
Оиди фаҳмонидани мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои терорристӣ ва ифротгароӣ гуруҳи таблиғотии “Фарҳанги сиёсӣ”, ҷавонон ва занон дар деҳаи Дониёрқули ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо ҷавонони қишрҳои гуногуни ҷомеа ва наврасони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вохӯрӣ гузарониданд.
Сипас, бо ташаббуси ҷавонон дар боғи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №12 ниҳолҳои сояафкан шинонида шуд.
Инчунин муассисаи таҳсилоти иловагӣ дастовардҳои хонандагони болаёқати ноҳияро аз қабили гулҳои гуногуни хонагӣ, кандакорӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, пухту паз ва ғайраҳоро ба маърази тамошо гузоштанд.