Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САБАҚҲО АЗ МУЗОКИРОТИ СЕГОНА

САБАҚҲО АЗ МУЗОКИРОТИ СЕГОНА

5-05-2023, 11:51
Хабарро хонданд: 351 нафар
Назарҳо: 0
САБАҚҲО АЗ МУЗОКИРОТИ СЕГОНА
Аз кӯлбори таърих


Роҳбари давлати Шуравӣ Иосиф Виссарионович Сталин дар муддати қариб 31 соли роҳбари СССР будан фақат ду бор аз хоки ин кишвар берун рафтааст. Аз ин ду сафари хориҷии шахсе, ки воқеан аз соли 1922 ( пас аз котиби генералии КМ Ҳизби коммунист интихоб шудан), яке ба кишвари Эрон буд. Иосиф Виссарионович Сталин дар ин муддати тӯлонӣ мақоми раиси Шурои комиссарҳои халқии ИҶШС ( (солҳои 1941—1946), раиси Шурои вазирони СССР (аз соли 1946 то 1953, яъне то дами марг) бар уҳда дошт. Сафари фавқулодаи ӯ ба Эрон ва ҳамчунин сафари дуввумаш аз рӯйи зарурат ва бо мақсади иштирок дар конференсияи роҳбарони се кишвари иттифоқчӣ - СССР, ИМА ва Британияи Кабир ба вуқуъ омад. Ҳар ду сафар ҳам бо ҳолатҳои нотакрори худ аз сӯйи шоҳидони ин рӯйдодҳо ба таври васеъ ёддошт шуда, дар саҳифаҳои таърихи ин се кишвар маҳфуз мондааст.
КОНФЕРЕНСИЯИ ТЕҲРОН

Конференсияи таърихии роҳбарони се кишвар СССР, ИМА ва Бртинаияи Кабир аз 28 ноябр то 1 декабри соли 1943 пас аз гардиши куллӣ дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар маҷмуъ, дар ҷараёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, ки ин мафҳум ҳоло бештар ба кор бурда мешавад, ба вуқуъ пайваст. Он дар Теҳрон, дар маҷмаи дипломатии Иттифоқи Советй ва Англия, ки бо «даҳлези бехатар» бо якдигар пайваст буд, барпо гардид.
Аз поён ёфтани ҷанг вақти бисёре нагузашта, доир ба ин мулоқот дар Лондон муҷассамаи машҳури “Иттифоқчиён” сохта шуд, аммо дар он роҳбарони фақат ду давлат- Британия ва ИМА таҷассум ёфт. Ин тасвир маънои хеле рамзӣ дошт ва таҷассуми ҳамон идеяе буд, ки ба тамоми ҷаҳон нишон диҳанд, дар ҷанг бо Гитлер — Англия ва ШМА ғалаба карданд ва Сталину СССР ҳеҷ нақше надоранд.
Дар посух ба норозигии кишвари сеюм, англо-саксонҳо барои худсафедкунӣ шарҳ доданд, ки муҷассама ба конференсияи Теҳрон ягон алоқае надошта, балки таъкиди онҳо ба муносибатҳои хуби роҳбарони ҳар ду давлат аст.
Ин албатта дар омади гап буд ва ҳоло бармегардем, ба сафари нахусти Сталин ба берун аз Иттиҳоди Шуравӣ.
Ин сафар ва ҳамчунин боздиди ду роҳабри дигари кишвари иштирокчӣ дар ҷанг муқобили Олмони фашистӣ комилан махфй ва мулоқоти “иттифоқчиён” ҳам дар Теҳрон дар шароити пӯшида гузашт. Муносибатҳои байни СССР ва Эрон дар он давра муҳкаму робитаҳояшон ҳам устувор буд. Барои онҳое, ки баҳс карданро дӯст медоранд - аз ҳама ҷойҳои пешниҳодшуда, Сталин маҳз Эронро интихоб кард. Ва ин тасмим на аз он сабаб гирифта шуд, ки ин кишвар дар масофаи наздик ва ҳаммарз бо Шуравӣ буд, балки ба он сабаб буд, ки ӯ ба раҳбари Эрон - Муҳаммад Ризошоҳи ҷавон эътимод дошт. Ба он далел шоҳи ҷавон гуфтем, ки ҳамагӣ 23 -сола буду андаке беш аз 2 сол дар тахт нишаста, ба кишвар роҳбарӣ мекард, Барои дӯстдорони санаҳои таърихӣ ёдовар мешавем, ки ӯ соли 1940 ба тахт нишаста, то соли 1979 шоҳи Эрон буд, Муҳаммад дуюмин ва охирин роҳбари Эрон аз сулолаи Паҳлавӣ буд, ки пас аз падараш Ризошоҳ тоҷи шоҳаншоҳӣ насибаш гардид.
Аз вохӯрии сегона дида, таърихнигорон ба мулоқоти Сталин бо шоҳи Эрон бештар таваҷҷуҳ кардаанд.
Маҷлиси онҳо дар Қасри шоҳ барпо гардид. Чизи муҳим дар вохӯрӣ ин буд, ки маҳз Сталин ба раҳбари ҷавони Эрон эҳтиром ва муҳаббат зоҳир кард. Черчилл ва Рузвелт низ бо фориғболӣ шоҳи ҷавонро барои вохӯрӣ даъват намуда, мисли мактаббача ӯро маҷбур карданд, ки қариб як соат «дар толори интизорӣ» маътали иҷозат бишинад. Аммо замоне дипломат ва шахси бовариноки шоҳ ба сафорати Шуравӣ занг заду омодагии шоҳро барои мулоқот бо роҳбари Шуравӣ хабар дода, пурсид, ки Сталин кай метавонад ӯро ба ҳузур бипазирад, Иосиф Виссарионович фармуд, ки аз шоҳ бипурсанд, кай ва дар куҷо қабул кардани раҳбари Шуравӣ барояш қулай аст!
Тибқи ёддоштҳои корманди разведкаи Шуравӣ Геворк Вартанян, ки дар амалиёти тайёр кардани сафари маҳрамонаи Сталин ба Эрон дар соли 1943 иштирок дошт, ҳамин ки Сталин вориди толори тахт шуд, шоҳи ҷавон ба зону афтода бо пешво салом дод ва ният дошт, ки дасти Сталинро бибӯсад, аммо Иосиф Виссарионович Муҳаммадро бардошта, худ ба ӯ таъзим карда, арзи эҳтиром ба ҷо овард.
Мувофиқи хотираи маршали авиатсия Голованов, ки дар ин сафар бо роҳбари СССР ҳамроҳ буд, суҳбати Сталин бо Муҳаммади ҷавон зиёда аз як соат давом кард. Сталин аз шавқу ҳаваси шоҳи ҷавон ба авиатсия огоҳӣ дошт, дар поёни суҳбат ба шоҳ ҳавопаймои сабуки ҳарбӣ ҳадя кард.
Голованов дар ёддоштҳояш навиштааст: «Рафиқ Сталин маҳз дар соати муайяншуда бо шоҳи Эрон вохӯрд, пас аз салому алейк ва аҳволпурсӣ бо ӯ суҳбати дуру дарозе кард. Дар рафти суҳбат таъкид гардид, ки ҳар як меҳмон бояд ба соҳибхона иззату эҳтиром дошта бошад, ӯро зиёрат кунад ва барои меҳмоннавозӣ миннатдорӣ баён кунад».

Ба нишони эҳтироми бузург ба таваҷҷуҳи Сталин, ҷодае, ки бо он ҳайати вакилони Шуравӣ он вақт ба сӯйи Қасри шоҳ рафта буданд, барои муддати дароз «Хиёбои Сталин» номгузорӣ шуд!
Муносибатҳои дӯстонаи Иттиҳоди Шуравӣ бо Эрон то замони сарнагунии Муҳаммад дар соли 1979 идома ёфтанд.
КОНФЕРЕНСИЯИ ПОТСДАМ
Ин конференсия 17 июл — 2 августи соли 1945 баргузор шудааст. Олмони фашистиро мағлуб карда, «иттифоқчиён» қарор доданд, ки бори дигар вохӯранд. Ин мулоқоти сеюми роҳбарони се кишвар Иттиҳоди Шӯравӣ, ИМА ва Англия буд. Бори дуюм Сталин, Рузвелт ва Черчилл 4—11 феврали соли 1945 дар шаҳри Ялта бо ҳам дидор карда, гирди як миз нишаста буданд, ки ҳамон ҳайати пешинаи иштирокчии мулоқот дар Теҳрон буд. Дар мавриди вохӯрии дуюм Черчилл - ташаббускори мулоқот, пешопеш бо раҳбари нави ИМА Гарри Трумен машварат кард, ки Маскав ҳам ба ин пешниҳод вокуниши мусбат нишон дод.
Дар бораи мулоқоти сеюм, ки бо иштироки президенти нави ИМА бояд мегузашт, Сталин гуфт: «Ман фикр мекунам, ки вохӯрӣ зарур аст ва ин мулоқотро дар наздикии Берлин ташкил кардан мувофиқтар аст. Ин шояд дуруст ва аз ҷиҳати сиёсӣ муҳим бошад...”
Ду кишвар англосаксонӣ эътироз карданӣ шуданд, ки ки гӯё Сталин боз пешдастӣ намуда, раҳнамоӣ мекунад ва боз бо амри ӯ ҷойе чун дар ду нишасти қаблӣ интихоб шудааст. Аммо макони дигару мувофиқтаре наёфта, розӣ шуданд, ки дар наздикии Берлин, ҳамон гуна ки, Сталин мехост, мулоқот баргузор кунанд. Қалъаи аз бомбаборонҳо наҷотёфтаи Cecilienhof, қароргоҳи собиқи шоҳзода Вилҳелм дар Потсдам, ҷои муносиб ва барои вохурӣ мувофиқ дониста шуд. Ин қасри он замон боҳашамат 176 ҳуҷраи шоҳона дошт. Аз онҳо 37 ҳуфра барои мулоқот омода карда шудаанд.
Тайёрӣ тақрибан ду ҳафта давом кард. Барои таъмини бехатарии ҳайати Шуравӣ дар ин мулоқот Л. Берия масъул буд. Гурӯҳи минаҷӯёни Шуравӣ се бор калъаи Потсдамро бозрасӣ карданд. Барои бо хӯроки пурра ва муносиб таъмин намудани ҳамаи иштироккунандагон ва ҳайатҳои вакилон се ферма — сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ вобаста гардид. Барои даромадан ба толори калоне, ки дар он ҳамаи маҷлисҳо барпо гардиданд, се даромадгоҳи алоҳида сохта шуд. Аз Москва барои ҳамин толор як мизи бузург овардаанд, зеро дар Берлин мизи мувофиқро пайдо накарданд.
Гулпарварон ва мутахассисони боғдории Шуравӣ, ки барои ороиши саҳни қалъа вобаста ва аз Москва даъват шуда буданд, дар як муддати кутоҳ зиёда аз 10 ҳазор бех гул шинонданд. Бо дарназардошти он ки меҳмонони зиёд ба конференсия омаданд, барои ҳайатҳои вакилон бештар аз 60 хонаи иловагй ҷудо карда шуд. Як бинои дуошёна бо айвон ва 15 ҳуҷра шахсан барои Сталин пешбинӣ шуда буд.
Барои бехатарии ҳайати Шуравӣ 7 полки неруҳои НКВД ҷудо карда шуд, ки ҳадди ақали сарбозу афсарони як полк аз 400 то 2000 нафар буд. Беш аз 1500 нафар корманди амниятии Шуравӣ дар худи калъа муҳофизати ҳайати вакилонро таъмин карданд.
Меҳмонхонаи «Интурист» - и Москва зиёда аз сад нафар хизматчиён — пешхизматҳо, ошпазҳоро таъмин кард. Ҳамаи онҳо забони англисиро медонистанд ва табиист, ки ҳамаи онҳоро кормандони Кумитаи бехатарӣ ба кор гирифта буданд ва рисолати асосии онҳо «чашму гӯш» будан дар ин чанд рӯз буд. .
Бар хилофи ҳамтоёни ғарбии худ, роҳбари Шуравӣ тасмим гирифт, ки "бо роҳи заминӣ" - бо поезд худро ба маҳали конференсия мерасонад, Поезди зирехпӯше, ки Сталин ба роҳ баромад аз посбонхо пур буд. Дар як муддати кутоҳ хатти роҳи оҳан аз Полша то Берлин ба стандарти Советӣ аз нав сохта шуд. Барои маълумот - ин тақибан 820 км роҳи оҳан буд! Баъди ба Москва баргаштани ҳайати вакилон қитъаи роҳи оҳан дубора ба стандарти аврупоӣ баргардонида шуд.
Ҳар як километр роҳи оҳанро дастаи иборат аз 5—15 нафар сарбозон посбонй мекард. Илова бар ин, якчанд қаторҳои иловагии зиреҳпӯшбуда низ дар ин масир ҳаракат мекарданд, то нақшаҳои эҳтимолии душманони Сталинро ба иштибоҳ андозанд.
Шоҳи Англия Ҷорҷ VI низ аз созмондиҳандагони конференсияи Потсдам хоҳиши бо роҳбари Шуравӣ вохӯрдан ва бо роҳбарони се кишвари иштирокчӣ ва ҳамроҳ хӯрдани гизои шомро кард, аммо Сталин ҳузури ӯро рад намуд.
Дар ин робита дар мактуби Сталин ба Черчилл аз 23 июни соли 1945 омадааст: "Дар барномаи ман мулоқот бо шоҳ нест, балки мақсад мулоқоти се нафар буда, ки мо қаблан бо шумо ва президент тавассути паёмҳои худ мубодила карда будем ..."
Махз дар хамин чо, дар конференсияи Потсдам Трумэн ва Черчилл найранг ба «шантажи ядроии» таърихӣ карда, гӯё дар омади гап гуфтаанд, ки ИМА ҳамакнун як яроқи нави дорои қувваи фавқулода сохтааст. Вокуниши Сталин, ба гуфтаи манобеи мухталиф, танҳо бо як ишора маҳдуд будааст. Зеро 12 рӯз пеш аз ин вохӯрӣ, вақте ки америкоиҳо аввалин бор ин яроқро санҷиданд, гурӯҳҳои иктишофии Шуравӣ тамоми маълумот дар бораи ин яроқро бо шарҳи муфассали техникиаш ҷамъ оварда, рӯйи мизи Сталин гузошта буданд.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: