба рӯ намуд ва аз онҳо хотироти хубе бароям боқӣ мондааст. Мутафаккири қадими юнонӣ Фалес гуфта буд: “Дар бораи дӯстон на танҳо дар ҳузури онҳо, балки дар ғайбашон низ ёд бояд кард”. Ин ҷо метавонам аз Геннадий Хабиров, сардори раёсати гидромонтажӣ дар ҷумҳурӣ, собиқ вазири маорифи ҷумҳурӣ Рауф Дадобоев, ки замони раҳбариаш дар соҳа фаъолият мекардам, шодравон Моёншо Назаршоев, он замон проректори Донишгоҳи давлатӣ, ки маро талқини зиёд мекард, то ин ки омӯзгори донишгоҳ шавам, академик Талбак Назаров, олим ва иқтисоддони барҷастаи тоҷик ва дигарон ёдовар шавам. Хушбахт аз он ҳастам, ки зиндагӣ маро бо чунин ашхос рӯ ба рӯ кард.
-Шумо яке аз саромадони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб мегардед. Бигӯед, он замони фоҷеабор, ки кишвари тозаистиқлоли мо дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ рафта буд, таъсиси ҳизби нав чӣ мушкилотро пешорӯ оварда буд?-Дуруст қайд кардед.Замони бисёр вазнин буд барои давлати навбунёди мо. Ман ва ҳамақидаҳои маро тақдири кишвар ором намегузошт ва мо аз пайи роҳҳои муттаҳид сохтани ҷомеаи кишвар атрофи як меҳвари қавии ваҳдатофар будем.
Ҳамин тавр, ҳанӯз соли 1992, вақте дар пойтахт гурӯҳҳои мухталифи мусаллаҳ қарор доштанд ва ҷанги шаҳрвандӣ аллакай дар қисмати ҷанубии кишвар аланга мезад, мо бо ҳампешагон Ҳизби халқии Тоҷикистонро таъсис додем. Бисёр душвор буд он замон фаъолияти ҳизби навро роҳандозӣ намудан, мо ҳатто ба маконе мерафтем, ки он ҷо силоҳбадастони зиёде буданд, ки ақидаҳои моро дастгирӣ намекарданд, мухолифи он буданд. Ҳар замон ҳар яки мо метавонист қурбонии чунин соҳибони аслиҳа гардад. Аммо мо аз роҳи пешгирифтаи худ пас гаштанӣ набудем, инро дар гӯшаи хаёл ҳам намеовардем. Бо мардум будем, ҳадафҳои ҳизбро ба шаҳрвандон мерасонидем.
Ҳамин тариқ, фаъолияти худро пеш мебурдем. Бояд гуфт, ки моро он замон дар Вазорати адлияи кишвар ба қайд гирифтан намехостанд. Аз ҷумла, муроҷиати мо соли 1993 дар ин хусус аз ҷониби вазири вақти адлия рад карда шуд. Аммо, ба ин мушкилот нигоҳ накарда, ҳамарӯза аз пайи қавӣ кардани ҳизб ва афзоиши аъзои он мекӯшидем. Инак, соли 1994 Вазорати адлия расман ҳизби моро ба қайд гирифт ва фаъолияти мо акнун ҷараёни тоза ба худ касб кард.
Дар оғоз, чун қоидаи ҳар як кори нав, моро душвориҳои зиёд домангир шуданд. Ҳар як хароҷот аз ҳисоби худи асосгузорон пардохта мешуд. Ин ҷо ман бояд аз шахсиятҳое чун Абдумаҷид Достиев, Давлаталӣ Давлатов, Сайфулло Сафаров ва дигар афрод, ки онҳо ходимони намоёни сиёсиву ҷамъиятии кишвар ҳастанд ва аз саромадони Ҳизби халқии Тоҷикистон, ки баъдан ба неруи бузурги пешбар ва қувваи қавии сиёсӣ табдил ёфта, номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро гирифт, ёдовар шавам. Хидмати маҳз ҳамин шахсиятҳо дар рӯйи кор омадани ҲХДТ бузург аст.
Ман ба ҳайси раиси аввали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур фаъолиятдоштам ва аз он рӯзҳо хотироти неке боқӣ мондааст. Ин ҷо бояд зикр намуд, ки ҲХДТ нахуст маҳз дар ноҳияи Шоҳмансур (собиқ Роҳи Оҳан)-и шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд.
ҲизбиХалқии Демократии Тоҷикистон дар шароити бисёр вазнин, ки кишварро хатари парокандашавӣ таҳдид мекард, ба саҳнаи сиёсии кишвар ворид шуд. Хушбахтона,ҲХДТ дар як муддати кутоҳи таърихӣ бо пешниҳоди барномаҳои созанда ва пуштибонии халқ тавонист, ки сулҳу субот ва амнияти комилро дар кишвар барқарор намояд.
Роҳи тайнамудаҳамвор набуд,аз оғози таъсисёбии ин ҳизб мушкилиҳои зиёде ба миён меомаданд, вале бо кордониву малакаи роҳбарияти вақти ҳизб онҳо сари вақт ислоҳ карда мешуданд.
-Шумо худ роҳбар будед ва ҳамзамон, бо роҳбарони зиёд шиносоӣ ва бо ҳам фаъолият доштед. Симои ҳақиқии сарвар, баистилоҳ, лидер бояд чӣ гуна бошад?-Оре, ман бо шахсони зиёди арзанда ҳамкорӣ доштам ва роҳбарӣ ҳам муяссарам гашт. Ин кори саҳл нест ва маҳорату малака, донишу хислатҳои хосро талаб мекунад. На ҳар кас аз уҳдаи ин рисолат мебарояд.
Намунаи барҷастаи роҳбари лаёқатманд, дурандеш ва хирадманд Сарвари кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки аз оғози ба маснади Роҳбари давлат таъин шудан боварии халқро соҳиб шуда буданд. Дар рӯзҳои барои кишвар фоҷеаноку тақдирсоз ӯ ва ҳамақидаҳову дастёронаш тавонистанд Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ берун кашанд ва онро ба самти сулҳу субот ва пешрафт раҳнамун созанд. Албатта, ҳамаи ин бо дастгирии халқ буд, аммо қувваи пешбаранда ва меҳварӣ ин лидери сиёсӣ аст, ки метавонад давлат ва ҷомеаро ба самти дуруст равона созад. Ин ҷо мехоҳам, пеш аз ҳама, ҳамчун мутахассиси соҳаи энергетика андешаамро иброз дорам. Яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ин истиқлоли энергетикӣ буд, ки онро мо, хушбахтона, бо ба истифода додани агрегатҳои 1 ва 2-и НБО“Роғун”, ки иншооти азими аср ва лоиҳаи стратегии миллӣ аст ва сохтмони неругоҳҳои хурду миёна ба даст овардем. Ҳоло боз чанд лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ рӯйи даст дорем, ки ҳамаи онҳо, бешубҳа, амалӣ хоҳанд шуд. Ҳадафҳои созандаи роҳбарияти давлат имрӯз ҳамаи моро бетафовут гузошта наметавонад ва мо бояд дар ин самт ҷонибдории хешро арзонӣ надорем. Боз нақшаву лоиҳаҳои бузург пешбинӣ шудаанд, ки ҳамаи ин кишвари моро ба як давлати боз ҳам ободу зебо табдил хоҳад дод.
Ман аз зиндагии худ қаноатманд ҳастам ва имрӯз маро тамоми ободкориҳое, ки дар ҷумҳурӣ рӯйи кор меоянд, хеле хурсанд мекунад. Тоҷикистони моро ояндаи дурахшон дар пеш аст.
Мусоҳиб: Азамат Дӯстов, “Минбари халқ”
29 июли соли 2020, чоршанбе 31 (1272)