Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТҲОИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТҲОИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

24-04-2023, 14:47
Хабарро хонданд: 174 нафар
Назарҳо: 1
АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТҲОИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Зиндагинома ва мактаби пуршарафу бузурги давлатдории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фарогири ҳазорҳо саҳифаҳои корнамоӣ мебошанд, аз ҷониби донишмандону муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар шакли мақола, маҷмуаҳо, асарҳои якҷилдаву ва бисёрҷилда ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок ба табъ расидаанд. Ҳар кадоми онҳо дараҷаи корнамоии пуршарафи давлатдории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт намоён месозад.
Аз ҷониби Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатӣ лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” ҷиҳати омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдатарини фаъолияти Пешвои миллат пешниҳод гардида, олимону донишмандони варзида, вакилони мардумӣ, собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ ва кормандони касбу кори гуногуни воломақом ва пуртаҷриба, ки бевосита дар эҳёи давлатдории навини миллӣ дар паҳлӯи Роҳбари давлат буданд ва аз мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақ омӯхтаанд, ба лоиҳаи мазкур ҷалб гардиданд.
Таҳия ва нашри як силсила осори муҳиму бунёдӣ зери унвони “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” дар ҳаҷми 5 ҷилд тарҳрезӣ гардидааст, ки ҳар як самти фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоҳида мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифтааст. Бо кӯшишу заҳмати донишмандони лоиҳа осори мазкур зери назари Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ дар ҳаҷми 5 ҷилд – ҷилди аввал дар ҳаҷми 392 саҳифа, ҷилди дуюм дар ҳаҷми 424 саҳифа ва ҷилди сеюм дар ҳаҷми 506 саҳифа, ҷилди чорум дар ҳаҷми 552 саҳифа ва охирин ҷилд дар ҳаҷми 480 саҳифа, ки дар маҷмуъ 2354 саҳифаро фаро мегирад, ба табъ расид. Нашри силсила - тадқиқоти маҷмуавие, ки аз ҷониби Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омада ва нашр гардид, арҷгузории кормандони Академияи идоракунӣ ба хизматҳои тақдирсоз, содиқонаву созанда ва заҳматҳову қаҳрамониҳои хастанопазири Пешвои миллат мебошад. Дар ҷилди 5 -и китоби мазкур низ бамаврид ишора шудааст: “Миллате, ки таърих ва бузургони гузаштаи худро қадр мекунад, саодатманд аст, бузургтару саодатмандтар, ба қавли хирадмандон, миллатест, ки ба қадри бузургон ва қаҳрамонони зиндаи худ мерасанд”.
Маҷмуи мазкур хусусияти универсалӣ дошта, дилхоҳ муҳаққиқ - сиёсатшиносу ҳуқуқшинос, таърихшиносу дипломат, иқтисодчиву ҷомеашинос метавонад маводи лозимаро ба даст орад.
Дар пешгуфторҳои таълифот, ки аз ҷониби академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров ва ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдухалил Ғафурзода таҳия шудаанд, андешаҳои ҷолиб оид ба таҳияи тадқиқоти мазкур воқеъбинона мавриди таҳқиқ қарор гирифта, ишора менамоянд, ки воқеан, хизмати бузурги таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлоли миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдорӣ ба даст оварда, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақоми ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт, Артиши миллӣ ва неруҳои посбонии сарҳадро таъсис дод, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт ва эътибори сиёсии давлатро дар арсаи баёналмилалӣ афзуд.
Таълифоти мазкур бо истифода аз асарҳои гуногуни дар давраи истиқлол таҳияшудаи илмӣ аз ҷониби муаллифон омода гардида, аз лиҳози сабк ва банду басти ҷобаҷогузории мавод ва тарзи пешниҳоди онҳо дар фарқият аз дигар маҷмуаҳое, ки дар бораи корнамоии шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расидаанд, ба куллӣ фарқ намуда, як таҳқиқи илмии ҷомеи академӣ мебошад ва вижагии дигар дар он аст, ки таҳқиқотҳо диди консептулӣ доранд ва далелҳои дақиқу амиқе баён гардидаанд, ки дар дигар нашрияҳо чоп нашудаанд.
Муаллифон дар ин таълифот тағйиротҳо ва дастовардҳои гуногуни давлатдорие, ки бо талошу заҳматҳои хастанопазир ва андешаҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат дар ҷомеаи навини тоҷик ба вуқӯъ омадаанд, ба таври мушаххас баён кардаанд. Аҳамияти таърихию методологӣ ва илмии маҷмуа барои инкишофи беш аз пеши давлатдории Тоҷикистон ва дигар давлатҳо аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, мо хостем доир ба ин таълифот ба таври фишурда андешаҳои худро баён намоем.
Маҷмуаи мавриди назар аз силсилаи таҳқиқоти пурвусъату гаронмоя доир ба ҷараёни хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, мутолиаи он собит менамояд, ки аз зиндагиномаи Пешвои миллат ҳикоят намекунад, балки донишномае роҷеъ ба мактаби бузурги давлату давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла нақш ва мақоми ӯ дар рушди давлатдории миллӣ, истиқлоли давлатӣ, барқарории сулҳу оромиш дар кишвар, ташкили Артиши миллӣ ва ҳифзи марзҳои давлат, амну суботи сиёсии ҷомеа, таҳкими идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, созандагиву бунёдкорӣ, маорифпарвариву фарҳангсолорӣ, бунёди инфрасохтори соҳаи иқтисодиёт ва рушди босуботи давлатдорӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани давлатдорӣ, дастёбӣ ба таъмини амнияти озуқаворӣ, имкониятҳои саноатикунонии босуръати давлатдорӣ, эҳё ва рушди арзишҳои миллӣ, пос доштани мероси таърихиву фарҳангии давлатдорӣ, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа, ташаккули заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ислоҳоти низоми мақомоти ҳокимияти қонунгузор, инкишофи ҳокимияти судӣ ва таҳкими адолати судӣ, бунёди хизмати давлатӣ ва ниҳоди кадрсозӣ дар давлат, поягузории дипломатия ва сиёсати хориҷии давлат, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, ҳамкориҳои давлатӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва иттиҳодияҳои байнидавлатӣ, пешгирии экстремизм, терроризм ва дигар хатарҳои глобалӣ, марҳалаҳои давлатсозӣ, омилҳои таърихи баргузории Иҷлосияи XVI -уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фалсафаи ваҳдат ва ҷойгоҳи он дар ташаккули мактаби давлатдорӣ, ташаккули тафаккури давлатсозии ҷавонон, ташаккул ва рушди низоми иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, рушди саноат, сиёсати иқтисодии рақамӣ, таъмини рушди сайёҳӣ, стратегияи рушди “Иқтисоди сабз”, рушди маориф, илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ташаккул ва рушди сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккул ва таҳаввули сиёсати миллии зиддикоррупсионӣ дар Тоҷикистон, ташаккул ва рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон, “Дипломатияи об”-и Тоҷикистон: дар ҳамгироӣ бо кишварҳои ҷаҳон, муборизаи беамон бар зидди таҳдиду чолишҳои нави ҷаҳонӣ, талошҳо баҳри ҳамгироии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамҷавор, рушди иқтисодӣ-иҷтимоии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, рушди фарҳанги миллӣ, рушди мақомоти маҳаллӣ ва ғайра мебошад. Аз ин дидгоҳ, мавзуъ ва мундариҷаи таълифоти мазкурро чунин дастабандӣ намудан имкон дорад:
а) Талошу муборизаи Пешвои миллат баҳри хомӯш намудани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ;
б) Ҷаҳду талош барои пойдории сулҳи устувор ва ба ҳаёти осоишта баргардонидани низоми иҷтимоӣ;
в) Рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсӣ;
г) Таҳкими сохтори давлатдорӣ;
д) Муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён;
е) Ҷаҳду талош дар ҳалли муаммоҳои башарӣ;
ё) Танзими муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики ҷаҳон;
ж) Ташаккул ва рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
з) Эҷоди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ.
Аз ин дастабандии зикршуда маълум мегардад, ки дар маркази диққати муаллифон ҷанбаҳои гуногунпаҳлӯи давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бидуни муболиға ба қалам кашидаанд.
Пешвои миллат баҳри хомӯш намудани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, пойдории сулҳи устувор ва ба ҳаёти осоишта баргардонидани низоми иҷтимоии ҷомеа аз тамоми имконияту таҷриба ва донишу малакаи худ истифода намуданд. Муҳаққиқ Зариф Ализода қайд менамояд, ки баъд аз анҷоми Иҷлосияи XVI Раиси нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба Ватан ва оғози музокирот бо мухолифини собиқ равона намуд [Ҷ.1., с. 32-33]. Баъд аз анҷоми баргузории музокирот созиш ҷиҳати оташбас миёни ҷонибҳо ба даст оварда шуд ва аз ҳамон лаҳза оғоз карда, ҷамъият рӯ ба субот ва низоми давлатӣ овард.
Дуруст аст, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорон нафар сокинони мамлакат хонаҳои истиқоматии худро тарк намуда, қисмате дар дохили кишвар (700 000 нафар) маскани худро тағйир доданд ва қисми дигар ба кишварҳои ҳамсоя (195 000 нафар), аз ҷумла ба Афғонистон (60 000 нафар) фирор намуданд ва тақдири як қисми дигаре то ҳол маълум нест. Ҳакимзода Ш.С. дар маҷмуаи мазкур вобаста ба масъалаи гурезагон ва баргардонидани онҳо ба маҳали зисташон, ки вобаста ба ин, қабл аз ҳама, зарурати қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда лозим буд, ишора менамояд, ки зери роҳбарии бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезагон”, Фармонҳои Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”, “Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсоне, ки сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда ва мехоҳанд ба Ватан баргарданд” қабул карда шуд [Ҷ.1., с. 38]. Муаллиф ҳамчунин дар самти бозгардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, ки 16-уми ноябри соли 1997 гурезаи охирин ба Ватан баргашт, таҷрибаи давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро як таҷрибаи муваффақ дар сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ намудааст.
Ин ҳама падидаҳои мусбат боиси он гардидааст, ки мавқеи давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуда, нуфузи ӯ қавитар ва таҳқиқу омӯзиши давлатдорӣ ва ҳифзу таҳкими рушди босуботи он барои дигар давлатҳои аз ҷиҳати рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва амнияту субот заиф омӯхта шавад. Маҷмуаи мазкур барои ба наслҳои оянда расонидани хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат хоҳад кард ва дар андешаи онҳо худшиносӣ, тафаккури таҳкими давлатдории миллӣ ва поянда нигоҳ доштани рукнҳои муҳими давлатдориро ташаккул хоҳад дод. Инчунин, китоби мазкур дар худ таҷрибаи муваффақонаи давлатсозии демократиро инъикос намуда, ҳамчун дурнамо дар роҳи рушду тараққиёти ҳамаҷонибаи давлати миллии имрӯз ва фардо хизмат хоҳад кард. Ба қавли профессор Абдухалил Ғафурзода, гуфтан мумкин аст, ки ин китоб хотира ва оинаи таърихи даврони соҳибистиқлоли миллии мо мебошад.

Р.М. Додихудоев - мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Enriqueta 6 июня 2023 19:12
maltrecho prochlorperazine nausea opioid withdrawel agencydating what is
the brand name for compazine
- compazine/demerol neurological reaction prochlorperazine causing anxiety bedzieza compazine im dose
ems
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: