Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Таърихи таъсис ва ташаккулёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Таърихи таъсис ва ташаккулёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

9-12-2022, 14:26
Хабарро хонданд: 555 нафар
Назарҳо: 0
10 декабр - Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ

Таърихи таъсис ва ташаккулёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
(Мулоҳизаҳо оид ба воқеияти таърихи Тоҷикистони навин)

Бунёди ҳар як ҳизби сиёсӣ тақозои замон аст. Агар аз ин нуқтаи назар мо ба таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нигоҳ кунем, воқеан он дар даврае амалӣ гардид, ки Тоҷикистон дар як марҳилаи душвори таърихи худ қарор дошт. Ин давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва пайдо шудани зиддияту баҳамхӯрдани манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни аҳолии кишвар буд.
Давраи асосии ташаккули ҲХДТ аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон манбаъ мегирад. Иҷлосияе, ки дар воқеъ барои мардуми Тоҷикистон тақдирсоз буд, чунки тақдири халқи Тоҷикистонро барои давраҳои минбаъда муайян намуд. Қарорҳои ин иҷлосия оид ба барқарор намудани ҳукумати конститутсионии кишвар таҳти сарварии роҳбари ҷавону дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи ояндаи Тоҷикистони навин нақши ҳалкунанда доштанд.
Охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри XX дар Тоҷикистон давраи таҳаввулоти бузурге буд, ки ҷомеаи моро тадриҷан ба бархӯрдҳои ҳамватанӣ ва низоъҳои минтақавӣ расонд. Ҳизби коммунистӣ, ки тӯли 70 соли мавҷудияти давлати Шуравӣ ҳизби ҳукмрон буд, аллакай зимоми қудратро аз даст дода, нуфузу эътиборашро дар байни мардум гум карда буд. Сабаби асосӣ он буд, ки ин ҳизб баъд аз сар задани нооромиҳо дар ҷумҳурӣ пеши роҳи тафриқаву низоъро дар ҷомеа гирифта натавонист. Бо аз байн рафтани қудрату нуфузи Ҳизби коммунистӣ дар Тоҷикистон як фазои холии сиёсӣ ба вуҷуд омад, ки боиси дар муддати кутоҳ пайдо шудани якчанд ҳизбҳои нави сиёсии ба ном «демократӣ» гардид.
Мардум умед доштанд, ки ин як падидаи нав, як сохтори сиёсие мешавад, ки дар бунёди давлати демократӣ дар Тоҷикистон саҳми худро гузошта метавонад. Лекин, мутаассифона, фаъолияти ин гуна ҳизбҳои тозабунёд барои Тоҷикистон оқибати харобиовар дошт, ки мардуми кишвар шоҳиди он гаштанд: тезутундшавии зиддияти байни онҳо, баҳамхӯрдани ақидаву манфиатҳо, зиддияту хушунат дар байни аҳолӣ ва ниҳоят ҷанги шаҳрвандӣ. Ҳамин буд як сабаби асосии қатъ шудани фаъолияти баъзе ҳизбҳо бо қарори Суди Олии Тоҷикистон.
Инак, ҲХДТ чӣ тавр таъсис ёфт? Корҳои ташкиливу таъсисдиҳии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз моҳҳои апрел-майи соли 1993 оғоз шуда буд. Дар ин маврид бояд як чизро хотиррасон намоем, ки ҳамон давра дар як қатор давлатҳои собиқ Шуравӣ Ҳизби коммунистиро тағйири ном карда, Ҳизби халқӣ-демократӣ ном монда, гӯё бо ҳамин ба эъмори ҷомеаи нав шурӯъ карда буданд. Вале Роҳбари давлати Тоҷикистон аз ин роҳ даст кашиданд ва дастур доданд, ки мо бояд ҳизби комилан навро созмон диҳем. Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар фазои собиқ Шуравӣ ягона кишваре шуд, ки аз сифр шурӯъ карда, ҳизби комилан навро бунёд намуд.
Вақте ки сухан аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократӣ меравад, пеш аз ҳама бояд мавқеи устувору дурандешонаи Роҳбари давлати Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро пеши назар биёрем, ки он роҳи баъдинаи давлати моро муайян ва мушаххас намуд. Ташаббускор ва бунёдгузори ҳизбе, ки ба тозагӣ ташкил мешуд, шахсан худи Роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд. Тибқи супориши Роҳбари давлат бояд ҳизбе созмон дода мешуд, ки ҷомеаи моро сарварӣ намояд ва онро ба ояндаи ободу осуда ҳидоят кунад. Бо ҳамин мақсад, вақте ки ин роҳ мушаххас гардид ва барои ташкили чунин ҳизб шароит фароҳам омад, аз ҷониби Сарвари давлат ба роҳбари ҳамонвақтаи Дастгоҳи иҷроияи Президент С. Мирзошоев ва ман, ки ҳамон вақт мушовири Роҳбари давлат будам, супориш шуд, ки Оиннома ва Барномаи ҳизбро таҳия намоем. Мо пеш аз ҳама зарур донистем, ки бо оинномаю барномаи аҳзоби сиёсии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Ҳизби сотсиал-демократии Олмон, Ҳизби демократии ИМА, Ҳизби халқии Русия ва ғайра шинос шавем ва аз онҳо ҷиҳати сохтани Оиннома ва фаъолияти ҳизбамон истифода барем.
Бо кӯшишҳои зиёд оинномаҳо ва барномаҳои ин ҳизбҳоро дастрас кардем, бо онҳо шинос шудем ва бо назардошти хусусиятҳои таърихию фарҳангӣ, диниву этникии халқи Тоҷикистон, то миёнаҳои моҳи июни соли 1993 нусхаи нахустини санадҳои лозимиро тайёр карда, ба Сарвари давлат пешниҳод намудем. Ҷаноби Олӣ бо он ошно шуданд ва тавсия доданд, дар таҳияи ҳуҷҷатҳои мазкур пеш аз ҳама ба ҷанбаи иҷтимоӣ, моҳияти иҷтимоӣ доштаи давлати мо такя намоем. Барои он кӯшиш намоем, ки дар ҳамин давраи мушкилу мураккаб манфиатҳои иҷтимоии мардум дар мадди аввал бошад.
Сипас, бо дастури Роҳбари давлат дар Шурои Олии ҳамонвақта бо иштироки муовини аввали Раиси Шурои Олӣ А.Достиев ҷаласа оростем ва ин Оинномаро ҳамаҷониба муҳокима карда, ба кумитаи тадорукоти ҳизб пешниҳод намудем.
Бояд гуфт, ки анҷоми ҳамаи ин корҳо ба осонӣ муяссар нашуд. Баъзе шахсоне, ки мехостем ҷалбашон намоем, дудила мешуданд, мавқеи устувор надоштанд, гоҳо маҷлисҳоро тарк мегуфтанд, гоҳо халалдор месохтанд. Борҳо ба мо - ташкилотчиёни ҳизб таҳдидҳо низ карда буданд. Вале, сарфи назар аз чунин монеаҳо, мо — аъзои кумитаи тадорукотии ҳизб корҳои ташкилиамонро анҷом дода, моҳи августи соли 1993 дар матбуот эълон кардем, ки кумитаи ташкилии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Баъд аз таъсисёбӣ ҳам, азбаски мо аз моликияти Ҳизби Коммунистӣ даст кашида будем, ҳамаи корҳои ташкилию хоҷагии ҳизбро аз ҳисоби дастгирии ҷонибдорони ҳизб ба сомон мерасонидем.
Дар аввал номи ҳизби мо «Халқӣ» буд, чунки бо мардум, бо халқ робитаи наздик доштан ҳадафи аслии он буд. Пеш аз Анҷумани муассисони ҳизб шумораи ҷонибдорони ҳизб хеле афзуд. Аммо ҷавҳари асосии ҳизб ҳамон нафароне буданд, ки моҳи июни соли 1993 ҷамъ омада, дар пайи эҷоди чунин ташкилоти сиёсӣ шуданд. Ин иқдоми мо дар ҷомеа вокуниши зиёде ба амал овард. Нафароне ҳам буданд, ки аз тариқи матбуот ҳар гуна кинояву сангпартоиҳо мекарданд. Хусусан, намояндаҳои ҳизби коммунист ба ин иқдоми мо муросо кардан намехостанд. Онҳо медонистанд, ки дар кишварҳои ҳамсояамон ҳамон Ҳизби коммунистиро бо дастгоҳу кормандонаш ба Ҳизби Халқӣ-Демократӣ табдил медоданду бо ҳамин гӯё ба демократисозии ҷомеа мепардохтанд. Вале, тавре қайд карда шуд, Роҳбари давлати Тоҷикистон ба ин гуна кор розӣ набуданд ва мехостанд, ки як ҳизби комилан нав Тоҷикистони навинро ба сӯи ҷомеаи демократӣ ҳидоят кунад.
Бо назардошти ҳамаи ин, мо тасмим гирифтем, ки аъзои кумитаи тадорукотии ҳизб аз тариқи матбуот баромад кунанд ва ба ҳамаи саволҳо ҷавоб гӯянд. Мо, як гурӯҳ аъзои кумитаи тадорукоти ҳизб Д.Давлатов, Қ.Расулов, С.Сафаров, Ҷ. Тағоев, Н.Асадуллоев тавассути рӯзномаҳо ва радиову телевизиони ҷумҳурӣ баромад карда, ба мардум мефаҳмондем, ки ҳадафи мо низоъ андохтан не, балке бо роҳи демократӣ пеш бурдани ҷомеа мебошад.
Аслан, ҳадафу мақсади таъсиси ҳизби мо он буд, ки барои мардум дар мавриди эъмори ҷомеаи демократӣ парчами сиёсӣ бошем. Моро лозим буд, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ наздик бошем, арзишҳои волои ҷомеаи башарӣ ва мутамаддинро бипазирем ва барои пешрафти иқтисоду иҷтимоиёти Тоҷикистони азизамон истифода барем. Аз ин дида роҳи беҳтар вуҷуд надорад.
Дар ҳамин даврае, ки мо ба созмон додани ҳизби тозабунёд машғул будем, дар ҷумҳурӣ комиссия оид ба таҳияи лоиҳаи нави Конститутсияи Тоҷикистон ба кор шуруъ кард. Азбаски ҳар як ҳизбу созмон дар доираи меъёрҳои Конститутсия амал мекунад, мо ҳам зарур донистем, ки то қабули Конститутсияи нав таъхир кунем, сипас Оинномаи ҳизбро бори дигар бо он мувофиқа карда, баъд ҳизбро сабти ном кунем. Ана ҳамин шуд як сабаби асосии ба таъхир афтодани сабти номи ҳизб ва баргузории Анҷумани муассисон. Танҳо моҳи декабри соли 1994, баъд аз қабули Конститутсияи нав, ба мо муяссар гардид, ки Анҷумани нахустинро гузаронем.
Дар айни замон бояд дар назар дошт, ки дар бисёр ноҳияҳои шарқӣ ва ҷанубии кишвар ҷанги шаҳрвандӣ бошиддат идома дошт. Дар чунин вазъияти ниҳоят душвору мураккаб Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташаккул ва обутоб меёфт. Бо мурури замон, ҲХДТ ба яке аз пурқудраттарин қувваи сиёсии ҷумҳурӣ мубаддал гардид, ки назар ба ҳар гуна неруҳои дигари сиёсӣ нуфузу эътибори хеле бештар дошта, аз ҷонибдории оммаи васеи мардуми кишвар бархӯрдор мебошад.
Воқеияти таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамин аст. Лекин аз чи сабаб бошад, ки имрӯз баъзеҳо, ҳатто аъзои ҳизб ҳамин ҳақиқати таърихиро зери суол монда, дар мавриди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фарзияҳои бебунёдро дар миён гузошта истодаанд. Гӯё моро дар вақташ ташкилотҳои байналхалқӣ ва ҳатто Русия фишор оварда бошад, ки ин ҳизбро ташкил диҳем. Вале ягон ақида, сохтор болои халқе ё миллате таҳмил карда намешавад. Агар иҷборан анҷом диҳанд, беоқибат аст. Ҳизби мо дар давоми солҳои фаъолияташ тавонист, ки дар миёни мардум маҳбубияти зиёд касб намояд, даҳҳо ҳазор нафар ғайриҳизбиро ба худ моил кунад ва ба кори давлатдорӣ ҷалб намояд.
Мо, тоҷикон, халқе ҳастем, ки таърихи хеле пурфоҷиаву мудҳишро аз сар гузаронидем. Ҳеҷ як халқи дигари ҷаҳон чунин таърихро аз сар нагузаронидааст. Вале халқи кӯҳанбунёду қавииродаи тоҷик ҳамаи он фарозу нишебҳои таърихро аз сар гузаронида, дар оташи он обутоб ёфта, имрӯзҳо дар радифи халқҳои дигари Осиёи Марказӣ ба сӯи ҷомеаи мутамаддин равон аст.
Вақте дар баъзе расонаҳо сатҳи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии имрӯзаи Тоҷикистонро бо кишварҳои дигари собиқ Шуравӣ муқоиса мекунанд, як падидаи муҳимро ба эътибор намегиранд. Аксари ҳолатҳо дар кадом вазъият қарор доштани кишвари мову кишварҳои дигари Осиёи Миёна дар замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ аз мадди назар дур мемонад. Агар аз рӯи адлу инсоф муқоиса карданӣ бошем, бояд ҳатман дар назар гирем, ки солҳои 70-80 уми асри XX дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаи шуравӣ якчанд конҳои бузурги истихроҷи газу нафт кашф шуда, қубурҳои интиқоли он ба бозорҳои ҷаҳонӣ низ ба кор даромада буданд. Ин қубурҳо гази Туркманистону Ӯзбекистон ва газу нафти Қазоқистонро ба хориҷи кишвар ба фурӯш мебурданд. Аз рӯзе, ки ин кишварҳо соҳиби истиқлолият шуданд, аз ҳисоби фурӯши газу нафт ба хазинаи онҳо даҳҳо миллиард доллар маблағ ворид мешуд. Чунин маблағҳои афсонавиро онҳо ҳатто орзу карда наметавонистанд. Дар Қирғизистон ҳам яке аз калонтарин конҳои тиллои Шуравӣ бо номи «Қумтор» сохта шуда буд, ки соле даҳҳо тонна тилло истихроҷ мекард.
Акнун муқоиса кунед бо вазъи Тоҷикистон – мо на танҳо аз газу нафт маҳрум будем, балки дар замони бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳар чизе ки арзиш дошт, аз ҷумҳурӣ ба ғорат бурда шуд. Мо, бо ҷангу ҷидоли дохилӣ овора, ҳатто аз тақсими мероси Шуравӣ ҳам маҳрум мондем. Ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Миёна, мисли ҷумҳуриҳои дигари собиқ Шуравӣ, ба истиснои Тоҷикистон, ҳамон вақт соҳиби миқдори зиёди техникаи ҳарбии Шуравӣ, аз ҷумла танкҳову тайёраҳои ҷангӣ, ки қиммати онҳо садҳо миллион долларро ташкил медод, шуда буданд.
Лекин, бо вуҷуди ин ҳама, мо имрӯз шукр мекунем, ки ҳолати иқтисодии мо аз ҳамсояҳо беҳтар набошад ҳам, бадтар нест. Ҳол он ки ҳар як сомонии ба хазинаи давлати Тоҷикистон воридшуда на аз ҳисоби даромади манбаъҳои табиӣ, балки бо заҳмату арақи ҷабини халқи меҳнатдӯсти мо пайдо шудааст.
Ба шарофати талошҳои пай дар пайи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем ягонагии давлатамонро нигоҳ дорем ва ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшему барои ободию зебогии Ватани азизамон кӯшишҳо ба харҷ диҳем. Бузургтарин хизмати Президенти Тоҷикистон дар он буд, ки дар майдони холӣ, аз сифр шуруъ карда, тавонист давлати соҳибистиқлоли моро созад. Замони ҷангу ҷидоли дохилӣ ними ин давлат сӯхтаву валангор шуда буд, мардум аз зағораву донаи ҷорӯб орд карда нон мехӯрданд, лекин Пешвои миллат тавонист сулҳу ваҳдатро пойдор, сӯхтаҳоро бартараф, мардумро муттаҳид, дастархони халқро обод ва шиками мардумро сер намояд. Воқеияти таърихи Тоҷикистони навин ҳамин аст.
Он рӯзҳо ин ободиву фаровониеро, ки мо имрӯз дорем, мардум ҳатто тасаввур намекарданд, ки ба чунин рӯзҳо мерасанд. Имрӯз давлати мо чи қадар зебову обод гашта, ба яке аз марказҳои муҳимми сиёсати байналмилалӣ мубаддал гардидааст.
Вале дастовардҳои Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати муқтадиру муосир боз баъзеҳоро ба таҳлука овардааст ва тавре маълум аст, онҳо кӯшиш карда истодаанд, ки вазъи сарҳадоти Тоҷикистонро ноором созанд. Тавре маълум аст, кафили устувории давлат ваҳдати миллӣ мебошад. Барои пеши роҳи ин иғвогариҳоро гирифтан, роҳи асосӣ — якдилию муттаҳидии мардум дар атрофи Пешвои миллат, хусусан якдилию муттаҳидии элитаи сиёсии кишвар ва садоқату самимияти онҳо дар атрофи Президент мебошад. Агар мо муттаҳид бошем, ба халқу давлат ва манфиатҳои миллӣ содиқ бошем, ягон нафар ҷуръат намекунад, ки нисбати мо фитнаву дасисае ангезад.

Давлаталӣ Давлатзода - собиқадори ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: