Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АВФ ВА ГУЗАШТ МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ИНСОНДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

АВФ ВА ГУЗАШТ МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ИНСОНДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

20-01-2023, 18:04
Хабарро хонданд: 674 нафар
Назарҳо: 0
АВФ ВА ГУЗАШТ МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ИНСОНДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Таҷрибаи сулҳофарии мо собит сохт, ки ғояҳои ваҳдату башардӯстӣ ва фарҳангиву ватанпарастӣ муҳимтарин унсури андешаи миллии тоҷикон мебошанд. Дар натиҷаи ҳидояти ҳамин андешаи миллӣ ва хиради азалӣ буд, ки пеши роҳи бародаркушиву худсӯзии миллатамон сари вақт гирифта шуд.
Эмомалӣ Раҳмон

Аз гузаштагон ривояте омадааст, ки шахсе ба хотири касб намудани луқмаи ноне аз хона берун мешавад. Муддате мегардад, кореро барои дарёфти ризқ пайдо намекунад. Дар роҳ мардеро болои маркаб (хар) мебинад. Барои аз хурҷини ин мард чизе пайдо намудану гирифтан он савораро бо санг мезанад. Савора аз маркаб афтида мемирад.
Дар ин асно писари мақтул мебинад, ки падараш кушта шуд, қотилро ба назди Амиралмуъминин ҳазрати Умар мебарад ва фоҷеаро қисса мекунад. Умар аз қотил пурсид, ки бо чӣ гуноҳ ӯро куштӣ? Мард дар ҷавоб гуфт:
-Қасам ба Худо, ки ман қасди куштани ӯро надоштам. Хостам аз хурҷинаш чизеро бигирам, аммо кор ба ҷойе расид, ки бо як санг ӯ мурд.
Ҳазрати Умар гуфт:
-Қассос шав.
Вақте ки Умар ҳукми қассосро дод, ин мард як бори дигар бедор шуд: чӣ коре кард, ки кушта мешавад.
Аз Умар хоҳиш кард, ки ба ӯ фурсати гуфтан диҳад. Қотил гуфт, ки барои луқмаи нони хонавода ба чунин рӯз гирифтор шуд.
Умар хоҳиши охирини ӯро пурсид. Қотил аз ӯ се рӯз муҳлат хост: як рӯз барои ба хонааш рафтан, ки фосилаи якрӯзаи роҳ дошт, як рӯз барои бо хонавода будан ва гуфтаниҳояшро ба онҳо расонидан ва як рӯзи дигар барои бозгаштан.
Ҳазрати Умар шахси латиф ва меҳрубон буд, аз саҳобагон пурсид, ки ин қотилро кӣ кафолат дода метавонад, ки ӯ хоҳад баргашт? Ҳамагӣ ором гирифтанд, сукут карданд, зеро касе шахсияти қотилро намедонист. Ҳамагӣ аз кафолати шахси қотил, ҷинояткор, гунаҳкор, бегона ва маҳкумшударо ба дӯши худ гирифтан андеша дошт.
Аз миёни саҳобагон Абузари Ғифорӣ даст баланд карда, изҳор намуд, ки кафили ин маҳкумшуда мешавад.
Умар низ изҳори Абузари Ғифориро ба инобат гирифта, маҳкумшударо ҷавоб дод. Аз маҳкумшудае, ки дастҳояш банд нест, ягон гуна забонхат ҳам гирифта нашуд ва ӯ мисли имрӯза ягон хел шумора ва рақами телефонӣ надошт, ҷавоб дод.
Аз миён се рӯз гузашт. Ворисони мақтул омаданд ва талаби қотил карданд.
Умар аз Абузар пурсид , ки қотил куҷост?
Абузар ҷавоб дод, ки то вақти таъиннамуда ҳоло фурсате ҳаст.
Намози асрро хонда шуданд, ки қотил ҳамоно расида омад.
Умар аз қотил суол кард:
- Эй мард, туро чӣ водор сохт, ки бо пойи худ омадӣ, дар ҳоле ки кушта мешавӣ? Агар намеомадӣ низ касе туро намешинохт.
Он мард гуфт:
- Эй Амиралмӯъминин! Паёмбари мо умматро амин, қавӣ ва ростқавл тарбия намуданд. Бинобар ин, ман намехоҳам тааҳуде, ки супурдам ба ин нафар, тавассути тааҳуди ман низ шикаста шавад. Аз ҳамин сабаб ман кушта шавам ҳам, тааҳуду вафое, ки Худованд васф кардааст, побарҷой монад. Кушта шудани ман боке надорад, аммо сифати тааҳуд кушта нашавад.
Умар аз Абузар мепурсад, ки оё дар ҳақиқат шахсияти қотилро медонист?
Абузар ҷавоб дод:
- На.
Пас, Умар пурсид:
- Чӣ боис шуд, ки кафили ӯ шудӣ?
Абузар гуфт:
- Эй, Амиралмуъминин, вақте ду дафъа хитоб кардӣ, ҳеҷ кас шуҷоат накард. Қуръон дар мо руҳи шуҷоатро тарбия ва пайдо карда буд. Вақте аз кафилӣ пурсон шудӣ, ҳама аз тарси ҷон хомӯш буданд, вале ман тарсидам, ки ин шуҷоат аз пеши мо наравад. Пас ба худ гуфтам, ки ба сари Абузар ҳар чӣ ояд, биёяд, аммо ин шуҷоат аз байни мо наравад: хоҳ Абузар кушта гардад, ба хотири он шуҷоате, ки Қуръон дар руҳи мо пайдо намудааст.
Вақте Шумо овоз диҳед, савол кунед ва касе инро напазирад ба хотири тарс аз кушта шудан, ин амал мухолифат дорад ба сифати шуҷоат.
Чун ин ду саҳна гузашт, вориси мақтул гуфт:
- Ё Амиралмуъминин ман қотили падарамро авф кардам, бахшидамаш.
- Амиралмуъминин гуфт:
-Чаро бахшидӣ?
Вориси мақтул ҷавоб гуфт:
-Қуръон авф ва гузаштро дар байни умматон ташвиқ намудааст. Бинобар ҳоло навбати ман расида, ки ман бояд бибахшам, то ин сифати авф зинда монаду қотили падарам бигардад.
Хонандаи заккии мо аллакай бо фаросат дармеёбад, ки то вафо ба аҳду шуҷоат ҳаст, авфу гузашт низ ҳаст.
Аслан авф зодаи адлу адолат буда, адолат бошад, сифати аввалин дараҷаи Аллоҳ аст. Вуҷуди ибораи “адолати илоҳӣ ” низ аз ҳамин ҷост.
Дар замони муосир мутаносибан ба ин ибора вожаи “адолати иҷтимоӣ” истифода мегардад, ки мавҷудият ва ҷорӣ будани адлу инсофро дар миёни ҷомеаи мардумӣ ифода мекунад. Мавҷудияти адолати иҷтимоиро метавон ҳамчун адолати илоҳӣ дар ҳаққи ин ё он гурӯҳи мардум ва ё мардуми як минтақаи муайян маънидод кард. Зеро ба миён омадани ҳар қабил адолати иҷтимоӣ танҳо аз ҷониби Офаридгор бо воситаи нафароне, ки дар ниҳодашон адлу инсоф доранд, зуҳур мекунад.
Тибқи сиёсати башардӯстона, бо Фармони Президенти мамлакат “Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл” аз 30 апрели соли 2004, ки дар заминаи он қонуни дахлдор қабул карда шуд, ба ҷазои қатл ва иҷрои он дар кишвар мораторий эълон гардид. Илова бар ин, дар даврони соҳибистиқлолӣ 17 маротиба қонун “Дар бораи авф” қабул ва нисбат ба 170000 нафар татбиқ гардида, онҳо аз адои ҷазо озод карда шуданд. Аз ҷумла, 7 –уми сентябри соли 2021 ба муносибати 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ қонун “Дар бораи авф” қабул карда шуд, ки тибқи он 11 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардид.
Ҳамзамон бо ин, дар замони соҳибистиқлолӣ чор маротиба қонун оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии кишвар бинобар қонунигардонии маблағҳо ва молу мулкашон қабул ва амалӣ карда шуд, ки ба беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таъсири мусбат расонд.
Акнун, бо мулоҳиза ва қиёс бо ривояти дар боло овардашуда оё метавон гуфт, ки дар вуҷуд, тинат, ҳастии Сарвари давлат ҷойе аз вафо ба аҳд, шуҷоат, авфу гузашт холӣ мондааст? Бо итминон бояд гуфт, ки не! Пас аз он, ки беш аз 170 ҳазор нафар маҳкум ба маҳбасшудагон ба оғӯши хонаводаҳо ва канори наздикони худ баргаштанд, яқинан ҳар яке эҳсос намуд, ки бо дасти як нафар Сарваре, ки хиради хешро дар қолаби адолати иҷтимоӣ тарҳрезӣ кардаву шуҷоату меҳрубониҳояшро бо ин амали хайр зоҳир сохт, ин амали нек иҷро гардид.
Ин сифат аз адолатпарварии Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад.
Амали хайр бо тақозои имон аз ниҳоди шахс ҳамчун самари меҳрубонӣ ва шуҷоат берун шудаву амалӣ мегардад ва табиист, ки иҷрои амали хайр аз ҷониби нафарони боимону солеҳ сурат мегирад. Зеро имон доштан ин неруи бисёр бузургест, ки инсонҳоро тарбият мекунад ва онҳоро ба самти муносиб роҳнамоӣ месозад. Имон ба Худовандро шояд битавон имон ба ҳамаи хубиҳо донист. Агар инсон дар ҳақиқат ба Худо ҳамчун сарчашмаи раҳмат ва муҳаббат имон дошта бошад, худ низ сарчашмаи хубиҳо ва меҳру муҳаббат хоҳад шуд ва хубиҳову муҳаббат ин сирест, ки мӯъҷиза мекунад. Чуноне ки 170 ҳазор маҳбус пас аз ноумедиҳои шабонарӯзӣ озодии пас аз авфро ҳамчун муъҷизаи илоҳӣ меҳисобанд. Ин ҳолат – авфи гузашти Сарвари кишвар аз як ҷониб шуҷоат асту аз ҷониби дигар ин иқдом ба хотири додани боз як имконият барои ислоҳи авфшудагон аст. Ин иқдом бошад, аз он сифатҳое, ки дар Қуръон васф шудаанд, шаҳодат медиҳад.
Онҳое, ки ҳодисаҳои солҳои 90-умро дар хотир доранд, он замонро ҳамчун рӯзҳои талх дар тақдири миллати тоҷик баён мекунанд. Дар ҳақиқат, наметавон таърихи халқи худро фаромӯш кард: солҳои ҷангу нооромӣ, гуруснагӣ, рӯзҳое, ки аксари мардум танҳо дар фикри ҷону фикри нон буданд, рӯзҳое, ки бародар муқобили бародар силоҳ бардошт, даврае, ки писар душмани падар гашт. Дар он солҳое, ки борони тир аз осмон мебориду бадхоҳони миллат моро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, муқобили якдигар барангезонида буданд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари мардуми парешон рӯзгору андешаи ҷони худро накарда, паси сипари нангу номуси миллиаш миёни гурӯҳҳои даргир даромад, кафолати бехатарии гурезагонро ба дӯши худ гирифт ва онҳоро ба Ватани аслиашон баргардонид. Маҳз шуҷоати Эмомалӣ Раҳмон ба бастани Созишномаи сулҳ миёни ду гурӯҳи мухолиф замина гузошт, ҳазорон нафар мардуми бесарпаноҳ ва гуреза ба Ватан баргардонида, барои онҳо кафолати бехатарӣ ва шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ин шуҷоат ва вафо ба аҳде, ки зикр шудааст, дар вуҷуд ва симои Сарвари мо баръало ҳувайдост. Итминонамон комил аст, садҳо сол баъд авлодони мо барои фарзандону наберагон ин шуҷоати Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмонро чун достони миллӣ ҳикоят хоҳанд кард. Қаҳрамони миллат унвон гирифтани ин фарзанди фарзонаи миллат худ баҳо ба шуҷоати ӯст.
Нурулло ҲАБИБУЛЛОЗОДА,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар шаҳри Турсунзода



























Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: