АЗ АШХОСИ ГИРИФТОРИ ВНМО НАҲАРОСЕД!6-10-2022, 11:13
Хабарро хонданд: 729 нафар
Назарҳо: 0
![]() Ба озмун ВНМО-як мисоли классикии голест, ки инсоният бар зидди дарвозаи ҳадафи худ задааст. Малика Анна, ягона духтари малика Элизабетаи II Мусаллам аст, ки имрўз љомеаи љаҳонї дар раванди бемайлони илму техника қарор дорад ва қисме аз мамолики пешқадами дунё гарчанде бо фарогирии неруҳои ақлонию эљодї мушкилоти молиявиро то дараҷаи кофӣ ҳал намуда бошанд ҳам, аммо аз нигоҳи падидаи номатлубе, назири вируси норасоии масунияти одам (ВНМО ё ВИЧ) ва ё бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ ё СПИД) изҳори ташвиш менамоянд. Зеро давра ба давра зиёд гардидани шумораи нафарони ба ин беморӣ гирифторшуда назми љомеаро халалдор намуда, сиҳатии насли минбаъдаро зери суол мебарад. ВНМО, ин вируси норасоии масунияти одам буда, ба оилаи аирусони иртиҷоӣ-ҷинси лентивирусҳо (Lentivirus) дохил мешавад. “Lentivirus” калимаи лотинист, ки маънои “сустӣ”-ро ифода мекунад. Нафароне, ки дорои ин вирусанд ВЕМО-мусбӣ (мусбӣ +) ва ё мубталои ВНМО меноманд. ВНМО соли 1983 дар ду ташхисгоҳи ду мамлакат муайян гардидааст. Дар Донишгоҳи Пастери Фаронса таҳти роҳбарии Люк Монтане ва дар Донишгоҳи миллии бемориҳои саратони ИМА таҳти роҳбарии Роберт Галло. Тибқи нишондодҳои исботшудаи ҷаҳонӣ ва мувофиқи барномаи ЮНЕЙДС-и Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1981 то имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 84 миллион шахсони гирифтори ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ки то охири соли 2021 зиёда аз 47 дарсад (37 миллион)-и онҳо фавтидаанд. Шахсоне, ки то ҳол ҳамроҳи ин беморӣ умр ба сар мебаранд 47 миллион мебошанд ва танҳо 81 дарсади онҳо оид ба бемориашон огоҳанду халос. Мутаассифона, ин мушкилоти азим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун дигар кишварҳои дунё шумораи сироятёфтагон аз вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), махсусан миёни ҷавонон дар ҳоли афзоиш буда, ин ҳолат мутахассисони соҳаро ба ташвиш овардааст. Бар асари муҳољирати меҳнатї, бекорї ва масъулиятношиносии қисме аз љавонон аллакай хатари зиёд шудани гирифторони бемории ВНМО дар кишвари мо низ зиёд ба мушоҳида мерасад. Бояд гуфт, ки бо чанд саволи муфид барои хонандагон оид ба бемории вируси норасоии масунияти одам ба мутахассиси ин соҳа- мудири шуъбаи назорати диспансерии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зиди бемориҳои ВНМО Умед Талбов муроҷиат намудем. - ВНМО чист? Яъне ин мафҳумро васеътар фаҳмонед? - ВНМО шакли кӯтоҳкардашудаи вируси норасоии масунияти одам аст. Яъне ин вирусест, ки ба организми инсон ворид шуда, масунияти (иммунитет) инсонро заиф мегардонад ва дар натиҷаи заиф гардидани масунияти инсон, шахси сироятшуда ба ҳар гуна бемориҳои вазнин дучор мешавад. Ҳангоме, ки инсони ба ВНМО гирифторшуда ба бемориҳои вазнин дучор мегардад, ин марҳиларо марҳилаи бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ ё ба русӣ СПИД) меноманд. - Кадом нишона ва ё аломатҳо ҳангоми ба ВНМО сироят ёфтан дар инсон пайдо мегарданд? - То он даме, ки масунияти инсон заиф нагардад, ягон аломат ва ё нишонаи хосе надорад. Дар тӯли солҳо вақте ин вирус масуниятро паст менамояд, баъдан, дар натиҷаи заиф гардидани масунияти инсон, ҳар гуна беморӣ, аз қабили сил, занбурӯғ (грибок), саратон ва ё ҳар гуна микробу бемориҳое, ки дар вуҷуди инсон ҳастанду бо вуҷуди қавӣ будани масуният аз худ дарак намедиҳанд, бо паст шудани масуният метавонанд авҷ гиранд. - Муҳлати аз худ дарак додани ин бемориро гуфта метавонед? - Аз аввли сироятшавӣ (ВНМО) то авҷгирии давраи БПНМ (СПИД) метавонад ба ҳисоби миёна 8-10 солро дар бар гирад. Дар ин муддати зикргардида дар шахси сироятшуда ягон нишона дида намешавад, аммо ӯ барои дигарон манбаи сироят аст. Ҳастанд ҳолатҳое, ки баъди се сол аллакай ин беморӣ метавонад аз худ дарак диҳад, яъне шахси сироятшударо ба давраи СПИД расонад. Ва дар баробари ин, ҳастанд боз нафароне, ки зиёда аз 15 сол боз бо ин вирус зиндагӣ доранд, аммо ягон нишонаи манфие дар худ эҳсос намекунанд. Агар муҳлати муоинаро дар назар гирем, вирус дар шахси сироятшуда метавонад баъди ду ҳафта ҳангоми ташхис муайян гардад. Дар баъзе ҳолатҳо то се моҳ низ ташхис муайян карда наметавонад. Яъне инро дар илми тиб давраи ниҳонӣ (период окна) мегӯянд. - ВНМО дар куҷои организми инсон макон дорад? - Вируси мазкур дар организми инсон ба ҳуҷайраҳои масуният таъсир мерасонад. Ин ҳуҷайраҳоро дар соҳаи тиб “CD 4” меноманд, ки “CD 4” дар ҳама узву бофтаҳои инсон вуҷуд дорад ва ҳангоми авҷ гирифтани вирус “CD 4” нест шуда, масуният паст мегардад. - Роҳҳои интиқол ёфтани ВНМО кадомҳоянд? - Вируси норасоии масунияти одам се роҳи гузариш дорад ва тавассути 4 моеи ихроҷшавандаи бадан интиқол мегардад. Он се роҳи гузариш, яъне тамоми намуди алоқаи ҷинсие, ки бидуни ҳимоя ҳастанд, дигар роҳи гузариш ба воситаи хун аст (тамоми навъи тамос бо хуни шахси сироятшуда, аз ҷумла асбобҳои тиббӣ, холкубӣ, асбобҳо барои зебогардонии ҳусни инсон ва ё дар умум чӣ ашёҳои рӯзгоре, ки бо хун алоқамандӣ доранду безарар нагардонида шуда бошанд) ва сеюм роҳи гузариш аз модар ба кӯдак аст. Яъне зани гирифтори ВНМО метавонад тифли худро дар вақти ҳомиладорӣ, таваллудкунӣ ва ҳангоми ширмаконӣ сироят гардонад. Нисбати 4 моеи биологии бадан, ки ин вирусро интиқол медиҳад, инҳо хун, оби манӣ, тарашуботи маҳба (вагинальный секрет) ва чорум шири модар мебошанд. - Инсони сироятшудаи ВНМО то кадом андоза ба ҷомеа хатар дорад? - Ин аз ҳама саволи муҳим барои ҷомеаи имрӯзаи мост. Мутаассифона имрӯз аз мафкураи пасти бархе аз нафарон бармеояд, ки гаштугузори шахсони ба ин беморӣ гирифторшуда миёни мардум хатарноканд. Ин нодуруст аст. Аз ҷониби чунин нафарон ягон хавфу хатаре дар ҷомеа намерасад. Барои миосл, нишастан бо шахси гирифтори ВНМО, салом кардан, дар як дастархон ё як табақ таом хӯрдан, сулфа кардан, атса задан, суҳбат ва ё истифодаи либосҳои он, дар як ҳавз шино кардан, дар як кат хобидан, бусидан, арақи бадан, пешоб ва ё ахлот, хулоса ҳамаи инҳо интиқолдиҳандаи ВНМО шуда наметавонанд. Аз ин рӯ, табъиз ва ё тамғагузорие, ки имрӯз нисбат ба нафарони ба ин вирус гирифторшуда ҳаст, нодуруст аст. Баръакс мо бояд бо чунин ашхос меҳрубон бошем, рӯҳияи онҳоро болида гардонем, тавсия диҳем ва ғайра. - Ташхис ва табобати он ройгон аст? - Хушбахтона, бале. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 66 маркази ВНМО фаъолият мекунад ва ба ғайр аз ин, дар бисёре аз муассисаҳои иандурустии кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ ва ҳамзамон, беморхонаҳову таҳлилгоҳҳои хусусӣ низ ташхиси ВНМО дастрас аст. Имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва шарикони рушд ҳама гуна табобат ва ташхис барои гирифторони ин беморӣ дар тамоми манотиқи кишвар ройгон ба роҳ монда шудааст. Нафаре, ки сари вақт муроҷиат мекунаду худро дар доираи табобат қарор медиҳад, метавонад аз гузариш ба СПИД раҳоӣ ёбад ва зиндагии худро чун ҳарвақта идома диҳад. Занҳо бошанд бо гирифтани табобати саривақтӣ метавонанд оила барпо кунанд ва ё фарзанд таваллуд кунанд. Беморе, ки ба табобат фаро гирифта мешавад, ҳам бемориаш авҷ намегирад ва ҳам дар навбати худ вирусро ба дигарон интиқол намедиҳад. - Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони ВНМО чӣ қадар аст? - Шуруъ аз соли 1991 инҷониб, бақайдгирии вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфтааст. Аввалин шахси бақайдгирифташуда дар соли 1991 мард буд, вале шаҳрванди Тоҷикистон набуд. Мувофиқи маълумотҳо, айни ҳол, он мард зиндагии бардавом дорад, вале дар кишвари мо нест. Аммо дар умум, аз оғози соли 1991 то нимсолаи 2022 зиёда аз 14 ҳазор шахсони гирифтори ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 10 ҳазору 488 нафарашон дар қайди ҳаётанд. Бештари гирифторони ин бемориро синну соли аз 20 то 49-сола ташкил медиҳанд, ки бо роҳи алоқаи ҷинсии бидуни ҳимоя сироят ёфтаанд. Албатта, ин танҳо оморест, ки дар ҳолати ташхис муайян гардидааст, вале ҳастанд нафароне, ки аз бемории худ дарак намедиҳанд ва ё пинҳон медоранд, ки ин ҳам ба зарари худ ва ҳам ҷомеа аст. Аз ин рӯ, бо ташкили мизҳои мудаввар, вохўриҳо, намоишҳои телевизионї оид ба ин беморӣ, барномаҳои радиої, тарғиб ба воситаи матбуоти даврї ва дигар корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ сол то сол чунин нафаронро муайян кардаистодаем ва омори мо рӯ ба афзоиш ёфтаситодааст. - Корҳои фаҳмондадиҳии Шумо бештар миёни кадом қишри ҷомеа сурат мегирад? - Аслан ин падидаи номатлуб ба тамоми аҳолии рӯи Замин рабт дорад, вале бештар кӯшиш мекунем миёни ашхоси осебпазири ҷомеа, хусусан ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ, занҳои ҳомила, нафароне, ки дар ҷойҳои маҳрум аз озодианд, нашъамандони тазриқӣ ва расонандаҳои амалҳои шаҳвонӣ (занҳои сабукпо) корҳои фаҳмондадиҳиро зиёдтар намоем. - Чӣ тавсия, маслиҳат ва ё чӣ гуфтание доред ҳамчун мутахассиси самти ВНМО? - Тамоми фаъолияти меҳнатї ва маишии инсон бояд тибқи дастур сурат гирад. Муносибати маҳрамона низ одоби худро дорад. Дар ин масъала љавононро иттилооти судбахш зарур аст. Ҷавонони мо набояд ояндаи дурахшони худро ба зулмат табдил диҳанд. Онҳо бояд чун ворисони асили Рўдакиву Сино ба олами эљоду фарҳанг мароқ зоҳир намоянд. Аз паи илм бошанд, забонҳои хориҷиро аз худ кунанд, зеро танҳо илму маърифат метавонад шарики боэътимоди инсон барои ояндаи дурахшонаш бошад. Бояд гуфт, ки пешгирии амалу падидаҳои номатлуб танҳо вазифаи мутахассис нест, барои расидан ба мақсуд ҳамагон бояд љиҳати решакан кардани ҳама гуна бемориву амалҳои зараровар тадбирҳои мушаххас андешем. - Ташаккур барои суҳбат! Қурбон АҲМАДЗОДА |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.