Гулбонги Соя14-01-2023, 12:07
Хабарро хонданд: 540 нафар
Назарҳо: 0
Чанд андеша дар ҳошияи китоби (баргузидаи ашъор)-и шоири шаҳири порсигуёни олам, устоди зиндаёд Ҳушанг Ибтихоҷ Соя, “Сояи хуршед”, Душанбе – Интишороти “ Ирфон” 2022. Номи хушоҳанг ва шунидании пуровозаи шоири шаҳири эронӣ, устоди зиндаёд Ҳушанг Ибтихоҷ Соя, ба хонандагони тоҷик охири солҳои панҷоҳуми саддаи гузашта бо ибтикори устоди зиндаёд, раиси Конгресси байналмилалии халқҳои Осиёву Африқо, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар замони собиқ Шуравӣ, академик Мирзо Турсунзода тавассути моҳномаи адабиву бадеии Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон “Шарқи сурх” ошно гардида буд. Шеърҳои пуршўри ин шоири ҳамкешу ҳамзабон ва ҳамоину ҳамсиришт, ҳамон замон дар самои муҷаллои ахтарони адаби порсигуёни олам, кишварҳои Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистони собиқ Шуравӣ ғулғула афканда, ҳунармандони махмалинсадо бар матни сурудаҳояш оҳанг баста, ба шавқу шӯри беандоза онҳоро миёни ҳазорон ҳазор шефтагон зам зама менамуданд. Ҳунармандони пуровозаи Тоҷикистон Барно Исҳоқова, Одина Ҳошимов, Зафар Нозимов ва Хуршед Алидодов аз зумраи ҳунармандоне буданд, ки бар матни ашъори ӯ оҳанг баста, шеърашро ҳамнишини қалби ҳазорон-ҳазор нафар ошиқонашон намуда буданд. Аз ин ба баъд, бо ибтикори донишманди фарҳехтаи тоҷик, устоди адабиёти форсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Файзалӣ Наҷмонов дастагуле аз боғи пурнакҳати ҳамешабаҳори ин шоири шаҳири зиндаёд бо номи “Замин” соли 1978 манзури хонандагон гардида буд. Ҳамакнун хонандаи тоҷик бори аввал ба таври мукаммал бо ашъори ин шоири баландовоза ошно гардида, шеъраш зиннатбахши даҳҳо маҳфилҳои адабиву бадеӣ гардид. Хеле хуб дар ёд дорам, ки замони донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буданамон, устоди зиндаёд Файзалӣ Наҷмонов ду маҳфили шеъри Ҳушанг Ибтиҳоҷ Сояро шавқу шӯр бахшида буд. Шояд ҳамон ҳамнишиниҳои фарҳангии маънирезу маърифатхези он замон бошад, ки ҳанӯз ғарқи дарёи пуршўри шеъри ноб ҳастем. Баъд аз 33 соли хомӯшӣ бо ибтикори И. Зарифӣ соли 2021 нашри тозаи ашъори баргузидаи ин шоири шаҳир бо номи “Роҳе ва оҳе” ба дасти муштоқони ашъораш расидааст. Банда дар қатори садҳо муштоқони ашъори рангинқабои устоди зиндаёд Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя миннатдории хешро ба И. Зарифӣ баён намуда, аҳсан ба хизмати пурарзишашон дар роҳи таҳия ва ба дасти хонанда расонидани он пайғоми маъонӣ менамоям. Бо он ки ташнагони ашъори устоди зиндаёд Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя тавассути ашъораш ташнагии хеш бишкастанд, як иддаи дигари хонандагон аз нигоҳи пажўҳиш ва тадқиқот мехостанд вориди дунёи розҳои ин шоири пуровоза гарданд. Баъд аз чанде бо ибтикори донишманди дигари тоҷик устоди адабиёти форсӣ Ғиёсиддин Қодиров ашъори баргузидаи ин шоири шаҳир бо номи “ Сояи хуршед” аз тариқи нашриёти “Ирфон” ва Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупо ба дасти хонандагон расид. Ин боғи муаттари хушрангу бӯи шоир фарогири 130 ғазал, 9 маснавӣ ва манзума, 31 рубоӣ, 7 пора ашъори гуногун, 72 пора ашъор дар сабку қолабҳои нав 7 пора дил, дар қолабҳои гуногуни назми муосир ва 72 шеър дар жанрҳои нави шеъри Нимоӣ буда, барои ҳаводорон ва муҳаққиқони ашъори хушобуранги шоири шаҳири зиндаёд Ҳушанг Ибтиҳоҷ (Соя) дар беш аз сӣ соли охир пуразиштарин дастовези илмиву тадқиқотӣ мебошад. Соя соли 1945 мактаби мутавасситаро ба поён нарасонида, хилофи майли хонавода ба қасди таҳсил озими Теҳрон мешавад. Аммо баъд аз ду соли таҳсил дар мадрасаи “ Тамаддун” хонданро раҳо карда, дар муҳити пурҷӯшу хурӯши ҳаёти адабӣ ва иҷтимоии пойтахт фурӯ меравад. Яке аз раҳовардҳои ин таҳаввулоти сиёсӣ зуҳури аҳзоби сиёсии гуногун, аз ҷумла Ҳизби тӯдаи Эрон буд. Ин ҳизб миёни рӯшанфикрон эътибори баланд дошт ва теъдоди зиёди адибону ҳунармандони ҷавони тараққихоҳ шомили он гардида буданд. Соя низ дар қатори садҳо донишмандону ҷавонони озодандеш шомили он ҳизб мегардад. Ҳамин тавр, Ҳушанги ҷавон вориди дунёи пуртаззоди рўзгори пуршўри бедории миллӣ гардида, номаш сари забони озодандешони кишвар мегардад. Тирамоҳи соли 1946 бо ташаббуси Анҷумани равобити фарҳангии Эрон ва Иттињоди Шуравӣ нахустин Анҷумани нависандагони Эрон баргузор гардид. Раёсати онро шоири шаҳир ва пуровозаи Эрон Маликушшуаро Баҳор бар дўш дошт. Сухангуёни асосии он анҷуман “ падари шеъри нав”- и Эрон Нимо Юшич ( Алии Исфандиёрӣ) донишманди шинохта, муҳаққиқи барҷастаи адабиёти форсӣ устод Парвиз Нотили Хонларӣ ва аз Иттиҳоди Шуравӣ донишманди хеле шинохтаи тоҷик академик Абдулғанї Мирзоев ширкат намуда буданд. Шарҳи муфассали ин Анҷуман дар бойгонии Институти ховаршиносии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҳанӯз маҳфуз мебошад. Дар партави офтоби илҳомбахши ин таҳаввулот ва озодиҳои нисбӣ ба майдони адабиёт дар қатори шоирони овозадори он замон чун Маликушшуаро Баҳор, Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр, Саид Нафисӣ, Парвизи Хонларӣ, Таваллулӣ, Ҳамдӣ ва монанди онҳо як гурӯҳ шоирони ҷавоне чун Фаридуни Муширӣ, Аҳмади Шомлу, Нодири Нодирпур, Маҳди Ахавони Солис, Сиёвуши Касроӣ, Манучеҳри Шайбонӣ, Исмоили Шоҳрудӣ, Фурўғи Фаррухзод, Сӯҳроби Сипеҳрї ва Ҳушанг Ибтихоҷ Соя рўи майдони адабиёт омаданд. Аз нимаҳои дуюми солҳои 40-уми саддаи гузашта номи шоири он замон ҷавон Соя бинобар таъбири қаламкорон матбуотӣ мешавад ва рӯзномаву маҷаллањои маъруфи Теҳрон “Сухан” , “Садаф”, “Ҷаҳони нав”, “Кабутари сулҳ”, “Тараққӣ”, “Иттилооти ҳафтагӣ” ва ғайра шеърҳои пуршўрашро чоп намуда, номаш сари забони ҳама муштоқонаш мегардад. Маҳз дар ҳамон шабу рӯзҳои бедории сиёсиву фарҳангӣ Соя барои беҳтарин шеъри Сулҳ барандаи Ҷоиза мешавад. Соя ду бор бо ибтикори Шурои нависандагони Эрон ба Иттиҳоди Шуравӣ ташриф оварда, ин сафарҳо дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии на танҳо Соя, балки тамоми шоирони Эрон таҳаввулоти ҷиддиеро ворид намуд. Сафари аввалини Соя ба Иттиҳоди Шуравӣ соли 1966 сурат гирифта, нахустин ошноии ӯ бо шоири шаҳири тоҷик, раиси Конгресси байналмилалии халқҳои Осиё ва Африқо, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистони Шуравии собиқ, устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода ҳамон замон сурат мегирад. Номи поку пурифтихори пуровозаи устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода на танҳо дар тамоми қаламрави Шуравии абарқудрат, балки дар тамоми қитъаи Осиё ва Африқо вирди забони тамоми донишмандону фарҳехтагон гардида буд. Ҳазорон ва сад ҳазорон бор ва беохир сипоси аҳли китоб ва калому фарҳанги кишвар бар Пешвои муаззами миллат, ки ин панҷ нафар фарзандони фарзонаи миллатро ба пурифтихортарин унвони олии кишвар “ Қаҳрамони Тоҷикистон” қадрдонӣ намуд. Шеъри “ Ман ба боғи гули сурх” -и устоди зиндаёд, шоири шаҳири эронӣ Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя маҳсули аввалин сафараш ба Иттиҳоди Шуравӣ ва бардоштҳои фарҳангиаш аз он сафар ва ошноияш ба адибони Шуравӣ, хусусан ба устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода буда, ин шеър дар кулвори шоир пурарзиштарин маҳсули эҷодаш будаву ҳаст . Ин шеъре, ки саропо дард ва сӯзу созҳои як шоири рангинхаёли тасвирҳост, хонандаро мебарад дунболи дунёи ҳазорранги орзуҳои ҷавонӣ Дар кушуданд ба боғи гули сурх, Ва мани дилшударо, Ба саропардаи рангин тамошо бурданд. Ман ба боғи гули сурх, Бо забони булбул, Хондам. Дар самои шаби сарвистон, Даст афшондам. Дар парихонаи пурнақши ҳазор оинаш, Хештанро, Бо ҳазорон симо дидам. Бо лаби ойина, Хандидам, Ман ба боғи гули сурх, Ҳамроҳи кофилаи рангу нигор, Ба сафар рафтам, Аз хок ба гул, Рақси рангини шукуфтанро, Дар чашмаи нур, Мужда додам ба баҳор. Ман ба боғи гули сурх, Зери он соқаи тар, Атрро замзама кардам то субҳ. Ман ба боғи гули сурх, Дар тамоми шаби сард, Рушноиро хондам ба об, Ва саҳарро, Ба гулу сабза, Башорат додам. Ҳама тасвирҳои ин шеър зери мафҳуми “гули Сурх”, ки ифодагари ормонҳои шоир мебошанд, тасвири рамзии иттиҳоду фарҳангсолориву раиятпарвариву шукуфоии кишвари Шуроҳо буда, тамоми Шарқ орзуи ҳамбастагї бо мардумони он қаламрави бузургро доштанд. Шояд ҳамин бошад, ки тамоми адибону рўшанфикрони кишварҳои Шарқ баъд аз нокомиву нобаробариҳои сиёсиву иҷтимоӣ рў ба Шуравӣ оварда, дар ҳимояи он давлати раъиятпарвару мардумсолор бо ҳама орзуву ормонҳои хеш расиданд. Гувоҳи барҳақи ин гуфтаҳо замони Инқилоби машрута дар Эрон буда метавонад. Шоири Инқилоби Сурх, устоди зиндаёд Лоҳутӣ бо ашъори классикии пуршўраш дунёи ишқро ҳазоранг намуда, бо достонҳои қаҳрамониаш рўҳи шикастанопазири қаҳрамонони арсаи кору пайкори Шуравиро машҳури одаму олам намуда буд. Муҳимтарин фаъолияти фарҳангӣ ва ҳунарие, ки шоири шаҳир Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя дар он солҳо анҷом додааст, ин кор дар Шурои шеър ва мусиқии радиои Эрон ба сифати сарпарасти “Мусиқии эронӣ” мебошад. Ногуфта намонад, ки устоди зиндаёд Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя аз ҷавонӣ дар баробари дигар рағбатҳояш ба мусиқӣ ва овозхонӣ низ дилбастагии зиёд дошт. Ҳанӯз солҳои наврасӣ ва ҷавонӣ сурудҳои овозхонони машҳури он замон, Адиби Хонсорӣ ва Қамарро, ки дӯсти бузургаш Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр ғазали маъруфи “Аз кӯрии чашми фалак имшаб қамар ин ҷост”-ро ба ӯ бахшидааст, тақлид ва замзама мекард. Ӯ дарки баланди мусиқӣ дошту ғижжакро хеле хуб менавохт ва ҳамзамон, дар сомон бахшидани мусиқии суннатии эронӣ, ташкил ва раҳнамоии гурўҳҳои ҳунарӣ саҳми арзишманде доштааст. Духтараш Ялдо мусиқидон ва домодаш Маҷиди Дурахшонӣ навозандаи чирадасте буданд. Илова бар ин, матни бештари оҳангҳои зебои 15-20 соли охири қарни гузаштаи Эрон ба қалами устод Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя тааллуқ доранд. Ҳамагуна таҳаввулоти сиёсӣ аввалин зарбаҳои маргборро бар девори умеду ормонҳои шоирону нависандагон ва рӯшанфикрону фарҳангсолорон мезанад. Ҳам таҳаввулоти соли 1953 ва ҳам инқилоби баҳманмоҳи соли 1979 шоирро хеле хастаҷону парешонхотир намуда буд. Марги дӯстони давраи ҷавониаш Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр (1989), Маҳдӣ Ахавони Солис ( 1991), Муҳаммади Зуҳарӣ (1995), ва Сиёвуши Касроӣ (1996) ӯро сахт такон медиҳад ва шоир дар суги онҳо марсиясароӣ мекунад: Рафт он ёру доғи сад афсӯс, Бар дили доғдори ёр гузошт. Дар ҷавонӣ канори ҳам будем, Ҷун ҷавонӣ маро канор гузошт, Синаи Соя бин, ки доғи Умед, Бар сари доғи Шаҳриёр гузошт. Ашки хунини ман аз ин раҳи дур, Гули Сурхе бар он мазор гузошт. Аз нигоҳи ахлоқӣ ва бархўрдҳои шахсӣ бо атрофиён Соя шахси наҷиб ва обрӯманди иҷтимоӣ буд. Яке аз муҳаққиқони осораш Бежани Асадипур ӯро чунин рӯи саҳфаи хотирот овардааст: “Дар ӯ (Соя) як ҳисси дар соя мондан ва як майли худро ба чашм накашидан вуҷуд дорад, ки рабте ба ҳиҷолат ё худкамбинӣ ё масалан, адами эътимод ба нафс надорад, бештар ба истиғно паҳлў мезанад, то чизи дигар худи шоир ин матлабро зимни шарҳи интихоби тахаллусаш чунин баён кардааст. “ Ба гумони ман дар калимаи “ Соя” як миқдор оромиш, ҳиҷолатӣ будан ва фурӯтаниву беозорӣ будан ҳаст. Инҳо барои ман ҷолиб буд ва бо табиати ман месохт.” Соя шеъргӯиро хеле ҷавон сар карда, маҷмуаи нахустинаш бо номи “ Нахустин нағмаҳо” соли 1946, ки ӯ ҳамаги 19 сол дошт, ба дасти ҳаводоронаш расидааст. Ба ин маҷмўаи шоир адибони шинохта Маҳдӣ Ҳамидӣ ва Абуалии Тоатӣ муқаддима навишта, ҳарду бо ашъораш баҳои хуб мегузоранд. Мавзӯи асосии ин шеърҳо шӯру шавқ ва иштиёқу орзуҳои ҷавонист, ки дар пайравии устодони шеъри классикї, аз зумраи Мавлоно ва Саъдиву Ҳофиз навишта шудаанд: Дасти ҳасрат газам имрӯз, ки эй дарду дареғ, Қадри он шаб чї надонистаму нодон будам... Соя аз фарти хушӣ дӯш чу Саъдї мегуфт! Омадӣ, ваҳ, ки чї муштоқу парешон будам. Ё ин ки Инчунин ба ҳоли зорам дарфиканд он сангдил, Ҳарчи афғон кардаам аз дасти ғамаш нашниду рафт. Мо надодемаш ба олам, гарчи ӯ моро фурӯхт, Мо наранҷидем аз ӯ гар зи мо ранҷиду рафт. Ҳамин илҳоми баланди шоирӣ ва пайравӣ намудан ба суннатҳои адабии пешиниён, зебоиву раъноии равонї, таркибу ибораҳо ва истифодаи дурусти саноеи бадеӣ ба шеъри ӯ рўҳу равони тоза бахшида, эътиборашро дар қаламрави шеъри порсӣ хеле баланд намуд. Яке аз вижагиҳои дигари ашъори шоир фикри иҷтимоӣ - миллӣ ва рўҳи ватанпарастонаи он буда, андешаҳои озодихоҳӣ, сарбаландӣ, ободии Ватан илҳом аз каломи ҷонбахши шоирони даврони Машрута мебошад. Он гуна, ки шоир фармуда: Баски биншаставу зикри гулу булбул кардем, Яксара аз ватани хеш тағофул кардем. Ё ҷои дигар гуфтааст: Дўстон силсила аз пой раҳо бояд кард, Баҳри озодии худ фитна ба по бояд кард. Ё шеъре, ки дар охири “ Нахустин нағмаҳо “ омадааст: Эй хоки азизу поки Эрон, Эй аз ту фурўғи дидаву ҷон. Аз меҳри ту ҷони дӯст хуррам, В-аз кини ту пушти хасм ларзон. Поянда бимону шодмон зӣ, Эй аз ту дилам ҳамеша шодон. Дар маҷмӯаи дигари шоир “ Сароб “ ( 1951 ) Соя дар сафи пайравони “ Шеъри миёнарав” ё “ шеъри ҷадиди романтики форсӣ “, ки доктор Парвиз Нотили Хонларӣ дар роҳкушоӣ ва шаклгирии он нақши боризе дошт, қарор мегирад. Мавзӯъҳои руҷуъ ба табиат, паноҳ ва ишқ, навмедӣ, ҳаҷр, шиква, ранҷ, нигоҳи нав ба ҳастӣ ва намодҳои девор, моҳтоб, хоб, хаёл, дарахт дар мењвари эҷоди ӯ қарор гирифтааст: Рухсори моҳ бин, ки чї зебову равшан аст, Покизарӯ чу Марями покизадоман аст. Хобида моҳи ғамзада бар тахти осмон, Бемору шармнок, магар Марями ман аст. Ё дар пораи дигари шеъраш гуфтааст: Чун сафои осмон дар субҳи намноки баҳор, Метаровид аз нигоҳат гиряи пинҳони дӯш. Оре, эй чашми гурезоҳанги сомонсӯхта, Бар чӣ гирён гашта будӣ дӯш? Аз ман во мапӯш. Соя шоири эътиқод ва ормон аст. Дар сахттарин рӯзҳои ормонкуш ва шикасти орзуҳо ноумед намешавад ва эътиқод дорад, ки рӯзи равшан ва фасли “ Гули Сурх “ хоҳӣ нахоҳӣ фаро хоҳад расид. Ӯ на танҳо дар “классиксароӣ”, балки дар сурудани ашъори Нимоӣ ва шеваҳои навини он низ аз нодирашоирони ин адабиёт шуморида шудааст. Тавре ки муҳаққақони осори Соя навиштаанд “тўли ин ҳафтод- ҳаштод соли умри шеъри нав яке аз касоне, ки ба қудрат ва тавоноии мутаодиле тавонистааст дар ҳарду ҳавзаи шеъри нав ва шеъри суннатӣ осори шоистае манзури хонандагон бигардонад, Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя будааст”. Вале ёдоварӣ бояд кард, ки миқдори ашъори нав ё Нимоии Соя нисбат ба шеърҳои суннатгароёнаи вай камтар аст. Сабабаш ба назари мо равшан аст. Аввал он, ки Соя шоири пургӯ нест. Дуюм он, ки дар айни эҳтиром бархўрд ва казовати Соя нисбат ба Нимо ва шеъри дар бисёр маврид “ Гунгу печидаи “ ӯ интиқодӣ аст. Ба ақидаи ӯ мардуме, ки Нимо бештари мавзўи шеъри худро аз зиндагии онҳо интихоб мекард ва ё барои онҳо менавишт, он шеърҳоро намефаҳмиданд. “То он ҷое, ки ман иттилоъ дорам, - менависад Соя, дар оғоз шеъри Нимо равшанӣ ва равонии бештаре дошт, аммо бар асари гирифториҳои умумӣ ва қайду манъе, ки дар корҳо пеш омад, гиребонгири шеъру баён низ шуд”. Нимо ҳам, ки намехост ва наметавонист шоири боргоҳ ва мадеҳасаро бошад, шеърашро дар ҳафт пардаи киноя ва истиора пӯшонд ва натиҷаи ин шуд, ки сухане, ки барои омма буд, дар инҳисори фаҳми хос монд. Аз эҳтимол дур нест, ки ҳамин забони намодии мубҳаму рамзӣ ва печидаи Нимо яке аз сабабҳои эҷоди фосила дар миёни шеърњои Нимо ва Соя гардида бошад. Бар ҳол Соя дар байни навсароён шоири шинохта ва баъзе шеърҳои ӯ, ки дар сабкҳои нав суруда шудаанд, аз намунаҳои муваффақи ин мактаби нави шеъри форсӣ ба ҳисоб мераванд. Ба ақидаи шоири донишманд Шафеии Кадканӣ, Соя дар шаклгирии шеъри ҷадиди Нимоӣ басо муассир буда, забони бетақаюди ӯ дар миёни шоирони муассир ӯро яке аз садоҳои асосӣ ва аслии шеър дар даҳаи аввали соли 1950 намудааст. Мавқеъ ва мақоми ғазал дар эҷодиёти ин шоири тавонои порсӣ хеле устувор буда, анъанаи классикии адабиёти шуҳратёри форсӣ пурра риоя гардидааст. Ғазалҳои хушобуранги бадеиаш миёни ровиёну овозхонҳои машҳури Мовароуннаҳру Хуросон соҳиби ҷойгоҳи хоса мебошанд. Ғазали машҳури: Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ, Фардо маро чу қисса фаромӯш мекунӣ. вирди забони садҳо ҳунармандони маъруфи Тоҷикистону Афғонистон, Эрону Покистон ва Ҳиндустон буда, садҳо суханварони ин кишварҳо дар пайрави ба он ғазал чизе навиштаанд. Инҷо хеле бамаврид медонам, ки дар аърофи як ғазали машҳури устод Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя, ки онро баъд аз марги шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзода њофизи халқии Тоҷикистон, шодравон Одина Ҳошимов хеле бо як оҳанги таскинбахш мехонд, ибрози назар намоям. Тавре ки дар оғоз гуфтем иртиботи фарҳангии Иттиҳоди фарҳангсолори раъиятпарвари собиқ Шуравӣ ба ҳама ҳамсояҳо хеле хуб ба роҳ монда шуда буд. Ҳама гуна Конгрессу чорабиниҳои сатҳӣ чаҳонӣ, ки ифодагари маънавиёт ва фарҳанги баланди Шуравӣ буд, бо ибтикори шоирону нависандагон ва донишмандону фарҳангсолорони собиқи Шуравӣ рўи кор меомаданд. Мақоми сиёсӣ ва фарҳангиву иҷтимоии устодон Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода дар назди роҳбарияти олии собиќ Иттиҳоди Шуравӣ хеле баланд буд. Ҳамагуна чорабиниҳои илмиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсие, ки дар кишварҳои Шарқ ба миён меомад, роҳбарияти олии Иттиҳоди Шуравӣ ба ин ду донишманду арбобҳои шинохтаи сиёсӣ машварат менамуданд ва ҳамин ду нафар фарзонафарзандони миллат дар Шарқ хеле ва хеле эътибори баланд доштанд. Шояд ҳамин бошад, ки саҳми шарқшиносии тоҷик дар рушди муносибатҳои фарҳангии Иттиҳоди Шуравӣ бо кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Афғонистон ва кишварҳои Араб хеле назаррас буд. Чандин конфронсу симпозиумҳои байналмилалї, ки бо ибтикори Иттиҳоди Шуравии собиқ дар кишварҳои номбурда баргузор мешуд, адибону ҳунармандони тоҷик дар сурати намояндаи Иттиҳоди Шуравӣ дар онҳо иштирок менамуданд. Аз ҳамин лиҳоз, номи поку пурифтихори аллома Бобоҷон Ғафуров ва устод Мирзо Турсунзодаро кулли адибону ҳунармандони кишварҳои Шарқ медонистанд. Робитаҳои фарҳангӣ, ҳамдиливу ҳамзабонӣ ва ҳамҷавории Тоҷикистони Шуравӣ бо кишварҳои Эрон, Покистон ва Афғонистон хеле ва хеле назаррас буд ва ҳамин ҳамкориҳои фарҳангӣ адибони тоҷикро ба хонандагони он кишварҳо ва адибони онҳоро бо хонандагони тоҷик ҳамин иртиботи фарҳангӣ наздик гардонида буд. Яъне, ошноии устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода бо Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя асосҳои воқеї дошта, мукотибаҳои фарҳангии онҳо дар сатҳи баланд қарор дошт. Тибқи шаҳодати Њофизи халқии Тоҷикистон, њунарманди зиндаёд Одина Ҳошим, Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя, ки яке аз дӯстони азизи устод Мирзо Турсунзода буданд, аз фоҷеаи даргузашти ӯ хеле доғдор гардида, дарду ҳасраташро рўи саҳфаи ёдҳо чунин оварда буд: Бу куят бо дили шод омадам, бо чашми тар рафтам, Ба дил уммеди дармон доштам, дармондатар рафтам. Ту кӯтаҳдастиям мехости в-арна мани мискин, Ба раҳи ишқ агар аз по дарафтодам, ба сар рафтам. Наомад домани васлат ба дастам ҳарчи кӯшидам, Зи куят оқибат бо домани хуни ҷигар рафтам. Ҳарифон як - як оварданд аз савдои худ суде, Зиёноварда ман будам, ки дунболи ҳунар рафтам. Надонистам, ки ту кай омадӣ, эй дӯст, кай рафтї? Ба ман то мужда оварданд, ман аз худ ба дар рафтам. Маро озурдиву гуфтам, ки хоҳам рафт аз кӯят, Бале рафтам, вале ҳарҷо, ки рафтам дарбадар рафтам. Ба поят рехтам ашкеву рафтам, даргузар аз ман, Аз ин раҳ барнамегардам, ки чун шамъи саҳар рафтам. Ту рашки офтобӣ, кай ба дасти Соя меоӣ? Дареғо, охир аз кӯи ту бо ғам ҳамсафар рафтам. Ҳар бор, ки њунарманди равоншод Њофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошимов ин ғазалро бо лањни ширини тоҷикї манзури сомеонашон мегардониданд, он касоне, ки ҳангоми суҳбатҳои хосаи устоди санъат Одина Ҳошимов таърихи ин ғазалро аз ӯ шунида буданд, сурати зебои шоири шаҳири миллат, устоди зиндаёд Мирзо Турсунзодаро рўи ҳар як ҳарфу ҳиҷо медиданд. Банда аз забони шоири шаҳири зиндаёди эронї, яке аз дӯстони овони ҷавонии Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя , шоири хеле донишманд Сиёвуши Касроӣ дар чанд мулоқоти пур аз ҳикмате, ки бо ӯ доштам, иброз намуда буд, ки ҳамин ғазал бо оҳанги ҳамин ҳунарманди асил дар лаҳни ширини тоҷики то ба гӯши Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя расидааст. Сиёвуши Касроӣ ҳангоми шунидани ин ғазал аз забони њунарманди нотакрор Одина Ҳошимов бо муҳаббат ва самимияти зиёд аз шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзода ёдоварї намуда гуфта буд, ки ӯ барои ҳар як эҷодкори Шарқ, бахусус, порсигуёни олам азизтарин кас буд. Ҳамон устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода буд, ки ливои пайғому муҳаббат, дӯстї ва сулҳу оштиро дар қитъаи Осиё машҳури олам намуда буд. Баъд аз он, ки шоири шаҳиру зиндаёд Сиёвуши Касроӣ тасдиқи он намуд, ки устод Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя ин ғазалро аз забони Њофизи халќии Тоҷикистон Одина Ҳошимов бо гӯши ҷон шунидааст, ин ҷо ҳељ ҷойи шакку шубҳа набояд буда бошад, ки ҳамин ғазали пур аз муҳаббат аз ҷониби устоди зиндаёд Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя дар сўги Шоири халқии Тоҷикистон, Раиси Иттифоќи нависандагони Тоҷикистони Шуравӣ Раиси Конгресси байналмилалии халқҳои Осиё ва Африқо устод Мирзо Турсунзода иншо шудааст. Ҳар бор, ки Одина Ҳошимов ин ғазалро месуруд, рўҳи ба ҳақ пайвастаи устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода пеши назар меомад ва ба қудрату тавоноии эҷоди Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя ҳамагон аҳсант мегуфтанд. Мурод аз ин ҳама он аст, ки ин шоири шаҳиру зиндаёди эронӣ миёни на танҳо муҳаққиқону донишмандон, балки миёни кулли хонандагони тоҷик мавқеъ ва мақоми пурарзише доштааст. Пас, бо саодатмандии зиёд метавон гуфт, ки ин китоби пажўҳишӣ ва илмиву тадқиқотие, ки аз ҷониби донишманди шинохтаи адабиёти форсӣ устод Ғиёсиддин Қодиров ба дасти хонандагон расидааст, тўҳфаи пурарзиши илми тадқиқотӣ барои хонандагону пажўҳишгарони адабиёти муосири Эрон мебошад. Ҷумъахони Темурзода акс аз Википедия
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.