Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ХУНБАҲОИ ИҒВОГАРИИ НАВБАТӢ ДАР САРҲАД

ХУНБАҲОИ ИҒВОГАРИИ НАВБАТӢ ДАР САРҲАД

21-09-2022, 10:53
Хабарро хонданд: 408 нафар
Назарҳо: 0
ХУНБАҲОИ ИҒВОГАРИИ НАВБАТӢ ДАР САРҲАД
4 сентябр, соати 7-и субҳ сарҳадбонони қирғиз бо истифода аз миномётҳо нуқтаҳои сарҳадии Тоҷикистонро зери оташ гирифтанд. Дар натиҷа, ду сарбози мо кушта шуда, панҷ нафари дигар ҷароҳати гуногун бардоштанд. Ҳамчунин, панҷ сокини осоишта низ осеб диданд.
Соатҳои нахустин, баъд аз ҳуҷум, дар ВАО-и қирғизӣ дурӯғпарокании густурда оғоз гардидба ин маънӣоғоз гардид: «Сарҳадбонони тоҷик нахустин шуда оташ кушоданд, ҳарбиёни қирғиз ҳуҷумро баргардонданд, се сарбоз ҷароҳат бардошт».
15 сентябр даргирӣ дар қитъаи қисми сарҳадбонии Кех, ба амалиёти ҳарбии васеъ бо истифода аз техникаи вазнини ҳарбӣдар тамоми тӯли сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, дар ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Ҷаббор Расулов замина гузошт.
Ҳуҷуми қувваҳои ҳарбии Қирғизистон, якбора аз чанд самт, шаҳодат аз он медод, ки ин нақшаи иғвогаронаи пешакӣ тарҳрезӣ шудааст. Дар лаҳзаҳои авали ҳуҷум ҳадафи аслии ин таҷовуз ба таври возеҳошкоршуд: зарари ҳар чи бештар расондан ба инфрасохтор (иншоот)-и мулкӣ ва террори хунини сокинони маҳаллӣ. Сокини деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, зане, ки шоҳиди террори оммавии сокинони осоишта аст, чунин мегӯяд: «Сарбозони қирғиз нобаҳангом дар деҳа пайдошуда рӯирост сокинони маҳаллиро мепарронданд. Миёни кушташудагон-се зан буд, ки дар саҳни ҳавлӣ қарор доштанд».
Низомиёни тоҷик шаш қисми сарҳадбонии қирғизиро, ки аз он ҷо бо истифода аз силоҳҳои вазнин ба маҳалҳои аҳолинишини тоҷик зарба зада мешуд, несту нобуд карда, техникаи зиреҳпӯши ба саломат мондаро ғанимат гирифтанд. Бо мақсади таъмини амнияти нуқтаҳои аҳолинишини наздисарҳадӣ, ҷанговарони тоҷик артиши қирғизҳоро ба даруни ҳудуди вилояти Бодканд ронданд. Ҷониби қирғизӣ инро ҳамчун «ғасби ҳуддуди бегона» маънидод намуд. Аммо, баъд аз анҷоми амалиёт, қисмҳои ҳарбии мо ҳудуди вилояти Бодкандро тарк карданд.
6 сентябр, соати 11-и рӯз сардорони мақомоти амниятии Тоҷикистон ва Қирғизистон- Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишнома оид ба оташбас ва дур бурдани қушунҳоро имзо карданд.
17 сентябр, соати 7:30 рӯз фармондеҳони қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон-Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Қирғизистон-Уларбек Шаршеев дар сарҳад вохӯрда, масъалаи бозгардонии қушунҳоро ба макони ҷойгиршавии онҳо муҳокима карданд.Ҳар ду ҷониб омодагиро оид ба иҷрои созишномаи оташбас ва бозгардонии қувваҳои ҳарбиро ба қароргоҳипешинаашон иброз доштанд.

Аммо...Се соат пас аз вохӯрӣ ва дастфишуриҳо қушунҳои сарҳадии қирғизӣ, бо истифода аз паҳпод (тайёраҳои бесарнишин) ва чархболҳои ҷангӣ, ба нуқтаҳои аҳолинишини наздисарҳадии Тоҷикистон ҳуҷуми ҳавоиро оғоз карданд. Дар деҳаи Овчӣ Қалъача масҷид ва мактаб хароб гардида, мошини ёрии таъҷилӣ сӯзонида шуд. Дар деҳаи Боғдории ҷамоати Чилгазӣ 16 манзил хароб гардида, панҷ сокини осоишта кушта шуд. Дар беморхонаҳо шумораи зиёди одамон бо ҷароҳатҳои гуногун қарор доранд.
Таҳти ҳуҷумҳои ҳадафноки ҷангиёни қирғиз бештар иншооти инфрасохтори мулкӣ қарор гирифтанд. Хатти баландшиддати «Шӯроб», пул дар деҳаи Чорқишлоқ хароб гардида, оташзании оммавии манзили сокинони осоишта ва иншооти ёрирасон дар нуқтаҳои аҳолинишини Боғистон ва Лаккони Исфара содир карда шуд. Дар натиҷаи ҳамлаи қирғизҳо дар ҷамоати Чоркӯҳ 5 узви як оила, аз ҷумла духтарчаи шашсола, писарбачаи панҷсола ва зани ҳомиладор кушта шуданд. Иғвогарии навбатии Қамчибек Тошиев натиҷаи хунинбор овард. Танҳо дар Исфара 53 кас ҷони худро бохтанд. Шумораи кушташудагон дар ноҳияҳои Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов муайян карда мешаванд. Аз ҷониби Қирғизистон, тибқи маълумоти расмӣ, 39 нафар, асосан ҳарбиён ҷон бохтанд. Шумораи зиёди ҷароҳатбардоштагон дар дармонгоҳҳо қарор дошта, баъзе дар ҳолати вазнин ҳастанд.
Нируҳои сарҳадии Қирғизистон дар итоати Кумитаи амнияти миллӣқарордоранд, ки раисаш Қамчибек Тошиев аст. Як рӯз пеш ӯ бо раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов созишномаи оташбасро имзо кард.Ин ҷо ду фарзия ба миён меояд:
-Фармондеҳи нируҳои сарҳадӣ ба Тошиев итоат намекунад (аҷиб...пас ба кӣ итоат мекунад)?
-дар ду рӯзи авали задухӯрдҳо мағлуб гардида, Тошиев қарор дод қасос гирад: «мо барои кушташудагонамон ҳисобробаробаркардем, чӣфарқдорад,ки ҳарбиён буданд ё аҳолииосоишта. Муҳимаштеъдод».

Аз фазо ҳуҷум овардан ба нуқтаҳои
аҳолинишин-ҷинояти ҳарбист

Тайи 20 соли охир, миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шумораи зиёди созишнома, протокол, меморандум ва дигар санадҳои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои марзӣ имзо гардид. Ҳамаи онҳо танҳо бо як сабаб рӯйи коғаз мемонанд: ҷониби қирғиз уҳдарориашро дар ин самт иҷро намекунад.
Аммо, чунин дасткашии бешармона аз уҳдадории хеш баъд аз гузашти як шабонарӯз, пас аз имзои созишномаи навбатӣ ва таҷовузи ошкоро ва васеъ дар таърихи муносиботи дутарафаи кишварҳои ҳамсоя рух надода буд.
II
Рӯзе пеш аз амалиёти ҳарбӣ дар сарҳад, дар Қирғизистон ҳодисаҳои аҷиберухдоданд. Прокуратураи генералии кишвар ду парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба вазири энергетика Доскул Баймурзаев оғоз кард. ӯро дар сӯиистифода аз ваколати хизматӣ ва ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷавӣ гумонбар медонанд.Чанд рӯз пеш, ӯ бо президент Содир Ҷапаров иншооти нави энергетикиро ифтитоҳ карда буд.
Ҳамон рӯзаз ҷониби ин мақомоти асосии назоратӣ боз ду парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ директори генералии ширкати «Кумтор Голд Компани» Тенгиз Болтурук ва Руслан Бекназаров, писари Азимбек Бекназаров, собиқ сафир дар Малайзия, ки бо лақаби «Булдозери инқилоб» маълум буд, боз карда шуд. Тенгиз Болтурукро бо ҷурми аз худ кардани 1 миллиард сом (асъори қирғизӣ) муттаҳам карданд. Бекзанарови хурдӣ ба экстремизм (ифротгароӣ) гумонбар дониста мешавад.
Бекназарови калонӣ (Азим) вақтҳои охир дар ВАО дар мавриди аз коркард ва истихроҷи тилло барканор шудани ширкати канадагии CenterGold дар кони Кумтор баромад мекард. ӯ пешниҳод мекард, комиссия ташкил карда шавад, то ба қонунӣ барканор кардани ширкат аз кони тилло баҳоиҳуқуқӣдодашавад.
Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи Бекназарови хурдӣ,огоҳӣ ба Бекназарови калонӣ буд: «хомӯш бош, вагарна ба ту ҳам хоҳем расид!»
Миёни ин парвандаҳо, ки дар ҷомеаи қирғизӣ сару садоҳои зиёде ба бор овард ва иғвогарии навбатии хунинбор дар сарҳад чи алоқамандӣ вуҷуд дорад?
Алоқаи бевосита!
Тибқи сенария (саҳнасозӣ)-и ба ин монанд муноқишаи мусаллаҳона аз ҷониби Тошиев моҳи июни соли 2022 ба вуқуъ пайваст. Як рӯз қабл аз тирпарронӣ кормандони Прокуратураи генералӣ муштаракан бо қисми махсуси «Алфа»-и Кумитаи амнияти кишвар вазири тандурустӣ Бейшеналиев, дӯсти наздики Садир Ҷапаровро боздошт карданд. Нисбати ӯ яку якбора ҳафт парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд.
Танҳо баъд аз чанде Ҷапаров тавонист дӯсти худро аз СИЗО раҳо созад.
Бо сенарияи монанд муноқишаи навбатии мусаллаҳона дар сарҳад моҳи апрели соли 2021, ҳангоме, ки дар Душанбе нишастҳои СҲШ ва СПАД мегузашт, роҳандозӣ гардида буд.
Ҳамаи ин ҳаводис як занҷираанд. Ва шаҳодати равшани он аст, ки муқовимати ду гурӯҳ дар роҳбарияти сиёсии Қирғизистон: Прокурори генералӣ+Тошиев ва президент Ҷапаров бо дастааш ба авҷи аълои худ расида, ҳолати нави инқилобиро тавлид кардааст.
Ҳар вақт, бархӯрди нави мусаллаҳонаро дар марз роҳандозӣ карда, Тошиев чунин ҳадафҳоро пайгирӣ мекунад:
-нотавонии идоракунии давлат аз ҷониби президент, бо Тоҷикистон оид ба масъалаҳои марзӣ ба созиш омадан ва масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро ҳал карданро намоиш додан;
-баъд аз ҳар муноқишаи навбатии марзӣ, худро ҳамчун «сулҳофар» ҷилва додан: «Донед, агар ман намебудам, артиши тоҷик то Бишкек мерасид! Ин манам, ки ҳар вақт оташро хомӯш мекунам ва бо тоҷикон оид ба оташбас ба мувофиқа мерасам!»;
-ҳамсафони президентро бартараф сохта, Тошиев дар симои худ образи муборизи оштинопазир бо фасод сохта, Ҷапаровро дар ҳолати ногувор намоиш медиҳад-дастаи президент аз фасодкорон иборат аст ва худи ӯ ҳам дар ин даст дорад!
Тошиев мақсади президентшавӣ дорад. ӯ ба итмом расидани муҳлати президентии Ҷапаровро интизор шуданӣ нест. ӯ инқилоби навбатиро омода карда истодааст. Собиқ фурӯшандаи маҳсулоти кишоварзӣ, авантюрист ва иғвогар, ки ба роҳбарияти олии кишвар дар натиҷаи инқилоби навбатӣ даст пайдо кард, ӯ навбат ба навбат, бераҳмона ва бешармона, сокинони осоиштаи ду тарафи марзро барои шуҳратталабиаш қурбон мекунад, оташи душманиро миёни мардумон меафрӯзад.
Ҷанг барои тоҷикон ва қирғизон лозим нест. Мардумони мо қарнҳо дар ҳамсоягии осоишта ва ҳамдигарфаҳмӣ ба сар бурдаанд. Ҷанг барои гурӯҳи ҳарбӣ-сиёсии Тошиев, ҳамчун восита барои мубориза сари қудрат расидан аст!
Сиёсатмадори бонуфуз, вакили парлумони Қирғизистон Адахан Мадумаров дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин ҳушдор дод: «Мехоҳам ба самъи васоити ахбори омма бирасонам, ки тирпаррониро дар марз на тоҷикон, балки мо оғоз кардем!!! Моҷарои марзиро, албатта, генерали қалбакии маккору ғаддор Қамчибек Тошиев фармоиш додааст, дар ин кор дасти ӯ дида мешавад. Тамоми мушкилоти марзӣ, на танҳо бо Тоҷикистон, балки бо ӯзбекистону Қазоқистон, тамоми ҳаромкориҳо-ин иғвогариҳои Тошиев аст, ки ваъда дод «дасти маро мешиканад».
Агар бедодгариҳо дар марзҳои Тоҷикистон, ӯзбекистон, Қазоқистон идома пайдо кунанд, ҳамсояҳои мо ба қаҳру ғазаб хоҳанд омад ва алайҳи мо ҷанг хоҳанд кард, ки инро мо намехоҳем! Мо мехоҳем дар осудагӣ зиндагӣ кунем! Шарикони мо аз ҳамсоякишварҳо маро оид ба ин масъала таъкид мекарданд, мо бояд эҳтиёткору ҳушёр бошем. Чунки ҷангҳову бетартибиҳо бар зарари мардуми қирғиз аст, мо ҷангро намехоҳем! Бояд Тошиев инро бифаҳмад. Ҳамчун барзагови роҳгумкарда аст. Ҳатто президенти кунунӣ Содир Ҷапаровро гӯш намекунад ва ба ӯ итоат намекунад. Ҳоло, ки дер нашудааст, халқи бузург ва боғурури қирғиз, биёед алайҳи зулми Тошиев ва бедодгариҳои дӯстонаш қиём кунем. Халқи боғурурам, бояд алайҳи бедодгарии генерали қалбакӣ, ҷинояткор бархезем!!! (қисмати ин изҳоротро мо аз шабакаҳоииҷтимоӣ нусхабардорӣ кардем)
Дар ҷомеаи қирғизӣ одамони зиёд ҳастанд, ки оид ба сабабҳои асосии муноқиша огаҳанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ даъватҳо барои баромадан ба гирдиҳамоӣ ва талаб кардани истеъфои Тошиев пайдо шуда истодаанд: «Ҳамдиёрони азиз! Наход мо бе Тошиев натавонем? Наход вай барои мо ин қадар зарур бошад? Чи қадари дигар бояд амалҳои ҷиноятии ӯро тоқат кунем? Бо сабаби бесаводии сиёсии ӯ хуни қирғизистониҳо, яъне волидайн, бародарон, хоҳарон, фарзандон, наберагони мо рехта истодааст. То кай бояд бо тарси он зиндагонӣ кард, ки кушта мешавӣ? Тоҷикон ҳам одам ҳастанд, онҳо низ талафот доранд…
Аз ҳама хоҳиш мекунам, ки соати 17:00 ба майдони марказӣ баромада, истеъфои Тошиевро талаб кунем. ӯ ба мо даркор нест, бо касофати ӯ ин қадар одам кушта шуд (дашномҳоро сарфи назар мекунем). Мо ба сулҳ ниёз дорем! Мо намехоҳем, ки ҳаммилатони мо кушта шаванд (Фб, Тинчтикбек Намазбаев)
III
Даврони роҳбарияти Аскар Акаев муносиботи Тоҷикистон бо Қирғизистон дӯстона буданд. Қирғизистон бо дигар кишварҳои минтақа низ муносибати хуби ҳамсоядорӣ дошт.
Пеш ҳам моҷароҳо дар марз, алалхусус дар самти Исфара-Бодканд сар мезаданд. Аммо ин моҷароҳо характери маишӣ доштанд. Силоҳи асосии задухӯрд сангу чӯб буд. Сарҳадбононкӯшиш мекарданд, ки пеши моҷаророгиранд.
Баъд аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани Акаев муноқишаҳои марзиро бо мақсадҳои сиёсии худ истифода бурдани ҳукуматдорони қирғиз,ба ҳукмианъанадаромад. Тӯли бист соли охир Қирғизистон, такя бо қувваи ҳарбӣ дар ҳалли муноқишаҳои марзӣ, қадам ба қадам заминҳои тоҷикиро ғасб менамуд.
Ҳанӯз чанд сол пеш қисмҳои ҳарбии қирғиз инфрасохтори обёрии «Головной»-ро, ки дар замини аҷдодии тоҷикон воқеъ аст ва тавассути он об барои саршор кардани заминҳои тоҷикону қирғизҳо баробар тақсим мешуд, ғасб карданд. Имрӯз ин иншооти обтақсимкунӣ аз ҷониби қирғизҳо ба макони ҳарбӣ табдил дода шудааст. Обёрии тоҷикон аз рӯи принсипи оби боқимонда роҳандозӣ мешавад. Дар натиҷа, садҳо гектар замин дар ҳудуди заминҳои тоҷикӣ ба биёбони беоб табдил шуд.
IV
Иғвогарии навбатӣ дар сарҳад бори дигар нишон дод, ки Тоҷикистон то ҳол дар муҳосираи иттилоотӣ қарор дорад. Соатҳои авали хунрезӣ ВАО-и ҷаҳонӣ ба манбаъҳои англисӣ-русизабони қирғизӣ, ки ахбори нодуруст паҳнмекарданд, такя намуданд. Дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ВАО-и Тоҷикистон тақрибанфаъолнабуд. Ба истиснои сомонаҳои «Азия-плюс» ва «Авесто»-ро, ки оид ба вазъ дар сарҳад иттилооти фаврӣпаҳн мекарданд. Вале онҳо низ дар уқёнуси иттилоотии қирғизӣ нопадид зуд нопадид шуданд.Иғвогарии навбатӣ боз як шаҳодати равшани он аст, ки иттилоот-силоҳест пурқудраттар аз танку тӯпу ҳавопаймоҳои ҷангӣ. «Ташкилкунандагони муноқиша ба ҳадафи худ расиданд,-гуфт ба ман коршиносе, ки нахост номашро ифшо кунем,-Иттилооти бардурӯғ мардумро атрофии ҳукумати Қирғизистон муттаҳид кард. Қисми ғолиби шаҳрвандони кишвар бовар карданд, ки Тоҷикистон таҷовузкор аст. Ба ин дурӯғ ВАО-и пештози ҷаҳонӣ низ бовар карданд. Одамон дар як мавриди муайян оид ба мушкилоти асосии дохилӣ фаромӯш карданд.Мавзуи душман дар симои ҳамсоя (тоҷикон)-ро ҳоло хеле вақт истифода хоҳанд бурд.Баъд боз ягон чизи дигарро фикр карда мебароранд. Ҳоло чизи асосӣ-манъ кардани муноқиша аст, дар акси ҳол нақшаҳо барбод хоҳанд рафт. «Калламардони» сиёсат ҳоло сухани худро ироа накардаанд. Ҳоло вақт ва вазъ аҷозанамедиҳад. Ба сиёсатмадорон гӯшҳои мардум даркор аст, мардум бошад, ба дигар чиз машғул аст. Ситодҳо ташкил карда мешаванд, одамон ба таври оммавӣ хун месупоранд, кумаки башардӯстона равон мекунанд. Аммо ин дурудароз давом нахоҳад кард. Боз таваҷҷуҳимардумба ҳукумат равона мегардад, кибоиси эътирозҳо хоҳад шуд».
Дар сӣ сол дар Қирғизистон шаш маротиба ҳукумат иваз шуд. Аммо, мунтазам иваз шудани ҳукумат ва инқилобҳо барои рушди журналистика монеа нашуданд. Журналистикаи қирғизӣ ҳанӯз солҳои зиёди пеш ба сатҳи байналмилалӣ баромад ва устуворона ҷойгоҳи худро дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ соҳиб шуд. Медиа-ресурсҳои қирғизӣ миллионҳо нафар хонанда дар хориҷи кишвар доранд. Танҳо сайти Аки-прессро ҳар моҳ то ду миллион истифодабарандагони шабакаи интернет мутолиа мекунанд.
Имрӯз ҳам Қирғизистон барои рушди журналистикаи гуногунзабонаи байналмилалӣ маблағҳои ҳангуфт сарф мекунад. ВАО-и қирғизӣ бо технологияҳои навтарини иттиолоотӣ таъмин ҳастанд. Имрӯз ВАО-и қирғизӣ дастоварди кишвар, силоҳи пурқудрати миқёси ҷаҳонидошта аст, ки дар ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар қарор дорад. Барои ҳамин ҳам Қирғизистон дар ҷанги иттилоотӣ дастболо мешавад.
Журналистикаи тоҷик дар ин самт кайҳо ба футур рафтааст. Мақолаҳои трафаретии ҳафтаномаҳо танҳобахонандаидохилӣравонашудааст.
ВАО оинаест, ки дар он афкори ҷомеаинъикосмеёбад. Морозарураст, кибатаъсисирасонаҳоибайналмилалӣбозабонҳои англисиву русӣзаминагузорем.
Ҷаҳонишавии баъд аз ба суқути давлати абарқудрати Шуравӣ идома дорад. Дар бисту панҷ соли ахир тамоми ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ медиа-ресурсҳои байналмилалии худро созмон доданд, таҳлилгарон, олимон-сиёсатшиносон, иқтисоддонҳо, нависандагон, рӯзноманигорони ин кишварҳо дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро соҳиб шуданд. Онҳо, чун ҷанговарони фаъол дар ҷабҳаи иттилоотии ҷаҳонӣ, манфиатҳои миллии кишварҳои худро ҳифз мекунанд.
Мутаассифона, имрӯз таҳлилгарони сатҳи ҷаҳонииТоҷикистон ё ифтихори миллӣнадоранд ва ё таҳлилашонмуассирнест.Ин ҳақиқати талх аст.

Саломиддин Мирзораҳматов,
Бахтиёр Ҳамдамов
Аз русӣ тарҷумаи Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: