САРДИҲО МЕГУЗАРАНД...25-01-2023, 12:21
Хабарро хонданд: 424 нафар
Назарҳо: 0
Сардии зимистони имсола, ки тайи 15-соли охир бесобиқа дониста мешавад, шояд чандсолаҳои дигар дар ёдҳо боқӣ монад, аммо некиҳо фаромӯш нахоҳанд шуд. Сардиҳои рӯзҳои 11-15-уми январи соли равон то дер боз аз ёди сокинону меҳмонини пойтахт зудуда нахоҳад шуд. Агарчи на он қадар барфи зиёд борида бошад ҳам, вале сардии ҳаво тайи ин чанд рӯзи охир аз зимистони соли 2008 ин ҷониб бесобиқа буд. Бо мақсади дар рӯзҳои сард бо барқи доимӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат, бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 11 - январ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳдудияти неруи барқ пурра аз байн бардошта шуд. Таътили зимистонаи хонандагон, ки 10 январ ба охир расида буд, бо сабаби сардии зиёд як маротиба то 16 январ ва маротибаи дувум то 20 январ тамдид карда шуд. Бориши барф ва якбора сард шудани ҳарорати ҳаво мушкилиҳои зиёдеро ба бор овард. Дар муддат ин мудат дар роҳҳои мошингарди Рӯшон - Бартанг ва Душанбе – Хуҷанд 8 – 10 ҳодисаи лағжиши тарма ба вуқӯъ пайваст. Ин шабу рӯз аз ҳисоби воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои хавфноки роҳҳои кишвар навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуд. Бинобар сабаби сардиву яхбандӣ, дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ садамаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Инчунин, дар минтақаҳои кӯҳистони мамлакат ҳайвонҳои ваҳшӣ аз доманакӯҳҳо ба водиҳо фаромада, ба молу чорвои сокинон ҳамла карданд. Чунин ҳолат дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст. Дар шаҳри Душанбе бошад, бо сабаби барфрезии зиёд ва якбора сард шудани ҳарорати ҳаво роҳу ҷодаҳо ва дарахтону буттаҳо зери барф монда буданд. Барои тоза кардани роҳу хиёбонҳо ва мавзеъҳои аҳолинишин аз барф, наздики 3500 нафар кормандони коммуналии пойтахт ва Муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои шаҳри Душанбе аз субҳи барвақт то як ҳиси шаб кор мекарданд. Онҳо барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо бо роҳи тозакунӣ ва пошидани маводи зидди лағжиш (қум ва намак) машғул буданд. Аз ҷониби масъулини чор ноҳияи шаҳри Душанбе 205 адад техника барои тоза намудани роҳҳо аз барф сафарбар гардида, бехатарии роҳҳо таъмин шуд. Вале, мутаассифона, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе сокинони маҳаллаҳои "Жилмассив", 101, 102 ва 103-и шаҳри Душанбе аз набудани обу гармӣ шикоят карданд. Албатта, сардиҳои чанд рӯзи ахир барои бисёриҳо ташвишовар ва нороҳаткунанда ба назар мерасид, аммо иддае ин сардиҳои тоқатфарсоро бо иҷрои амалҳои нек паси сар намуданд. Дар ин рӯзҳо, ки бисёриҳо бо мушкилӣ то коргоҳашон мерафтанд, нафароне низ буданд, ки ихтиёрӣ ба тозакунии роҳу ҷодаҳо ва тоза намудани дарахтон аз барф даст ба кор мешуданд. Албатта, на ҳама дар ин рӯзҳо хоҳиши аз коргоҳ ва ё хонаҳояшон ба берун баромаданро доштанд. Аммо, кормандони баъзе аз муассисаву ташкилот дастаҷамъона ба кӯчаҳо баромада, роҳҳо ва дарахтони зери барф мондаи назди коргоҳҳояшонро аз барф тоза карданд. Аз ҷумла, омӯзгорону кормандони техникии Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" рӯзи 13-уми январ роҳи мошингарди назди дарвозаи литсейро аз барф тоза карда, ба хотири бехатари одамон ба роҳи пиёдагард маводи зиддилағжиш пошиданд. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе низ роҳу ҷодаҳои атрофи коргоҳашонро аз барфу яхпораҳо тоза намуданд. Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз ҷониби кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва волонтёрони назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар кӯчаи Бухоро дарахтон ва роҳравҳои назди биноҳои баландошёна аз барф тоза карда шуданд, ки ин амал шоистаи пайравӣ барои дигарон мебошад. Кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе бо мақсади эмин будани парандагон ва ҳайвонот аз сардиҳои фасли зимистон дар талу теппаҳои Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» корҳои биотехникӣ анҷом дода, дар мавзеъҳои алоҳидаи боғи мазкур ба миқдори 300 кг донагӣ ва 25 баста алафи хушк ҷойгир карданд. Ду гулдухтари тоҷик дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе ба як гурӯҳ занҳое, ки саргарми кор буданд, қаҳваю ширинӣ тақдим карданд. Навори видеоии ин амали гулдухтарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибдорони зиёд пайдо кард. Аз ҷумла, ҳазорҳо нафар корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook ба ин гулдухтарон аҳсану офарин хонданд. Онҳо тавонистанд, ки бо ин амали хайрхоҳонаи хеш дили ҳазорҳо нафарро ба даст биоранд. Онҳо ин сардиҳоро бо дилгармӣ истиқбол намуда, бо муҳаббат сипарӣ хоҳанд кард. Зимистон низ яке аз чаҳор фасли зебои сол аст, ки феълан дар кишвари мо ҳукмфармост. Бо гарм шудани ҳарорати ҳаво сардиҳо фаромӯш шуда, некиҳо боқӣ хоҳанд монд. Ибодуллоҳи ТОҲИР
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.